Иззатбеки Идизод: Зайд Саидов ба гадоён нон медод

Иҷтимоъ 31.05.2013 16:00

Izatbeki Idizod- Қариб 1 моҳ мешавад, ки номи Зайд Саидов расонаӣ шудааст. Рӯзномаҳо дар атрофи ӯ ҳангомасозӣ мекунанд. Сабаби ҳамаи ин ҳангомаҳо ташаббус нишон доданаш барои ташкили ҳизби «Тоҷикистони нав» аст. Ҳизб ҳанӯз дар Вазорати адлия номнавис нашудаву иҷозати фаъолияташ низ аз ҷониби ин сохтор номаълум аст. Табиист, ки барои ташкили ҳизби нав дигар азҳоби сиёсӣ муқовимат мекунанд, вале ба шахсияти ташаббускори он расидан то ба ин дараҷа ба андешаи мо аз рӯи инсоф нест. Пас Зайд Саидов дар асл чи гуна шахсият аст? Банда беш аз 20-сол аст, ки ӯро мешиносам. Аз рӯи вазифаи хидматиам барои сабти овозаш дар барномаҳои радиои Тоҷикистон ба наздаш мерафтам. Ҳар боре ки ба кумита мерафтам, медидам, ки одамони зиёди эҳтиёҷманде дар берун ва қабулгоҳаш интизори омаданаш буданд. Аксари ин одамон маслуқону шахсони камбизоат буданд.

Ҳамин ки Зайд меомад ба ҳамаашон дасти мадад дароз мекард. Аз ҳамон замон дарк кардам, ки худованд ба Зайд Саидов фазилати ятиму бечорапарвариро ато карда будааст. Ҳангоми суҳбатҳои радиёӣ пайваста аз сулҳу оромии Тоҷикистон изҳори хурсандӣ мекард ва ба Президенти мамлакат таҳсину офарин мехонд, ки мардуми парешонгаштаро тавонист ҷамъ оварад. Бори  охир вақте ки «Маркази савдои пойтахт»-ро дар вазъияти тантанавӣ месупориданд, Зайдро дар паҳлӯи Президент дидам, ки президент қаноатманд ба назар мерасид. Дарк кардам, ки дар ҳақиқат Зайд Саидов чи қадар бо ҳисси садоқату муҳаббати беандоза доштан ба сиёсати президент амал мекунад. Ҳар боре, ки дар оинаи нилгун мебинам, ки президент ба ятимону бепарасторон вохӯрда, дасти навозиш ба сарашон мебарад, ашки ятимам дар чашмонам ҳалқа мезанад ва чеҳраи Зайд Саидов низ пеши назарам ҷилвагар мешавад. Кош ҳамаи инсонҳо ҳамин хел нодиру меҳрубон бошанд,-мегӯфтам худ ба худ. Дар бораи бародарони Зайд кам маълумот дорам. Фақат як бародараш шодравон Мирзохӯҷаро мешиносам, ки ӯ сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод буд. То чи андоза бародарону ҳамдиёрони Зайд Саидов ба муқобили дастаи ғоратгари Мулло Абдулло мубориза бурданашонро мардуми ноҳия бахусус милисаҳое, ки  он солҳо кор мекарданд, то имрӯз нақл мекунанд.

Яке аз манбаъҳои асосии шикасти Мулло Абдулло дар ноҳия Зайду дигар бародаронаш буданд. Касе ба ин бовар надошта бошад, ба архивҳои муътамад назар афканад. Пеш аз он ки дар бораи паст задани касе қалам ба даст бигирем, бояд андеша кунем, ки худ сари ятимеро навозиш кардаем, хиштеро барои ободии Тоҷикистон болои хишт мондаем, гадоеро нон додаем. Зайд пайваста гадоёнро нон медиҳад. Боқӣ:

Дар он ҷо фитнагар найранг мекард,

Бародар бо бародар ҷанг мекард.

Lola olimovaЛола Олимова, журналист:

- Барои ҳар инсони солимақл дар кишвар аён аст, ки ҳукумат зуҳури ҳар гуна мухолифинро хуш надорад. Алалхусус агар ин афрод ҳушманду муваффақ бошанд. Гуруҳи ташаббускори ҳизби Зайд Саидов қаблан эълон карда буданд, ки дар интихоботи имсолаи президентӣ ширкат нахоҳанд кард. Касе дар ҳукумат ба ин дарк расидааст, ки дар ҳафт соли оянда, фарди муваффақе амсоли Зайд Саидов ва ҳизби ӯ метавонад бузургтарин рақиб барои вориси президент бошад. Ба андешаи ман, маҳз атрофиёни президент аз ҳамин ҳарос доранд. Илова бар ин Зайд Саидов дар кишвар бархе аз моликият дорад, ки ба назар мерасад, барои афроде ин луқмаи тайёр хуш омадааст, ки мехоҳанд онро соҳиб шаванд. Дар маҷмуъ ин бисёр бад ба назар мерасад. Аз ҳад беш бозии дағал ва ноҷавонмардона аст. Фикр мекунам, чунин иқдомот дар ғайби Зайд Саидов танҳо бо як ҳадаф роҳандозӣ шудааст, тарсондани ӯ ва ҳамроҳонаш.

Marat MamadshoevМарат Мамадшоев, журналист:

-На, ман фикр намекунам, ки ин ангезаи аслӣ бошад. Агарчӣ, ин ҳам метавонад нақши муҳимме дошта бошад.

Дарвоқеъ дар ҳукумат тендентсия ё гароиши дасти зур ғолиб омадааст. Ин ба маънии контроли комил ба ҷомеъа аст. Ҳамагӣ аз ҷумлаи раҳбарон ва пешвоёни сохторҳои кмустақил ва ё то андозае мустақилро бо гунае тобеъ мехоҳанд бисозанд.

 

 

Rahmatullo ZoirOVVVРаҳматило Зоиров, раиси ҲСДТ:

- Ин; а) фишори сиёсист барои як гуруҳ; б) бозии сиёсист барои дигар гуруҳ; в) "санҷиши" сиёсист дар маҷмуъ. Охиран, бо Зайд созиш мекунанд ва дар асоси як "ҷарима" ин кор анҷом меёбад. 50% мансабдорони тоҷик субъекти моддаи 170 КҶ ҶТ мебошанд. Имрӯз дар ҳукумат ду гуруҳ мавҷуд мебошад, ки барои онҳо хатар ва манфиат дар ҳолати мувозинат қарор дорад.

Мунаввари Мунавварзод, журналисти мустақил:

- Ё ҳукумат симои аслии худро нишон дода истодааст, ё ин як навъ гашти сиёсист...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97