Фоҷиаи Сабинаву Малика фоҷиаи миллат аст

Иҷтимоъ 19.04.2013 15:48

Sabina va MalikaУлуғбек падари яке аз ду тифле, ки моҳи пеш гум шуда буданд, зимни суҳбат бо хабарнигори "Миллат" иброз дошт, мутаассифона ҳанӯз аз ҷигарбандонаш хабаре дар даст надорад. Ӯ, ки аз садояш хаста менамуд, гуфт алъон  фурсати мулоқот бо хабарнигоронро надорад. Улуғбек афзуд, ки ҳоло ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват шудааст ва пас аз он қарор аст, ба додситонӣ барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ биравад.

 

Падари ноумед гуфт, ки аз ҷомеаи журналистӣ ҷиҳати дастгирӣ миннатдор аст, аммо танҳо пас аз анҷоми ин корҳо метавонад, бо хабарнигорон мулоқот кунад.

ҷустуҷӯи ду тифли гумшуда дар рӯзи равшан дар пойтахт  бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Ва ахиран сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт пешниҳоди кишварашро ҷиҳати кумаки ёфтани наврасон дар мулоқоташ бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов матраҳ кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфтааст, дар мулоқот бо дипломати амрикоӣ дар қатори масъалаҳои дигаре, чун мубориза бо терроризму тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷустуҷӯи афроди гумшуда дар ҳамдастӣ бо Бюрои федералии кашф ё FBI (ФБР) низ баррасӣ шудааст.

Бахусус сафири Амрико изҳор дошта, ки хадамоти махсуси амрикоӣ барои ҷустуҷӯи ноболиғон Малика ва Сабина Араловаҳо бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ин пешниҳодро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хуб пазируфтааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қазияи гум гаштани ду духтараки ноболиғро зери назорати қатъӣ гирифта, дар бораи созмон додани гуруҳи махсуси ҷустуҷӯӣ фармоиш дода буд. 

Фарзанд ин нахли ҳар як хонадон меваи рӯи замин ва ояндаи зиндагии волидайн мебошад. Ва мақсади асосии зиндагии инсон низ фарзанд мебошад, то номи ӯ зинда ва ҷовид бимонад, аммо ин меваи ширини зиндагӣ ҳам насиби ҳар кас намегардад. Афсӯс, ки имрӯз дар моҷарои ин зиндагии пурталотум ва бесарусомонӣ қадри одамро аз ҳама чиз пасттар медонанд ва ба хотири ночизе мол шуда, ҳатто фарзандони мардуми худро низ мерабоянд… дили модару падари онҳоро, ки бо як азобу шиканҷа онҳоро аз тифли парваридаанд, доғдор мегардонанд. Куҷоянд он тифлакони ширину бегуноҳ, ки ҳатто бадию некиро ҳам фарқ накардаанду онҳоро аз волидайнашон ҷудо кардаанд? Ин воқеан як фоҷиа аст ва мо шаҳрвандон бояд ба ин муносибати ҷиддӣ дошта бошем, ба хотири он, ки онҳо низ мисли дигарон инсонанд, на моле, ки боз ба бозор меравему онро мехарем, ё бо дигар роҳ онро пайдо мекунем. Ва махсусан дар давлати демократии мо, ки ҳар рӯз дар бораи беҳбудии ҳаёти инсон ва ободии ҷомеъа сухан меравад, набояд ин гуна корҳои зидди инсонӣ ба вуқуъ пайванданд ва бояд ҳар чи тезтар мо монеъи ин роҳ гардем.

Гум шудани кӯдакон дар Тоҷикистон маълум шуда, ки на масъалаи навест. Ин амал дар солҳои охир хеле бисёр ба чашм мерасад, аммо бо сабаби бетафовутии ҷомеъа ва дастрас набудани иттилоъ барои мардум ба он таваҷҷуҳ нашудааст. Вагарна ҳар азизи гумшуда ҷигархуние барои хонаводаи худ боқӣ мегузорад.

Тибқи иттилои радиои "Озо-дӣ" дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 300 ноболиғ дар феҳристи афроди нопадидшуда будаанд".  Ин ба чӣ маъност? Яъне бефарқии мо ба ояндаи худ, ба сарнавишти фарзандони худ.

Ҳар касе дар деҳа зиндагӣ кардааст хуб медонад, ки бо фаро расидани шом тамоми мардум молу гови худро даруни оғил мекунад. Аммо мутаассифона мо дар пойтахт шоҳиди онем, ки то дергоҳ фарзандони ноболиғ дар кӯчаву паскӯчаҳо мегарданду волидонро аз ин парво нест. Шояд барои моҳҳо набудани марди хонавода дар хона боиси кӯчагард шудани фарзандон шудааст. Ба ин савол бояд ҷомеъа посухи рӯшан бидиҳад. Набояд мо захмамонро зери пироҳан пинҳон кунем, балки онро бояд ошкор кард ва ба он даво бахшид. Дар як семинари гендерӣ Зебунисо Рустамова, қаҳрамони варзиши тоҷик, ки дар бахши ҳуқуқи зан ва кӯдак фаъолият дорад, бо дард гуфт, ки мо қабл аз ҳама бояд ҳуқуқи кӯдаконро мадди назар дошта бошем. Ӯ бо дард гуфт, ки бубинед, сари кӯчаву паси кӯчаҳо ва хиёбонҳои мо пури кӯдак аст, гӯё, ки фақат тоҷик кӯдак мезояд, дигар миллатҳо не. Шумо ин манзараро дар ҳеч пойтахти кишварҳои пасошӯравии Осиёи миёна намебинед, ин танҳо дар мост, ки чунин аст. Кӯдак арзиши муқаддас аст, аз хиёбонҳову сари кӯчаҳо кӯдаконамонро бояд бигирем

Намехоҳам ин ҷо тамоми гуноҳро ба сари волидон партоям. Зеро воқеъан бисёр мушкил аст барои онҳое, ки наздики худ, азизи худ, фарзанди худро аз даст медиҳанд ва ин дардро касе мефаҳмад, ки  наздики худро гум кардааст. Аммо таъкиди мо рӯи ин аст, ки гум шудани кӯдакон акнун масъалаи танҳо хонаводаи фарзандгумкарда нест. Он вазифаи ҷомеъа шудааст. Инро бояд ҷомеъа ҳаллу баррасӣ кунад. Ин масъала бояд дар радиову телевизион (ҳадди ақал 1 соат аз барномаҳои консертӣ пахш нашавад, фоҷиа нест), матбуот ва интернет ба баррасӣ гирифта шавад, афкори ҷомеъа шунида шавад ва барномаи вижаи миллӣ рӯи даст гирифта шавад. Танҳо бо қарору тасвиби қонун масоили ҷомеъа ҳал намешавад. Дар бораи қонуни пурсарусадову беамали масъулияти падару модар намехоҳем ҳарфе бизанем, он барои кӯр ҳам аён аст.

Аммо ҳоло умедворем, ки гум шудани Сабинаву Маликаро ҷомеъа бояд ҳамчун як фоҷиаи миллӣ қабул кунад ва бетараф набошад, волидони ҷигарсӯхтаро дар роҳи ҷустуҷӯи азизонашон танҳо нагузоред, ин рӯз ба сари ҳама ҳаст, худо накунад…

Замира Буттаева, "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97