Саг рост мегуфт…

Иҷтимоъ 13.12.2012 16:21

sobaka-v-mashineЗамоне буд ноором. Ҳама ҷо садои шилики автомат ва гоҳ-гоҳе таркиши гӯшхарошкунандае ба гӯш мерасид. Ҳарчанд муқовимати гуруҳӣ расман поён ёфта бошад ҳам, вале дар амал гуруҳҳои силоҳбадаст ҷо-ҷо худро намоиш дода аз ҳоким буданашон дарак медоданд. Анқариб тамоми корхонаву идороти давлатӣ аз кор бозистода буд.

 

Дили мардум аз ҳодисоти ҷанги шаҳрвандӣ сард гашта, ҳар кӣ барои ризқу рӯзи ва дарёфти қути лоямуте ба ҳар коре ки пеш меомад, машғул мешуданд. Яке ба тиҷорат, дуввумӣ ба мардикорӣ, севвумӣ озими Руссия мешуданд. Дар шаҳр қариб нақлиёт ҳаракат намекард. Гуруҳе аз мардум мошинҳои шахсии худро чун таксӣ истифода мекарданд. Ин як василаи дарёфти ризқ буд ва ман ҳам қарор додам мисли дигарон то ором шудани вазъият таксист шавам.

Дар як рӯзи офтобӣ мошинамро хуб шустушӯ кардаму барои мусофиркашӣ ба шаҳр баромадам. Ростӣ аввалин бор буд, ки ба ин кор даст мезадам. Аслан намедонистам аз чӣ корамро оғоз намоям. Ҳатто шармам меомад ба муроҷиъин бигӯям, ки банда мусофиркашам. Чанд маротиба мусофирон наздам меомаданд, чун таҷриба надоштам, худамро ба нодонӣ мезадаму гӯё мунтазири касе бошам, ки зуд-зуд ба соати дастиам менигаристам.

Кори нокарда ва надоштани таҷруба ҳамин аст. Худ ба худ фикр мекардам, ки ба ногоҳ агар аз наздикону дӯстонам маро ин ҷо бубинанд, чӣ посухе ба онҳо хоҳам дод. Онҳо, ки маро дар канори роҳ диданд, ҳатман мепурсанд, ки чаро ин ҷо таваққуф кардаам. Дар ҳамин фикру хайёл будам, ки зану марди рус, ки дар тан либоси низомӣ доштанд ва маълум буд зану шавҳаранд, наздам омада суол карданд, ки оё ман таксиям. Чунин як фурсатро ғанимат дониста фавран ба онҳо ҷавоби бале додам. Хоҳиш карданд, ки онҳоро ба шаҳрчаи низомиён, ки дар қисмати Гипрозем қарор дорад, бибарам. Ҳатто нарху навое накарда, ҳар дуро ба нишонии гуфтаашон бурда расонидам. Мард аз ҳамёнаш як панҷҳазораи русиро пешам гузошту гуфт:

-Бақия лозим нест, агар имконият дошта бошӣ, ҳар рӯз моро аз ин ҷо ба он ҷое, ки савор кардӣ бурда мерасонӣ ва баъд аз кор боз ба ин ҷо меорӣ. Мебинам, ки шахси фаҳмидаӣ ва синну солат ҳам ба ҷое расида. Мо дар ин шаҳр дӯстони зиёд надорем ва агар хотири малолатон набошад, мову шумо дӯстони наздик хоҳем шуд. Дасташро дароз карда худашро муаррафӣ намуд: Исми ман Николай Георгевич. Ман ҳам тибқи одат худамро ба ӯ шинос намудам.

Ростӣ, чунин ранг гирифтани корро интизор надоштам ва ҳеҷ тасаввур ҳам намекардам, ки яку якбора бахтам омад мекунаду дар рӯзи аввали кориам соҳиби чунин як маблағи калон мешавам. Дар он шабу рӯз бо ин маблағ метавон хӯроки даҳ рӯзаро харид намуд. Тамоми бозорҳо пур аз анвои хӯрданӣ, ҳам сабзавоту меваҷот ва ҳам гӯшту масолеҳи ширӣ буд, ба ҷуз нон. Аз фарти хушҳолӣ рост ба бозор ҳаракат кардаму он чӣ аз хӯрданӣ зарур буд, харида, ба хона омадам. Вақте вориди хона шудам, аз чеҳраам маълум карданд, ки табъаму хуш аст, қиссаро ба тамом ба аҳли хонаводаам гуфтам. Дар хонаи мо одат аст, ки касе сирашро аз аҳли хонадон пинҳон намедорад.

Як рӯзи ахири ҳафта Николай ба ман гуфт, ки фардо хонумаш ба кадом як маъракае меравад ва агар имкон дошта бошам, барвақттар биёям то аз бозор чизҳои заруриро барои хонумаш харидорӣ намоем. Дар ҷавоб гуфтам, ки ин кор мушкилие надорад.

Вақте соати муайяншуда ба шаҳрча ҳозир шудам, дидам, ки Николай то ҳол наомадааст. Мошинро гардонда мунтазири омаданаш шудам. Аз чӣ сабаб буд, ки ӯ беш аз бист дақиқа дер кард ва ростӣ аз ин кор мушавваш шуда, аз мошин пойин шудаму хостам рафта суроғашро бигирам. Зеро ӯ шахсе буд дақиқкор ва ҳар гоҳ вақтеро муайян мекард, дуруст дар ҳамон вақту дақиқа худашро ба он ҷо ҳозир мекард. Маҳалли зисташро медонистам, Ӯ инро ба ман гуфта буд.

Бо ҳамин фикр роҳи хонаашро пеш гирифтанӣ шудам, ки худи ӯ аз дур намоён шуд ва дар дасташ як бастаи калон буд, ки бо дастпок печонида шуда буд. Вақте наздик омад, дидам, ки ин баста набуда, сагчае аст, ки баданаш тар асту бо ҳамин дастпок печонида шудааст. Николай бе он ки ба суоли ман ҷавоб бигӯяд, худаш ба сухан даромада, гуфт:

-Кор каме ранги дигар гирифт ва хонумамро барвақттар ба меҳмонӣ даъват карданд. Имрӯз рӯзи ҳаммоми сагча буд, маҷбур шудам ӯро бишӯям. Аз ин рӯ каме дер шуд, ки узри маро бипазиред. Ин дам сагчаро ба мошин гузошта ба ӯ гуфт: Ин яке аз дӯстони мост, ту ин ҷо бош, ман рафта сумкаамро гирифта меораму баъдан ба сафар мебароем.

Ману сагча ҳар ду дар салони мошин танҳо будем. Саг мисли одати сагҳо ҳар ҷоро бӯй мекард ва бо забони худ ким чизе мегуфту ба ҳар тараф худро мезад. Пух-пухкунону фис-фис кунон як замоне болои чамбари мошин мебаромаду лаҳзаи дигар болои курсиҳои пешу қафо даводав мекард. Баҳудаю беҳуда бо панҷаҳову даҳонаш тикаи чармини салонро мегазиду мекашид. Ҳар вақт чармро мекашид, дилам ба дард медаромад. Охир навакак салонро таъмир кардаву болояшро бо чарми қимматбаҳо пӯшонидаам. Чанд маротиба сагчаро ҳушдор додам, вале ҳамоно саг сагиашро мекард. Билохира бо овози баланд як ҳақорати обдори русиаш кардам, ки ҳамин лаҳза як ба сӯям нигоҳ карду бо нигоҳи норозиёна ба курсии пеш ҷаҳида, аз онҷо ба фармону баъдан болои бампер нишаста, маъюсонаву норозиёна ба чашмонам нигоҳ мекард ва чизе мегуфт. Аз ваҷҳу қиёфа ва чашмонаш маълум буд, ки аз суханони ман хушаш наёмадааст ва мисле, ки барқасд бошад, худашро сахт такон дод, ки обҳои баданаш ба сару рӯям бархурд. Дигар тоқатам тоқ шуд, дастамро хуб мушт кардаму ба рӯяш задам, ки мисли тӯбча ба курсии қафои мошин парида рафт. Сагча чунин ранг гирифтани корро умед надошт, ки яку якбора хомӯширо ихтиёр кард ва болои поҳояш худро сахт ба курсӣ часпонда тез- тез нафас мекашиду бо қаҳр гоҳ-гоҳе ба сӯям нигоҳ мекард.

Ин лаҳза Николай ҳам дар даст сумкаи калони бозорӣ омада расид. Ҳамин ки дарро боз кард, чашмаш ба саг уфтоду муддате ба он нигоҳ карда пурсид:

-Ба ту чӣ шудааст, касе туро ранҷонд?

Саг аввал ҳатто ба соҳибаш нигоҳ накард ва гӯё қаҳрӣ бошад, рӯяшро ба тарафи дигар гардонд.

Николай дубора аз ӯ пурсид: - Росташро бигӯ, ба ту чӣ шудааст, чаро ин қадар норозиву қаҳролуду асабонӣ ҳастӣ?

Саг то он ки ҷавоб диҳад, Николай аз ман пурсид:

-Ту ӯро ранҷондӣ?

Дарҳол ҷавоб додам, ки на, ҳеч гап нашудааст, биё биншин, ки биравем

Николай саросема набуд.

Рӯ ба ман оварда гуфт:

-Ту ӯро ранҷондаӣ, ин саг беҳуда қаҳр намекунад, ҳатман сахт ранҷондаӣ, ман феъли сагамро медонам, ин саги зотии махсус асту хеле боақл.

Дубора аз сагчааш пурсид:

-Ӯ туро зад?

Тасаввур кунед, ки саг дар ин лаҳзаҳо дар пеши соҳибаш амалеро анҷом дод, ки ҳуш аз сарам парид ва барои шунаванда бовар накарданист.

Сагча мисли кӯдаке, ки ба шикояту гиря сар мекунад, гоҳ аз пешам ва гоҳи дигар аз қафоям рӯи ду по рост истода, бо ишораи дастонаш ба соҳибаш мефаҳмонд, ки ман ӯро на танҳо задам, балки таҳқир ҳам намудаам.

Николай бо диққат сагчаашро гӯш карду гуфт:

-Ту бар иловаи он ки ӯро задаӣ, боз дашномаш ҳам додаӣ?

Ҳарчанд мегуфтам, ки ин саг аст, ба суханам бовар кунед, ки ӯро ҳеч коре накардаам, аммо сагча ҳар лаҳза боз ҳам аламовартар гиря мекарду бо пих-пиху фис-фисаш соҳибашро мефаҳмонд, ки қасосашро аз ман бигирад. Боло меҷаҳиду аз пасу пешам мечархиду бо чашмони нафратангез ба сӯям нигоҳ мекард, мехост худаш ҷазоямро диҳад.

Билохира Николай сагчаашро гуфт:

-Биё, дӯстрӯяки ман, майдаяки ман, тифлаки ман ин гуноҳи ман буд, ки туро танҳо гузоштаму муддате рафтам. Дигар ба ҳеҷ касе имконият намедиҳам, ки туро ранҷонад, таҳқир намояд. Сагчаро ба оғӯш кашид, аз сару рӯяш бӯсида, ҳатто ба рӯям нигоҳ накарда гуфт:

-Ин саг аст, ки рост мегӯяд, вале ту ки инсон ҳастӣ бар кардаат иқрор намешавӣ ва дурӯғ ҳам мегӯӣ. Дигар маро бо ту коре нест,- гуфту сумкаашро гирифта ба таксии дигаре рафта нишаст ва зуд аз назарҳо ғойиб шуд…

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97