Армуғон ба 60-и камолоти Устод

Иҷтимоъ 03.12.2012 19:28

Устоди гиромиқадр Наҷмиддини Шоҳинбод!

Najmiddini SHoinbodШуморо ба 60-умин солгарди умратон табрику таҳният гуфта, бароятон солимии бардавом, тинҷию осудагӣ ва хушбахтиҳои зиндагиро таманно дорем. Орзу мекунем, ки дар шасти зиндагӣ шасти қаламатон зиёд гардида, аз шасти эҷод ҳамеша «моҳии тило» бардоред.

 

Шаст сол гузашт зи умри Шоҳинбоди мо,

Мухбири шӯхи ин шаҳри «Ғамобод»-и мо,

То ханда шавад ба ҷойи ғам шоҳи хаёл

Осуда нахуфт як шабе Шоҳинбоди мо.

Аҳли «Миллат»

Салими Зарафшонфар ва шеърҳадяи ӯ:

Шаст афзун хоҳаме бар шасти Шоҳинбод,

Хоҳаме андуҳро пайхасти Шоҳинбод.

То каҷиҳои замонро рост бинмояд,

Рост монад килк андар дасти Шоҳинбод!

Мирзои Салимпур аз Прага:

Наҷмиддини Шоҳинбод як сипоҳсолори танз дар адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ки силоҳи сипоҳаш танҳо ҳаҷву шӯхист, вале ҳаҷву шӯхии хеле нишонрас ва кушанда. Ӯ дар баробари Имомназар Холназари фақид аз аввалин танзнависҳои мост, ки ба ин жанри то ба онҳо маҳдуди фақат масхара кардани муллову магазинчӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшонд ва одамони "болои боло"-ро ҳам гоҳ-гоҳ кӯтак мезанад. Устод Шоҳинбод бебандубориҳои рӯзгори моро чунон борик мебинаду чунон борик тасвир мекунад, ки бо мутолиаи ҳар чизе ки ӯ менависад, ханда аз лабони мо як лаҳза ҳам канда намешавад ва ғайри ин ҳарф аз забонамон берун намеояд, ки "Аҳсан, акаи Наҷмиддин, ки ҳастед!" Дар зодрӯзи Устод барояш ин орзуро дорам, ки чанори умраш то 100 соли дигар соябони сари мо, мухлисони ҳаҷви намакини ӯ бошад ва қаламаш мисли шамшер ҳамеша бурро ва танзаш ҳамеша Наҷмиддинвор бод!

Зиҳӣ, Устод!

Акбари Саттор ва командаи ӯ:

Раёсати  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  узви собиқадори Иттифоқи журналистон, нависанда ва ҳаҷвнигори хушзавқу тезқалам Наҷмиддини Шоҳинбодро ба муносибати 60-солагии зодрӯзаш аз номи ҷомеаи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ самимона табрик мегӯяд.

Наҷмиддини Шоҳинбод ҳарчанд дар майдони рӯзноманигорӣ солиёни зиёд фаъолият мекунад, вале пеш аз ҳама чун адиби ҳаҷвнигор шинохта шудааст. Ҳаҷвия ва қиссаҳои дилангези ӯ; "Хайкали кампир", "Ҳабдаҳ лаҳзаи зимистон", "Саргузашти ҷангии Гадомамад", "Номаҳо ба Амрико" ба 9 забони хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, олмонӣ, латишӣ ба табъ расидаанд.

Наҷмиддини Шоҳинбод ба ҳайси бунёдгузори нахустин нашрияи бадеии "Фарҳанги Бадахшон" дар тарғибу ташаккули адабиёти бадеии Бадахшон сахми сазовор гузоштааст. Барои хидмати шоистаи касбӣ бо  мукофотҳои "Перо Крокодила" "Пъедстал  вокруг смеха" ва Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ қадр шудааст, ки нишони маҳорати асилу баланди ӯ мебошанд.

Чун ҷанговари интернатсионалист бо  ордени "Шуҷоат"-и Ҷумҳурии Афғонистон, медалҳои "Барои ҷасорат", "Барои шуҷоати ҷангӣ" мукофотонида шудааст. 

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддини Шоҳинбодро, ки айни замон дар авҷи камолоти эҷодӣ, маъруфият ва эътирофу эҳтироми касбиву ҷамъиятӣ қарор дорад, бори дигар бо ҷашни шукуҳмандашон аз самими қалби ҳамкасбон шодбош гуфта, ба ӯ тансиҳативу умри бобаракату бардавом ва пирӯзиҳои эҷодӣ  таммано менамояд.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

САРУСТОД

Хӯшае аз АТО МИРХОҶА:

Наҷмиддини Шоҳинбод

Шогирди Ширин Бунёд.

Аммо дар ҳайраташ сохт,

Охир шуд ӯро устод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Оташ асту обу бод.

Сертараддуд чун Чаплин,

Ҳамчун Мауглӣ озод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Дар ҳаҷву дар танз устод.

Рӯйи ӯро кас бинад,

Мегардад як ҳафта шод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Хушгап авлод ба авлод.

Додои Мағалморо

Гӯё буда худ домод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Умре, ки дорам дар ёд,

Муовини аввал аст

Ба сардорони зиёд.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Лутфи ӯ бодо зиёд,

Ба адабиёти мо

Карими Абдулро дод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Муҷоҳиди роҳи дод.

Бо мардуми қолабӣ

Як умр дорад ҷиҳод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Моро диҳад ханда ёд,

Аммо худи ӯ бошад

Аз хандаи худ кам шод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Бидуни доду фарёд

Дар ҳаҷву танз гардид

Тоҷиконро сарустод.

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Омад ба хатти ҳафтод.

Шасташ бишкуфад ҳар рӯз,

Бишкуфтан муборак бод!

 

Наҷмиддини Шоҳинбод

Модар ӯро чунин зод.

Сӣ соли дигар хандад,

Дигар ҳар чи бодо бод!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97