Расиши кутоҳи ноқилҳои таърих

Иҷтимоъ 27.05.2013 12:08

Sarvar Navruzov- Баъзе китобҳои ягонаи рӯимизӣ манбаи стратегияи шахсии зеру забари халқҳо мегардад.

- Занҳо барои он пойафзоли пошнабаланд мепӯшанд, ки мӯйи сарашон ба замин нарасад.

- Баъзе занҳои зирак барои он рӯсарӣ намебанданд, ки дар мӯйҳояшон расиши кутоҳ (короткое замыкание) ба амал наояд.

- Бо таъсири глобализатсияи зебоигароӣ латифии занҳо дар асри ХХ1 шиддати бесобиқа гирифт, ки дар бистуяк  тиллоовезаи онҳо фаҳмида мешавад; ду донагӣ дар гӯшҳо, сето дар гардан, ҳашто дар ангуштҳо, дутогӣ дар банди дастҳо ва эҳтимол дуто дар бинӣ.

- Агар инсонҳо аз илмҳои дақиқ бохабар мешуданд, дар рӯи замин шалу кару  гунгу ҳарзагӯй зиёд намешуд, чунки расиши кутоҳи волидайн тифли нуқсондорро ба дунё меорад.

- Агар духтар рӯз бо чашмонаш гап занад, пас, шаб бо ангуштонаш гап хоҳад зад.

- Агар инсон гул мешуд, эҳтимол, бӯйи хушаш пас аз марг маълум мешуд.

- Пешхидмат ба он хотир пешбанд мебандад, ки аз доираи ваколатҳои бевоситаи худ набарояд.

- Гулҳоро барои он дар хона нигоҳ медоранд, ки оксиген аз бӯйи ғайбат фирор мекунад.

- Бо пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ расиши кутоҳи ноқилҳои таърих пешгирӣ карда шуд.

- Вирус ба компютерҳо баъзан аз истифодабарандагони ғаразноку носолим сироят мекунад.

- Дар давраи шуравӣ халқи одӣ мошини шахсӣ надошт, чунки ӯ равғани молиданӣ барои қисмҳои эҳтиётӣ буд, ки гӯё як навъ мошинсавор буд.

- Афлотун ба ҷои халқ калимаи тӯдаро истифода бурдааст, чунки инсонҳо ба барномаи пеш аз интихоботии номзадҳо қариб, ки пурра эътибор намедиҳанд.

- Кӯшишҳои бунёди ҷомеаи коллективӣ ба он хотир аст, ки камбудиҳои ҷамъиятӣ рӯйпӯш шуда, реша давонанд.

- Баъд аз он ки афсонаи гилеми паррон пайдо шуд, инсоният хоб ва гаштугузори худро дар болои гилем ихтиёр кард.

- Баҳор арӯси даҳр, Тетчер арӯси сиёсати калон, пас, марги ӯ дар ин фасли нозанин ҳусни мувозинати чор фаслро то пайдоиши чунин як арӯси дигар  коста мегардонад.

- Моҳияти сармоягузориро аз мактаби сармоягузории модар ба тифл бояд омӯхт, чунки ӯ ҳамчун мушовир- таҳлилгар бе музд хидмат карда, лоиҳаи татбиқи раванди ҳамаи самтҳои камолоти объекти сармоягирандаро бевосита, бетамаъ ва беғараз роҳбарӣ ва назорат менамояд, ки албатта, подоши ғайричашмдоштро бо дарки миннатдории муштарӣ дар шакл ва вақти гуногун эҳсос хоҳад кард. Гуфтан мумкин аст, ки сармоягузор ҳам замоне мерасад, ки  ба сармоя ниёз пайдо хоҳад кард.

- Мӯрии дудкаш дар хонаҳои мусалмонҳо ба он хотир пайдо шуд, ки модарони шарқӣ аллаи ибтидоияшонро аз мафҳуми ҷину аҷина оғоз мекунанд. Ба кӯдаки гаҳвора чунин хитоб мекунанд; ором шав, ки дар болои бом аҷина, дев ва ғайра ҳаст. Инсон шири хомхӯрда нест, шири ҷинзадахӯрда аст. Аз ин ҷост карахтӣ, сустиродагӣ, нотавонӣ ва тарсончакии мардуми Шарқ. Имрӯз аз муҷозоти Худо дида, ба муҷозоти ҷину аҷинаи Амрикову Иттиҳоди Ғарб гирифторанд. Агар ба тақводортарин мусулмони миёнасол ногаҳон аҷина гуфта фарёд бикунӣ, саллааш кушода шуда меафтад.

- Плюрализми динӣ дар он фаҳмида мешавад, ки муслимин дар гӯши тифли навзод азон хонданро зераркони ислом медонанд, вале камбудӣ дар он аст, ки ҷоиз будани муҳиммияти сифат, хислат, кӣ ва чӣ будани одами азонгӯйро макрӯҳ меҳисобанд.

 - Истифодабарии шамъ барои он аз байн намеравад, ки равшании он аз ақли нобиға ҳам равшантар аст.

- Кӯшишҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пиёдасозии никоҳҳои якҷинса аз тарафи баъзе доираҳои дуҷинса дастгирӣ ёфта истодаанд, хирургияи ҷинсӣ ба авҷи шашум баромад, қонуни нисбият гӯё ба марду зан дахл надорад. Пас аз он ки ба қисми одамон фараҳбахшии олитарин таркиботи мадҳушкунандаи сунъӣ ва ҳероин дигар таъсир намекунад, дар шуури ин тоифа ҳисси «преобипожелания – афзалгирии дуҷинсрағбатӣ» ба вуҷуд меояд, ки педофилия ҳам зери ин мафҳум медарояд, яъне мардҳо мехоҳанд, ки бисёртар бо ҳамҷинси худ «заношавҳарӣ» кунанд ва дар як вақт чун занҳо   сохти тани занонаву пистони барҷаста дошта бошанд ва ҳатто ба насби қатъии сунъии он (грудная лихорадка) мегузаранд. Дар охири асри гузашта (соли 1989) олими ҷопонитабори амрикоӣ Фрэнсис Фукуяма дар асари пуровозааш «конец истории и последний человек» чунин арз кард, ки бо аз байн рафтани девори Берлин пирӯзии умумибашарии демократияи либералӣ таъмин гардид ва бо ҳамин таърих оғози хотима кард, ки албатта дар самти ноҷинсиҳои ҳаракат ӯ аз бисёр камбудиҳо ба ғайр аз СПИД ва нашъамандӣ сарфи назар кардааст. Камбудии демократияи либералӣ ҳам дар ҳамин аст, ки тамоми муносибатҳо шакли бозорӣ дошта, дар атрофи пул ва хоҳиш давр мезананд ва арзишҳо, ҳуқуқҳои табиъии инсон аз тарафи тоифаи мазкур ҳамчун «зацепка» бар зарари тамомияти ахлоқи аҳли олам баромад мекунанд, ки дар алоқамандӣ бо ин дар бораи ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонигароии фарҳангҳо ҳоҷати гап нест. Гуфтан мумкин аст, ки имрӯз фақат як зерсистемаи (либералии) таърих – дуҷинсрағбатӣ дар ҳоли дастгирии мукаммалаш бо мусоидати ҷаҳонишавии фарҳангӣ метавонад хотима ёбад. Дар хотима гуфтан мумкин, ки агар фюрер дар қайди ҳаёт мебуд, ҳамаи ин мушкилотро ба таври худ ҳал мекард.

- Консерваторҳо давлатдориро дар асоси механизми боздоранда (торможение) бо мошинронӣ қиёс мекунанд, ки мантиқан эътимодбахш нест.

- Халқе, ки суруд мехонад ва мерақсад, бад андешӣ намекунад, -гуфтааст, Екатеринаи дуюм, дар мо ҳам мерақсанду месароянд, лекин масъалаи чигуна андешӣ таҳлил мехоҳад.

- Тоҷикистон дӯстони душмансират, бадхоҳони бадхоҳсурат ва фишорпазирии ноилоҷона дорад, чунки айб дар ҳудудан хурд будани он аст.

- Гӯсфанд ва буз замоне аз як ҷуфт таваллуд шудаанд, бо мурури замон андешаашон оид ба баъзе масъалаҳо бо ҳам мувофиқат накард, бо сабаби он ки аввалӣ анъанагарову дуюмӣ навовар буд, онҳо тактика ва зоҳири худро ба мафкураашон мутобиқ карда, ба ибтидои насли худ асос гузоштаанд. Замоне ҳамчун аъзои як оила, як ҳизб феълан ба ду қанот тақсим шудаанд. Гарчанде ки имрӯзҳо бисёр вақт бо ҳам мечаранд, ба якдигар кинаомез нигоҳ мепартоянд.   

- Зебогии ҷавҳар ё худ ботинро мисли зебогии тан дидан он қадар осон нест, - гуфтааст, Арасту. Ҳоло зебогиҳои тан дар ҳақиқат зебоиянд, дар торикӣ дурахши ботинро шаффофона намоиш медиҳанд.

- Киссинҷерро оқсақоли дипломатияи Амрико меноманд, чунки дар нимаи дуюми асри рафта дар Ғарбу Шарқ ягон туйу маърака ва ҷанозаву дафн бе маслиҳат, нишондод ва дахолати ӯ нагузаштааст.

- Асилзода будан аз шахс масъулият ва уҳдадории таърихиро талаб мекунад.

- Зеботарин зебоӣ зебогии ақл аст.

- Ҳаёт мисли касби ронандагист, ки доимо танқисӣ ва пасту баланд рафтани нархи сӯзишвориро мувоҷеҳ аст.

- Таърих ҳам ақрабаки сониягарду батарея дорад.

- Тугмаи аз ҳама дарози клавиатураро ба он хотир ба фосила лоиқ донистаанд, ки таҳаммулнопазирии инсонҳо фосила надорад.

- Оташафрӯзак (зажигалка) ба он хотир ихтироъ карда шуд, ки инсон дар кофтани гӯшу дандон аз чизе ҳазар намекунад.

- Дар бисёр ҳолат ба он хотир  гули сунъиро мегузоранд, ки занҳои зебо рашкашон наояд.

- Нохуни дароз ин адвокати занҳост.

- Вуҷуди галстук дар зоҳири инсон мисли ақрабаки сониягард аст, ҳатмияти он ихтиёрист, лекин буданаш ҳусни тафоҳуми ду ақрабаки дигарро ба эътидол меорад. 

- Асосгузори корбурди рангҳои ороишии иморатӣ занҳостанд; бо дарки он ки аз дилрабоияти табиии худ норозиянду дар ороиши лабҳову зери чашмон аз  рангҳои эҳтиётии фариштаҳо истифода мебаранд, ҳатмияти иловаи моеъҳои ҷилобахш ба рангҳоро дар эъломияи аркони санъати меъморӣ сарфи назар накардаанд.

- Фоҷеаҳо ва ларзишҳои бузурги сиёсӣ ченак надоранд.

- Ҳаёт ин намоиши мустақимест, ки дар пахшаш шайтон ёвари фахрии коргардон аст.

- Хушбахтии манфии иблис дар он аст, ки тамоку намекашад ва маводи нашъадор истеъмол намекунад.

- Бо вусъати рӯзафзуни рушди илму технология хавотирии инсон ҳам мутлақ мегардад.

- Аз дарахти анори сурх кафолат нест, ки меваи сурх мегирӣ. Чи гуна ранггирии донаҳои анор аз чигунагии ботин ва нияти боғбон вобаста аст.

- Бобои одам бо ҳукми моддаи «амалҳои таркиби коррупсионидошта»  аз фирдавс ронда шудааст, пас, то он даме ки набераи ӯ ба макони ибтидоии бобояш фиристода нашавад, коррупсия дар  китоби сурхи  «равандҳои  нодири табиӣ» боқӣ мемонад.

- Дар кишварҳое, ки ҷинси латиф либосҳои мардона мепӯшад, ҳуҷуми низомии бегона аз эҳтимол дур аст.

Сарвар Наврӯзов,

донишҷӯи факултаи сиёсатшиносӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97