Ҳузури фазояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ

Иҷтимоъ 25.05.2013 17:35

Тоҳири АБДУҶАББОР

economy chinaҶумҳурии мардумии Чин, ки то кунун бор арзиши 1 миллиард доллар дар Тоҷикистон роҳу шабакаҳои интиқоли барқ ва нақбу дигар зербунёдҳои муҳим сохтааст, дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарордодеро бо арзиши 200 миллион доллар имзо кард. Дар пайи ин сафар ва ҳиммати Чин баҳси шарикии стротегӣ бо ин кишвар аз мавзуъҳои меҳварии ҳафтаи гузашта буд. Бархе аз коршиносон Чинро як бозигари пурқудрати иқтисодӣ дар минтақа медонанд. Барои рӯшан кардани дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвар сафҳаҳои гузаштаи расонаҳоро варақ задем. Матлаберо аз устоди шодравон Тоҳири Абдуҷаббор иқтисодшиноси маъруфи кишвар пайдо кардем, ки ҳузури фазояндаи Чин дар Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил кашидааст. Бозчопи онро дар рӯзҳои баҳси доғ дар атрофии Чин зарур мешуморем:

Чин яке аз кишварҳои бузурги минтақа ва ҷаҳон аст. Иқтисоди он ба суръат рушд мекунад. Маҷмуъи маҳсулоти нохолиси дохилии Чин ҳамасола то 10-12 дарсад афзоиш меёбад. Ҳаҷми тавлиди колоҳои масрафӣ дар ин кишвар низ дар ҳоли афзоиш аст.

Табиъист, ки дар чунин кишваре масрафи энержӣ хеле зиёд аст ва сол ба сол бештар мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки тайи 10-15 соли оянда масрафи нафт дар Чин 2-2,5 баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Аз ин ҷо равшан аст, ки Чин ба бозорҳои фурӯши маҳсулоти худ ва хариди маводди сӯхтӣ (нафт, газ, энержӣ) ниёз дорад. Бино бар ин мекӯшад, ки равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон густариш бидиҳад.

Воридоти осон ва арзон

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯйиҳамрафта, ҳудуди 70 миллион ҷамъият доранд, вале дар бисёре аз риштаҳо саноеъи пешрафта надоранд ва маҷбуранд, ки аксари навъҳо ва намудҳои колоҳои саноъатиро аз хориҷ ворид кунанд.

Аз ин рӯ, ин кишварҳо бозори хубе барои колоҳои чинӣ мебошанд. Далели ин амр яке он аст, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна қудрати хариди аксари мардум боло нест. Бинобар ин, мардуми ин кишварҳо ба ҷойи хариди маҳсулоти ғарбӣ, бештар колоҳои нисбатан арзони чиниро харидорӣ мекунанд.

Омили муҳимми дигар ин аст, ки масорифи ҳамлу нақли колоҳо аз Чин ба кишварҳои минтақа зиёд нест ва дар қимати колоҳо таъсироти ҷиддие намегузорад. Ин аст, ки ҳаҷми тиҷорати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сол ба сол афзоиш меёбад.

Барои мисол, бар асоси гузоришҳо ҳаҷми табодули коло байни Чин ва Қазоқистон дар соли гузашта ба 10 милёрд дулор расид ва ҳамасола то 30 дарсад афзоиш меёбад. Тиҷорати Чин бо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон низ бо суръати болое густариш меёбад.

Аммо алорағми ин маворид, чизе, ки боъиси нигаронии туҷҷор ва дастандаркорони содирот ва воридоти кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад, пеш аз ҳама ин аст, ки дар аксари маворид кайфияти колоҳои чинӣ пойин аст.

Нигаронии дигар ин аст ки содиркунандагони чинӣ аз шеваҳои "носолим ва ғайри муҷоз"-и бозори рақобат монанди кӯмакҳои молӣ, пуштибонии давлат, имтиёзҳои гумрукӣ ва ғайра истифода мекунанд, ки ин боъиси пойин омадани тавони рақобатпазирии колоҳои дохилӣ, аз кор уфтодану варшикастагии корхонаҳои ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад.

Тарози нобаробар

Дар натиҷа, таъодули воридот ва содироти ин кишварҳо бо Чин аз байн меравад ва тароз (ё болонс)-и тиҷорати хориҷӣ ба зарари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба суди Чин аст.

Масалан, дар соли 2006 Тоҷикистон маблағи 159 милюн дулор колоҳои мухталифе ворид кард, дар ҳоле ки содироти ин кишвар ба Чин танҳо 10 милюн дулор буд.

Дар тули панҷ моҳи аввали соли равон низ Тоҷикистон ба Чин фақат маблағи чаҳор милюн дулор коло содир карда, вале маблағи 77 милюн дулор колоҳои чиниро ворид кардааст. Болонси тиҷоратии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам бо Чин манфӣ аст.

Манфӣ будани болонси тиҷоратӣ хориҷӣ, худ ба худ нигаронкунанда аст ва агар чунин ҳолате сол ба сол такрор шавад, мумкин аст системи молии кишварро бо хатароти ҷидди мувоҷех созад. Ин масъала бахусус барои Тоҷикистон, ки болонси тиҷорати хориҷии он тайи солҳои зиёде ҳамвора манфӣ буда, хеле муҳим аст.

Агар давлати Тоҷикистон дар ҷиҳати рушди саноеъ, афзоиши тавлиди колоҳои хушсифат (бо кайфияти боло) барои бозорҳои дохилию хориҷӣ тадобире лозим наяндешад ва бо истифода аз баъзе абзорҳои қонунӣ бозори дохилиро аз рақобати носолими хориҷӣ ҳимоят накунад ва аз ин роҳҳо болонси тиҷоратиро ба суди Тоҷикистон тағйир надиҳад, ин кишвар мумкин аст бо вазъи хеле ногуворе рӯ ба рӯ шавад.

Сармояи Чин дар минтақа

Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо тиҷорати муваффақе дорад, балки ҳамкориҳои иқтисодиро низ бо ин кишварҳо густариш медиҳад. Сармоягузорони чинӣ дар минтақа бештар ба саноеъи нафту гоз, истихроҷи фулузот ва арсаи иртиботот таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Чин бо Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, ки дорои захоири бузурги маводди сӯхт мебошанд, дар рушди саноеъи нафту гоз ва бо Тоҷикистону Қирғизистон дар рушди арсаи энержӣ ва сохтмони роҳҳо ҳамкорӣ мекунад.

Давлати Чин барои иҷрои чунин пружаҳое қарзҳои дарозмуддат ва боимтиёз медиҳад. Албатта, иҷрои чунин пружаҳо ба пешрафти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоъидат мекунанд, вале онҳо барои Чин ҳам муфид мебошанд.

Чин дар иқтисоди Қазоқистон бо сохтани корхонаҳои истихроҷ ва полоиши нафт, истихроҷи маъодини дорои урониюм, сохтмони лулаҳои нафтрасонӣ аз Қазоқистон ба Чин ва ғайра саҳм мегирад. Ширкатҳои чинӣ беш аз 50 дарсади корхонаҳои бузурги полоиши нафт дар шаҳри Шимкент ва шумори зиёде аз фурӯшгоҳҳои бензин дар Қазоқистонро соҳиб шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир сохтмони як лӯлаи нафтрасонӣ аз Атасу (Караганда, Қазоқистон) ба Алашанкоу (Чин) ба поён расидааст. Сохтмони лӯлаи дигари нафтрасонӣ аз Қазоқистон ба Чин идома дорад. Ҳамчунин сохтмони як лулаи нафтрасонӣ аз Туркманистон ба Чин (аз тариқи Узбакистон) имсол оғоз мешавад.

Пружаҳои Чин дар Тоҷикистон

Давлати Чин бо Тоҷикистон дар сохтмони роҳҳо ва иҷрои пружаҳои энержӣ ва ҳамчунин иҷрои бархе пружаҳои истихроҷу коркарди маъодин ҳамкорӣ мекунад. Барои иҷрои ин пружаҳо Чин маблағи 720 милюн дулор қарзи дарозмуддат ва боимтиёзро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст.

Дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби ҳамин қарзҳо мутахассисони чинӣ ба сохтани роҳҳои мошингард байни манотиқи шимолӣ ва марказию шарқии Тоҷикистон ва хатти интиқоли барқ аз марказ ба шимоли ин кишвар машғуланд.

Иҷрои ин пружаҳо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Чин муфид аст. Сохти ин роҳҳо Тоҷикистонро бо Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва кишварҳои дигар мепайвандад ва кишварро аз бунбасти иртиботӣ раҳо намуда, дастраси ба обҳои озодро мумкин месозад ва заминаи пешрафти иқтисод ва тиҷорати хориҷии кишварро фароҳам мекунад.

Ҳамзамон бунёди ин роҳҳо интиқоли колоҳои чиниро ба бозорҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа осон мекунад. Мусоъидат ба иҷрои пружаҳои тавлиди барқ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон медиҳад, ки миқдори зиёди энержӣ аз ин кишварҳо ба манотиқи ғарбии Чин, ки ба он ниёз доранд, интиқол дода шавад.

Ниругоҳи Зарафшон

Тибқи созишномаи тарафайн, қарор аст, ки дар ояндаи наздик сохтмони неругоҳи обӣ дар рудхонаи Зарафшон тавассути мутахассисони чинӣ оғоз шавад. Вале, бино ба гузориши расонаҳо, ширкати чинии Синехидру иҷрои корҳои муқаддамотӣ дар ин маҳаллро мутаваққиф кардааст.

Далели ин иқдом мухолифати Узбакистон бо иҷрои ин пружа ва фишори мақомоти узбак бар ширкати чинӣ талаққӣ мешавад.

Албатта, муносиботи сиёсии Тоҷикистону Узбакистон чандон ризоятбахш набуда ва шояд бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар давлати он кишвар, ки аҳдофи ғаразолуд доранд, бо эҳдоси неругоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон мухолифат кунанд.

Вале дар маҷмуъ баъид аст, ки ҳукумати Узбакистон ба чунин коре иқдом кунад. Зеро сохтани неругоҳҳо дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон ба суди Узбакистон ва кишварҳои дигари минтақа ҳам ҳаст, бавижа дар дарозмуддат.

Дар ин миён, эҳтимол меравад, ки ҳадафи аслии ширкати чинӣ аз мутаваққиф кардани кор дар пружаи неругоҳи Зарафшон, боло бурдани қимати кор ва дарёфти суди бештаре бошад. Ба ҳар сурат, иҷрои ин пружа ва чанд пружаи дигар дар навоҳии марказӣ ва ҷанубӣ Тоҷикистон мумкин аст аз ҷонибӣ мутахассисони чинӣ ба анҷом расонда шавад.

Чанд рӯз пеш, як ширкати бузурги чинӣ, мавсум ба "Гурӯҳи Истихроҷгари Зичин" (Zijin Mining Group Co. Ltd) тасмим гирифтааст, ки 75 дарсад аз саҳмияҳои корхонаи муштараки истихроҷи тиллои "Зарафшон"-ро, ки ба як ширкати бритониёи (Commonwealth & British Mineral Ltd) таъаллуқ дошт, харидорӣ кунад.

Ин ширкати чинӣ ҳамчунин дар назар дорад барои тавсеъаи корхонаи истихроҷӣ тилои "Зарафшон", ки дар ноҳияи Панҷакент воқеъ аст, 100 милюн дулор сармоя гузорад. Ин ҳама баёнгари рушди ҳамкориҳои иқтисодии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳузури он кишвар дар минтақа аст.

Рақобатҳои минтақавӣ

Равшан аст, ки фаъолияти Чин дар Осиёи Марказӣ ба масобаи рақобат бо дигар кишварҳои бузург, пеш аз ҳама бо Русия ва Амрико маҳсуб мешавад, ки дар минтақа нуфуз ва ҳадафҳои худро доранд.

Албатта, байни Чин ва Русия дар бисёр масоил ихтилофоте вуҷуд дорад, ки дар оянда мумкин аст ба муносиботи ду кишвар таъсироти ҷиддӣ бирасонад.

Вале дар ҳоли ҳозир Русия ва Чин якҷо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СХШ) мебошанд ва ин вазъ имкон медиад, ки ин ду қудрати минтақаи ҳузури худро дар Осиёи Миёна "қонунан" тақвият бидиҳанд ва муштаракан дар муқобили манофеъи Амрико қарор бигиранд.

Бояд гуфт, ки муносибот ва шеваи бархурди Чин ва Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яксон нест. Чин иддаъоҳои сиёсию бузургманишона надорад ва агар дошта бошад ҳам, то кунун ба шеваи ошкор зоҳир накардааст.

Чин бидуни фишору таҳдид, орому осон бозорҳои Осиёи Марказиро тасхир мекунад, вале Русия равиши дигаре дорад. Маскав Осиёи Марказиро минтақаи ҳифзи манофеъи геополитикии худ зълом карда ва мекӯшад, ки кишварҳои минтақаро дар доираи нуфузи худ нигаҳ дорад ва барои расидан ба ин ҳадаф аз созмонҳои байналмилалӣ, назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ истифода мекунад.

Нақши Гуруҳи Шонгҳой

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар ибтидо (соли 2002) ба манзури таъмини амният дар навоҳии сарҳадии Чин, ҳалли баъзе ихтилофоти марзи миёни Чин ва кишварҳои ҳаммарзи он (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ва коҳиши нируҳои низомӣ дар сарҳади ин кишварҳо таъсис дода шуда буд.

Ҳадафи дигари Чин ором кардани ҷудоихоҳони уйғур дар навоҳии ғарбии он кишвар (бавижа ноҳияи худмухтори Шинҷону Уйғур) буд. Барои расидан ба ин ҳадаф Чинро лозим буд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад ва ба таъмини суботи сиёсӣ дар минтақа мусоъидат намояд.

Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон шумори зиёде аз уйгурҳо сукунат доранд ва аз наҳзати милии уйгурҳои Чин пуштибонӣ мекунанд.

Дар он солҳо авзоъи сиёсии Афғонистон бӯҳронӣ буд ва метавонист ба суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва навоҳии мусалмоннишини Чин ҳам таъсироти манфӣ бирасонад.

Эҷоди Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳалли ин масоил мусоъидат кард. Вале тайи солҳои баъди масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чорчӯби ин созмон аҳаммияти бештаре касб кард.

Табиъист, ки дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ду кишвари бузург - Русия ва Чин - нақши асосӣ ва фаъол доранд. Зимнан, тамоюлоти онҳо мухталиф аст.

Иқтидоргароии Русия

Чин бештар ба ҳамкориҳои иқтисодӣ такя мекунад, вале Русия мехоҳад, ки ҷанбаи сиёсию низомии ин созмонро барҷастатар созад ва онро дар муқобили Амрико ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НОТУ) қарор бидиҳад ва ба ин васила аз густариши нуфӯзи Амрико ҷилавгири кунад.

Бо ин ҳадаф, вазири дифоъи Русия дар моҳи апрели соли 2006 кишварҳои узви ин созмонро ба иттиҳоди низоми даъват намуд. Аммо тарафи Чин дар баробари он хомӯшӣ ихтиёр кард.

Баъдтар Русия дар садади он шуд, ки ба Созмони ҳамкориҳои Шонгхой ранги дигаре бизанад, яъне онро шабеҳи Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсуд гардонад, вале Чин ин иқдомро батундӣ рад кард.

Ҳоло раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, женерол Юрий Балуевский, дар мулоқоти сарварони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви гурӯҳи Шонгхой, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Урумчии Чин баргузор шуд, дубора зарурати муттаҳид кардани нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин Созмонро матраҳ кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигорони рӯзномаи "Независимая Газета", чопи Маскав, Русия дар андешаи он аст, ки ба чойи Паймони лағвшудаи Варшав, паймони ҷадиди низомию амниятӣ (Паймони Шонгҳой) эҷод шавад.

Ҷаноби Балуевский гуфтааст: "Фаъолиятҳои пурсамари иқтисодӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгхой бидуни таҳкими амнияти минтақа ва бидуни ширкати ниҳодҳои низомии кишварҳои узв имконнопазир мебошад".

Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки пешниҳодҳои худро дар мавриди эҷоди як иттиҳодияи низомӣ чаҳор моҳ пеш ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгхой ирсол дошта, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.

Ниёз ба рушди иқтисодӣ

Ба назар мерасад, ки талошҳои Русия дар ин ҷиҳат ноком хоҳанд монд, ҳадди ақалл дар марҳилаи феълӣ. Зеро Чин (яке аз "бозигарони" аслӣ) дасти кам дар марҳалаи кунунӣ дунболи манофеъи сиёсӣ нест ва эҷоди як паймони низомӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи таҳкими истиқлоли хеш ва таъмини пешрафти иқтисод ва ҳалли мушкилоти худ мебошанд. Онҳо мехоҳанд аз вобастагиҳои якҷониба раҳо шаванд. Ин кишварҳо дарвоқеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар ниёз доранд, то ба рақобатҳои сиёсию низомӣ.

Аз ин ҷост, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори густариши муносиботи нек ва ҳамкориҳои пурсамари иқтисодӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико ва Иттиҳодияи Урупо мебошанд.

Ҳукуматҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва то андозае Қирғизистон дарвоқеъ ба чунин сиёсате тамоюл доранд. Беҳуда нест, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҷанбаи асосии фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой табдил шавад.

Манбаъ: Би-би-сӣ

13.08.07

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97