Рӯзи тафриқа дар Русия

Иҷтимоъ 14.11.2012 17:07

moskvobandРӯзи ваҳдати миллие, ки дар Русия таҷлил шуд, бештар на ваҳдат, балки дар ҳақиқат намунаи тафриқаандозӣ ва ё ҷудиандозии миллӣ буд. Маҳз дар ҳамин рӯз нируҳои миллатгарои рус роҳпаймоии эътирозиеро дар қиболи мардуми омада ба ин кишвар роҳандозӣ карданд ва инак, ин навбат бо иҷозати расмии шаҳрдории Маскав.

 

"Русский Марш" ва як рӯзи ҳабси хонагии ғайрирусҳо

4 ноябр- рӯзи Ваҳдати мардумии Русия гурӯҳҳои неофашистӣ ҳаштумин бор эътирозоти худро алайҳи мардуми дигар ва ошкоро бартарият додан ба миллати худ бо номи "Роҳпаймоийи русӣ" ("Русский Марш") дар маркази Маскав, қад-қади соҳили дарёи Москва, ки бо шаҳрдорӣ мувофиқа шуда буду иҷозат дарёфта, аз кӯчаи Кадашевская шуруъ шуда, кӯчаҳои Якиманская ва Кримскаяро гузашта, дар рӯ ба рӯи Хонаи рассомони Маскав бо баргузории ҳамойиши эътирозӣ ба анҷом расид.

Дар ин рӯз муҳоҷирин, чун асосан ин гуна тазоҳуроту роҳпаймоӣ бо латукӯби чанд тан аз ин бечорагон ба анҷом мерасид ва ҳатто ин фашистоне, ки 67 сол пеш бобоҳояшон бар зидди ин гуна режим ҷангида буданд, барои ҳисобот пеши хоҷагонашон чанд нафар тоҷику узбак ё қирғизи бечораро қурбонӣ мекарданд, ҳаросро эҳсос намуда, умуман ба шаҳр набаромада буданд…

Роҳпаймойи русӣ ё салибӣ?

…Соатҳои тахминан 11-и рӯз гирди ҳам омадани неофашистон шуруъ шуда, он то ба соати муқарраргардидаи оғози ҳамойиш- 13:00 тӯл кашид. Ва ниҳоят пешопеши ин роҳпаймоӣ салибу иконаҳои масеҳӣ саф ороста, "Роҳпаймоии русӣ"-ро ба "Роҳпаймоии салибӣ" табдил карда буд.

Роҳпаймоии эътирозӣ бо шиорпартоиҳои миллатгароӣ ва партавафшонии ливои империявӣ шуруъ шуд. "Русия барои русҳо!", Русияро озод мекунем!", "Масквабад- для русских ад!"("Маскваобод-заҳре барои русҳо!") бонг дармедоданд миллатгароёни рус.

Дмитрий Демушкин- ҳамраиси ҷунбиши "Русские", яке аз саркардагони аслии ҳаракати миллатгароӣ дар Русия теъдоди ширкаткунандагони роҳпаймоии эътирозиро ба "Интерафкс" дар ин рӯз беш аз 10 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст. Ва аммо бино ба маълумоти пулиси Маскав ҳанӯз дар аввали шуруъи тазоҳурот теъдоди онҳо ба 6 ҳазор нафар намерасид ва то замони анҷоми роҳпаймоӣ ва шуруъи ҳамойиш дар назди Хонаи рассомони Маскав теъдоди онҳо ҳамагӣ 1000 нафар беш набудааст.

Ҳамааш сад…буд?!

Дар ҳамин ҳол маркази матбуоти пулиси Маскав хабар додааст, ки беш аз 25 нафаре, ки бо бозубандҳои наққошишӯда бо свастикаи фашистӣ ба майдон рехта буданд, боздошт шуда ва барои муддате дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ ва бо таҳияи асноди қоидавайронкунии маъмурӣ баъди анҷоми тазоҳурот озод шудаанд.

Дар ҳоле ки аз дохили тазоҳургарон ба сӯи чархболи пулис, ки аз роҳи ҳавоӣ тартиботро назорат мекард, 3 тири рокетӣ парронда шуду дар чанд ҷо миллатгароён аз бомбҳои дудкунанда (дымовые шашки) истифода мекарданд, пулиси Маскав дар маҷмуъ тазоҳуротро "осоишта" хондааст.

Дар ҳамин ҳол ВАУ-и Русия аз сар задани задухӯрде миёни миллатгароён ва мухолифини онҳо дар дохили метрои Маскав дар саҳифаҳои интернет ботафсилу оҷил менавиштанд ва пулиси Маскав низ осемасар ин навиштаҳоро рад мекард ва мегуфт, ки ин як бархӯрди кӯчаке будааст ва ба рафти умумии тазоҳурот ва вазъи шаҳр дар ин рӯз таъсире надоштааст.

Русияи сермиллат наметавонад танҳо мансуб ба русҳо бошад

Дар ҳамин ҳол Соҳибёри Толиб, як хабарнигори тоҷик, ки дар шаҳри Маскав иқомат дорад, хуруҷи ҳарчи беши нируҳои миллатгаро дар ин кишварро "иҷрои супориш пеши хоҷагон" медонад. Ӯ мегӯяд, чунин эътирозоти миллатгароёни русро гарчанде мақомот иҷоза додаанд, аммо дар маҷмуъ наметавонанд зери бори шиорпартоиҳои онҳо бираванд: "Агар мақомоти олии Русия ба ин гуруҳи мардумаш гӯш дода, муҳоҷиронро аз кишвар берун кунад, бояд аз кишварҳои зери таъсираш низ бигзарад ва аз онҳо дигар манфиат наҷӯяд."

Соҳибёри Толиб бар он аст, ки дарди миллатгароӣ на фақат дар русҳо, балки дар дигар мардумоне, ки дар ин кишвар зиндагӣ доранд, фаро рафтааст ва раҳбарияти ин кишвар дар ҳоли номуайянӣ қарор дорад, ки рушди ояндаи ин кишварро танҳо бо миллати рус таъмин созад, ва ё бо ҳамдастӣ бо дигар мардумони ин кишвар: "Мо ҳукм карда наметавонем, ки танҳо дар байни русҳо миллатгароӣ шиддат дошта бошад, балки ба назари ман  миллатгароӣ дар Русия мушкилоти сиёсии умумимиллист. Зеро ҳар миллате, ки дар Русия нуфуз пайдо кардан дорад, миллати дигареро фишор меоварад ва ба рушди якдигар халал расонидан як кори маъмулӣ гаштааст. Он барномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Русия ба зидди миллатгароӣ роҳандозӣ гаштааст, фикр мекунам, ба қавли худи русҳо  "ради галочка" аст. Зеро чунин менамояд, ки ҳанӯз дар сатҳи давлатдорони Русия ба хулосаи ҷиддие наомадаанд, ки ояндаи Русия танҳо дар дасти русҳо мемонад, ё ҳамроҳ бо миллатҳои дигар. Балки аз шеваи сиёсатмадорони рус чунин бармеояд, ки мехоҳанд, кишварҳои зери таъсирашон ва мардумони ҷумҳуриҳои тобеъи ин кишвар Маскавро гӯш кунанд, аммо ҳаққи худро беш талаб нанамоянд. Дар ҷаҳони имрӯз натиҷаи чунин шеваи муносибат, дар ниҳоят номуваффақ мондан аст".

Коршинос: "Таҳқиру латукӯби муҳоҷирон  кам шудааст"

Ва аммо Гавҳар Ҷӯраева, коршиноси тоҷики масоили муҳоҷират мегӯяд, қаблан ихтиёриёни созмони онҳо баъд аз ин гуна тазоҳурот ҳолатҳои дарафтодани миллатгароён ба мардуми омада, ба хусус ба муҳоҷирини меҳнатӣ аз Осиёи Марказиро, ба қайд мегирифтаанд, ки феълан ба андешаи ӯ хеле коҳиш ёфтааст: "Бояд иқрор шуд, ки имрӯз ҳолатҳои мавриди таъқибу латукӯби муҳоҷирин дар замони ҳамойишҳо ва пас аз он хеле кам шудааст. Таҳқиру латукӯби муҳоҷирин хеле сабуктар аз солҳои пешин аст. Эҳсоси ҷавобгарӣ ба рафторҳои худ аз ҷониби миллатгароён дида мешавад. Раҳбарияти ин ҳаракатҳо имрӯз минбари гуфтугуву мубоҳисаҳоро бо намояндагони муҳоҷирин ва созмонҳои ҳомӣ аз муҳоҷирин фароҳам кардаанд. Онҳо қисмате аз пешниҳодоти моро дар хусуси барҳам задани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, кумак барои муҳоҷирин дар масъалаи  риояи тартиби будубошу зист дар кишвари иқомат, расидагӣ ба мушкили муҳоҷирин ва ҷустани роҳи ҳал бо ҳамроҳии масъулини соҳа, сарварони ширкатҳои сохтмонӣ ва сохторҳои тиҷоратиро қабул доранд".

"Моро зи сари бурида метарсонанд…"

Гавҳар Ҷӯраева дар ҳоле аз коҳиши таҳқиру таҷовуз болои муҳоҷирин суҳбат мекунад, ки тақрибан моҳе пеш сари буридаи тоҷикписареро аз даруни ахлотҷо дар Маскав ва танашро дар шаҳри Пушкин, 40 километрии Маскав, пайдо карда буданд ва пулис аллакай гумонбарони қатли тоҷикро даст гирифтааст, ки русписари 27 сола будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳрҳои дигари Русия масъулин ба баргузории намойишҳои миллатгароӣ иҷоза надодаанд ва роҳпаймоиҳои бидуни иҷозаи миллатгароён ба нируҳои пулис бархурданд. Дар Санкт-Петербург-100, Екатеринбург-90, Қазон-54, Нижний Новгород-70 нафар миллатгароёни тазоҳургар, ки бар пулис муқобилият карда буданд, боздошт шудаанд ва тибқи маълумоти расмӣ 50 дар сади боздоштшудагон ноболиғон будаанд.

Мубориза бо рӯҳи падарони шаҳиди хеш

Аз як тараф қадршиносиву ифтихор дар таҷлили рӯзи Ғалаба -9 май, боло бардориву қадршиносии меҳтарони ҷанги алайҳи фашизм, ки русҳо онро як моҳ пеш аз ин санаву як моҳ баъди он бо ғуруру манманӣ таҷлил мекунанд, ва аз тарафи дигар ифтихору гароиши ин мардум ба режиму рафтори миллатгароӣ хоҳу нохоҳ ҳар фарди огоҳро сари андеша мекашонад, ва суоле, ки оё ин мардум худашон медонанд чӣ мехоҳанд(?), матраҳ боқӣ мемонад.

Ва ба гумони ғолиб муборизаи неофашистони рус мубориза бо арвоҳи падарони дар ҷанги зидди фашизм кушташудаи худ, мубориза бо асли худ аст. Магар ғайри ин аст?!

Абӯбакри Файзалӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97