Дар ҷустуҷӯи "антивирус": Чаро "Хазинаи тиллоии давлату миллат" тиҳист?

Иҷтимоъ 26.03.2013 10:50

Ё "Сафедорак" муфидтар аз "Талко" мешавад ё не?!

Сарвари муаззам Брежнев дигар нест…

Maliksho va Gul sheraliМан як шаҳрванди одии ин ватанам, ки дар шароити куҳистони Варзоб айёми кӯдакию ҷавонии худро гузаронида, ҳануз ҳам меҳри зиндагӣ дар деҳаро ба чизе иваз карда ё худ фурӯхта наметавонам.

Тоҷикистон барои ман чун тамоми дигар ҳамватанони гирмиқадрам, Ватан - Модари азиз асту муқаддасоти дараҷаи аввал.

Тоҷикистони азиз гӯшае аз хоки Оли Сомони ман буда, ҳар гӯшаи дуру наздики марзу буми кунунияш бароям ватан аст.

Чун бештари мардуми Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, аз ин лиҳоз ободию зебогӣ, дилкашу хуррам ва мусоиду бемушкилот будани тамоми деҳоти саросари марзи имрӯзаи  Тоҷикистон мароми ман аст.

Ман дар шароити деҳоти куҳистон раста, шоҳиди зиндагӣ дар ду қарн ҳастам. Нимаи дуюми асри ХХ сипарӣ гардида, даҳҳаи дуюми асри ХХ1 идома дорад.

Дар ин айём шоҳиди бисёр воқеъаю тағйирот ва пешрафту дастовардҳои зиндагӣ ҳастам.

Аз айёми афсонаҳои даврони кӯдакӣ то ба имрӯз ба сарварону пешвоён эҳтирому эътиқод дорам.

Замоне, ки аввалин сарвар ва пешворо шинохта будам, дар қарни гузашта монд. Ва акнун бо гузашти айём на он замона ҳамнафаси ман ҳасту на он қарну на он сарвари муаззам, ки Леонид Илич Брежнев ному насабаш мебурданд.

Замона дигар гашту мо ҳамонем

Акнун замона дигар аст. Тоҷикистон низ мамлакати дигар аст. Аз он замон то имрӯз бисёр сарварону пешвоён иваз шуданд. Обу хоку замин ва ҳавою сохти таркибии саёраи Замин ҳамон аст. Сарвату захираҳои таркибии Замин ва рӯзии мардумонаш низ дар ҳар гуна шакл вобаста ба дараҷаи ахлоқ, одоб, дониш, таҷриба ва хираду заковаташон ҳамон аст. Тағйироту дигаргуниҳои сатҳӣ фақат дар симои зоҳирии мамлакату минтақаҳо ва мафкураю нияти одамон ба назар расида, мушоҳида мешавад.

Бо вуҷуди ҳама гуна тағйироту ҳодисаҳо банда зиндагиро дӯст дошта, пеш аз ҳама тенҷию осудагӣ ва зебою бебало будани сайёраи-Замин, тамоми халқу мамлакатҳо ва дар баробари онҳо Тоҷикистону халқи азизамро осудаю ором ва собитқадаму пурармон дидан мехоҳам.

Баъд аз ҳама дигаргуниҳои варақгардонии саҳифаҳои таърих, шукронаи беҳадду ҳисоб, Худованди муъҷизаофаринро мекунам, ки имрӯз ватани соҳибистиқлол дорему рӯз аз рӯз ҳаёти мардуми мо аз буда бештару хубтар гардида, дастоварду муваффақиятҳои давлату миллати ҷафодидаю бунёдкорамон назаррасу арзанда мегарданд.

Бо ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳо фориғболу қаноатманд будан хоси ягон мамлакату миллат набуда, дар роҳи расидан ба фатҳи ормонҳои наҷиби миллӣ хоси миллату давлати мо низ буду ҳаст.

Ҳеч як ғалабае дар кадом соҳаю ҷоддае, ки бошад ба осонию шодмонӣ ба даст наомадааст. Ба ҳама кору амали хурду бузург раҳнамоиву дастур ва роҳбарию назорат низ меъёру маҳаки асосӣ буда, боиси қаноатмандӣ хоҳад гашт.

Танқиду эрод, тарғиботу тадқиқот ва пешбинии оқибатҳо низ появу мояи асосӣ дар заминаи рушд ва ҳастии миллату давлат хоҳад буд.

"Антивирус"

tabarovТанқиду пешниҳод ҳеч гоҳе нишона ё рамзи бадхоҳию бадбинӣ набуда, балки меъёр ва сиришти асосии ҳар кору амали шахсӣ, ҷамъиятӣ ва ниҳоят умумибашарӣ низ ҳаст. Анҷоми ҳама гуна нияту орзу ва хоҳишу иродаҳои бе машварату бе маслиҳат нохуш буда, пушаймонӣ суд надорад.

Дар ҳама давру замон равшанфикрон, олимон, адибон, қаламкашон, эҷодкорон хулоса аҳли зиё чун чароғони раҳнамо ва поягузору тарғиботгари илму дониш, хираду заковат ва саховату адолат буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.

Тавре дар суханрониҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо шунидаему хондаем, ки "Зиёиён хазинаи тиллоии миллату давлат мебошанд." Аз ин лиҳоз ман низ бо эътимоду боварӣ ва ихлосу хушгумонӣ ба ин гуфтаҳо боварӣ дорам, ки зиёиёни миллату давлати мо рисолати арзандаю созандагии худро фаромӯш накарда, ливои шарафмандонаи номуси миллату давлатро боз ҳам баландтар бардошта, қарзи виҷдонию фарзандии худро дар назди Ватан ва руҳи бузургони миллат иҷро хоҳанд кард.

Ман аз хондаю шунида ва мушоҳидаю дидаҳои худ ба хулоса омада, ба он нуқтаю ақида эътиқодмандам, ки ҳамаи мамлакатҳои пешрафтаю қудратманди олам заминаи асосии ҳама гуна дастоварду комёбиҳои умумидавлатию миллии худро тавассути равшании нури хирадмандонаю беғаразонаи аҳли зиёи ватани хеш дарёфтаанд.

Дар мамлакате, ки зиёиёнаш фаъолу ғамхоранд, дар усули кор ва системаи давлату давлатдорияшон фасоду коршиканӣ,  тақаллубу изофанависӣ, бо ришваю бе дониш мансабталошӣ, шуҳратпарастию худкомагӣ ва сарватғундорию ашрофзодагӣ барин падидаҳои ношоиста роҳ намеёбанд. Агар ба ибораи дигари имрӯза бигӯем, зиёиён дар ҳар давру замон вазифаи муқаддаси "антивирус"-и дастгоҳи иҷроияи ҳар давлату миллат буданду ҳастанд.

"Хазинаи тиллоии давлату миллат" чаро холист?

Мутаасифона имрӯз дар замоне, ки ҳассосияту мавҷҳои пурталотуми зиндагии умумибашарӣ, зиёиёни сарзамини бостонии мо Тоҷикистони азиз аз ҳастии худ самимонаю хайрхоҳона дарак  намедиҳанд. Аз ин фурсат ва имконият истифода бурда, дар системаи давлату давлатдории мо, дар ҳамаи мақомотҳои аз сатҳи ҷамоатҳо сар карда то вазорату кумитаҳо "вирус"-ҳое ҷой гирифта амал мекунанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи орзую омол, талошу ҷаҳд ва сарсупурдагию ҷоннисориҳои сарвари кишвар инчунин мақсаду армонҳои наҷиби миллатро монеъаи ноаён мебошанд.

Аз бетарафию бешуҷоъатии зиёиёну сиёсатмадорон, иқтисоддонону ҳуқуқшиносони варзида ва собиқадорони меҳнату пирони рӯзгордида истифода бурда, соҳибмансабону амалдорон чунон рафтор менамоянд, ки гӯё вазорату мақомот дар хидмати халқ не, балки баракс, халқ барои хидмати вазорату кумитаҳо ва мақомоту амалдорони замон бошанд.

Хоби нози зиёиёни Варзоб

Агар гӯям, ки дар баробари бетарафию бепарвогии зиёиёни кишвар фаъолияти зиёиёни ноҳияи Варзоб дар чанд зина поёнтар аст, аз ҳақиқат дур ва муболиғае нест.

Чаро?

Банда мувофиқи қудрату дониш ва ҷаҳонбинию худшиносии ночизи худ аз заминаи меҳру муҳаббати кӯдаконаи хеш нисбати ин ватан ва хоки муқаддас, барои пешрафту муваффақиятҳои миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардумони деҳоти Ҷамоати деҳоти Деҳмалик ва шаҳраки Такоб дар шумораи №51 аз 19- декабри соли 2012 ҳафтаномаи "Миллат" матлабе бо сарлавҳаи "Сафедорак" муфидтар аз "Талко" навишта будам. Баъди нашр шудани ин матлаб гумон кардам, ки ташкилоту муассисаҳо ва мақомоту вазоратҳои дахлдор ба хулосае омада, ба мақолаи ном бурда, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи матбуот" дар муддати 3- рӯз ҷавоби мувофиқ мегардонанду аз тарафи зиёиён ва махсусан равшанфикрону сокинони ноҳияи Варзоб вокуниш  мешавад.

Се рӯз гузашт. Се ҳафтаю се моҳ ҳам гузашт. То имрӯз на аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб ё радияе пешниҳод нашуд, агарчӣ дар зери сарлавҳаи номбаршуда "Ба таваҷҷуҳи …" ҳамин вазорату мақомот ишора ҳам шуда буд.

Ба рағми ҳама бетарафию нотавонбиниҳо "Сафедорак" ободу роҳи мошингарди аз гардиши Пуғуз то Роғ бо меъёри  байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Вале ин далелро низ ба инобат бояд гирифт, ки ҳар боғ ва майдон вобаста ба собиқаи бунёдаш ва дараҷаи ғамхорию заҳматҳои боғбонаш самара медиҳад. Майдони киштбобу боғоти бе соҳиб ҳеч гоҳе ҳосили дилхоҳ надода, табиист, ки дар беҳбудии рӯзгори касе саҳм гузошта наметавонад.

Қатраҳои оби зулол аз куҳсорони баланд ба ҳам омада, ҷӯю рӯдҳоро ташкил медиҳанд. Ҷӯю рӯдҳои аз қатраҳо ташкил ёфта дар навбати худ дарёву баҳрҳоро таъсис дода, бо серобии худ дар иҷрои вазифаҳо ҳар кадоме аз дарёву баҳрҳо манфиату маҳсули бештари худро ба мардумони маҳаллаю минтақаҳои худ мерасонанд.

Боғу бӯстонҳои дилрабо, шаҳру гулгаштҳои гуворо ва майдону чаманистони зарнисор, самараи ба ҳам васлшудану бо қувваю нируи сеҳрофарин пеш рафтани қатраҳои дар куҳистон тавлидшуда мебошанд, ки муҳимтар аз ҳама ҷисму ҷони одамон ва мавҷудоти зиндаи дигарро ҳаловат бахшида, ҳидояти нав ба зиндагӣ медиҳанд.

Аз ин фурсату баҳона истифода бурда, ҳамаи зиёиёну олимон, оқилону фозилон ва ҷумлаи равшанфикрону саховатмандони ҳудуди ноҳияи Варзобро даъват менамоям, ки ба ҳам оему аз панду андарз, маслиҳату машварат таҷрибаю роҳнамоӣ ва ҳикмату кордонии ҳамдигар баҳра гирифта, донишу маҳорати дар маҷмуъ мисли дарёи Варзоб хурӯшону поксиришт ҳосилнамудаи худро дар роҳи боз ҳам ободтар намудани  Ватан- Тоҷикистон ва мардуми шарифу созандаи он зам намоем. Ва ҳам:

МАҲФИЛЕ ОРОСТА СОЗЕМ…

Эй азизон, дӯстони меҳрубон,

Ҳамдиёрон, ҳамзабонони замон.

Мешавад аз умри мо ҳар лаҳза кам,

Фурсате ёбему мо оем ба ҳам.

Маҳфиле ороста созем ин замон,

Маҳсулаш то монад аз мо ҷовидон.

Маҳфили розу ниёзи одамӣ.

Маҳфили сидқу сафои зиндагӣ.

Маҳфиле бояд, ки бошад ҳақшинос,

Ҳамдиле бояд, ки бошад худшинос.

Маҳфиле аз оқилону фозилон,

Раҳнамои ҷумлаи хурду калон.

Суҳбате саршор аз ишқи ватан,

Суҳбате болотар аз сад анҷуман.

Орифону олимон як ҷо шавем,

Ошиқону омиён як ҷо шавем.

Дар талоши нусрати халқу Ватан,

Баҳри ободии ҳар боғу чаман.

Меҳваре аз ақлҳо созем ба ҳам,

Киштие аз фазл мо созем ба ҳам.

Ин ватан дорад ниёзи кори мо,

Сангу чӯбаш мепазирад кори мо.

Ору номус буд шиори рафтагон,

Кору эҷод буд мароми рафтагон.

Пайрави эшон кунун мову шумо,

Бори номуси ватан бар дӯши мо.

Даври ҳам оем ба дасти дуо,

Аз Худо ҷӯем мо меҳру вафо.

Имомалӣ  Табарӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97