Адабиёти тоҷикии қаҳрӣ бо интернет

Иҷтимоъ 03.01.2013 17:08

Ё адабиёти ақибмонда

internet va adabiytҶаҳони муосирро бидуни интернет тасаввур кардан ғайри мумкин аст. Имрӯз интернет мисли тори анкабут ба даруни хонаҳо, балки фаротар аз он, вориди қалбҳои мо шуда ва асрори ногушудаи моро ба роҳатӣ ошкор мекунад. Интернет ва куллан технологияи навини иртиботӣ- ин ҳаюлои қарни 21 нохудогоҳ тамоми шууноти ҷомеаи башариро таҳти таъсир қарор додааст. Акнун ин фановарии ҷадид дар деҳкадаи ҷаҳонии имрӯз ҳарфи аввалро мезанад. Бо кумаки он пояҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ба ларза даромада, диктаторҳои сарсахте мисли Саддом, Қаззофӣ, Муборак, Бен Алӣ дар пеши чашми мо хору залил шуданд. Обрӯи садҳо сиёсатмадор ва дипломат дар кишварҳои гуногун бо ифшогариҳои ҳамин интернет бар хоки сиёҳ рехт ва пояҳои чандин кишвари худкомаи дигар дар ақсои нуқоти олам дар ҳоли фурупошӣ аст. Интернет дар тамоми бахшҳои ҷомеаи башарӣ дар ҳақиқат инқилобе тоза ба по кардааст. Интернет ё худ "Дунёи маҷозӣ" дар баробари фоидаҳои фаровони худ инчунин осебҳо ва офатҳои хоси худро низ дар пай дорад. Дар ҳақиқат ин абзори навин шамшери дулабаро монад, ки дар сурати ғафлати корбарони он, метавонад барои онҳо мушкилсоз бошад. Истифодаи беҳадаф аз ин абзор метавонад амнияти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳатто хонаводагии  як ҷомеаро мавриди таҳдид қарор диҳад, ки баёни ҷузъиёти он аз доираи мавзуи мо хориҷ аст. Дар ин мақола мо ба мавзуи хоси "ҷойгоҳи адабиёт дар дунёи маҷозӣ" мепардозем.

Адабиёти интернетӣ

Бар хилофи одати деринаи мо, ки ҳануз адабиётро дар саҳифаҳои китоб ҷустуҷӯ мекунем дар ҷомеаҳои перомуни мо алакай адабиёти интернетӣ шакл гирифтааст. Дар ҷомеаҳое, ки бар асари буҳрони иқтисодӣ бо мушкилоти чопу нашри китоб рӯ дар рӯ ҳастанд, интернет фурсати хуберо барои нависандагону шоирон эҷод кардааст. Адабиёти интернетӣ акнун осонтар ва зудтар ба дасти мухотабони худ мерасад. Дар баробари нашри шеър дар ҳоли ҳозир мо бо қисса ё ҳикояҳои хоси интернетӣ рӯ ба рӯйем, ки ҷояшонро дар миёни нависандагон ва корбарони интернетӣ боз кардааст. Ин достонҳои кутоҳ падидаи тоза ва хоси интернетӣ ҳастанд, ки мухотабони хоси худро пайдо карда ва дар бархе аз кишварҳо ба унвони навъи тозаи адабӣ ба расмият шинохта шудаанд. Дар миёни кишварҳои форсизабон танҳо дар Эрон аз 10 сол пеш адабиёти интернетӣ фаъол буда ва хонандагони вижаи худашро низ пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир даҳҳо сойти шеъру достон ва нақди адабӣ дар Эрон фаъолият доранд, ки пур аз матолиби арзишманд ҳастанд.

Аҳмад Бегдилӣ нависанда ва баргузидаи китоби соли Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст, ки адабиёти интернетӣ ҳамчун як сабки навиштори ҷадид дар Эрон ҷойгоҳ ва мавқеи худро миёни хонандагон пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай вижагии ин достонҳои кутоҳ ё минимал муъҷазбаёниву  сароҳат буда ва бидуни як калимаи изофӣ ва ҳатто диалог ҳастанд. Ҷаноби Бекдилӣ бар ин назар аст, ки адабиёти интернетӣ ҳам мисли адабиёти коғазӣ ба зудӣ эътибор ва машруияти худро дар фазои адабиёт ба даст меорад.

"Фотошеър"

Бидуни шак, шеър бо таваҷҷуҳ ба сохтори муносиби худ барои ҷилванамоӣ дар дунёи маҷозӣ аз имконияти бештаре бархӯрдор будааст. Дар ҳавзаи шеър низ таҳавули тозае дар ҳоли рух додан аст. Барои мисол дар саҳифаҳои интернет метавон аз падидаи ҷадиде зери унвони "фотошеър" дар шеъри фор-сӣ ном бурд, ки метавонад дар оянда равнақи бештаре дошта бошад. Албатта "Фотошеър"  танҳо таркибе аз аксу шеър дар канори якдигар набуда, балки ривояти дигаргун ва мустақили шоир аз акси як суратгир аст.

Адабиёти тоҷикии қаҳрӣ бо интернет Ё адабиёти ақибмонда

Аммо ин иттифоқоти тозае, ки дар тули беш аз даҳ соли ахир дар дунёи маҷозӣ барои адабиёт афтодааст,  ҳануз барои адабиёти муосири тоҷик бегона аст. Шоирону нависандагони тоҷик ба далоили гуногун ҳануз вориди ин олами ҷадид нашудаанд. Аз миёни теъдоди бешумори аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шояд шоироне, ки дорои веблог ва сомонаи адабии хеш бошанд, аз шумори ангуштони ман бештар набошад. Дар даврони истиқлол адабиёт ба яке аз ақибмондатарин бахши фарҳангии ҷомеаи тоҷик табдил шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки таҳаввули тоза ва дигаргунии шакливу муҳтавои нисбат ба адабиёт дар бахши ҳунар (мусиқӣ) ва матбуоту расонаҳои дидорӣ ва шунидории кишвар бештар ба назар мерасад. Шоирони имрӯзи тоҷик агар шеъри озод ҳам бинависанд, ҳатман дар пайравии Шомлу, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод ва Нодири Нодирпур менависанд, ки равиши онҳо ҳамакнун куҳна шуда ва иттифоқоти тозаи дигаре дар шеъри сапед ё озоди Эрони имрӯз ба вуқуъ пайвастааст. Дар бораи ақибмондагии адабиёти кунунии Тоҷикистон сабабҳои обективии зиёдеро метавон баршумурд, аммо ба назари нигоранда далоили аслии он бештар ҷанбаи субективӣ дорад. Бузургтарин офати таҳдидкунандаи адабиёти даврони истиқлоли Тоҷикистон набуди мактабҳо, сабкҳо ва ҷараёноти бумӣ дар ҳавзаи адабиёт мутобиқ бо хусусиёти хоси минтақаи маскунии мо аст.

Аз сӯи дигар, дунёи маҷозӣ ба хусус веблогҳо ва дигар шабакаҳои иҷимоиву иртиботӣ бистари тозае барои фаъолиятҳои адабӣ фароҳам кардааст. Ин муҳит имконот ва қобилиятҳои хосе дар ихтиёри аҳли қалам мегузорад, ки пеш аз ин камтар дар ихтиёри онҳо буд ва муҳимтарини онҳо имкони интишори босуръат ва ройгони осорашон аст. Вижагии дигари веблогҳои адабӣ, густурдагии паҳнои ҷуғрофиёӣ дар интернет аст, ки метавонад барои нависандагону шоирони муосир мухотаби бешуморе ҷалб кунад. Албатта ин имтиёз марбут ба хат ва забоне аст, ки бештарин мухотабро дар фазои маҷозӣ доранд.

Муҳимтарин вижагии веблогҳои хусусӣ истиқлоли амали аҳли адаб барои баёни ошкори назариёти хеш дар қолабҳои адабӣ аст. Умдатан матбуот ва чопхонаҳо дар ихтиёри аҳзоб ва ниҳодҳои сиёсӣ ё давлатӣ ҳастанд ва адибон барои чопи осорашон ночоранд ба ин ниҳодҳо пойбанд бошанд, аммо ҳоло интернет ин имконро фароҳам кардааст, ки онҳо бидуни вобастагӣ ба касе ё ҷойе, осори худро дар дастраси хонандагони хеш қарор диҳанд.

Нақди адабӣ ва интернет

Ба дунболи интишори осори адабӣ дар интернет, нақди ин осор низ ба ҳамон содагӣ муяссар шудааст ва ин имкон ба вуҷуд омадааст, ки муаллифи асар ва мунаққид битавонанд зуд ва бевосита бо ҳам дар иртибот бошанд. Имкони паём гузоштан дар зери осор дар саҳифаҳои интернет ба хусус веблогҳо заминаи нақдҳои кӯтоҳ ва ишораворро фароҳам кардааст, гузашта аз ин ки бисёр нақдҳо дар шакли мақолаи ҷудогона дар пойгоҳҳои интернетӣ қобили интишоранд. Ин равиш ҳамакнун дар сойти "Шоирони форсизабон" қобили мушоҳида аст ва ҳамарӯза шеъри яке аз шоирони узви он барои нақду баррасӣ пешниҳод мешавад. Ба ҳамин наздикӣ, шеъри "Номаи зарирон"- и Рустами Ваҳҳобниё-шоири номовари ҳамватани мо низ мавриди нақду баррасӣ қарор гирифта буд. Аҳамияти ин равиши нақди осор ин аст, ки нақди он ба суръат дар дастраси холиқи асар қарор мегирад ва диққати офаринандаро дар нашри осори баъдӣ бештар хоҳад кард. Ба назари коршиносон, дар фазои маҷозӣ имкони нақди солим ва ақлонӣ беҳтар фароҳам мешавад ва дар ин фазо афрод метавонанд ба дур аз мулоҳизоте, ки гоҳҳо дар пешорӯи одамон риоят мешавад, назари хешро  бепарда ва ошкортар баён кунанд. Аз сӯи дигар ҳуввиятҳои маҷозӣ ба афрод дар нақд кардан ҷасорат медиҳад, ки фориғ аз тамоми қайду бандҳо битавонанд назароти воқеии худро пешниҳод намоянд.

Бояд эътироф кунем, ки нақди адабӣ ва ҳунарӣ дар кишвари мо камтар мунсифона ва ҳамроҳ бо донишу огоҳӣ будааст. Дар бисёр мавридҳо мунаққидони мо беш аз тамаркуз бар рӯи асар, бар рӯи офаринандаи он тамаркуз мекунанд ва дар ин миён мулоҳизоти сиёсӣ, мазҳабӣ ва минтақаӣ дахолати тамом дорад.

Аз ҷониби дигар, бояд фарҳанги таҳаммул ва нақдпазирӣ дар ҷомеа дар тамоми бахшҳо парвариш ёбад, зеро нақд заминаро барои рушди беҳтари иҷтимоъ фароҳам мекунад. ҳанӯз ҷомеаи мо барои нақдпазирӣ омода нест. Далели ин амр тасаллути тафаккури мутлақнигар дар ҷомеаи мост. Мо ё сиёҳи сиёҳ мебинем ё сафеди сафед! Хориҷ аз ин чаҳорчуб гӯиё марзи дигаре барои андешидан набошад. Бархӯрди мо бо осори адабӣ низ бар асоси ҳамин формула шакл мегирад ва мо осори адабиро ё сутуданӣ ва ё сирфан накуҳиданӣ тасаввур мекунем. Аз ин рӯ, нақдҳои мо ё хурдагирии сирфанд ё ситойиши маҳз. Сабаби шаклгирии ин гуна вазъият нотавонии мо дар ҷудо кардани ҷанбаҳои мусбату манфии як асар ва бозгӯии онҳо дар чаҳорчӯби як нақд аст. Нақди як асар ба ҳеч ваҷҳ бар камарзиш будани он далолат намекунад, балки нақди созанда ва ҳирфаӣ мондагории осори адабиро бештар хоҳад кард. Барои мисол, дар таърихи адабиёти исломӣ, Муҳиддин Ибни Арабӣ пас аз таълифи китоби "Фусус-ул-ҳикам" беш аз ҳама мавриди ҳамлаву интиқод қарор гирифта ва то кунун беш аз сад шарҳу тафсир бар ин китоб навишта шудааст, бо ин васф ҳама ӯро ҳамчунон ба унвони бунёнгузори ирфонӣ исломӣ ва холиқи осори барҷастаи адабӣ эътироф мекунанд.

Доктор Атоуллоҳи Абтаҳӣ коршиноси расона дар Эрон веблогҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ дар интернетро як навъ "машқи таърихӣ" барои фароҳам кардани фазои интиқоди солиму созанда дар ҷомеа медонад. Ӯ муътақид аст, ки беҳудагӯӣ ва бадахлоқиҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар саҳифаҳои интернет бо мурури замон фурукаш мекунад ва нақди ақлониву созанда ҷойгузини эҳсосу салиқаи шахсӣ хоҳад шуд. Набояд фаромӯш кард, ки дунёи маҷозӣ сояи дунёи воқеии мост ва то замоне, ки дар равобити иҷтимоии мо фарҳанги таҳаммул ва интиқодпазирӣ ҳоким нашавад, дар фазои маҷозӣ низ фарҳанги ҳарзагӯӣ сироят хоҳад кард.

Акнун веблогҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ дар интернет шароитро барои парвариши фарҳанги таҳаммул ва интиқодпазирӣ фароҳам кардаанд ва бар мост, ки аз ин имконоти мусоид барои густариш ва тарғиби фарҳанги хеш бояд моҳирона истифода кунем.

Дунёи маҷозӣ барои тавлидкунандагони осори адабӣ ва ҳунарӣ чанд вижагии хос дорад, ки монанди онро дар манобеи дигар суроғ надорем:

Аввал, озодии андеша ва амали нависандагон;

Дуввум, интишори босуръати осори адабӣ;

Саввум, нашр ва пахши ройгони ин осор дар кутоҳтарин замон;

Чаҳорум, ҷалби мухотаби бешумор, фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ;

Панҷум, дастрасӣ ба нақду арзёбии осори хеш тавассути мунаққидон ва дигар мухотабон дар паҳнои интернет.

Адабиёти муҳоҷират дар интернет

Интернет ҳамчун як шоҳроҳи иттилоотӣ, падидаест, ки дар ду даҳҳаи ахир бисёре аз монеаҳои иртиботӣ байни мардумро бартараф карда ва пайванди иҷтимоии онҳоро бо якдигар  бештар кардааст. Яке аз фоидаҳои азими дунёи маҷозӣ барқарории иртиботи муназзами мо бо ҷомеаҳои адабии мухталиф бахусус кишварҳои форсизабон ва огоҳӣ аз таҳаввулоти тозаест, ки дар ҳавзаи адабиёт рух медиҳад. Ҳамчунин боз шудани саҳифаҳои интернетӣ ва веблогҳои адабии ҳамватанони муҳоҷири мо дар Русия падидаи хушоянди ин раванд аст. Ҳамчунон ки медонед ба дунболи муҳоҷирати иҷбории тоҷикон дар ибтидо ва охирҳои асри 20-ум бидуни шак, осори адабии бисёре тавассути онҳо дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон эҷод шудааст, аммо ба далели набуди имконоти лозим ин осор гирдоварӣ нашуда ва бахше аз он низ то кунун аз байн рафтааст. Акнун интернет метавонад пойгоҳи амне барои ҳифзу нигаҳдории осори адабиёти муҳоҷирати тоҷик дар Русия ва дигар нуқоти ҷаҳон бошад. Набояд фаромӯш кард, ки ҷамъияти беш аз як миллион нафарии муҳоҷирони кории мо дар Русия ба ҷуз аз ниёзҳои иқтисодӣ ба хуроки маънавӣ низ эҳтиёҷ доранд. Бо муруре гузаро ба тавлидоти адабии ин қишри муҳоҷир дар Русия мушаххас мешавад, ки онҳо бар асоси ниёзҳои маънавии хеш иқдом ба таъсиси веблогҳо ва саҳифаҳои адабии мухталиф кардаанд, аммо аз назари ҳирфаӣ ин афрод ба кумак ва мутолиаи бештар дар бахши адабиёт ниёз доранд. Дар бисёре аз мавридҳо ибтидоитарин меъёрҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар бархе аз ин саҳифаҳо риоят нашуда ва мавзуҳо бо нигоҳе бисёр кулӣ ва гоҳо содалавҳона матраҳ мешаванд. Бо ин ҳол, ҳамин интернет аст, ки дар дунёи маҷозӣ моро ба ҳам пайванд медиҳад ва нохудогоҳ нигоҳи тозатаре дар зеҳни мо эҷод хоҳад кард.

Офатҳо ва осебҳои интернет

Бо вуҷуди ин ҳама фоидаҳое, ки дар боло шумурда шуд, дунёи маҷозӣ офатҳои хоси худро низ дар бар дорад, ки метавон ба чанд намунаи он ба таври кутоҳ ишора кард:

1. Сарозер шудани анбуҳе аз осори камарзиш ва бемоя;

2. Риоят накардани қоида ва қонунҳои дастури забон дар интернет;

3. Ирсоли нақду интиқодҳои муғризона ва ғайри илмӣ дар пӯшиши ҳуввияти сохтаву дурӯғин;

4. Густариши сирқати адабӣ;

5. Поймол шудани ҳақи муаллифони осори адабӣ ва ҳунарӣ;

Сарфи назар аз бурузи чунин офатҳо ва осебҳо дар интернет, сиёсати маҳдудсозии он ғайри қобили қабул аст, зеро барои башар ҳеч арзише болотар аз падидаи озодӣ нест. Дар баробари заҳри озодӣ танҳо нӯшдору ё худ подзаҳри муассир боз ҳам вуҷуди худи озодӣ метавонад бошад. Аз ин рӯ, ҳеч иллате набояд барои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон баҳона қарор бигирад, зеро бесарусомониҳо бархоста аз озодиро бо мурури замон метавон бо ақлоният маҳор кард ва ба шукуфои ҷомеа даст ёфт, аммо паёмадҳои маҳрумият ва гумроҳии башар қобили ҷуброн нахоҳад буд. Ба қавли Вилям Самерест Муом: "Агар миллате чизеро бар озодӣ тарҷеҳ диҳанд, ҳама чизро аз даст хоҳанд дод."

Беҳрӯз Забеҳулло, Машҳад, 7.12.2012; махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97