Гурбаҳои соҳибэҳтиром ва нафақахӯрони бечора

Иҷтимоъ 01.12.2012 15:12

Jamshedi QuvvatКумакпулии гурбаҳо дар Аврупо аз нафақапулӣ дар Русия бештар аст. Ҳукумати Англия ба соҳибони ҳар як гурбаи хонагӣ ба миқдори 35 фунт стерлинг дар ҳафта пардохт менамояд. Дар як хона нигоҳ доштани беш аз панҷ гурба мумкин нест. Ё барои сагҳо. Аз ин ҷонварон 45 фунт барои кучактарҳо ва барои сагҳои калон ба мисли овчаркаҳои немисӣ 65 фунт пардохт менамоянд.

Аз тамосҳои телефонӣ ба нафақахӯрон бармеояд, ки аз ҳар панҷ нафақагир ба миқдори 8 то 9 ҳазори русӣ мегиранд, - мегӯяд рӯзноманигори рус, -ки аз 5- 7 ҳазори он барои хароҷоти хона масраф мешавад. Ҳатто бе масрафи ин маблағ ҳам даромади нафақахӯри питерӣ, камтар аз даромади гурбаҳои лондонист (http://maxpark.com/community/289/content/1649466.

Ин мисолест дар робита ба мавзуъи "Нафақаи ночиз ва такяи бознишастагон ба фарзандон" аз хабаргузории "Озодӣ". Ба гуфти манбаъ ҳудуди 80 дар сади пиронсолонро дар Тоҷикистон фарзандонашон нигоҳубин ва аз ҷиҳати молию пулӣ таъмин менамоянд ва онҳо чандон ба умеди нафақа нестанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки бо такя кардан ба фарзандон мушкили бознишастагон ҳал хоҳад шуд? Агентии ҳифзи иҷтимоъӣ ва нафақа бо ҳамин бори масъулиятро аз дӯши худ бартараф хоҳад намуд? Агар бознишастагон соҳиби фарзанд набошанд, ба чӣ мушкилие пешорӯ хоҳанд гашт? Ё соҳиби фарзанд бошанду ба онҳо кумаке накунанд, дар ин сурат ҳоли бознишастагон ва нафақахӯрон ба чӣ хоҳад анҷомид? Ва боз чандин суоли дигаре посухи худро мехоҳанд.

Мисоли дар боло зикр гардида далолат аз он мекунад, ки дар Англия на танҳо барои одамон, балки барои сагу гурбаҳо кумакпулиҳое ихтисос мекунанд, ки аз кумакпулиҳо барои нафақахӯрон дар Русия болотар аст. Вақте ки барои ҷонварон чунин кумакҳо мекунанд, мусаллам аст, ки одамон, хусусан барҷомондагон ва бознишастагон аз ҳар ҷиҳате таъминанд.

Такя кардани бознишастагон ба фарзандон боз мушкилиест болои мушкилиҳои зиёди мардуми тоҷик. Ин такякунӣ дар ҳолест, ки фарзандон худ дучори бекорӣ ва даҳҳо мушкили рӯзгоранд ва қуввату нируи таъмини худ ва хонаводаи худро надоранд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳудуди 600 ҳазор бознишаста ба сар мебарад, ки бештари онҳо аз 150 то 400 сомонӣ нафақа мегиранд. Аз шумораи умумии нафақагирон дар кишвар, ҳудуди 503 ҳазор нафарашон нафақаи меҳнатӣ мегиранду 92,5 ҳазор нафарашон нафақаи иҷтимоъӣ.

Тибқи урфу одатҳои ҷомеъаи сунатии Шарқ, хусусан Тоҷикистон низ нигоҳу бини волидайн ва бознишастагону маъюбон як амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Касе агар рафту аз ин анъана сарпечӣ кунад ва нигаҳбонии пиронсолонро дар оила ба дӯш нагирад, ҳатман мавриди нафрати мардум ва ҳамсоягонаш гирифтор мешавад. Фарзандон низ аз тарси ин ки ба таънаву маломати мардум гирифтор нашаванд, ба касею ҷое шикоят намекунанд ва ин бори сангинро ҳамроҳ бо чандин проблемаҳои дигари худ ба дӯш мегиранд. Вале ин анъана ва сунат боястӣ барои ниҳодҳое чун Вазорати молия ва Агентии ҳифзи иҷтимоъӣ ва нафақа баҳона ва дастаке набошад ва дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли тарафи дигари ин проблемаи барои ҷомеъа муҳим бошанд.

Аз 92,5 ҳазор нафаре, ки нафақаи иҷтимоъӣ мегиранд, шояд бархе аз онҳо шомили ин нафақапулии иҷтимоъӣ набошанд. Ба зиммаи ин ниҳодҳо аст, то қабл аз тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани кумакпулӣ ва нафақапулиҳо, дуруст ва аз рӯи адолат онҳоро омода намоянд. Баъзан одамони солим низ бо омода кардани ҳуҷҷатҳои сохта нафақапулии иҷтимоъӣ мегиранд ва ҳастанд касоне, ки бояд маблағи камтаре бигиранд, вале ба воситаи ошнобозӣ соҳиби нафақаи иҷтимоъии зиёдтаре мешаванд. Бо ба дуруст ба роҳ мондани ин механизм ва боз роҳҳои дигаре метавон кумакпулии бознишастагони воқеъиро боло бурд, то каме бори сангини шонаҳои фарзандони ҷавон сабуктар гардад. Ин нуқтаро фаромӯш набояд кард, ки аз пирию барҷомондагӣ касеро гурез нест. Аз ин рӯ, зарур аст, ба ҳар воситаву роҳе кумакпулиҳои пирону барҷомондагонро зиёд намуд, то поёни умри хешро, ки бе ин ҳам гирифтори даҳҳо дарду ранҷанд, каме дар осудахотирӣ паси сар кунанд. Ин аст, ки шайх Фаридуддини Аттор мефармояд:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97