Моҳтобшаб

Иҷтимоъ 18.06.2013 10:39

(Аз ҳаёти иштирокдори садамаи Чернобил Мираҳмадов Саидшо)

muhtojДеҳаи Сангевни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум баҳорон басо дилрабост. Табиати фусункораш ба қалбҳо сурур ва ба дидаҳо нур мебахшад.

Мазраҳои киштшудаи сарсабз, дарахтони ғарқи гул, дарёчаи шӯхи кӯҳӣ, нағмасароии мурғони хушилҳом дар ҳақиқат фараҳафзост.

Моҳтобшабаш боз ҳаловати бештаре дорад.

Ҳама ҷо сокит,оҳиста чир - чири чирчиракҳо ба гӯш мерасад.

Дар ин аём шабонгоҳ ҳаво салқин асту дил мехоҳад, ки ба берун бароиву аз ҳавои мусафои ин табиати нотакрор лаззат бубарӣ.

Маҳз дар чунин лаҳзаҳо Саидшо бо эҳтиёт аз ҷогаҳ хеста, оҳиста (то кӯдакони ғарқи хобаш бедор нашаванд) ба берун мебарояд. Ҳавои салқину гуворо, бӯи муаттари гулу райҳон вуҷудашро ҳаловати тоза мебахшад. Дил беихтиёр ӯро сари марзаи кишташ мекашад. Ва меравад сари киштзораш, каланд ба даст гирифта, нарм-нарм картошказорашро хокгардон мекунад, алафҳои бегонаашро чида, як сӯ мегузорад. Пасон ба майдони сабзавоташ меравад. Нимашабӣ бошад ба зироатҳо шабоб монда, дар сабзазори шафати замин бо тахтапушт ғелида, камее роҳат мекунад. Ба осмони пурситора, моҳи пурра, ки деҳаро чун рӯз рӯшан кардааст, дида медӯзад.

Зуд-зуд ғайри ихтиёр моҳтобшаби 27- сол қабл аз ин дар таърихи умраш рух дода чун навори филм ҷилвагар мешавад.

26 апрели соли 1986 -соат 1.29 дақиқа. Моҳтобшаб буд, ором ва чун рӯз рӯшан. Дар қисмҳои ҳарбии Вазорати корҳои дохилии собиқ Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Украина бонги хатари дар ҳолати омодабоши ҷангии рақами - 1 эълон гардид. Ҳайати шахсии қисми ҳарбии полки тирандозии 3425 - и шаҳри Донецк, ки Саидшо шомили он буд, тавассути қатор ба шаҳри Киев интиқол дода шуд. Лагери пионерии "Афсона" ба қароргоҳи ин полк табдил ёфт.

Чун субҳ дамид, маълум гардид, ки шаби гузашта, дар шаҳри Чернобил мудҳиштарин фоҷеъаи асри ХХ - садамаи реакторҳои блоки чоруми ниругоҳи барқӣ- атомӣ рух додааст, ва он дар як дам ҷони ҳазорон ҳазор сокинони ин шаҳрро рабудааст. Баъдтар коршиносон таркиши АЭС- Чернобилро яке аз калонтарин фоҷеаҳои экологии сатҳи ҷаҳонӣ, бузургтарин ҳодисаи техногенӣ  маънидод кардаанд. Қувваи таркиши ниругоҳ 300 - маротиба аз бомбаи дар Харосима ва Нагасак партофтаи Амрико баландтар буда, мавҷи он дар як дақиқа се маротиба курраи заминро давр зад.

Маҳз дар чунин ҳолат Саидшо бо ҳамяроқонаш ба муҳофизати ниругоҳ, кӯчонидани одамон ба минтақаҳои нисбатан бехаф шурӯъ намуданд.

Агарчи ҳама наҷотдиҳандагон аз оқибатҳои  таъсири зараровари ин фоҷеъа ба ҷонашон воқиф буданд, касе эътирозе намекард, касе худро дар канор намегирифт.

Корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои садама шабонарӯзӣ идома доштанд.

Ҳамин тариқ Саидшо то 10- ноябри соли 1986 дар барқарорсозии харобаҳои садамаи Чернобил иштирок намуда, аз худ корнамоиҳои зиёд нишон дода бо сари баланд баргашт.

Ҳаёти минбаъдаи қаҳрамони мо Саидшо Мираҳмадов чун дигар шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррарист.

Соли 1988 ба Донишгоҳи Омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1995 онро бо ихтисоси омӯзгори фани таъриху ҳуқуқ бо мувафақият хатм намуд.

Ду сол вазифаи мудири клуби деҳаи Дуробакро ба уҳда дошт. Баъдан то соли 2010 дар мактаби №45 ба шогирдон аз фани таъриху ҳуқуқ таълим дода, аз соли 2010 то 2011 директории мактаби №45-ро ба зима дошт.

Аз соли 2012 то айни ҳол котиби Ҷамоати деҳоти Қалъаихум мебошад. Табиист, ки ҳама кори Ҷамоатҳои деҳот ба дӯши котиб вогузор аст. Аз қабули шаҳрвандон, то додани ҳуҷ-ҷатҳои расмӣ, маълумотномаҳо, баргузории ҷаласаҳои деҳавию сатҳи Ҷамоат ва дигар ҳуҷҷатгузориҳоро маҳз Мираҳмадов Саидшо ба ҷо меорад.

Аз ин рӯ дақиқае ӯро бекор намебинед. Барои ба дидораш мушарраф шудан беш аз як соат тинтизор шудем. Чун мехостем ба ӯ саволе диҳем, ки боз ниёзманди дигаре дари утоқро мекуфт.

Ба ҳар хол пас аз рӯзи корӣ муяссар шуд, ки бо Саидшо ҳамсӯҳбат шудем. Баъд аз узру маъзарат ба сухан пардохт:

 - Ҷамоати мо аз 18 - деҳа ва 30 ташкилоти деҳот иборат аст. Илова ба ин 7-клубу  китобхонаҳо, 7 - бунгоҳи тиббӣ, 18 - мактаб дар ҳудуди Ҷамоат амал доранд. Агар аз ҳар як деҳаю ташкилот рӯзе як нафарӣ ниёзмандон ба ман муроҷиат кунанд, яқин, ки вақти сархорӣ намеёбам. Бисёрии вақт корҳои ҳуҷҷатгузориро  шабона дар хона ба иҷро мерасонам.

-Пас корҳои хоҷагии шахсиатон дар чи ҳоланд,- пурсидем аз Саидшо.

-Шукри худо, хоҷагиам бақувват аст.

-Айни ҳол 7 сар гов, 20 сар бузу гӯсфанд, зиёда аз сад сар мурғ дорам, посух дод ӯ.

Ҳамзамон зиёда аз ним гектар замини назди ҳавлигӣ дорам, ки ҳам талаботи оилаамро тамоми сол таъмин мекунаду ҳам маҳсулоти зиёдатиро дар бозорҳои маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебарорам, - афзуд Саидшо.

-Дар ҳоле ки ба қавли худатон, "аз серкориӣ вақти сархорӣ надоред" оё парвариши ин миқдор ҳайвоноту паранда кори сангин нест ва ё дастёре доред? - суол кардем аз мусоҳибамон.

-Шукри худо фарзанд дорам ва онҳо дастёри беминнати ману модарашон Ҷайҳонбибӣ мебошанд. Иловатан дар вақтҳои фориғ аз кор ман ҳам ба онҳо ёрӣ мерасонам, - гуфт ӯ.

Дар хотимаи суҳбат Саидшо Мираҳмадов аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки 7- марти соли 2007 таҳти рақами 232 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зарардидагони садамаи Чернобил" ба тасвиб расид ва дар асоси он мо боз бо як қатор имтиёзҳои нав соҳиб шудем.

ҳоло Саидшо Паёми навбатии Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даст дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як нуқтаи ин Паём ҳуҷҷати муҳимест барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сурати поквиҷдонона дар амал тадбиқ намудани он ба рушди иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ноил хоҳем шуд.

Саидшо афзуд, ки танҳо бо меҳнати софдилона ва дар асоси қонун мо метавонем зиндагии шоистае барои худ ва фарзандонамон бисозем. Дар ғайри сурат мо ба ҳеч чизе ноил нахоҳем шуд.

Ҷ. Назриев,

узви Иттиҳоди байналмилалии журналистон         

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97