21 декабр гӯё дунё ба охир мерасад.

Иҷтимоъ 02.12.2012 17:30

Шумо чӣ назар доред?

dunyОвозаи ба охир расидани дунё на танҳо дар байни «занакҳои лаби об», балки дар расонаҳо, ба хусус телевизионҳои дунё мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ҳатто бархе аз пайравони мазҳабҳо барои рӯзи охират тараддуд ҳам медиданд. Тоҷикистон ҳам аз ин «маърака» эмин намонд. Гапу гузори ба охир расидани дунё дар миёни мардум баҳс мешавад. Агарчӣ аксарият муътақиданд, ки нишонаҳои дунё ба охир дида мешаванд, ба наздик будани он рӯз шак доранд.

Мо низ бо ин суол, «21 декабр гӯё дунё ба охир мерасад. Шумо чӣ назар доред?», ба чанде аз шаҳрвандон ва коршиносон муроҷиат кардем:

Маҳмуд Кабирӣ, равоншинос:

- Мисле ки эпидемияи грипп ҳаст, ё ки эпидемияи дигар бемориҳо ҳаст, боз бемориҳои иттилоотӣ ва равонӣ ҳастанд. Эпидемияи бемориҳои равонӣ дар як даври муайяне пайидарҳам меоянд. Овозае, ки гӯё дунё ба охир мерасад, ин ҳам як эпидемияест,ки барои равонҳои мардумро машғул кардан ва онҳоро ба худ овардан, як талаботи муосир аст. Одамон вақте ки ба ҳарос меоянд,адреналин ҳосил мешавад ва ин адреналин ҳолати онҳоро каме такон медиҳад ва ҳатто як ҳаловат мебахшад ва аз ин рӯ одамон хоҳу нохоҳ ба ин чиз дода мешаванд. Аммо сари вақт, масалан мо ба воситаи телевизиону родию ва васоити ахбори умум, аз он ҷумлаки  шумо ин ҷо суол додед, метавонем равони мардуми худро аз ин иттилоот эм кунем. Хушбахтона мардуми мо мусалмон ҳастанд ва медонанд, ки пешгӯиҳое, ки пайғамбарамон расулуллоҳ кардаанд ва ҳатто он паёмбари бузург гуфтаанд, ки ман ҳам намедонам, ки дунё кай ба охир мерасад. Ва аломатҳояшонро гуфтанд, аз он ҷумла фаромадани ҳазрати Исо, ки ҳанӯз он ҳазрат нузул накардаанд. Аз рӯи нуқтаи назари илми астрономӣ бигирем, оё мо метавонем бигӯем, ки ҷирмҳои осмонӣ ба ҳисоби одамони рӯи замин ҳаёт ба сар мебаранд, ё ки мавҷуданд. Яъне ин аз илми нумералогия, илме, ки дар бораи ҳисоб аст, онҳо ҳисоб кардаанд, барои ҳамин якхела рақамҳо, ки дар ин рӯз рост омадаанд- 21-12-12 дар ин илм, гӯё, ки мумкин аст ягон воқеъа бишавад, мумкин аст, чунки гӯё баробаршавии ин рақамҳо сабаби иллати баробар шудани қувваҳои неку бад мешавад ва дар ин ҳолат шояд қувваи бад ғалаба кунад ва сабаби нестӣ бишавад. Ҳисобу китоб карданд, ки як бозии равонии башарият аст, ки аз ин ҳисоб касоне ҳастанд, ки миллион миллион ё миллиардҳо фоида мебаранд. Аммо як тарафи мусбати он дар ин аст, ки мардумро як такони равонӣ медиҳад, ки аз проблемаҳои ҳаётии худ андаке осуда ёбанд ва он проблемаҳои худро фаромӯш созанд. Албатта ин ҷиҳатҳои на аз лиҳози равонӣ,  на ҷиҳатҳои илмӣ ва на астрономӣ ва динӣ дуруст нест ва ин як бозии равонии башарият аст.

Наҷмиддини Шоҳинбод:

-Фарорасии дунёи охират мавзуъи нав нест. Аз замони ҳазрати Мӯсо ин ваҳми умумибашарӣ асаби инсонҳоро мехарошид. Вале дар инқилоби технологияи навин ва табаддулоти интернетӣ дар паҳлуи вабои СПИД, зукоми мурғу хук вируси нави харобкунии асаби инсон ихтироъ шуд. Ин вирусро сараввал олимони донишгоҳи Мачасути "нестии материкҳо" ном ниҳоданд. Аммо баъдтар бо номи Рӯзи охират (Конец света") машҳур гардид. Дар таърихи инсоният дар 1500 сол ин панҷумин ваҳми умумиҷаҳонии Рӯзи охират аст. Бори охирин соли 1909 дар дунё ин воҳима паҳн шуд. Аммо ба ғайр аз якшанбеи хунини январи соли 1909 ягон аломати Рӯзи охират нарасид. Бори дигар соли 1929 ҷаҳонро хабари Рӯзи охират пахш кард. Азбаски илми астрология, кайҳоншиносӣ ва кибернетика дар ҳолати тавлид буд, ба он ҷавоби саҳеҳ пайдо нагардид. Вале дар рӯзи муқарар гардида дунё нобуд нашуд. Инак боз таблиғи навбатии несионистӣ, схоластикаи тундагароён пас аз буҳронҳои молиявӣ Рӯзи охиратро эълон кард. Ин силоҳи асосии империяи маъмул ба "Сесад" бар зидди инсонҳои сайёра аст. Зеро тибқи барномаи Кумитаи "Сесад" бояд дар дунё танҳо якуним миллиард одам зиндагӣ кунад. Боқимонда бояд нобуд гардад. Назарияи саёраи сесад нав нест. Аз соли 1949 ин кумита барои тозагии сайёра мубориза мебарад. Тибқи назарияи сесад дар сайёра танҳо давлати Амрико, Аврупо, Ҷопон бояд боқӣ монанд. Ҳатто Русия дар харитаи онҳо мавҷуд нест. Роҳи мусоид ва оромӣ нест кардани аҳолии сайёра ин воҳимаи глобалӣ, паҳн кардани маризиҳои хатарнок мебошад.Ба ин хотир ман ба ашхосе, ки пас аз Рӯзи охират 21 декабр сиҳат мемонанд, алоҳида суҳбат хоҳам кард. Инсони ориёӣ набояд ба таблиғи тундгароёни роботхислат дода шавад. Рӯзи охират барои тоҷикон ин аз байн рафтани Барномаи Роғун аст. Рӯзи охирати мо -ин ғалабаи империяи миллатгарои Узбакистон аст. Рӯзи охирати мо ин дуруғи ҳаррӯзаи мо аст.

Аловиддини Шарофиддин, хабарнигор:

- Дар ҳар ҷомеъа ва кишваре, ки мушкилот ва гирифториҳои рӯзмараи мардум афзоиш меёбад ва мардум аз таълимоти динӣ дур мемонанд,  дар баробари ҳаргуна овоза ва таҳдидҳои равонӣ осеб пазир хоҳанд шуд. Мутаассифона имрӯз аксарияти мардуми мо, ки ба мушкилоти зиёди иқтисодию фақри маънавӣ гирифторанд, дар баробари ин гуна овозаҳо осебпазир буда, ба ин овозаҳо бовар мекунанд . Овозаҳое, ки гӯё дунё ба поён мерасад ва қиёмат қоим хоҳад шуд, имрӯз дар байни мардум паҳн шудааст, ҳарчанд дур аз воқеъият ва ақл аст, аммо бори дигар ба заъфи табақаи руҳонияти кишвар, хусусан маркази исломӣ, ки масъули посух гуфтан ва равшанӣ андохтан ба ингуна мавзуҳо аст, далолат мекунад. Аз сӯи дигар паҳн шудани ҳаргуна овоза ва ба таври гуруҳӣ баҳс шудани он дар кӯча ва бозорҳо ҳушдори ҷиддие аст барои сохторҳои давлатӣ, ки дар сурати сари вақт пешгирӣ накардан аз ингуна овозаҳо метавонад аз гуфторҳои кӯчагӣ ба иқдомоти хиёбонӣ кашида шавад.

Атоуллоҳ Қосимов, сардори шуъбаи равобит бо ҷомеаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Ин ҳама гапҳои куфранд, нишонаҳои куфранд ва аз инҳо тарсидану имон овардан ин заъифии имон аст. Нишонаҳои қиёмат маълум ҳастанд. Он нишонаҳое, ки паёмбари Худо зикр намуданд, онҳо ҳанӯз пайдо нашудаанд. Шояд ягон нишонаҳои кучак пайдо шудаанд, вале он нишонаҳои бузургаш ҳоло пайдо нестанд. Ҳамон нишонаҳои бузурге, ки ба наздик будани қиёмат ишора мекунанд, ҳамон нишонаҳо ҳанӯз пайдо нестанд. Яъне ҳоло то қиёматро танҳо Худо медонад чӣ қадар вақт аст. Қаблан соли 2011 гуфтанд, ҳеч воқеае нашуд, баъдан 2012-ро ном гирифтанд, ки ин ҳамааш як заъифии имон аст, ки мардумро метарсонанд. Ба ҳамин гапҳо бовар кардан, аз ин гапҳо тарсидан ва ба ин қабил гапҳо имон овардан нишонаи куфр аст. Мардуми бояд ба чунин суханон бовар накунанд. Мусалмон ба ин чизҳо бояд дода нашавад.

Оқилов Иброҳим Саидаҳмадович, донишҷӯи курси дуввуми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ:

- Донотар аз ҳама Аллоҳ аст. Ин танҳо ақидаи олимон мебошад. Гӯё, ки 21.12.12 календари "Мая" ва ҳамин гуна дунё ҳам ба охир мерасад. Дар барномаҳои телевизионӣ мегӯянд, ки ягон кас зинда намемонад. Вале якчанд рӯзи охир мегӯянд, ки ҳамагӣ 10%-и аҳолии саёра нобуд мешавад. Инро чӣ гунна мешавад фаҳмид? Гоҳе ин тавр мегӯянд, гоҳе дигар гунна, пас ба кӣ ва ба чӣ бояд  бовар кард?! Як ҳафта баъд боз ақидаи худро дигар мекунанд. Мегӯянд , ки календари "Мая" аз ин сол ба итмом мерасад. Як чизро бояд таъкид кард, ки ҷуз Худо ҳеч касе бузургтару донотар нест ва қудрати ӯро надорад, чӣ олимону  чӣ мо. Соли 2005 ҳам чунин гуфта буданд, вале ин сол ҳам гузашт, ҳеч ҳодисае иттифоқ науфтод. Ва боз дар ҳамин сол гуфта буданд, ки мардуми Мексика зинда мемонаду халос. Гӯё, ки "Инопланетян"-ҳо омада, онҳоро бо худ мебаранд. Ростӣ, ман ҳеч бовар надорам. Ин ҳама як роҳи мардум фиребист, зеро бо ин гапҳои дуруғ тамоми мардуми рӯи замин кӯшиш мекунанд, ба Мексика бираванд. Шояд ин як роҳи бизнес ё тиҷорат аст.

Саидов Рустам, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 1, ш.Қӯрғонтеппа:

- Аввалан ин гапҳо дуруғ аст, баъдан ба ғайри Худо ҳеч касе намедонад, ки кай дунё ба охир мерасад. Ин ки гӯё 21 декабр ҳаёт дар рӯйи замин ба охир мерасида бошад, ин гапу овозаҳои бардуруғ мебошад. Ин фикр тамоман нодуруст мебошад. Аз назари илмӣ ҳам физики машҳур Г.Галилей исбот карда буд, ки тамоми ҷисмҳои осмонӣ бо кашиш ва ҳаракат ба якдигар алоқаманд мебошанд. Ӯ исбот намуда буд, ки замин дар гирди тири худ ва атрофи Офтоб давр мезанад. Дар гирди офтоб ситораҳои зиёде ҳаракат мекунанд. Онҳо бо кашиши якдигар вуҷуд доранд. Агар ин кашишҳо аз байн биравад, он гоҳ ҳаёт барҳам мехӯрад. Аммо ин кашиш мавҷуд аст. Инро ҳоло илми ситорашиносӣ исбот намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97