Роҳи Мастчоҳ роҳи "угай"-и Суғд нест

Иҷтимоъ 29.12.2012 10:17

MaschohРоҳҳои ноободу валангори ноҳияи Мастчоҳ кайҳо мавзуи латифаҳо дар миёни мардуми вилояти Суғд шудааст. Маъзарат хонандаи азиз, мо ба мақсади болида гардонидани табъи ту қалам ба даст нагирифтаем ва аз тарафи дигар бинобар мазмуни фаҳшомез доштани ин "намуна"-ҳои эҷоди шифоҳӣ рӯи сафҳа овардани онҳоро ба худ эб намебинем.

Ҳар боре ки дар Мастчоҳ раиси нави ноҳия ба кор шуруъ кунад, ё намояндаи воломақоме ба ноҳия сафар намояд, мавзуи сохтусози роҳҳо аз нав рӯи коғаз омада, ба масъалаи рақами як табдил мегардад. Баъди чанд вақт ноаён ҷои онро баҳонаҳои беасосу бепояи амалдорони сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ишғол мекунад ва мардум ба тақдири худ тан дода, бо ин роҳҳои солҳои сол рӯи таъмиру ободиро надида рафтуомад мекунанд. Дар дигар кишварҳои пешрафта андозсупорандагон ин бемасъулиятиро таҳқири худ меҳисобанд. Вале инро дар Тоҷкистон аз тақдир медонанд.

Мо ин ҷо хурдагирӣ накарда, масъалаи роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро як сӯ гузошта, танҳо сари мушкилии роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ чанд нуктаро такид мекунем. Ин роҳ дар маҷмуъ 32 километр масофа дошта, аз бунгоҳи бозрасии автомобилии ноҳия, яъне даромадгоҳи шаҳраки Бӯстон шуруъ гардида, чор минтақаи аҳолинишини ноҳияро убур карда, дар мавзеи Тағояк (номи деҳа дар ноҳияи Спитамен) ба шоҳроҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ пайваст мешавад. Дар ду самти ин роҳ бештар аз 100 ҳазор одам зиндагонӣ мекунад. Ин роҳ ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки саноатии Олтин ва қисме аз ҳудуди ноҳияи Спитаменро бо ноҳияҳои Ғончӣ, Ҷ. maschoh0Расулов, Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод, Айнӣ, Панҷакант, Мастчоҳи куҳӣ, Душанбе ва дигар манотиқи кишвар пайваст мекунад. Бо сабаби вайрон будани ин роҳ сокинони ноҳия маҷбуранд, ба ин шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тариқи Хуҷанд сафар кунанд, ки ба ин тариқ боиси 55 километр зиёд гардидани масофаи роҳ мешавад. Ин масир хусусияти хоси худро дорад, ки боиси аҳамияти стротегӣ касб кардани он шудааст. Ба ин хотир ҳарчи зудтар барқарор кардани он барои кишвари мо аҳамияти муҳим дорад. Ин ҷода қад қади марзи давлатии Узбакистон гузашта, аз шаҳри саноатии ин кишвар Бекобод чанд қадам дур аст. Барқарор кардани ин роҳ дар оянда барои ривоҷу равнақи хамкориҳои тиҷоратӣ ва иҷтимоии ду кишвари ҳамсоя хидмат хоҳад кард. Рафтуомади мошинҳоро аз ҷониби Узбакистон метавон роҳат мушоҳида кард. Роҳи мазкур бо ин хусусияти худ як навъ барометри некуаҳволии кишвар мебошад. Вақте ки он аз нав барқарор гардида мошинҳои гуногун аз он бо суръат рафтуомад карда, ба таври назаррас нишонаи рушди кишвари мо мегардад ва ҳама туҳматбофиҳои мошинаи иделогии режими Каримов дар бораи ақибмонда ва давлати нимфеодалӣ будани кишвари моро ботил мекунад. Аз сари нав обод кардани ин роҳ ба мо имкон медиҳад, ки рафтуомади мошинҳоро дар шоҳроҳи Душанбе -Бӯстон-Чаноқ дар ҳолатҳои интизорӣ ва зарурӣ аз Бӯстон то Хуҷанд қатъ намуда, ба ин самт равон созем ва дар ин ҳолат роҳи пойтахт ва дигар минтақаҳои кишварро аз бунгоҳи гумрукии Фотеҳобод бештар аз 55 километр наздик намоем, ё ин ки аз он ҳамчун роҳи кӯтоҳ ва алтернативӣ истифода бубарем. Сохтани ин роҳ, ки аз болои платинаи истгоҳи барқи обии "Фарҳод" мегузарад, ба мо имкон медиҳад, ки саривақт ва ба таври оҷил амнияти ин объекти стратегии кишвари худро таъмин намоем.

Ба гумонам, ҳамин қадар далел барои сохтани ин роҳи барои кишвар ҳаётан муҳим кофист. Агар ватандӯстии мо воқеӣ ва самимӣ бошад, ҳамин ҳоло ба ин кор бояд шуруъ бикунем.

Вагарна, онро дар назди роҳбари давлат чун "роҳи Мастчоҳ" муаррифӣ карда, танҳо барои ин ноҳия аҳамият доштанашро собит намуда, сохту сози онро чун ҳамеша ба души ин ноҳияи, ба қавли мастчоҳиён "угай"-и вилояти Суғд ҳавола мекунем!

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97