Чаро мо ақиб мондаем?

Иҷтимоъ 28.02.2013 16:02

Тоҳири Абдуҷаббор

Гузаштанҳои маҷбурӣ

[Image](Идома)

Ҷолиб ин аст, ки ин гузаштанҳои мо ҳамеша ноқису нотамом буданд. Иллати ин он аст, ки муҳаррики (нерӯи ҳаракатдиҳандаи) он ҳама дигаргуниҳо дар дохили ҷомеаи мо набуд. Мардуми мо фоъили он таҳаввулот набуданд, дар он нақши фаъол надоштанду надоранд. Он ҳама дигаргуниҳои сиёсию идеологӣ ва иҷтимоию иқтисодие, ки таи садаи охир дар ин сарзамин ба вуқӯъ пайвастанд, (сарфи назар аз ҷанбаҳои мусбату манфии онҳо) натиҷаи андешаю амали огоҳонаи ҷомеаи мо набуданд, ба ихтиёру иродаи мардуми мо сурат нагирифтанд. Онҳо натиҷаи ҷабран таҳмил кардани иродаи бегонагон буданд. Таваҷҷуҳ кунед; низоми феодалии ҳукуматҳои мустабидро, ки то солҳои 20- уми садаи 20 дар сарзамини мо ҳукмрон буд, мо аз байн набурдаем. Ин корро русҳо анҷом доданд. Ҳамчунон низоми сармоядорӣ натиҷаи рушду такомули иқтисодию иҷтимоии халқи тоҷик набуд. Унсурҳои низоми сармоядориро ба Осиёи Миёна русҳо оварданд ва болшевикони Русия онро якҷо бо феодализми пӯсидаи ин сарзамин бо зӯр аз байн бурданд. Андешаҳою мафоҳими сиёсӣ, аз қабили ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, баробарӣ, ҳукумати қонун, низоми мардумсолорӣ, муносибати нави иҷтимоию иқтисодӣ, низоми навини омӯзишу парвариш ва ғайра, ки хоси низоми демократӣ аст ва дар ин авохир ба забону фарҳанги мо ворид шуданд, низ маҳсули рушди худи ин ҷомеа набуданд.

Низоми сусиолистиро ҳам дар кишварамон худи мо насохтем. Ин русҳо буданд, ки пас аз инқилоби соли 1917 бо зӯри силоҳ низоми кӯҳнаро аз байн бурданд ва ба ҷои он низоми сусиолистиро дар Русия ва дар Осиёи Марказӣ барпо карданд ва таи даҳсолаҳои баъдӣ идеологияи коммунистию низоми ба истилоҳ сусиолистиро пойдор нигаҳ доштанд.

Сиёсати бозсозии сотсиализмро ҳам на мо, балки худи русҳо "аз боло" оғоз намуданд. Дар Тоҷикистон (ва дар маҷмӯъ дар Осиёи Марказӣ) онро ба мисли ҳамаи дигар сиёсатҳои Маскав "маъқул" шумурда, зоҳиран пуштибонӣ карданд, вале дар амал дигаргунии чашмгире рӯнамо нашуд. Дар солҳои 1985 - 91 донишмандону сиёсатмадорони Русия, Укроин ва ҷумҳуриҳои назди Балтику Қафқоз таи мақолоту баёнияҳои худ аз минбарҳои пасту баланд, аз ҷумла аз минбари Анҷумани намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, иштибоҳоту нуқсонҳои низоми мавҷуда ва сиёсатҳои норавои КПСС ва ҳукуматро ошкор ва танқид карданд. Дар рӯзномаҳою маҷаллаҳо ва родиёю телевизиони Русия ва дигар ҷумҳуриҳои бахши аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ даҳҳо ва садҳо мақолоту гуфторҳои ҷиддӣ нашру пахш шуданд, ки тамоми мардуми шӯравиро ба ҳаяҷон овард.

Вале таи ин давра аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон ва афроди вобастаи онҳо садое баланд нашуд. Агарчи мушкилоту масоили мо камтар аз Русия ва ё дигар ҷумҳуриҳо набуданд, вале аз тарафи ҳукуматдорон ва ҷомеашиносони мо ягон мақола ва ё рисолаи воқеан илмӣ дар бораи норасоиҳои назарияи сотсиализм ва раванди сохтмони он дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вижа дар Тоҷикистон навишта нашуд. Ҳар чизе ки навишта ва гуфта шуд, асосан аз "маъқул" донистану "пуштибонӣ" кардани сиёсатҳои раҳбарони ҳизбу давлат ва мадҳу санои онҳо иборат буд. Гӯё дар ин сарзамин ба ақли солим қаҳтӣ омада буд. Ин худ нишони он буд, ки дар ин сарзамин, на танҳо тӯдаҳои мардум огоҳу озод нестанд, балки "раҳбарони" ба истилоҳ давлати Тоҷикистон низ ихтиёре надоранд ва дар мақоми нӯкарони "Марказ" ҳастанд. Чун онҳоро дар Маскав ба мақому мансабҳои ҳизбию давлатӣ тайину барканор мекарданд, онҳо сад дар сад дар хидмати Маскав қарор доштанд, на дар хидмати халқи тоҷик.

Дар ин миён, танҳо бахше аз равшанфикрони тоҷик ва созмону ҳизбҳои навбунёд буданд, ки дар мақолоту баёнияҳои худ сиёсатҳои нодурусти ҲКИШ ва беадолатиҳои ҳукуматдорон дар Тоҷикистонро танқид карданд ва демокрасию соҳибихтиёрии халқҳоро, аз ҷумла халқи тоҷикро талаб намуданд. Озодихоҳони тоҷик, ба вижа созмони мардумии "Растохез", умед доштанд, ки агар дар кишвар низоми мардумӣ (демокрасӣ) мустақар гардад ва ҳукуматро мардум интихоб кунанд, ҳукуматдорони Тоҷикистон дар хидмати мардум хоҳанд буд ва аз ҳаққу ҳуқуқ, забону фарҳанг ва манофеи миллии мо пуштибонӣ хоҳанд кард. Вале на ҳама инро дарк карданд...

Кӯтоҳи сухан, дар Тоҷикистон назарияю амалияи сохтмони "сотсиализм" ва фаъолиятҳои КПСС (ҲКИШ) ба таври васеъ баррасию нақд нашуд. Гузашта аз ин, халқи тоҷик барҳам додани низоми сотсиалистиро ҳам талаб накард. Сотсиализмро болшевикони Русия сохтанд. Коммунистони он кишвар, бар асари сиёсати носолим ва амали ғайриодилонаи худ, он низомро ба ҳолати бӯҳронӣ расонданд ва худашон ба бозсозии сотсиализм шурӯъ карданд. Дар ниҳоят худашон аз он низом рӯй гардонданд. Халқи тоҷик, ҳамон тавре ки дар сохтмони сотсиализм ихтиёре надошт, дар барҳам додани низоми коммунистӣ низ саҳме надорад. Мардуми мо, дурусттараш ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки зери фармони русҳо кӯркӯрона ба сӯи "коммунизм" мерафтанд, акнун кӯркӯронаю муқаллидона гӯё аз сотсиализм даст кашидаанд.

Ҳамин гуна, халқи тоҷик на дар сохтани "Иттиҳоди Шӯра-вӣ" ихтиёре дошт ва на дар кори барҳам додани он. Он давлате, ки ба номи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС, СССР) вуҷуд дошт, дар асл, чуноне ки дар авоили даҳаи 90 навишта будам, на давлати шӯравӣ буд, на сотсиалистӣ, ва дар он ҷо амалан на ҷамоҳире буду на иттиҳоде. Дар воқеъ, он як давлати воҳиди тоталитарӣ буд. Дақиқтар бигӯем, ҳамон империяи мустамликадории Русия буд, ки дар асри 19 дар натиҷаи сиёсати таҷовузкоронаи ҳукумати подшоҳии Русия ва забт кардани Осиёи Миёна ва дигар сарзаминҳо сохта шуда буд. Пас аз ба сари қудрат расидани болшевикон номашро СССР гузошта буданд. Вале моҳияти сиёсати он дигар нашуд ва беш аз пеш озодию истиқлолияти халқҳо ва забону фарҳанги онҳоро зери по мекард... Он ҳамчунон давлати ғайриқонунӣ буд, зеро Созишномаи соли 1922 дар бораи сохтани СССР на бо хоҳишу розигии миллатҳо, балки зери фишори сарони давлати Русия тавассути "намояндагони Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ" имзо шуда буд. Инҳо воқеиятҳое ҳастанд, ки онҳоро дар Ғарбу Шарқ ҳама медонанд ва таи солҳои ахир донишмандону сиёсатмардони Русия, аз ҷумла донишмандони маъруфи таърих, иқтисод ва сиёсати он кишвар Ю.Н . Афанасев, Г.Х.Попов, А.Н.Яковлев, Р. Медведев, А. Арбатов, О. Латсис, Э.Паин ва дигарон низ борҳо таъйид кардаанд. Маҳз сиёсати азаматталабонаю бузургманишонаи Русия , кӯшишҳои роҳбарони он дар ҷиҳати русисозии халқҳои ғайрирус ва иштибоҳоту беадолатиҳои ҳизби коммунист ва давлати шӯравӣ боиси авҷ гирифтани ҳаракатҳои мил-лӣ- озодихоҳӣ гардид, ки он оқибат бо фурӯпошии Империя анҷомид. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ натиҷаи болоравии худшиносии миллатҳо( асосан дар ҷумҳуриҳои қисмати аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ) ва авҷ гирифтани муборизаи онҳо бар зидди сиёсатҳои миллии сарони КПСС буд. Ва аммо "роҳбарон"- и Тоҷикистон ва бештари мардуми мо дар ин равандҳо низ нақше надоштанд. Ба ҳар сурат, воқеият ин аст, ки ҳукуматдорон ва аксари аҳолии Тоҷикистон барои озодию истиқлолияти халқу Ватани худ мубориза накарданд ва мардуми мо барҳам додани низоми сотсиалистиро низ талаб накарданд.

Гузашта аз инҳо, имрӯз чунин вонамуд мешавад, ки гӯё мо аз низоми сотсиализм ва режими тоталитарӣ даст кашида, ба сӯи демокрасӣ ва иқтисоди бозаргонӣ меравем. Вале равшан аст, ки ин роҳро ҳам мо огоҳона ба ақлу ихтиёри худ интихоб накардаем... Ин ҳам як амали кӯркӯронаю муқаллидонаи ҳукуматдорон аст.

Хуллас, ҳеч кадоми ин назму низомҳо ва роҳу равишҳоро мо ба ақли худ нашинохтаем ва ба ихтиёри худ қабул ё рад накардаем. Он ҳама дигаргуниҳо маҳсули рушду такомули ҷомеаи мо набудаанд, аз даруни мо сар назадаанд, дар ин сарзамин нарӯидаанд ва рушд наёфтаанд. Мо бо ақлу ихтиёри худ ба ин роҳҳо нарафтаем, балки дигарон бо зӯр моро бурдаанд. Мо фақат, мисли бардагон, ба ҳар ҷое, ки рондаанд, рафтаем, ё мисли кӯроне будему ҳастем, ки дигарон ба ин ҷою ба он ҷо бурдаанду мебаранд. Ва мо ҳам, бе он ки бидонем чаро ва ба куҷо мебаранд, зери фармони дигарон мутеъоа қадам мезанем. Мо намедонем, ки дар он ҷое, ки моро мебаранд, моро чи рӯзгоре интизор аст ва оё ин ҳама дигаргуниҳо ояндаи беҳтареро барои тамоми мардуми мо таъмин мекунанд ё на. Ва аслан ҳеч моро напурсидаанд ва намепурсанд, ки чӣ мехоҳем ва ба куҷо мехоҳем биравем. Хоҷаҳои ваҳшисифату фурӯъмоя ва нӯкарони зархариди онҳо моро гӯё ба ҷое бурданду мебаранд. Ва мо ҳам, мисли ғуломон, бидуни чуну чаро, бидуни эътироз меравем... Ба ҳар ҷое, ки баранд..., хоҳ ба ҷаҳаннам...

Бадҳукуматӣ - иллати ақибмондагӣ

Ин ҳама баёнгари он аст, ки мушкили аслии мо дар омили инсонӣ аст, дар поин будани сатҳи маърифату худшиносии мардум ва савияи тахассуси онҳо дар риштаҳои гуногун, дар пасмондагии илму техника, дар барҷо мондани афкору андешаҳои сиёсию иҷтимоӣ, дар ҷаҳлу фурӯмоягӣ ва худхоҳии ҳокимони аҷнабию хоназоди кишвар аст. Албатта, ин ба он маъно нест, ки тавони зеҳнии мардуми мо маҳдуд аст ва ё онҳо танбалу коргурезанд. Баръакс, мардуми тоҷик зотан хушзеҳну боистеъдоданд. Заҳматкашию пуртоқатӣ, сахтҷонию бурдборӣ ва шарофатмандию меҳрубонӣ ва хушмуомилагӣ ҳамеша хислати тоҷикон буда ва ҳаст. Маҳз ин хислатҳои наҷиби мардум ва осори гаронмояи маънавии бузургони мо будааст, ки тоҷикон то ба ҳол ҳуввияти худро аз даст надодаанд. Онҳоро дар тӯли таърих борҳо қатли ому хонавайрон кардаанд ва то ба сарҳади нобудӣ расондаанд. Вале, бо вуҷуди он ҳама фоҷеъ-аҳо, мардуми мо боз ба по хостаанд ва ба офаридани арзишҳои волои маънавӣ, ба сохтани тамаддуну фарҳанги инсонӣ пардохтаанд. Ин воқеиятҳое ҳастанд, ки онҳоро донишмандону муҳаққиқони Ғарбу Шарқ борҳо тазаккур додаанд. Ин аст, ки Рустам Шукуров, донишманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия, дар мақолаи хеле ҷолиби худ ба гузаштаҳои талхи мардуми мо ишора карда, халқи тоҷикро ба Феникс, яъне мурғи самандар, монанд кардааст, ба мурғи афсонавие, ки, тибқи ривоятҳо, пас аз 500 ё 1000 сол зиндагӣ, дар оташ сӯхта фано мешудааст ва боз аз хокистараш дубора зинда мешудааст.( Р. Шукуров, «Феникс», журн. "Аманат". 2002, № 1, с. 212 -- 215. Семипалатинск).

Вале истеъдоду тавоноии зеҳнӣ, агарчи хело муҳим аст, аммо он танҳо яке аз омилҳои пешрафт аст. Ва он дар ҷое самар медиҳад, ки омилҳои дигар, ба вижа шароити сиёсию иқтисодӣ низ мусоид бошанд. Мутаассифона, таи садаҳои зиёд ин шароит дар сарзамини мо мусоид набудааст. Бинобар ин, имконоти билқувваи (потенсиалии) мардуми мо ба воқеият напайвастааст. Ва ин барои мо беасар намондааст. Мо имрӯз самараи гузаштаҳоро мечашем, ояндагон самараи корҳои неку бади моро хоҳанд чашид.

Ба ҳар сурат, воқеият ин аст, ки имрӯз, бо вуҷуди истеъдоду тавоноии баланди зеҳнӣ ва заҳматкашӣ, сифати омили инсонии мо, яъне савияи тахассус ва маърифати сиёсию ҳуқуқии мардуми мо хело поин аст. Ва ин омили асосии ақибмондагии ҷомеаи мо аст.

Албатта, иллатҳои ақибмондагии Тоҷикистон зиёданд. Вале омилҳои зерин, ба назари ман, нақши асосиро доштанд:

1. Маҳрум шудани халқи тоҷик аз истиқлолияти давлатӣ. Дар тӯли садаҳои зиёд сарзамини мо пайваста майдони тохтутози ваҳшиёнаи ақвоми бегона будааст. Онҳо кишвари моро ғасб ва ғорату хароб карда, мардуми моро қатлиом ва аз истиқлолияти сиёсӣ маҳрум сохтанд.

2. Ҳукуматҳои мустабиду истеъморгар сиёсатҳои хирадситезу озодикушро пеш гирифтаанд. Онҳо идеоложиҳои бардагию фармонбардориро бо зӯр бар мардуми мо таҳмил кардаанд ва садди роҳи пешрафт шудаанд.

3. Дар натиҷаи тасаллути сиёсию идеологиии бегонагон, халқи тоҷик аз истиқлолияти фикрӣ низ маҳрум шудааст, имконоти рушди андешаҳои сиёсию иқтисодӣ ва пешрафти илму техникаро аз даст додааст. Режимҳои салтанатию тоталитарӣ бо истифода аз зӯр ва мубаллиғони зархаридашон, рӯҳияи ғуломиро талқин кардаанд, то мардумро дар зери фармони худ нигаҳ доранд. Дар кишвар озодии андешаю баён аз байн бурда шуда, як фазои тираву тор, як истибдоди фикрию идеологӣ ҳукмфармо гардидааст. Дар натиҷа, мардум рӯҳияи озодагию озодандеширо аз даст дода, аз асли худ дур шудаанд ва ба фармонбардорию бандагӣ хӯ гирифтаанд. Раванди табии рушду такомули ҷомеа гусаста шудааст ва он аз худравию худсозӣ ва навоварӣ боз мондааст.

Ба сухани дигар, иллати асосии ақибмондагии ҷомеаи мо авомили сиёсӣ, яъне режимҳои истибдодӣ ва озод набудани ҷомеа мебошад. Мутафаккири номдори Фаронса Ж. Ж. Руссо гуфта буд, ки "он чи мо ҳастем, натиҷаи он чизе аст, ки ҳукумат аз мо сохтааст... Ва норасоиҳою гуноҳҳои мо ҳосили он бадҳукуматие аст, ки бар мо шуда аст". Дар ҳақиқат, азхудбегонагию ғуломсифатӣ ва сатҳи поини маърифати сиёсии тӯдаҳои васеи мардуми мо ҳосили бадҳукуматиест, ки дар тӯли садаҳо бар мо шудааст, натиҷаи сиёсатҳои зиддиинсонии истеъморгарону ҳукуматдорони ҷоҳилу мустабид ва талқини идеологияи бардагӣ аст. Ин ҳолат боиси таназзули иқтисоди кишвар ва забону фарҳанги мо гардидааст. Дар тӯли садаҳо дар ин сарзамин ҳамвора ду чиз ҳукмфармо будааст; ҷаҳл ва фақр, ҷаҳле, ки фақр меборад, ва фақре, ки ҷаҳл мезояд...

Ин аст, ки аксари мардуми мо ҳанӯз ҳам аз хислатҳои ҷомеаи асримиёнагӣ дур нашудаанд. Онҳо ҳанӯз ҳам мутеъю фармонбардоранд ва гароиш ба ситоишу парастиши ҳукуматдорон, ба хушомадгӯию маддоҳӣ доранд. Рафтору кирдори онҳоро аксаран на қонун, на далоили ақлонӣ, балки робитаҳою вобастагиҳои шахсӣ ва мансубият ба қавму маҳал муайян мекунад. Онҳо ҳанӯз ҳам пойбанди расму оинҳои кӯҳна ва анъанаҳою хурофоти мазҳабӣ мебошанд. Аз нигоҳи равонӣ онҳо ҳанӯз ба низоми феодалӣ наздиктаранд. Тасодуфӣ нест, ки ҳоло дар кишвар, ба вижа дар деҳоти мо муносиботи феодалӣ рушд мекунад. Нишонаҳои он дар мақолаи иқтисоддони шинохтаи тоҷик Ҳ. Умаров ба равшанӣ баён шудааст( "Ба ақиб, ба сӯи феодализм", Ҳафтаномаи "Миллат" №№ 6 ва 7 соли 2007). Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Миёна амалан феодализми давлатӣ роиҷ шуда буд. Ҳоло феодализми суннатӣ рушд мекунад. Шумори арбобкамолҳою одинаҳо ҳам рӯ ба афзоиш аст.

Пешрафти моддию маънавии ҷомеа ва эҳёи миллати мо фақат замоне муяссар мешавад, ки мардуми мо аз рӯҳияи тобеъияту бардагӣ раҳо шаванд, ба озодагӣ, ба хирадварзӣ ва ростию додгарӣ рӯй оранд. Равшан аст, ки раҳоӣ аз бардагию фармонбардорӣ маънои сарпечӣ кардан аз қонун ва дур шудан аз ахлоқи накӯи инсониро надорад. Ин тарғиби худписандию беэҳтиромӣ кардан бар дигарон нест. Барои инсонҳои бофарҳанг ҳамагон, танҳо ба хотири ин, ки инсон ҳастанд, лоиқи эҳтиром мебошанд. Сазовори эҳтироми бештар онҳое ҳастанд, ки ахлоқи накӯю маърифати баланд доранд ва хидмати мардумро мекунанд. Аммо ҳеч касе муқаддас ва сазовори парастиш нест. Пеши касе сар хам кардан, тобеияту фармонбардорӣ кардан на танҳо шоистаи инсон нест, балки таҳқири инсоният аст. Ва тамаллуқу чоплусӣ, ки ранги риё дорад, бадтар аз он аст.

Албатта, раҳоӣ аз хӯи ғуломӣ ва расидан ба озодагӣ кори осон нест ва ба зудӣ муяссар намешавад. Зеро равони (психологияи) иҷтимоӣ хислати консервативӣ дорад; он таи мудати зиёд зери таъсири авомили гуногун ташаккул меёбад ва оҳиста - оҳиста тағйир мекунад. Барои сифатан дигаргун шудани он замони зиёд лозим аст. Чунонки Шайх Саъдӣ гуфтааст:

Саъдӣ ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,

Берун наметавон кард илло ба рӯзгорон.

Вале имрӯз замон дигар асту шароит дигар. Имрӯз рӯҳияи дигар ва рафтору кирдори дигар лозим аст, то бақои миллати мо таъмин шавад. Ҳеч касе, ба ҷуз мо мулки моро обод намекунад. Ё мардуми мо ба зинаҳои баландтари илму маърифат мерасанд, ё дар печу хамҳои таърих гумном мешавем. Дар марҳилаи кунунӣ озодию истиқлолияти моро, ояндаи халқи моро хатарҳои ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Ҳам аз дохил ва ҳам аз берун. Агар мо хоҳем, ки аз он хатарҳо дар амон бошем, пешрафту ободии Ватани худро таъмин намоем ва зиндагии беҳтар дошта бошем, моро мебояд, ки ба хирадварзӣ, ба равишҳои илмии ҳалли мушкилоти ҷомеа рӯй оварем. Моро лозим аст, ки ҳуқуқу масъулиятҳои инсонии худро нек бишносем, тахассусу маҳорати баланд дар ришатоҳи гуногуни илму техника дошта бошем, аз масоили сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамон ба хубӣ огоҳ бошем ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа фаъолона саҳм гузорем.

24.03.07.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97