ШАҲРИТУС: Ҷойи Раҳмонов холист?!

Иҷтимоъ 09.06.2013 15:10

Андешае чанд перомуни сиёсати кадрӣ, қадршиносӣ ва беқадрии бархе аз роҳбарон  ва таҳлилу баррасии сабабҳои он

Kholmurod RahmonovДар айни замон талабот ба кадрҳои ҳушманду уҳдабаро бештар зарур аст. Ногузирии раванди мазкурро назарсанҷиҳои ВАУ низ тасдиқ менамояд. Воқеан дар шароити кунунӣ дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ дар канори ашхоси болаёқату масъулиятшинос кадрҳое низ фаъолият доранд, ки бо амалу рафтор ва муносибати хеш боиси пайдо гардидани садду монеаҳои зиёд дар байни ҷомеаю давлат мегарданд.  

Матлаби мазкурро дар хидмати хонандагони арҷманд қарор дода, тасмим бар он гирифтем, то ки баъзе бардошту андешаҳои хешро нисбати паҳлуҳои мусбату манфии фаъолияти хидматчиёни давлатӣ, бахусус бархе аз  роҳбарон, ки пиёдасозони сиёсати давлату ҳукумат дар маҳалҳо мебошанд, бо мисолҳои мушаххас ба хонандагони гиромии рӯзномаи "Миллат" манзур намоем.

 Харбуза аз харбуза ранг гирифт, Шаҳритус аз Қубодиён не

Дар ноҳияи Қубодиён то раиси ноҳия таъин шудани собиқ сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Саъдулло Бекназаров зиндагӣ ба таври маъмулӣ ҷараён дошт. Раиси нав бо қудуми хеш ва ибтикори шахсиаш дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ба набзи ҳаёти ноҳияи мазкур нируи тоза бубахшад. Силсилаи барномаю чорабиниҳои сиёсию фарҳангие, ки бо ҳидояту роҳнамоии ӯ дар ҳудуди ноҳия амалӣ гардид, ба аҳли ҷомеа таккони ҷиддӣ бахшида, шаҳрвандон ва аксар табақаҳои ҷомеаро водор сохт дар корҳои  ободонию бунёдкорӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, сиёсию фарҳангии маҳалу минтақаашон саҳми босазо бигузоранд. Дар ин бобат тавассути ВАУ - и кишвар  якчанд матлаб ҳам дарҷ гардидааст. Аз ҷумла қайд шудааст, ки ноҳияи Қубодиён нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар 15 рӯз ба итмом расонд ва тайи 20 соли охир бори нахуст аст, ки нақшаи даъватро иҷро мекунад, ки ин дастовардро ба кордонию дилёбӣ ва уҳдабароии раиси нави ноҳия Саъдулло Бекназаров рабт медиҳанд. Ҳатто 35 нафар модарони қубодиёнӣ ихтиёран фарзандони баркамоли хешро ба комиссариати ҳарбии ноҳия овардаанд, то ба хидмати сарбозӣ бифиристанд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки барои бори аввал дар сафи хидматчиёну муҳофизони Ватан 20 фисад писарони мансабдорони ноҳия ҳам шомил гардидаанд.

Мутаассифона, дар ҳамсояноҳияи Қубодиён - Шаҳритус вазъи баръаксро мебинем. Баъди ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов ва ба ҷои ӯ таъин гардидани Ҷумахон Сафаров он ҷӯшу хуруши кору фаъолияте, ки дар саросари ноҳия ба назар мерасид, чандон мушоҳида намегардад. Раиси нав бо вуҷуди собиқаи басандаи роҳбарӣ дилбастаи тарзи фармонфармоии даврони коммунистӣ буда, усулу шеваҳои муосири роҳбарӣ ва муносибату муоширати мардумсолоронаро чандон хуш надорад. 

Дар давраи роҳбарии Х. Раҳмонов тамоми қишрҳои ҷомеа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободонии ноҳияашон саҳмгузорӣ мекарданд, зеро ҳар лаҳза дастгирию ғамхории роҳбарият бахусус раиси собиқи онро эҳсос мекарданд. Ӯ шабу рӯз дар канори мардум буду бо ҳар сокин, ташкилоту муассиса аз он ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ба манфиати ҷомеъаю давлат ҳамкории ҳадафмандонаю мақсаднокро ба роҳ монда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меовард.

Чаро нашрия замони раисии Раҳмонов чоп мешуд, ҳоло не?

Дар урфият "аз некон - боғ" мегӯянд, ки бе ҳикмат нест. Дар ноҳияи Шаҳритус бо ибтикору роҳнамоии Х. Раҳмонов даҳҳо мактабу кӯдакистон, мақбараю масҷид, дӯкону фурӯшгоҳу гулгашту боғҳои сарсабзу боровар бунёд шуда, даҳҳо нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ӯ бо кумаки соҳибкорону дастгирии бархе аз роҳбарони зинаҳои гуногуни ноҳия Қасри фарҳанги ноҳияро аз таъмири асосӣ  бароварда, бинои нави матбааро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва барои рӯзноманигорони ноҳия шароити мусоиди корӣ муҳайё карда, ба чопи якчанд китоби қаламкашони умедбахш мусоидат намуд. Маҳз бо ибтикори вай шуъбаи коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар Шаҳритус ба фаъолият шуруъ намуда, баъди хатми он имрӯз даҳҳо нафар духтарони деҳот соҳибкасб гардидаанду чун ҳамшираи шафқат барои беҳдошти саломатии мардум хидмат менамоянд.

Мутаассифона, аз такя задани ҷаноби Ҷ. Сафаров ба курсии раиси ноҳияи Шаҳритус дере нагузашта, масъулони дастгоҳи нави чопӣ бо сабаби баҳси маблағ аз фаъолият канорагирӣ намуда, нашрияи ноҳиявӣ ба гоҳномаю моҳнома табдил ёфта, чопи он дар шаҳри Душанбе сурат мегирифт. Тӯли ду сол ду муҳаррир иваз гардид. Тибқи ибрози муҳаррири кунунии рӯзномаи ноҳиявӣ М. Қа-юмов алҳол аз сабаби набудани маблағ нашри ҷарида мувақатан мутаваққиф гардидаю худи ӯ дар таълимгоҳе ба толибилмон сабақ медиҳад.

Бозор дарвозаи шаҳр мегӯянд...

Ба андешаи ҳолдонҳо як сабаби суръат нагирифтани рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун дар иқдомоти нодурусту қонуннописандии раиси кунунии ноҳия мебошад. Барои исботи ин гуфтаҳо рӯ меорем ба мисолҳои мушаххас. Дар соли 2011 бо мусоидати Ҷ. Сафаров дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Шаҳритус дар ҳавои кушод бозори фурӯши меваю маҳсулоти полезӣ кушода, онро бозори "Деҳқон" ном ниҳоданд. Баъди таъсиси "бозори нав" фурӯшандаҳоеро, ки дар собиқ майдони Ленини назди бозори марказӣ машғули савдо буданд, иҷборан ба бозори "Деҳқон" фиристоданд. Иддае аз соҳибкорони бозори "Инъом" ҳам ба хотири тезтар ба савдо рафтани маҳсулоташон рӯ ба бозори мазкур оварданд.

Тибқи ахбори як сарчашмаи муътамад ҳолати ғайрибеҳдоштии бозору ба меъёрҳои стандартӣ ҷавогӯ набудани маҳсулоти ба фу-рӯш гузошта шуда ва шароити номусоиди фаъолияти фурӯшандаҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявию минақавӣ санҷидаю ташхис гардида, аз натиҷааш раиси ноҳияро ба таври хаттӣ огоҳ  карда буданд. Бо вуҷуди ин то ҳол дар бозори номбурда вазъ тағйир наёфтааст. Алҳол соҳибкорон чун рӯзу моҳҳои қаблӣ рӯйи асфалти тасфон дар зери нурҳои хуршеди рахшон бо сару бадани арақшор ба фурӯши маҳсулоти хеш машғуланд.    

Якчанд моҳ қабл аз ин бархе аз онҳо  ба нишони эътироз аз андозбандию чекчинии беинсофонаи маъмурони бозори "Деҳқон" ба раиси ноҳия шикоят бурда буданд. Нафаре аз онҳо, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, зимни суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо иброз дошт, ки раис баъди арзашонро шунидан ба ғазаб омада, дар аввал аз маъмурони бозор пуштибонӣ мекунад, вале чун онҳо иддао карданд, ки барои ҳақро ба ҳақдор расонидан ба телевизион муроҷиат менамоянд, Ҷ. Сафаров якбора нарму мулоим шуда, ба мадоро мегузарад ва дере нагузашта худ ба бозор ҳозир шуда, ба ҳаллу фасли арзу шикояташон то андозае мусоидат менамояд.

Ҳудуди бозори номбурда аз соли 2008 инҷониб ба соҳибкори шаҳритусӣ Баҳром Бегаков тааллуқ дорад ва ба ибрози ӯ терминал 0,86 га масоҳатро фаро гирифтааст. Соҳибкор онро дар асоси музояда ба даст овардаю тибқи қонунгузории кишвар ҳар сол ба ҷуз амвол барои замини дар ихтиёр доштааш ба хазинаи давлат 1000 сомонӣ маблағ пардохт менамояд. Ӯ аз он таассуф мехӯрад, ки дастандаркорони бозори "Деҳқон" дар рӯзи равшан замини ӯро "ғасб" намуда, на андози замин месупоранду на фаъолияти соҳибкориашонро дар асоси қонун ба роҳ мемонанд. Чекпулии онҳо ҳам ба хазинаи давлат нею дар кисаҳои шахсони алоҳида чарх мезанад. Аламовараш ин аст, ки- меафзояд соҳибкор,- "бозор бозори раис (раиси ноҳия дар назар дошта шудааст. -А.Ф.) аст" гуфта, касе пишаки масъулини бозори "Деҳқон"-ро "пишт" намегӯяд. Бино ба иддаои соҳибкори номбурда бозори мазкур барои мусофирону нақлиёти мусофиркаш ва сатҳу сифати хидматрасонии терминалу кормандони он ҳам таъсир расонида, ба мушкили эшон мушкил зам менамояд.

Қаҳрамонони мусбату манфии ҷаласаи солонаи ҳукумат

Воқеан якчанд сол қабл аз ин дар ҷаласаҳои солонаи Ҳукумат собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Х. Раҳмонов қаҳрамони асосӣ ба ҳисоб мерафту Сардори давлат аз дигар масъулони кишвар тақозо мекард, ки дар масъалаи ободонию бунёдкорӣ ва муносибату ҳамкорӣ бо кадрҳо аз Раҳмонов ибрат гиранд. Раиси навтаъини ноҳияи Шаҳритус Ҷ. Сафаров ҳам баъди як соли фаъолияташ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат «қаҳрамон» буд. Аз он сабаб қаҳрамон дар нохунак, ки Президент ӯро таъриф не, балки танқид намуд. Танқид ба он хотир, ки номбурда якчанд нафар ҳамшаҳрию ақрабои худро аз гӯшаи дурдасти кишвар ба маркази ноҳияи  Шаҳритус овардаю бо корҳои равғанин таъмин бинмудааст, дар ҳоле ки  садҳо нафар сокинони соҳибтахассуси ноҳияи мазкур то ҳол аз бекорӣ ранҷ мекашанд.

Лозим ба ёддоварист, ки Ҷ Сафаров пас аз интиқодии Президент зимни мусоҳибае "Иҷрои супориши Сардори давлат барои мо ҳатмист"- гуфта таъкид намудаю ҳамзамон иброз дошта буд, ки нафарони аз минтақаи дигар ба наздаш даъват кардаро аз кор озоду ба зодгоҳашон равона намудааст. 

Чаро раис мушкилро калон месозад?

Кас ба фаъолияти кории раиси ноҳияи Шаҳритус аз наздик ошно шуда ангушти ҳайрат мегазад. Ӯ ба ҷои ҳаллу фасли масоили мавҷуда ба қабули қарору дастурҳое даст мезанад, ки барои худаш дарди сар эҷод намуда, низоми ҷомеаро халалдор месозад. Ба ин баҳсу кашмакашҳои ӯ бо сокини ҷамоати Сайёд А. Ғуломҳайдаров мисол шуда метавонад.

Тибқи қарори собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Э. Эсанқулов аз 16 декабри соли 2006 №526 "Оиди вобаста намудани қитъаи замини амволи хусусигардонидашудаи хонаи бригадирон ба шаҳрванд Ғуломҳайдаров Аҳрор" А. Ғуломҳайдаров дар деҳаи Лолазори ҷамоати Сайёд ба 3,5 га  қитъае соҳиб гардид, ки он аз дарахтони бисёрсола ва бинои меҳмонхона иборат будааст. 

Раиси кунунии ноҳияи Шаҳритус ба қитъаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тасмим гирифт, ки соҳиби заминро навобаста аз асноду ҳуҷҷатҳои дар доираи дастуру қонунгузориҳои мавҷуда омода кардаи ӯ  аз моликият маҳрум созад.

Аз ҳуҷҷатҳои таърихии ба дасти мо расида маълум мегардад, ки раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷ. Сафаров бо қарори аз 11 июли соли 2011 №209 ба тасвиб расонидаи худ қарори раиси собиқи ноҳияро бекор намуда, бо қарори навбатии худ аз 18 июли соли 2011 №215 "Дар бораи вобаста намудани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ" бо роҳи қонуншиканӣ соҳибзаминро аз моликияташ маҳрум месозад. Ӯ тибқи қарори мазкур қитъаи замини хусусигардонидаи шаҳрванд А. Ғуломҳайдаровро барои истифодаи бидуни муҳлат ба ихтиёри Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ вобастаю вогузор менамояд.

Шаҳрванд А. Ғуломҳайдаров барои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии худ бо ариза ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намуда, аз қарори ноодилонаи раиси ноҳияи Шаҳритус ба ин ниҳод шикоят мебарад. Ҳарчанд суди мазкур дар рафти баррасии қазияи мазкур бо пуштибонӣ аз ҷабрдида қарори одилона баровард, аммо Ҷ. Сафаров на фақат нисбати он беэътиноӣ зоҳир менамояд, балки бо ҷалби кормандони ҳукумати ноҳияву табақаҳои дигари ҷомеа дар қитъаи номбурда таҷдиду сохтмони биноҳои иловагиро тариқи ҳашар ба роҳ мемонад.

А. Ғуломҳайдаров дар давоми қариб ду сол бо умеди дастёбӣ ба ҳақиқат талош варзид. Замоне ки ин матлабро ба нашр  омода мекардем, Суҳроб Ғуломҳайдаров - писари ҷабрдида бо мо ҳамсуҳбат шуда, аз он изҳори хушӣ намуд, ки ҳақталошиҳои қиблагоҳашон самар додаю Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияи санади судӣ аз 24 апрели соли ҷорӣ қарори раиси ҳукумати Шаҳритусро бекор карда ва тибқи ҳуҷҷатгузорию қонунҳои мавҷуда қиблагоҳашро соҳибамвол эътироф намудааст.  

Агар ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, пас чаро ҷаноби Ҷ. Сафаров ҳамчун шахси боэътимод ва намояндаи Президент дар дуртарин минтақаи ҷумҳурӣ ба ҷои он ки талаботи қонунро риояю мушкили  шаҳрвандонро осон намояд, худ ба қонуншиканӣ роҳ додаю боиси сарсонию саргардонии онҳо мегардад?  

Кӣ дар хидмати кист: Халқ дар хидмати раис ё раис дар хидмати халқ?

Сардори давлат дар аксар баромаду мулоқотҳояш роҳбарони ҳама зинаҳоро таъкид намудаю ҳушдор медиҳад, ки набояд халқ дар хидмати онҳо , балки онҳо бояд шабу рӯз дар хидмати мардум бошанд. Қабули шаҳрвандон рӯзи шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби соҳибмансабони зинаҳои гуногун яке аз супоришҳои Президент ба ҳисоб рафта, то андозае барои ҳаллу фасли арзу муроҷиати шаҳрвандон мусоидат менамояд. Имрӯз он дар маҳалҳо шакли нав касб кардааст. Акнун роҳбарони ноҳияву вилоятҳо ба ҷамоатҳо рафта, бо аҳолӣ рӯ ба рӯ мулоқоту суҳбатҳо менамоянд.

Дар ноҳияи Шаҳритус ҳам аз ин шеваи кор истифода мебаранд, вале на ба он шакле, ки тақозои давру дархури замон бошад. Камина ба наздикӣ шоҳиди бевоситаи мулоқоти ҳайати ҳукумати ноҳия бо сокинони деҳаи Аскари сурхи ҷамоати Сайёд гардидам. Мардум ба вохӯрии мазкур бо умед омада буданд, зеро масоили ҳалталаби зиёд доштанду раиси маҳалла эшонро дилпур намуда буд, ки бо иштироки раиси ноҳия мушкилоту таклифу пешниҳодоташон мавриди баррасию чораҷӯӣ қарор мегирад.

Мутаассифона, пас аз он ки ҷаноби Сафаров риштаи суханро ба даст гирифт, маълум гардид, ки интизорию умедвории аҳли нишаст ҷуз хобу хаёли ширине беш набудааст.

Бо дархости ӯ намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия рӯйхати навдаъватони хидмати сарбозии деҳаи номбурдаро бо овози баланд ба самъи ҳозирин расонид. Чун раис фаҳмид, ки бархе аз онҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо машғули таҳсиланду иддаи дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, сабру таҳаммулро аз даст дода, шадидан ба таънаю маломати аҳли нишаст шуруъ кард.

Сипас байни раиси ноҳия ва истиқоматкунандаи деҳаи мазкур Мӯсо Сатторов чунин пурсишу посух ба вуқуъ пайваст:

- Писарат, Сатторов Расо, дар  куҷост? 

-Дар Русия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.

- Барои чӣ?

- Дигар чӣ кор кунем?

Ҷаноби Сафаров аз посухҳои ҳамсуҳбаташ якбора таркидаю ба шӯр омада, бо лаҳни хашину дурушт шаҳрванди номбурдаро назди ҳамагон дӯғу пӯписа намуда, аз ӯ қотеона тақозо кард, ки оҷилан писарашро оварда ва ба хидмат равон намояд.

Мулоқот қариб 3 соат давом кард, вале ба ҷуз хидмати сарбозӣ дигар масъалаю мавзуъи дигаре матраҳ нагардид. Аҳли толор бисёр мехостанд, ки бо раиси ноҳия ва дигар роҳбарони ташриф оварда дар хусуси чарогоҳ, танқисии об, таъмини ниёзмандон бо қитъаи назди ҳавлигӣ суҳбат ва саволу ҷавоб намуда, роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Ҳайҳот, ки сухани хона ба бозор рост наомад.   

Воқеан хидмати сарбозӣ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷа-вонмард буда, дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозист. 

Ин ҷо саволе матраҳ мегардад, ки оё ҳама ҷавонони навқаду навхати тоҷики ба муҳоҷирати меҳнатӣ рахти сафар баста, ба мулки бегона барои аз хидмат гурехтану раҳо шудан мераванд? Ё вазъи ногувори иқтисодии хонаводаҳояшон онҳоро ба ин амал вомедорад? Магар ғурбат азобу азият нест? Мо баъди мулоқот, вақте ки бо сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Шаҳритус Мӯсо Сатторов ҳамсуҳбат шуда ва аз  амру супориши раиси ноҳия нисбати писари муҳоҷираш  сухан ба миён гузоштем, ӯ пас аз каме сукут варзидан, чунин ибрози назар намуд:

- Ман худ дар Давлати исломии Афғонистон қатори иддае аз сарбозону афсарони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ чун ҷанговари итернатсионалист адои хидмат кардаам. Ҳам фарзу ҳам қарз будани хидмати сарбозиро хуб дарк мекунам. Барои Ватан хидмат кардани фарзандамро аз ҷону дил хоҳонам. Афсӯс, ки шароити оилавӣ дар айни ҳол моро дасткӯтоҳ намудааст. Падару модари пиру бемору бар ҷо мондаам, ки 79-83-солаанд, муҳтоҷи ғамхорию кумаки моянду худам ҳам чун маъюби воқеаҳои Афғонистон имкон надорам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аҳли оиларо аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоям. Мо аҳли  байт ҳама чашми  умед ба ноновари хона, писари 22-солаамон Расо дӯхтаем. Ва агар ӯ кор накунад, вазъи оилаи мо чӣ мешавад?...           

Дар фароварди сухан таъкиди як нуктаро зарур меҳисобам. Инҷониб ба муҳтарам Ҷ. Сафаров ягон ғаразе надорам ва касе ҳам маро ба ҷуз виҷдонам барои иншои матлаби мазкур водор ё маҷбур накардааст. Боқӣ қазоват аз шумост!

Азизи Фаттоҳ,

рӯзноманигори мустақил 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97