100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?

Иҷтимоъ 15.02.2013 15:17

(идома)

Намояндагони фарҳанг

shakhsiytho-farhang57. Борбад (585-630), асосгузори мусиқии тоҷик.

58. Беҳзод Камолиддин (1455-1535), рассом ва наққош.

59. Ҳоҷиабдулазиз (Абдурасулов) (1852-1936), мақомхон, оҳангсоз, мутриб.

60.Содирхон (Бобошарифов) (1847-1931), мақомхон, оҳангсоз, мутриб.

61.Олимов Мирзораҳмат (1891-1971), рассом ва наққош.

62. Ёрматов Комил (1903-1978), кинорежиссёр, Артисти Халқии СССР.

63. Қосимов Муҳаммадҷон (1907-1971), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.

64. Ашрафӣ Мухтор (1912-1979), дирижёр, оҳангсоз, Артисти Халқии СССР.

65. Ғуломалиев Ғуломҳайдар (1904-1961), оҳангсоз, устоди рақс, Артисти Халқии СССР.

66. Бурҳонов Аслӣ (1915-1996), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.

67. Валаматзода Ғаффор (1916-1994), устоди рақс, Артисти Халқии СССР.

68. Фозилова Туҳфа (1917-1985), актрисаи театру кино, Артисткаи Халқии СССР.

69. Зоҳидова Лутфӣ (1925-1996), актрисаи балет, Артисткаи Халқии СССР.

70. Мавлонова Ҳанифа (1924-2011), сарояндаи опера, Артисткаи Халқии СССР.

71. Бобоқулов Аҳмад (1931-1990), сарояндаи опера, Артисти Халқии СССР.

72. Кабирова Лутфӣ (1932), сарояндаи опера, Артистка Халқии СССР.

73. Гадоев Ҳошим (1937), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.

74. Муродов Ҷӯрабек (1942), сароянда, Артисти Халқии СССР.

75. Собирова Малика (1942-1982), актрисаи балет, Артисткаи Халқии СССР.

76. Аминзода Зебо (1948), устоди рақс, Артисткаи Халқии СССР.

77. Ҷӯраев Ака-Шариф (1892-1966), сароянда.

78. Шаҳидӣ Зиёдулло (1914-1985), оҳангсоз.

79. Завқибеков Гурминҷ (1929-2003), актёри театру кино.

80. Абдураззоқов Ҳабибулло (1937), актёри театру кино.

81. Одина Ҳошим (1937-1993), сароянда.

82. Воҳидов Маҳмудҷон (1939-1977), актёри театру кино, ровӣ.

83. Муҳаммадҷонов Ато (1940-2008), актёри театру кино.

84. Нозимов Зафар (1940-2011), сароянда.

85. Рузиматов Фаррух (1963), артисти балет.

86. Худойназаров Бахтиёр (1965), кинорежиссёр.

(идома дорад)

 

Мураттибон: Ёрмуҳаммад Сучонӣ, Маҳмадшариф Каримов,

 

кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97