Нафақахӯрон ба мардикорӣ!

Иҷтимоъ 20.01.2013 17:19

Ё нафақа роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ нест

nafaqaЧанд муддат инҷониб мавзуъи аз корҳои давлатӣ ба нафақа гусел кардани одамони синнашон ба сатҳи муқаррарнамудаи қонун расида мавриди баҳсу мунозираи аҳли ҷомеа қарор дорад. Дар баробари баҳсҳои мазкур инчунин баъзан роҳбарони мақомоти давлатӣ садо баланд карда, мегӯянд, ки ин масъала ба соҳаи онҳо дахл надорад.

Вазири маорифи кишвар Н.Саидов дар як суҳбаташ ба журналистон арз намуд, ки муаллимони калонсол ба соҳаи онҳо ба мисли обу ҳаво заруранд. Албатта, муаллимони калонсол заруранд, зеро кадрҳои ҷавони соҳаи маориф бо маоше, ки барои онҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ муқаррар шудааст, кор кардан намехоҳанд.

Ҳар чӣ ҳаст, имрӯз дар кишвари мо маъракаи мардони аз синни 63 ва занони аз синни 58 сол болоро аз корҳои давлатӣ "бомуваффақият" ба нафақа гусел кардан ҷараён дорад. Яъне, тавре дар мақомоти давлатӣ қабул шудааст, онҳо нақшаи ба пешгузоштаи ҳукумати кишварро иҷро карда истодаанд. Зеро илоҷи дигар надоранд. Дар акси ҳол рӯзе аз онҳо хоҳанд пурсид, ки чанд нафарро ба нафақа гусел кардед? Дар чунин ҳолат бояд роҳбарон фактҳои дақиқ дар ихтиёр дошта бошанд ва барои дар байни "дӯсту душман" "сурху сафед" нашудан ягон рақамеро номбар кунанд ва худро аз ҳолати ногувор раҳо созанд. Шояд ба ҳамин хотир имрӯз мардону занони пуртаҷрибаро аз корҳое, ки маошашон аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад, ба нафақа гусел мекунанд.

Фарз кардем, мудири кадом як кафедраи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро, ки синни муборакаш аз 63 аллакай гузаштааст, ба хотири иҷрои нақшаи ҳукумат аз кор ба нафақа гусел карданд. Акнун масъалае ба миён меояд, ки мавқеи ӯро дар кафедра бояд кӣ ишғол кунад? Кадом олими ҷавони имрӯза метавонад бо дилпурӣ ҷойи шахсеро, ки ба қавле "устухонаш дар курраи илм пухта шудааст" ишғол кунад? Магар онҳое, ки дар тӯли солҳои истиқлол соҳиби рутбаҳои илмӣ шудаанд. Аммо аксар ба хубӣ огоҳем, ки сатҳи дониши олимони солҳои охир соҳиби рутбаи илмишуда чӣ гуна аст. Яъне аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки тақдири минбаъдаи илм ба зиммаи нафароне вогузор мешавад, ки эҳтимол, ба рушди он халал расонанд. Дар ҳар сурат, то ҷое аз хабарҳо бармеояд, имрӯз маҳз ҳамон табақаи мутахассисоне аз кор ба нафақа гусел карда мешаванд, ки таҷрибаи ғании ҳаёт ва фаъолияти корӣ доранд. Ба ҷойи қадр кардани заҳмати онҳо мо имрӯз онҳоро паси дарҳо гузошта истодаем.

Барои исботи даъвои худ як мисол меорам. Мо, як идда ҷавонони солҳои 80 асри гузашта дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Москва ба номи М. В. Ломоносов таҳсил кардем. Ҳамон солҳо роҳбарии факултаи журналистикаро доктори илм Ясен Николаевич Засуркий ба уҳда доштанд (ӯ солҳои 1965-2007 вазифаи декани факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М.В. Ломоносовро ба зима дошт). Синнашон аллакай аз 60 гузашта буд. Вале бо вуҷуди он, ба мо ҳам таълим медоданд ва ҳам ба як факултети бузурги яке аз бузургтарин донишгоҳҳои олам роҳбарӣ мекарданд. Ба нафақа гусел кардани Я.Н. Засурский ба хотири касе намерасид, зеро доираҳои ҳукуматӣ ва илмӣ аз таҷриба ва дониши ин марди бузург огоҳ буданд ва бо ҳар восита ӯро эҳтиёт мекарданд.

Баъд аз хатми факултаи журналистика мо солҳои зиёди минбаъда ҳам мешунидем, ки Я.Н. Засурский то ҳол декани факултети журналистикаи ДДМ аст. Имрӯз синни мубораки ӯ ба 83 дакка хӯрдааст. Вале ба хотири аз даст надодани чунин шахсияти бузурги илм русҳо ӯро ба ҷойи аз кор ба нафақа гусел кардан ба ӯ бо қарори Шӯрои илмии ДДМ вазифаи наву пурифтихор додаанд. Ҳоло Я.Н.Засурский президенти факултети журналистикаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Москваро ба зимма дорад. Акнун саволе ба миён меояд, ки магар дар Русияи бузург нафаре пайдо нашуд, ки ҷойи ӯро бигирад? Албатта, дар ҳамон факултети журналистикаи ДДМ ба номи Ломоносов даҳҳо олимони дигаре фаъолият доранд, ки мақомашон дар илм, эҳтимол, аз Засурский пасттар набошад, вале маҳз ба хотири эҳтиром ба илм ва таҷрибаи амалии муаллим барои ӯ вазифаи нав додаанд. Ин аст, ба андешаи ман, як роҳи баланд бардоштани мавқеи илм ва олим дар ҷомеа. Маҳз чунин муносибат намоиш медиҳад, ки дар кадом ҷомеа ба илм ва шахсиятҳои соҳибилму маърифат чӣ гуна эътиборро қоиланд. Дар чунин ҷомеаҳо, дар ҳақиқат, ҳам илм рушд мекунад, ҳам давлат. Мутаасифона, бо як супориши ҳукуматӣ аз кор ба нафақа ҷавоб додани олимону донишмандони зиёде, ки онҳо метавонанд барои ҷомеаи мо минбаъд ҳам хидмат кунанд, албатта хидмати хирсона ба давлат ва миллат аст.

Аввалан, бо сабаби он, ки мо як гуруҳи калони мутахассисонро аз даст медиҳем. Эҳтимол, шахсиятҳоеро аз даст медиҳем, ки дар шароити давлати мо онҳо ба монанди обу ҳаво заруранд. Дуюм, агар мо ба таври бенизом одамони калонсолро ба нафақа гусел кунем, сафи мардикоронамонро барои Русия афзун мегардонем. Зеро аксари мардони тоҷики нав ба синни 63 расида ҳанӯз дар айни камолоти умрашон қарор доранд ва аксари онҳо соҳиби фарзандони ноболиғ мебошанд. Ба хотири таъмини рӯзгори фарзандон чунин "нафақахӯрон" маҷбур мешаванд роҳи Русия ва мардикориро пеш бигиранд. Сеюм, тавре сардори раёсати масоили иҷтимоии Маркази тадқиқотҳои сотсиологии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов дар нишасти матбуотии рӯзи 10 январ барпошуда арз намуд, "супориши мазкур, аввалан, хилофи меъёрҳои ахлоқӣ аст, сониян, он ба санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ хилоф аст". А. Қурбонов бо таассуф қайд намуд, ки бо супориши мазкур имрӯз аллакай бисёр ходимони соҳаи илм ва маориф аз кор озод карда шудаанд. Ин кор ба илм ва маорифи ҷумҳурӣ зарари калон мерасонад.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни ба нафақа гусел кардани одамони калонсол ба миён меояд, ба андешаи ман, масъалаи ҳарчи зудтар аз "мӯйсафедон" халос шудани роҳбарони ҷавон аст. Табиист, роҳбарон баъд аз дастрас кардани супориши ҳукуматӣ пеш аз он, ки мавқеъ ва дониши шахсиятҳоро ба эътибор бигиранд, маҳз манфиати шахсии худашонро пеши рӯ меоранд. Он одамонеро, ки то кунун бо ҳеч сабабе аз кор рондан мумкин набуд, акнун бо супориши расмии ҳукумат аз кор меронанд. Агар нафаре сабаб пурсад, албатта, амри ҳукуматро нишон медиҳанд ва дар ҷойи холишудаи шахси таҷрибадор нафареро ба кор мепазиранд, ки ба роҳбари корхона наздик аст. Яъне дар ҷараёни ба нафақа гусел кардани калонсолон ба ҷойи ба кор омадани кадрҳои ҷавон пеш аз ҳама, новобаста аз донишу малака ва таҷрибаашон, кадрҳои "худӣ" сари кор меоянд. Эҳтимол, ин масъалаи муҳимтарине аст, ки супориши ҳукуматӣ онро мақсади худ қарор додааст.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97