Ховалинг: "Мо Самарқанду Бухороро бо Тоҷикистон ҳамроҳ намекунем"

Иҷтимоъ 16.11.2012 15:36

Ё демократия бо ақли солим

Said01Горбачёвро 25 сол пеш дар Ховалинг фурухташуда хонданд

Шамолаки демоакратия дар ноҳияи Ховалинг замоне ба вазиш шуруъ намуд, ки ин падида ҳанӯз тоза дар Маскав оғоз шуда буд. Аз Кӯлобу Душанбе ва ҳатто аз Тошканд ҳам пештар ба машоми мардум бӯи демократия мерасид.

 Шояд яке аз сабабҳои аслӣ дар ин кор мавҷудияти ашхоси огоҳу озодандеш, мухтору соҳибирода дар ноҳия буд. Ҳич ҷои андеша набуд, вақте дар Маскаву собиқ Ленинград ақоиди демократие тавассути васоити ахбори умум буруз мекард, дар наздиктарин фурсат афкори пешқадами демократӣ дар ноҳия таблиғ мешуд ва дар ин замина тасмими ҷиддӣ иттихоз мегардид ва зуд аз тариқи рӯзномаи ноҳиявии "Коммунисти Ховалинг" паҳн мегардид. Тасаввурнокаданист агар бигӯем, ки собиқ Муншии кули Ҳизби Коммунист М.С. Горбачёв маҳз дар рӯзномаи ноҳиявӣ мавриди танқиди шадид қарор мегирифт, ҳол он ки дар ҳамон шабу рӯз танҳо васоити ахбори хориҷӣ гоҳҳо ӯро бо баъзе аз афкори куҳнашуда танқид мекарданд. Махсусан ақидаи Горбачёв, ки дар оғози давраи бозсозӣ дар Владивосток баён намуда буд ва изҳор дошта буд, ки бозсозӣ душман надорад. Ин иштибоҳи Горбачёв дар ҳамон шабу рӯз буд ва шоир Ғаффор Мирзо дар як суҳбаташ ӯро шахси аз ҷиҳати сиёсӣ бесавод, камтаҷруба, фурӯхташудаи ғарб ва куҳнапараст ном бурда, гуфта буд, ки бо ин шеваву гуфтор Горбачёв наметавонад дар кишвар бозсозиеро анҷом диҳад ва ин гуфтаҳо баъдан дурустии худро собит сохтанд.

"Коммунисти Ховалинг" "прокурор"-ро "додситон" кард

Дар давраи солҳои 1986 то аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ рӯзномаи "Коммунисти Ховалинг" дар воқеъ ҳукумати чаҳорум маҳсуб меёфт ва обрӯву мартабааш болотар аз тамоми ҳайати раҳбарии ҳизбии ноҳия буд. Тамоми масоиле, ки дар сатҳи раҳбарияти идории ноҳиявӣ ҳал намешуд ва имконоти ҳал шудан ҳам надошт, онҳоро ин рӯзнома дақиқан омӯхта, то ҷое имконият пайдо мекард, ҳаллу фасл намуда, ҳади аққал роҳҳои ҳалли онҳор дар сафаҳоти хеш мунташир месохт. Идораҳои ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо рӯзнома ҳамкории зич доштанд ва ҳатто иддаи зиёди мансабдорони кумитаи ҳизбӣ, ки органи раҳбарикунанда маҳсуб меёфт, тамоми мушкилоти мавҷудаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро маҳз тавассути рӯзномаи ноҳиявӣ ташриҳ ва ҳал менамуданд. Рӯзномаи "Коммунисти Ховалинг", ки баъдан тағйири ном кард ва муддате бо номи "Ойинаи рӯз" фаъолият намуд ва билохира ин ном барои чанде аз мансабдорон хуш наомад ва дар иҷлосияи ноҳиявӣ онро ба "Ҳақиқати Ховалинг" иваз намуданд, шояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ яке аз нахустинҳо шуда дар масъалаи давлатӣ шудани забони тоҷикӣ мақолаҳои пурмуҳтаво ва илмӣ нашр намуд ва аввалин кореро, ки анҷом дод, истилоҳоти мавҷудаи бегонаро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дар истеҳсолот ҷорӣ намуд. Собиқ прокурори ноҳия шодравон Ҳақназар Шодиев аз нахустинҳое буд, ки чун шахси огоҳу босавод калимаи "прокурор"-ро аз пушти дараш канд ва ба ҷои он калимаи зебои додситонро бо лавҳачаи зарҳалин насб намуд. Табиби варзида, ҷарроҳи моҳир Саидҷон Мирзоалиев бо кумаки кормандони рӯзнома тамоми истилоҳоти тиббиро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, амалан дар варақаҳои тиббӣ ва ё таърихи бемор минбаъд бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ менавишт, ки ин кор то ҳанӯз идома дорад. Ӯ ба хотири бузургии миллати тоҷик ва нобиғагону абармардонаш клиникаашро ба номи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд гузошт, ки то имрӯз дар хидмати мардум аст.

"Ҳамроз" - нахустин маҳфили дигарандешон

Дар шароити гузариш аз як сохтори давлатдорӣ ба сохтори дигаре, ки озодиҳои фикриву ақлии инсонҳоро таъмин менамояд ва зиндагии саъодатмандро дар назар мегирад, бояд кореро анҷом дод, ки моҳияти зиндагии навинро дар шууру тафаккури мардум ҷо дод. Барои амалӣ гардидани ин кор ҳатман таъсиси созмонҳову ҷунбишҳо ва маҳфилҳои комилан демократӣ ниҳоят зарур буд. Танҳо бо оростани маҳфилу мулоқотҳо метавон чашми мардумро ба ояндаи нек боз намуд. Ҳамин буд, ки дар ноҳия бо ташаббуси кормандони рӯзнома нахустин ҷамъияти "Ҳамроз" таъсис ёфт ва ба кори амалӣ шуруъ намуд. Ҷои худситоӣ нест, ки ин маҳфил яке аз нахустин маҳофили демократӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, ки фарогири ҳам ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳам зеҳнӣ дониста мешуд.

Таърихи таъсиси ҷамъияти "Ҳамроз" ҳам аҷиб буд. Боре муншии созмони ҷавонони ноҳия Қудратулло Файзуллоев ба идораи рӯзнома омада, як барномаеро пешкаш намуд ва иброз дошт, ки мо бояд созмоне ва ё маҳфилеро дар ноҳия таъсис бидиҳем, ки ҷанбаи демократӣ дошта бошад ва бад-ин васила битавонем ҷавононро дар руҳияи озодманишӣ ва демократӣ тарбия намоем. Ӯ оиннномаеро, ки дар даст дошт, болои мизи сармуҳаррири рӯзнома Саидҷалол Саидов гузошта, хоҳиш намуд, ки сарварии маҳфилро маҳз ӯ, ки шахси кордону ботаҷруба аст, ба уҳда бигирад. Саидҷалол Саидов оинномаро дуруст хонда, фикрашро иброз дошт. Ӯ ёдовар шуд, ки ин оиннома ҳанӯз ягон расмияте надорад ва чи тавр шуда, ки ҷавонон ва тамоми ҳайати раҳбарии кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия ба он ҳамроҳ шудаанд. Матн ва мазмуни оиннома ба оинномаи Созмони мардумии "Растохез" қариб як буд. Бинобар ин пешниҳоди Файзуллоевро рад кард ва ӯ ноумед аз идораи рӯзнома дошт берун мешуд. Дар зимн шодравон Одили Исломӣ, ки ҳузур дошт, рӯ ба С. Саидов оварда гуфт:

- Кори хубе нашуд, ҷавонон худ ташаббус нишон додаанд ва мехоҳанд маҳфилеро, ки дорои ҷанбаҳои демократӣ аст, таъсис бидиҳанд. Агар мо ин корро худамон накунем, ҳатман кадом як чалласаводе инро ба зимма мегирад ва маҳфилро баргузор менамояд. Саидов, ки нисбат ба Одили Исломӣ эҳтиром ва итминони қавӣ дошт, гуфт, то Оинномаро бихонад ва агар зарур бидонад, мо розӣ ҳастем ва маҳфилро ҳатман барпо хоҳем кард. Одили Исломӣ зиёда аз се соат болои оиннома кор кард ва аз оинномаи собиқ қариб, ки чизе намонд ва дар таҳрири нав онро ба Саидов пешниҳод намуд. Дар ин оиннома фаъолияти ҷавонон, ки нируи пешбарандаи ҷомеъа маҳсуб меёфтанд, хеле возеҳу рушан мунъакис гардида буд.

Нахуст маҳфил баъди ду се рӯз дар идораи рӯзнома пешбинӣ гардид. Бидуни муҳобот, дар ҳамон шабу рӯз имконияти рӯзномаи ноҳиявӣ болотар аз имконоти кумитаи ҳизбӣ буд ва идораи рӯзнома дорои толоре буд, ки метавонист то 50 нафар ширкаткунандагонро ҷой бидиҳад ва маҳфилро баргузор намояд. Шахсан Саидов дар ҳамон шабу рӯз раиси комиссияи татбиқи забони тоҷикӣ дар ноҳия интихоб шуда буд ва бо пешниҳоди мо ва дастгирии эшон аллакай дар макотиби ноҳия курсҳои омӯзиши алифбои ниёкон оғоз шуда, мардум бо шавқу завқи беандоза хат ва имлои арабиро меомӯхтанд. Хулоса дар нахустин маҳфил зиёда аз 50-60 нафар ҷамъ омада, ҷаласаи аввал гузаронида шуд ва маҳфилро "Ҳамроз" номгузорӣ карданд. Ҷаласаи дуввум баъди муддати кӯтоҳе дар толори Хонаи маданият баргузор гардид ва дар он аз 200 нафар зиёдтар мардум ҷамъ омаданд, то ҷое ки дар толор ҷои нишаст мавҷуд набуд. Аҷиб ин буд, ки аз роҳбарони идораҳо то муншии авали ҳизбии ноҳия дар ин маҳфилҳо иштирок мекарданд ва ба суолҳои ҳозирин посух мегуфтанд. Садри маҷлис ҳамеша Одили Исломӣ буд ва бо сухани кӯтоҳе маҳфилро оғоз ва ҳадафи ин нишастро низ рушан мекард. Дар як муддати кӯтоҳе ин ба як маъракаи калони сиёсӣ табдил ёфт ва мардум низ ба "Ҳамроз" эътиқоди калон пайдо карда буд. Зеро, тамоми мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии хешро маҳз дар ҳамин маҳфил ҳаллу фасл менамуданд.

Тоҳири Абдуҷаббор  рӯзи дароз "Коммунисти Ховалинг" хонд

Дар охирҳои соли 1988 марказ ҳам, ки дорои созмонҳову аҳзоби сиёсӣ буд, барои ҷалби мардуми шаҳру навоҳии кишвар ба ин ҷойҳо ба сафари хидматӣ меомаданд ва ташвиқу тарғибро оғоз менамуданд. Боре раиси созмони мардумии "Растохез" устоди муҳтарам шодравон Тоҳири Абдуҷаббор барои анҷоми умури таблиғотӣ бо як ҳайати бонуфузи олимони тоҷик ба ноҳияи Ховалинг омад. Пас аз шиносоӣ бо вазъи мардум ба идораи рӯзнома омад ва соате бо ҳайати эҷодӣ мусоҳиб шуд. Пас аз он ки чанд рӯзномаи ба тозагӣ нашр намударо мутолиа намуд, ваҷҳаш ба куллӣ тағйир ёфт ва хоҳиш намуд, ки ӯро ба бойгонии рӯзнома ошно намоянд. Хулоса, Тоҳири Абдуҷаббор то соатҳои шаши бегоҳ рӯзномаҳоро варақ мезаду мутолиа мекард ва билохира гуфт: -Ба ростӣ ин мардум бо чунин як мошини бузурги таблиғотӣ ва идеоли демокросӣ ба ҳеч як таблиғе ниёз надоранд. Кош тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявии кишвари мо чунин як ақидаву амал медоштанд.

"Микрофони 6" меҳмони Ховалинг

Ва рӯзи дигар дар маҳфили "Ҳамроз" ширкат кард ва мисли кӯдаке, ки шириние ба даст меорад, аз шодӣ мешукуфту дар ҳалли масоили мавҷуда шахсан ширкат мекард. Мардум, ки ӯро тавассути микрофони "6" мешинохтанд, аз омаданаш зиёд шод шудаву ба суханрониаш кафкӯбӣ мекарданд, ба ҷуз ду-се нафар аз коммунистон, ки душмани демократия ва демократҳо буданд. Тоҳири Абдуҷаббор зимни суханрониаш ёдовар шуд, ки маҳфилеро бо чунин шакл, ки раҳбарии онро марди корозмуда Саидҷалол Саидов ба уҳда доранд, то ин дам надида будам ва бо итминони комил мегӯям, ки эшон ҳанӯз як сол қаблтар аз мо мактаби демократияро дар саросари ҷумҳурӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумлаи нахуст муаллимони ин мактаб маҳсуб меёбанд.

"Мо Самарқанду Бухороро ба Тоҷикистон ҳамроҳ намекунем"

Дар ҳамон шабу рӯз раҳбарияти "Ҳамроз" дар деҳоти акнофу атрофи ноҳия доиман бо мардум мулоқоту вохӯриҳо анҷом медод ва дар ҳалли мушкилоти мардум кумаки худро мерасонд. Гоҳҳо митингҳое, ки дар ноҳия баргузор мегардид, бидуни иштироки аъзои "Ҳамроз" сурат намегирифт. Ҷолиб барои тамоми ҷумҳурӣ ин буд, ки дар яке аз митингҳо садри "Ҳамроз" зери шиори "Мо Самарқанду Бухороро ба Тоҷикистон ҳамроҳ намекунем" баромад карда, муқобили шиорпартоиҳои марказ, ки ҳамеша талабгори пайвастани Самарқанду Бухоро бо Тоҷикистон буданд, аксуламал нишон дод. Маҳз ҳамин боис шуд, ки эътиқоду боварии мардум яку якбора аз "Ҳамроз" канда шуд. Садри маҳфил Одили Исломӣ бисёр кӯтоҳ сухан гуфт, Саидов ва чанд тани дигар ҳам чанд дақиқа ҳарф заданд ва хостанд ҳадафи худро иброз намоянд, вале ғалоғулаи мардум ба ин имкон надод ва то охири маҳфил беш аз 50 нафар боқӣ намонд. Зиёиёну рушанфикрон вақте аз чунин як митинг огоҳӣ пайдо карданд, маҳфили "Ҳамроз"-ро ғайритоҷикӣ эълон намуда, муғойир бо аҳдофу омоли худ донистанд. Баъдтар устод Тоҳири Абдуҷаббор дар як мулоқоташ изҳор дошта буд, ки воқеан равшанфикрони мо пеш аз пода чанг бардошта, талаби Самарқанду Бухоро намуда, хусумати Узбакистону Тоҷикистонро барангехтанд ва имрӯз мебинем, ки ҳақ ба ҷониби "Ҳамроз" будааст. Ростӣ, ҳадафи "Ҳамроз" ҳам  ин буд, ки то он даме мардуми Самарқанду Бухоро омодагии худро нишон надиҳанд, ҳама гуна талошҳову по заданҳо корест бефоида.

"Ҳамроз" ба "Растохез" пайваст

Парокандашавии маҳфилро дар ҳамон шабу рӯз ба шикасти кормандони рӯзнома, умуман демократҳо тарҷеҳ доданд ва  аъзои маҳфил беш аз 50 нафар боқӣ намонд, инҳо ҳамонҳое буданд, ки то охир ба кори худ содиқ монданд ва баъдан ба Созмони мардумии "Растохез", ки ҳадафҳо қариб яксон буд, пайвастанд. Аҷиб ин буд, ки раҳбарияти ноҳия вақте митинг ва ё маҳфилеро мехостанд доир намоянд, ҳатман аз номи маҳфили "Ҳамроз" мардумро даъват менамуданд ва мо борҳо ҳамчун ширкаткунанда дар чунин як митину вохӯриҳо будем. Пас аз маҳфили "Ҳамроз" фаъолияти исломиҳо зиёд шуд ва онҳо низ мекӯшиданд, ки дар байни мардум нуфузи бештаре касб намоянд. Бархилофи чашмдоштҳояшон ҳеч як нафар аз аъзои маҳфили "Ҳамроз" бо онҳо пайваст нашуд ва ҳамон тавре, ки дар оинномаашон дарҷ гардида буд, онҳо ҷомеаи навину демократӣ ва пешрафтаву фарҳангиро хостор буданд. 

Ва имрӯз пас аз гузашти қариб 25 сол маълум гардид, ки маҳз маҳфили "Ҳамроз" маҳфиле буд, ки бо андешаи солим буруз кард ва аҳдоферо пайгирӣ намуда буд, ки воқеан хостори истиқлоли комили Тоҷикистон буд ва талош бар он дошт, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дошта бошад, зеро маҳз ин унсур аз мустақилият ва мавҷудияти миллат дарак медиҳад.

Ибодуллоҳи Оқилпур

(давом дорад)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97