Бозор Собир: Бо шумо зистанам ҳайф

Иҷтимоъ 18.02.2013 19:13

Bozor CoburИн мақолаи шоири тоҷик, собиқ вакили ШО Тоҷикистон дар 14 феврали соли 1991, яъне дар 23 соли пеш дар рӯзи яксолагии Баҳманмоҳи хунин навишта шудааст. Азбаски ин ҳаводис то кунун баҳои ҳуқуқӣ нагирифтааст ва ба суолҳое, ки Бозор Собир гузоштааст, то ҳоло посух гуфта нашудааст, мо тасмим гирифтем дар ёдбуди 24 -умин соли Баҳманмоҳи хунин онро дубора нашр кунем.

Соле инҷониб номи ман луқмаи даҳони калони матбуоту қаламфарсоён аст. Гӯё ин издиҳом дер боз мунтазири ҳамин луқмаи хом буд. Бо баҳонаи воқеаҳои моҳи феврал берӯю риоя менависанду менависанд ва ҳеч нест, ки таскин ёбанд. Ҳатто шеърҳо оварда, фаҳмонданӣ мешаванд, ки нисбати манбаринҳо классиконашон чиҳо гуфтаанд. Чашм нарасад, шаҳнаҳову милисаҳо шоир шудаанд.

Ба ҳар ҳол, аввал хостам, ки ҳеч ҷавоб нагӯям, вале аз хомӯшии ман шерак шуда, шон дудастанавис шуданд. Ва инак фушурдаи ҷавоби ман, ки гуфтам нагӯям - ҷонам сӯхту алъон, ки мегӯям - забонам месӯзад…

Феълан ҳамватанони мӯҳтарам, шумо классик надоред, агар ки доред, ё ба ин қарибӣ гузаштаанд ё ҳанӯз дар паҳлӯятонанд. Ба худатон насиб кунанд. Агар ин классикони шумо ба Фирдавсиву ҳазрати Иқбол вомехӯрданд, онҳоро ба миллатчигарӣ банд карда, дар як он пӯст меканданд. Агар ба Рӯдакӣ вомехӯрданд, бори дигар кӯраш мекарданд. Хуфияномаҳои классикони шумо ҷилд-ҷилд аст. Лоҳутиро, ки  Шоҳи Эрон сарашро ҳафт кило тилло нарх карда буд, классикони шумо аз ҷаҳли мураккаб як ҷав қадр накарданд.

Дирӯз ин классикони шумо аз осмони Душанбе ба Афғонистон парида рафтани ҳавопаймоҳои қиркунандаро тамошо карда, фахр мекарданд ва ҳатто якеашон (Мӯъмин Қаноат) мегуфт, ки қӯшунҳои шӯравиро ба ҷанги афғон маҳз ӯ даъват кардааст. Аз он ки, дар он сӯи Омӯ чи хунрезиҳо шуд ва чи қадарҳо тобути аскарбача омад, парво надошт. Зеро, аскарӣ ба писарони ӯ дахл надорад.

Дигараш (Лоиқ Шералӣ) Покистонро, ки паноҳандаи муҷоҳидини бараҳнапои бечора аст, нопоку таҷовузи  Масковро пок ба қалам дод.

Ҳолиё ин классиконатон айёрии дигар оғозидаанд. Нависанда бояд ба сиёсат дахолат накунад. Яъне, нисбати "сиёсатбозиҳои соҳибмансабон, ки на ҳалолро ҳалол гӯянду на ҳаромро ҳаром", боист хомӯшӣ ихтиёр кунад. Ба ибораи дигар, гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. (Иқтибос аз Тӯрҷонзода. "Шумо кистед?"). Аммо, пои худашон аз дари Кумитаи Марказии ҲК канда нест. Барои  қазои ҳоҷат ҳам ба он ҷо мераванд, ки дар чашми калонҳо намуда истанд. Иғвои "бетарафӣ" низ аз ҳамон ҷо бархоста, ба қавле курхат гардид, ки нависандагон дар муҳокимаи муҳимтарин ҳуҷҷати рӯз - Эъломияи ҷумҳурӣ иштирок накарданд.

Bahmanmohi khunin01Тоҷикистон ҷумҳурии сермиллат эълон шуд, ҳуқуқи таърихии халқи тоҷик помол гардид, аз ватани ҳазорсолааш маҳрум шуд ва акнун навбати номи ҷумҳурист, шояд Тоҷикистон на, интернатсиалистон шавад, вале касе эътироз накард, ҳой нагуфт. Дар сурате ки метавонистанд муроҷиатнома қабул кунанд, чуноне гурӯҳи нависандаҳои СССР доири Литвониё муроҷиатномаи ҳамагонӣ навиштанд: "…Разве не нужно помнить нам всем, людям русской культуры, что у нас есть огромная Россия, а у литовцев - только Литва…" ("Литературная газета", 16 январи соли 1991). Метавонистанд бигӯянд, ки ҳар ҷузви миллате, ки бо мост, берун аз ҷумҳурии мо ватани азиз дорад, аммо дар ҳама дунё ватани тоҷикон танҳо як Тоҷикистони кӯчак асту бас.

Сониян, ба талошак андохтани ман ё ташкилист ё худро ба калонҳо ширин кардан. Барои гуфтани ин гап асос дорам. Масалан, дар вохӯрии ходимони Тоҷикфилм бо ҳайати раисаи Ҳизби демократ, нависанда ва синориёнавис Абдурофеъ Рабиев ба ҳозирон бо ташвиш гуфт, ки имрӯз моро ба Кумитаи Марказӣ хоста буданд. Маҳкамов фармуд, ки Бозор Собирро дар матбуот танқид кунем; ман шахсан розӣ нашудам. Рост мегӯянд, ҳарчанд ба этикаи мақомоти давлатӣ хос нест, ба ин хабар шубҳае надорам. Зеро дар мусоҳибае низ раиси ҷумҳурӣ воқеаҳои февралро ёдовар шуда, аз як баромади телевизионии ман иқтибос мегирад: "Ман бисту панҷ сол мунтазири ин рӯз будам, ман бисту панҷ сол мубориза мебурдам, се фарзанди ман дар майдон иштирок дорад". ("Ҷавонони Тоҷикистон", 14 декабри соли 1990).

Агарчи ин ҷумларо дар нохунак гирифтаанд, ба нон қасам, ки таҳрифи маҳз аст. Агар шахси олимартаба чунин раво медида бошад, аз дигарон чӣ гила. Албатта, хонандагони гиромӣ таърих ва матни он суханрониро фаромӯш накардаанд, хусусан  ҷумлаи фавқро. Аслан ба ин тартиб аст: "Ман бисту панҷ сол инҷониб муқобили беадолатии сиёсиву иҷтимоӣ мубориза мебурдам ва мубориза мебарам… Се писари ман ҳам бо шумо буданд…"

Бале ҳамин тавр буд ва ба гумонам то ҳоло дар фонди телевизион маҳфуз аст. Ният надоштам, ки суханрониам даъватӣ ва довталабона бошад. Балки ҳамчун вакили намоишгарон хабар додам, ки истеъфои ҳукумат ба имзо расид, минбаъд бо фалон телефон ба "Кумитаи халқӣ" муроҷиат  намоед. Протоколи истеъфоро гӯяндагони телевизион хонданд.

Зимнан, дар бораи худаму бачаҳоям. Дар интернати давлатии ноҳияи  Ҳисор парвариш ёфта, донишгоҳи пойтахро хатм кардаам. Бо исрори сахти оммаи алоқамандони шеър  мукофоти ба номи Рӯдакӣ гирифтаам. Алҳол бахши рӯзномаи "Адолат"-ро ба ӯҳда дорам.

Се писар ва як духтари хурдсолам ҳаст.

Якеаш донишкадаи адабии шаҳри Маскавро хатм карда, якеаш дар ҳамон ҷо донишҷӯи донишкадаи кинематографистон аст. Писари дигарам дар бахши рассомии донишкадаи полиграфии шаҳри Лвов мехонад. Замоне ба телевизион мерафтам, онҳоро дар қарибии хонаам, дар саҳни ҳавлии Иттифоқи нависандаҳо, ки ҳанӯз серодам буд, дида будам. Нисбати  фарзандони ман ҳар гумоне ботил мебошад.

Боз аз як ҳадиси дигар: "Бозор Собир дар вақташ дар сӯгвории Турсунзода суруда буд… Лекин сад афсӯс имрӯз мехӯрам, чунки шоире, ки халқашро дӯст медорад, онро ҳеҷ гоҳ ба "хуҷандиву" "кӯлобӣ" тақсим намекунад ва умуман сатҳи маҳалгароӣ аз хиради шоирона фарсахҳо дур аст". ("Тоҷикистони шӯравӣ", 19 январи соли 1991).

Инро ба касе гӯй туро нашносад. Кошкӣ ҳамин насиҳатро ба худат мекардӣ. Ман ба Турсунзода то ба ҳанӯз айб намондаам, сарфи назар аз он, ки ба қадри як сари нохун ба ман ҳукми устодӣ надорад ва шахсан ҳеҷ алоқаманди ақидааш ҳам набудам. На ёрии эҷодиашро дидаам, на кумаки моддиашро. Ва агар дар сӯгвориаш шеър гуфтаам, беғаразона будааст, бигзор ба арвоҳаш миннат нашавад.

Дар атрофи ин одам маърака оростан, соддақавлу соддалавҳонро ба инҳироф андохтан аст. Илтимос, беш аз ин мардумро гӯл назанед, ки ҷаҳон Турсунзодаро чун намояндаи "маънавияти умумиинсонӣ" эътироф мекунаду мо не. Ҷаҳонро намедонам, солу моҳе дар Афғонистону Ҳинду Ҳуланд буда, ин чизро мушоҳида накардам, шояд шумо он ҷаҳонро дар назар доред. "Аёз, чоруқот дар тори кос, ҳадди худро бишинос". Аз Душанбеи бадбахт берун касе нобиғаҳои шуморо намешиносад. Ман бо камоли ихлос ба бисёр касон шеър бахшида, алъон пушаймонам, яқин аз номи онҳо шеърҳоямро мегардонам.

Ниҳоят аз маҳалгароӣ. Агар дар ҳама бозор ҷор занед, ки Бозор маҳалгарост, ба шумо бовар намекунанд, зеро далел надоред. Муддатҳо дар собиқ рӯзномаи "Маориф ва маданият", баъдан дар маҷаллаи  "Садои Шарқ" ва Иттифоқи нависандагон ходим будам. Холисанлоҳ бигӯед, ки чанд нафар ҳаммаҳалҳоямро ба кор гирифтам. Ҳеҷ касро; мехостам ҳам, ба муроди ман намешуд, чаро ки роҳбар набудам. Вале онҳое, ки дар ҳамин идораҳо роҳбар буданд, чунин корро бешармона ба ҷо оварда, ба қавли худашон "коллективи тифоқ" ташкил медоданд. Яъне маҳалгароӣ ҳамоне карда метавонад, ки хӯҷаин бошад. Ӯ бо қувваи ҳамшаҳриҳояш вазифаи худро аз хавфу  хатар эмин дошта, мавқеашро муҳофизат менамояд. Мавриди хавф ин қувваи тифоқ дар муқобили ҳариф девори Хитой мешавад. Чунин набошад, чаро онҳое, ки ба ман ҳуҷум кардаанд, ҳамаашон аз як вилоятанд - Қ. Маҳкамов, Ш. Султонов, А. Сайфуллоев, А. Азимов, А. Низомов ва ҳоказо ва ҳама хӯҷаин. Як худи ҳамин мисоли барҳақест, ки бигӯям- "Аз Хоҷа Камолиддину аз шаҳри Хуҷандаш, хуҷандигарӣ монда ба мову хӯҷаинҳо".

Умедворам ин байти камина ба иззати нафси мардуми заҳматкаши Хуҷанд нарасида. Чуноне мебинем ба хӯҷаинҳо дахл дорад, ки чанд нафарашонро ном гирифтам. Инҳо дар пушти шонаи халқи руст шуда, ҳолиё аз тарафи ин маҳалу он маҳал гурбавор фиғон мекашанд, ки фалонӣ шоири халқ шуда, мардумро ба "хуҷандиву" "кулобӣ" тақсим карданист.

Ин ҳаромбозӣ ва иғвои навбатии онҳост ба ду мақсад; якум зеҳни мардуми ҳассосро бозӣ доронда, аз масоили сиёсӣ дур кардан. Дуюм, айби маҳаллачигии бисёрсолаи худро ҳамчун шармгоҳ пӯшида доштан.

Баъзеҳо киноя мезананд, ки агар бегуноҳам, чаро ин чанд буҳтонгарро ба маҳкамаву суд намекашам. Бале.. Ба кадом суд?! Ба кадом маҳкама?! Маҳкама ва суд тавъам ҳамон КМ ҳизби коммунист ва КМ ҳизби коммунист тавъам ҳамон маҳкамаву суди шумост. Ва кумитаи амният ҳамчун ҳамроҳак бо ҳамин ҳизби бадахлоқ аз як заҳдон афтодааст. Дар қаламрави шӯравӣ додгоҳ нест, ба ҳар дару дарвозае, ки сар мезанӣ, дару дарвозаи бастаи коммунистист. Дарвозаи сиёҳ, дарвозаи қаҳқаҳаву ҷоду, дарвози махуф.

Инак, иштироки ман дар воқеоти моҳи феврал. Ман се рӯзи аввал набудам, ҳафтае пеш барои вохӯриҳои тоинтихоботӣ ба ноҳияи Файзобод рафта будам. Шоме, ки ба деҳаи Қашқарӣ расидем, ҳанӯз аз митинги Душанбе дарак надоштам. Шоми сарду торики барфрезон буд. Аз баъди суҳбати чандсоата дар масҷид, моро ба меҳмонхонае даъват карданд. Ана, дар ҳамин фурсат аз телевизор шунидем, ки дар шаҳр намоише бархоста ва ба хунрезӣ табдил ёфтааст. Раиси шӯрои вазирон Ҳаёев вазъияти фавқулодда ва соати қуюдро эълон медошт. Фаврӣ хеста, ба маркази ноҳия омадем. Ман ба хона телефон кардам. Дар бевақтӣ баргаштанамро маслиҳат надоданд. Рӯзи дигар боз то пешин маҳтал шудам, вохӯрии навбатиро баҳона пеш оварданд. Аммо ҳамин маҳал хабар расид, ки таъҷилӣ ба Кумитаи Марказӣ баргардам.

Ба шаҳр тақрибан соати ҳафт расидам, шаб фаро мерасид. Аз мошин дар паҳлӯи театри Лоҳутӣ поин шуда, ҳаросон ба майдони КМ рафтам. Гурӯҳе аз зинаҳои бино ҳаёҳӯ мекарданд, дигарон дар атрофи фаввораҳо ҷамъу парешон мегаштанд. Танке ҳам бо сафи аскарон дар пеш меистод. Сипас, касе аз болои танк фотеҳа хонд ва ҷамоъат ба кӯчаҳо парешон гардид. Ман ҳам филфавр ба хона омадам, моту мабҳут…

Пагоҳӣ, яъне чаҳордаҳи феврал ҳамсояам Меҳмони Бахтӣ аз дар даромада, гузарномаи соати қуюдро дароз кард ва хабар дод, ки бояд ба Кумитаи халқӣ ном ҷамъомад равем. Ман чизе напурсида, беихтиёр аз паси ӯ баромадам. Вориди кӯчаи Путовский шудем. Аз хамгаҳи пули дарё садои мусалсали паррон-паррон меомад. Роҳҳо ба тарафи КМ банд буданд. Мо дар миёни издиҳом аз тангкӯчаи миёни мағозаи марказӣ ба паҳлӯи боғ ва аз он ҷо ба майдони Ленин расидем. Ба душворӣ аз издиҳом раҳо шуда, худро ба бинои ҳукумат задем. Аз роҳбарон Палаев ҳозир буд. Ӯ бо аҷала мошин хост ва ҳамроҳ ба КМ омадем.

  ЭЗОҲ: Дар органҳои маъмурӣ аз ман пурсон шуданд, ки чаро рост ба КМ нарафта, сараввал ба бинои ҳукумат ба шӯрои олӣ даромадем. Гузарнома доштем-ку. Ростӣ, ба ин савол ҷавоби саҳеҳ дода натавонистам. Гумон кардам, ки ба маҷрои издиҳом он ҷо рафтаем. Вале баъдтар Меҳмон Бахтӣ посухи дақиқ дод, чунки барандаи ман ӯ буд. Гуфт, ки мувофиқи ваъда мебоист кумитаи халқӣ дар бинои кумитаи баплангирӣ гирд ояд.

Хуллас, бо таъхир ба машварат ҳозир гардидам. Маҷлисро асабонияти умумӣ фаро гирифта буд. Масъалаҳо гоҳе ихтисору гоҳе илова мешуданд. Мардуми берун асосан барои ҷанозаи шаҳидон хабарӣ буданд, лекин бо узри воҷиб ин масъала барҳам хӯрд. Билохира, мавзӯи истеъфои  ҳукумат пеш омад. Мо тахмин мекардем, ки роҳбарият бо хоҳиши худ ба истеъфо баромада, аз халқ бахшиш мепурсад. Баракс, раду бадал ва муноқишаи кӯчабозорӣ сурат гирифт. Охир кор ба ҷое расид, ки моро эътироф накарда, ба сифати вакили хосаи халқ се тан мӯсафедро биёварданд, ки гапи якеаш то қиёмат аз ёдам намеравад. Ӯ бо машаи ханда ба гӯшам гуфт, ки "Паллаев ҷӯраат мешавад?" Бо шубҳа сар ҷунбонда, ҳа, гуфтам. "Набошад, - гуфт вай, - раисро мегӯӣ, ки як мошин илтимос дорам; ин корҳо мегузаранд, мошин ҳам лозим".

Аз ин беҳаёӣ алахчаам шах шуд. Шах шудам, ки ин мӯсафеди бехун аз болои хуни одам омада, чӣ тамаъ мекунад. Агар пири мо ҳамин бошад, туфу бар мо, туфу бар мо.

Ман дар Кумитаи халқӣ ду навбат ҳарф задам, нахуст бо Б. К. Пуго дар хусуси хондани ҷанозаи шаҳидон дар ҷои хун, ки билохира рад гардид. Акнун дидем, ки дар Литвониё ҷанозаи шаҳидонро дар майдони ҳукумат хонданд.

Пасон, чанд ҷумлае ба эътирози Ҳаёев гуфтам. Ӯ дар мубоҳиса иштирок надошт, лаҳзаи ба протоколи истеъфо даст мондан омада, эътироз кард, ки ба қарори мо мувофиқ нест. Ваҷҳан, муҳокимаи ҳафтсоата мебоист тоза шурӯъ шавад. Ҳамчунин, раис ба кӣ додани масъулияташро металабид.

Ман гуфтам, ки маҷоли баҳси дубора нест, масъулиятро ба ҷонишинҳоятон диҳед. Гуфт; конкрет ба кӣ? Гуфтам, масалан ба Каримов, вагарна, ҳар кадомеро, ки мехоҳед.

Дар ин байн Паллаев гуфт, ки шояд аз ин боб Указ додан лозим бошад. Аз ҳар ду ҷониб ба чунин сурат гирифтани кор касе зид набуд.

Bahmanmohi khuninСари шом протокол ба имзои раҳбарият ва аъзои кумитаи халқӣ тасдиқ гардид. Ҳамоно, бо ризоии тарафайн, нусхаҳои онро ба радио ва телевизион фиристоданд, ки ҳамзамон шунавонида шаваду мардум қарор бигирад. Ҳамоно низ баромади мустақими роҳбарон ва мо бо телевизион таъин шуд, ки аз он дар боло ёд кардем.

Рӯзи дигар таърихи 15 - уми феврал маро аз роҳ ба митинги "Ваҳдат" кашиданд. Маҳале ба маҷлиси кумитаи халқӣ расидам, ки хотима меёфт. Минбаъд ба ҷое нахонданд, ба истиснои машварате дар КМ, ки фосилае беш нашиштам.

Ҳамин ҷо метавонам ба баёноти худ нукта гузораму бас кунам, зеро кори бештаре накардаам. Лек дил нола мекунад, ки бас нест, бас нест, бас нест…

Иқтибос: "Сарварони "Растохез"… ва Б. Собир муборизаро барои ҳокимият дар ҷумҳурӣ идома дода, 15 феврали соли 1990 дар маҷлиси "Комитети муваққатӣ" номзадҳои дилхоҳи худро аз рӯи аломатҳои ҳамшаҳричигӣ ва ошнобозӣ ба ҳайати бюрои ташкилии КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод карданд…" ("Паёми Душанбе", "Воқеъаҳои феврал; таҳқиқи идома дорад", 16 январи 1991).

Ман ба маҷлиси мазкури Комитети халқӣ, ба истилоҳи шумо "муваққатӣ" чуноне пештар навиштам, таъхир кардам. Бинобар ин, аз номгӯи номзадҳои пешниҳодшуда заррае дарак надорам. Онро аз тариқи радио аз пленумҳои хунини ҳамонвақта шунидам.

Иқтибоси дигар аз ҳамон ҷо: "Ҳеч кадоме… аз аъзои "комитети муваққатӣ" издиҳомро ба оромӣ ва пароканда шудан даъват накарданд".

Магар, дар миёни издиҳом мо будем ё шумо? Агар мо пароканда накардем, чаро шумо бо роҳбарҳоятон баромада пароканда накардед? Чаро нагуфтед, ки мо дахолат накунем?  Охир, шумо дар автобусу дар паси танку аскарбачаҳо пинҳон будед - ку. Акнун наворҳои камераро тоб дода душман мекобед. Агар гап задеду ба гапатон гӯш надоданд, айби худатон, шумо ҳафтод сол ба халқ не, ба аскару милисаву суду прокурор нозидаед. Шумо лӯхтак будед ва лӯхтак мондед. Илоҳо шуморо нони халқи тоҷик кӯр кунад.

Иқтибосҳои фавқ аз гузориши прокурори ҷумҳурӣ Михайлин Г. С. гирифта шудаанд. Ба қавли Президиуми Шӯрои Олӣ, дар матбуот интишор ёфтани ин гузоришро мардум талаб кардааст. Чи шуд, ки мардум нашри гузориши комиссияи худи Президиуми Шӯрои Олиро талаб накард? Чунки он гузориш ба нафъи роҳбарият набуд. Чунки он гузориш роҳбарони ҳукуматро фош мекунад.

Чунончи, эҳтимоли дар Душанбе сар задани шӯришро 25. 01. 1990 аз кумитаи амнияти давлат ба КМ Тоҷикистон хабар дода буданду ҳафтаҳо пешгирӣ накардаанд. Ин фактро дар анҷумани дуюми депутатҳои халқи СССР раиси кумитаи амнияти давлатии Иттифоқ, Крючков ҳам баён намуд.

Боз маълумоти дигар: Рӯзҳои 12 - 15 феврал аз фурудгоҳи Душанбе 1390 мусофири арманӣ парвоз кардааст. Аз онҳо 776 нафарашон сокини ҷумҳурии мо набудаанд. Ва чуноне аъзои комиссия қайд мекунанд, ин рақам нопурра аст, илоҷи тафтиши нақлиёти роҳи оҳану автомобилро наёфтаанд.

Яъне, ба шаҳр овардани арманҳо дурӯғ набудааст. Фарз кардем, ба хонаҳои хешу таборашон омада бошанд ҳам, якбора 776 нафар намеоянд.

Ман ба сарпаноҳ додани муҳоҷирин мувофиқам, хусусан дар зимистон, ки аз ҳама пеш тифлони бегуноҳ ва занон ситам мебинанд. Аммо ин амри савобро дуздона ниҳон надошта, узр пеш оварда гуфтан лозим буд.

Пораи сеюм. 12 феврал тибқи маслиҳати дирӯза бо роҳбарони ҳизбу ҳукумат, митингчиён дар назди бинои КМ ҲК ҷамъ омаданд. Барфу борон меборид. Мунтазир буданд, ки бо роҳбарони ҳукумат вохӯранд. Вале "кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо истифодаи калтаки резинӣ митингчиёнро зӯран аз назди бинои КМ ҲК Тоҷикистон дур андохтанд, ки ин ғазаби намоишгаронро овард, баъзеи онҳо ба сӯи кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сангу дигар мавод партофтан гирифтанд… Истифодаи аслиҳаи оташфишон оғоз ёфт, яъне ҳанӯз то назди митингчиён баромадани роҳбарони ҷумҳурият бо аслиҳа сӯи одамон тир кушода шуд ва чанд одам ҳалок гардид".

Бинед, калтаккӯбиро аввал ҳукумат оғоз кардааст. Сонӣ, парронда баъд ба вохӯрӣ баромадаанд. Бо ин ҳама боз гила мекунанд, ки намоишгарон дару тиреза шикастанд, ё дӯконро оташ заданд. Ман ҳайронам, ки онҳо чаро тамоми шаҳрро оташ назаданд.

Пораи чаҳорум: "Аз мактуби расмии рафиқ Язов Д. аз таърихи 11. 06. 1990 таҳти рақами 312-1- 159 маълум шуд, ки ӯ ба Душанбе ворид намудани қӯшунро аз он сабаб иҷозат додааст, ки гӯё қисми аҳолӣ ба хидматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо ва ба объектҳои ҳарбӣ ҳамла овардаанд".

Дар амал касе ба ҳарбиён ва мавқеъҳои ҳарбӣ ҳамла наовардааст, ягон ҳарбӣ қурбон нашудааст. Балки роҳбарият пас аз содир кардани хунрезӣ хостааст, ки қисми аҳолиро ифротӣ барорад, дар акси ҳол ҷавобгар мешавад.

Дар гузориши прокурори ҷумҳурӣ ин нуктаҳо тадқиқ нашудаанд, гӯё чунин фактҳо вуҷуд надошта бошанд. Ин ҳисобот айни филми Кузин аст, ки он митингҳоро айёрона монтаж карда, ба телевизион намоиш медод. Дар филм намоишгарон ба ибораи "чёрная туча" ва дар гузориши прокурор аз матлаъ то мақтаъ бо калимаҳои - бетартибон, ғоратгарон, ҷинояткорон, моҷароҷӯён, хонасӯзон, бедодгарон, худсарҳо ва ғайраву ғайра ифода мешаванд. ғараз, сафед кардани роҳбарони бешараф ва сиёҳу бадном кардани аҳолии тоҷик аст. Воқеъан, ба ин мақсад ноил шуданд, чи дар миқёси ҷумҳурӣ, чи дар миқёси Иттифоқ.

Аз ин ҷост, ки фоҷеаи Душанбе баҳои сиёсӣ нагирифта монд. Аз ин ҷост, ки дар матбуоту телевизиони иттифоқӣ воқеъаҳои Тифлис, Боку, Сумгаит, Молдова, Фарғона, Ӯш, Вилнюс мунтазам хотирнишон мешаванду Душанбе не. Гӯё як чизе буду фаромӯш шуд. Ман чунин фаҳмидам, ки дар тамоми солҳои шӯравӣ халқи тоҷик бесоҳиб будааст.

Чӯпондепутатҳои иттифоқии мо, ки моҳҳо дар сессияҳо шишта пинак мераванд, боре аз шаҳидони Душанбе лаб накушоданд, Эй ридакҳо, эй таъзимгароҳо, эй навкару чокарҳо, оё шуморо виҷдон азоб надод?

Дирӯз дар суханроние гуфтанд, ки халқ ҳақиқатро мефаҳмаду онро ҳимоя карда наметавонад. Бале, хулосаи ҳақ-қонист, вале ба тоҷик дахл надорад. Агар дахл медошт, пас аз як ҳафтаи парронда шудани бачаҳо рӯзи қӯшуни шӯравиро ҷашн намегирифт, духтарон ба майдон баромада дар назди аскарон сина намеҷунбонданд ва танкҳоро гулпӯш кардем гӯён фахр намекарданд.

Боз андаке дар бораи ман. Ба адабиёти советии тоҷик, ки ба вижа адабиёти медалу орденҳо, нишонҳои қаҳрамониву депутатӣ, унвонҳои арзон, лавҳаҳо, ҳайкалу мақбараҳои беэътибор мебошад, дар нимаи солҳои шаст дохил шудам.

Мунаққидоне маро аҷнабӣ (манзурашон эронӣ), декадент, футурист, билохира парнограф манзур карданд. Аз мани ба истилоҳи худашон зидди советӣ, нашриёту матбуот ҳазар мекарданд. Шеъре агар тасодуфан ба табъ мерасид, идораҳои маъмурӣ ва КМ тарҷумаи русиашро металабиданд, ё аз ман баёноти хаттӣ мегирифтанд. Ҳамқаламонам, ки ба гуфтани ин калима забонам намегардад, дар вартаи ман пуртараддуд буданд, ба ҷоҳои дахлдор маълумотнома менавиштанд. Дар ҷашнвораҳо ва ҳафтаҳои адабӣ, ки то пишакҳои Иттифоқи нависандагон даъват мешуданд, маро намехонданд, мисле ки вуҷуд надошта бошам. Ба ҷои бисёриҳо шеъру китобҳо навиштам суд накард. Онҳоро ситоиш мекарданду маро сарзаниш. Ва ин қадар озор ба дилам ба сони борони гӯшаи бом ба санг чакиду чакид ва мечакаду мечакад. Таъқиби ман давом дорад, рақибон таскин наёфтаанд.

Дар ин миён мусибатҳо дидам, аз бародарони ба ҷон баробарам ҷудо шудам. Аз рафиқ ҳам барор накардам, ба тадриҷ маро тарк гуфтанд. Беихтиёр ба танҳоии васеъ тан додам, зайли сусмори қадимӣ дар биёбонҳои қадим.

Дирӯз гузорам ба Иттифоқи нависандаҳо афтод. Дер боз нарафта будам. Аз лавҳаи дорандаҳои ҷоизаи адабӣ суратамро кандаанд. Хафа нашудам, баръакс шукрона кардам, ки ба нависандаҳо сарамро нафармудаанд. Зеро, бахилие, ки онро метавон бахилии тоҷикӣ номид, ба эшон ҳамзод аст. Ҳафт пушташон, ки фарҳанги форсиро ворисӣ накарда, чи тур мешавад, ки Бозор Собирро ворисӣ кунанд.

Поёни мақола. Қасам ба ҷонам, ки димоғам аз ҳама сӯхтааст. Худамро дар ватан на, дар гӯри бародарӣ тасаввур мекунам. Моҳе пеш гушнанишинии сиёсӣ эълон кардам, ба хаёле, ки дигарон ҳамроҳ мешаванд. Хусусан, адибон, олимон, ҳунарпешаҳо, журналистон. Бахше, ки созмон додани ҳукумати раиси ҷумҳурият ва манфиати ҳамагон дар пеш меистод. Аммо, ҳайҳот!

Ҳама ба аёдати ман барои тамошо меомаданд, зайле ки ба ҷаноза, ё оши худоӣ меомада бошанд.

Эй оши худоихӯрон, бо шумо зистанам ҳайф. Ҳайф, ҳайф, ҳайф… Аламон аз шумо!

14 феврали 1991

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97