Дар Восеъ офтобро бо доман пӯшонидан мехоҳанд

Иҷтимоъ 13.05.2013 16:09

Ё "облава" боиси сӯхтани зане бозорнишин шуд

Vos oblavaСубҳи рӯзи 6 май тахминан соатҳои 9 дар ноҳияи Восеъ ба ҳангоми амалиёти "облава" дар наздикии бозори марказии ноҳия як ҷавон фирор карда, аз болои деги тафсони равғани "пирожки" -паз меҷаҳад. Дар ҳамин ҳолат деги равған чапа шуда, ҳам ҷавон ва ҳам зане, ки "пирожки" мепӯхт, сӯхтааст.

Бино ба иттилои шоҳидони айнӣ занро ба бемористон интиқол дода, ҷавон агарчӣ низ ба гуфтаи бархе аз шоҳидон аз миён поёнаш сӯхтааст, аз тарси "облава" ба бемористон нарафта, ба хонаашон, ки ба қавле дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ воқеъ будааст, панаҳ бурдааст.

Ба қавли бархе аз хабарҳои расида, зани осебдида Муҳаббат ном дошта, рӯзи худ ва чаҳор фарзандашро, ба танҳоӣ бо тиҷорати хурд дар бозор мегузарондааст.

Ҳам навбатдори ВКД, ҳам навбатдори РКД дар Хатлон ва ҳам навбатдори ШКД-и ноҳияи Восеъ аз ин ҳодиса пас аз чанд лаҳзаи рух додани ин ҳодиса дар суҳбат бо хабарнигори "Миллат" изҳори бехабарӣ карданд.  

Аз ШКД-и ноҳияи Восеъ дар рӯзи аввал ба мо ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард ва баъдан иттилоъ хоҳанд дод. Аммо дар рӯзи 7 май дар посух ба суоли мо тариқи телефон навбатдор дар аввал гуфт, ки шумо роҷеъ ба ҳодисаи сӯхтани як зан дар бозор мегӯед(?!) ва баъди камее таваққуф гуфт, ки ба онҳо дар ин маврид шикот нашудааст ва аз рух додани ҳамчунин ҳодиса хабар надоранд. Муовини ШКД-и ноҳия низ дар ин маврид изҳори беиттилоӣ кард.

Аммо пас аз чанд лаҳзаи ин гуфтугӯи телефонӣ дар сайти интернетии радиои "Озодӣ" акси зане, ки рӯяш сӯхта ва дар бемористон бистарист, гузошта шуд, даракгӯ аз ҳодисае буд, ки ба ғайр аз мақомоти интизомии ноҳияи Восеъ, дигар қариб ҳама дунё аз он бохабар буд. Ҳоло агар ба ин масъала напардозем, ки ин зан аз чӣ сӯхта, аз "облава" ё кадом ҳодисаи нохӯши дигар, аммо чаро милисаи Восеъ аз ҳодисае, ки дар ин ноҳия рух медиҳад, бехабар мемонад? Магар ҳодисаи сӯхтор ба ниҳоди сӯхторнишонӣ, ки вобастаи умури дохиласт, марбут намебошад? Ва оё ҳодисае, ки дунё аз он воқиф шуда, сирри давлатист? Чӣ сирре ин ҷо ниҳон аст? Шояд мақомоти сатҳи ҷумҳурӣ ин муамморо боз мекунанд? Магар ин аз корношоямии ниҳодҳои дахлдор дар маҳаллот даракгӯ нест, ки ҳам обрӯи худ ва ҳам обрӯи давлатро мебаранд? Ин магар "ба ҷои сала кала" овардан нест?

Агар ҳар кӣ дастрасӣ ба интернет надорад, ба хусус масъулони бехабар аз имконоти фановариҳои ҷадид биёед бо ҳам ин сатрҳоро мехонем: "Зане, ки рӯзи гузашта ҳангоми фирори як ҷавон аз таъқиби кормандони коммиссариати низомии ноҳияи Восеъ дар деги пирожки сӯхта буд, ҳоло ба худ омадааст.

Муҳаббат Бердиева , ки дар бозори марказии ноҳияи Восеъ "пирожки" мефурӯхт, бар асари чапа шудани деги рӯған чашму рӯй ва қисман шикаму пояш сӯхтааст ва дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳия бистарӣ аст.

Ин зан, ки тоза ба худ омадааст, ба радиои "Озодӣ" гуфт: "Равған гарм мекардам, ки ҳамин вақт чанд низомипӯш як ҷавонро пеш карданд. Ӯ хост, аз болои деги равған бипарад, ки пояш ба дег бархӯрд ва дег дар рӯи ман чапа шуд. Баъд фаҳмидам, ки он ҷавонро "облава" мекардаанд. Чор кӯдаки сағира дорам, агар мемурдам, Худо медонад, аҳволи онҳо чӣ мешуд. Ман ҳозир як хоҳиш дорам, ки илтимос, дигар "облава" накунанд."

Бозоргул Каримова, модари ин зан мегӯяд,  пизишкон ба онҳо гуфтанд, ки Муҳаббатро ройгон табобат мекунанд: "То ҳозир ягон чиз аз ҳисоби худамон сарф накардем ва ҳама аз ҳисоби беморхона ҳаст. Лекин сахт тарсидам ва то ҳол гӯшҳоям вазнин аст. Аз духтурон миннатдорам, вале гила аз онҳое дорам, ки чунин аҳволро ба сари духтари бечораам оварданд."

Пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ изҳор доштанд, ки рӯзи гузашта ду  нафари дигар, як духтарчаи хурдсол ва як ҷавони дигар бо аломатҳои сӯхтагӣ муроҷиат карданд, вале чун ҷароҳати онҳо сабук буд, бистарӣ нашуданд. Шоҳидон мегӯянд, ин ду нафар низ дар ҳамон деги чапашудаи равған ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо Раҳматулло Иброҳимов, комиссари ҳарбии ноҳияи Восеъ сар задани чунин ҳодиса бо айби кормандони худро рад кард ва гуфт, ки ин танҳо як овоза аст".

Дар мавриди амалиёти "облава" "Миллат" борҳо мақола дарҷ карда, пешниҳодҳои судманде барои бартараф кардани падидаҳои манфии ин раванд ироа карда буд. Ва ҳам борҳо гуфтем, ки "бозро бо зӯрӣ шикор намебаранд". Ахиран тасмимамон бар ин шуд, ки дигар барои ислоҳи маъракаи "облава" ҳеч чиз наменависем, вале боз ҳам иқдоми раиси ноҳияи Ваҳдат, ки яке аз пешниҳодоти моро ба инобат гирифтаву барои онҳое, ки хидмати Ватанро хоҳанд кард, имтиёзоте, аз қабили ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматӣ дар навбати аввалро ваъда дод, дубора ин мавзуъро инъикос кардем. Аммо ин бор захмҳои бардоштаи ин зани танҳо, ки масъулияти чаҳор тифлро бар уҳда дорад, ба ҳеч ваҷҳ ба мо ин иҷозаро намедиҳад, ки ба сарнавишти худ бетараф бошем.

Аз ин рӯ аз Президент, кафили озодиҳои мардуми кишвар, аз раиси Маҷлиси Миллӣ, аз раиси Маҷлиси намояндагон, аз вазири дифоъи кишвар дархост мекунем, ки таҳқиқи ин ҳодисаро бевосита назорат бубаранд ва дар пайи ислоҳи раванди ҷалби ҷавонон ба сафи артиш ҳарчӣ зудтар иқдом кунанд. Зеро ҷомеъа умедвор аст, ки сарбозгирӣ ба хотири таъмини суботу амнияти ҷомеъа аст, на барои зарар овардан ба он. Ҳамчуноне ки мисоли возеҳи он дар осеб дидани як зани бечора дар Восеъ бармало шуд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97