Фоҷиаи ҳукуматдории Черчил, Брежнев, Путин ва демократияи Саакашвилӣ

Иҷтимоъ 03.11.2012 12:53

Ё дунё гузарону кори дунё гузарон...

saakashviliАсри ман донандаи асрор нест,

Юсуфи ман баҳри ин бозор нест!

Чуноне ки мефармоянд "ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст" ва ҳама чиз дар ҳоли тағйир буда, мисли фасли баҳор лаҳзаи пурҷӯшу хурӯши ҷавонӣ аз сар гузаронида, ба ҳамин мазмун инсонҳо ҳам даври рушду такомулеро паси сар намуда ҳаммонанди даврони хазон, хазон хоҳанд шуд.

На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад...

Дар воқеъ ҳар яки мо фурсати вазидан дошта, мисли ғаввоси дарё шӯру ғавғо барпо карда, билохира ба моҷарои рӯзгор яъне ҳаёт сарозер шуда фурӯ меравем. Ҳикмати ҳаёт ҳамеша ин нуқтаро тасдиқ намудааст. Вале мутаассифона на ҳар як фард ва на ҳар як инсон ҷасорати мардонагӣ дорад, то ки дарки зарфияти пирӣ кунад ва мардонавор аз майдони ҳарб ё ки «майкада берун равад». Яъне тавони ҷавонмардона шоистагии шикасти ҳарифи худро дошта бошаду салоҳияти давлату миллатро бо роҳи маслиҳатомез ба фарди ғолиб вогузорад. 

brezhnev_18Агар Брежнев аз худ шаҳомат нишон медод

Агар Леонид Брежневи бузург ҳанӯз дар санаи 1976 заифию нотавонии худро дарк мекарду беҷасоратии худро дида метавонист, ки вай дигар ҳаргиз тавони ба замона ҳангомасозиро надорад ва кафолати давлату миллатро ба нафаре ҷавонтару тавонотар, ки қудрати навоварию ислоҳро дорад мегузошт, дар он сурат мумкин буд, ки давлати шӯравӣ ба рукуд намеуфтоду аз байн ҳам намерафт. Чун муҳаррики ҷаҳони муосир аз суръати рӯшнои дида тундтар дорад ҳаракат мекунад ва на ҳар як фард тавону қобилияти бо замона ҳангомасозиро дорад.   

Черчил бар Ҳитлер пирӯз шуд, аммо интихоботро бохт

Баръакси Брежнев, яке аз бузургтарин сиёсатмадори қарни ХХ сарвазири Бритониёи Кабир Уинстон Черчил, ки дар шумули се фарди бузурги торихии ин кишвар номаш зикр гардидааст, ба хотири заҳмату хиради сиёсиаш, ки тавонист кишвари Бритониёро аз ҳамлаи харобисози Ҳитлер наҷот бибахшад, интихоботи соли 1945-ро бохт, бо вуҷуди он ки ҷанги ҷаҳониро бурид. Вале ба ин бохт нигоҳ накарда, ҳизби сиёсии худро тағйир намуда, дар соли 1951 боз ҳам муваффақ гардид, ки дигарбора ба сари қудрат баргардад. Мутаассифона инCHerchil1 бурд, бохти ҳирфаи сиёсии ӯ буд. Чун таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки ӯ сарвазири замони ҷангӣ буд, сиёсату тактикаи замони ҷангро хуб дарк мекард, вале воқеият ва талаботи замони баъди ҷангиро ба таври ҷиддӣ фаҳм намекард. Чун Бритониёи баъди ҷанги ҷаҳонӣ зарурат ба сарвазире дошт, ки ӯ нозукию мушкили вазъи иқтисодии кишварро тавони баррасию матраҳ кардан медошт. Мутаассифона тарзи фикрронии Черчил як акосияти ҷангӣ дошт ва он ба дарди мардум дар намехӯрд. Гарчанде аламовар ҳам аст, аммо ҳақиқати табиати ҳастии инсонҳо ва ҷаҳони мутағайир ин абармарди торихиро маҷбур сохт то аз саҳнаи сиёсат берун равад, чун ӯ ба зудӣ шоҳиди ҳол гардид, ки дигар ба талаботи замони ҷадид ҷавобгӯй нест ва дар сари қудрат будани ӯ ба ҷузъ монеа барои пешрафту тараққии ҷомеа, чизи дигар нест. Аз ин хотир бо сари баланду кафолати волоияти қонуни кишвар қудратро ба нафаре ҷавонтару тавонотар вогузошт, нафаре, ки барои пешбурди иқтисоди кишвар ва ҳамаи он чолишҳое, ки ҷаҳони муосир тақозо мекард, ҷавобгӯ буд.  

Бозгашти Путин ба қудрат фоҷиа барои Русия ва Осиёи миёна

Ба ҳамин шева метавон замони ҳукуматдории Владимир Путинро ҳам таҳлил намуд. Путин низ дар замоне ба сари қудрат расид, ки Русия хеле заиф буда дар яVladimir_Putinк ҳоли ногувори иқтисоди шикаста баъд аз пошхӯрии шӯравӣ рӯ ба рӯ буд. Фасоде, ки раиси ҷумҳурии собиқ Борис Елсин бо олигархҳои абарқудрат ва инчунин ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби дохили Русияро боқӣ гузошта буд. Аммо Путин то дараҷае ҳам тавонист дар сарнагун сохтани бархе аз олигархҳои дузду саркаш муваффақ гардад ва дубора ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи марказгурезро мутамарказ кунад. Иқтисоди кишварро ҳам то дараҷае бо таваҷҷуҳ ба нархи баланди гозу нафт дар бозори ҷаҳонӣ фаъол карда, мавқеъи Русияро дубора дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари абарқудрат барқарор кунад. Аммо набояд фирефтаи ҳамаи ин дастовардҳо гардид, зеро ки гуфтаанд, "саргарангӣ аз муваффақиятҳо", яъне ин он маъниро надорад, ки дигар Русия моли Путин ё падари Путин гардидааст ва ҳар гаҳ ки бихоҳад ба сари қудрат меояд ё барои дар сари қудрат мондани худ Қонуни асосии кишварро иваз кунад. Ногуфта намонад, ки то интихоботи соли ҷорӣ ӯ яке аз лидерони машҳури баъд аз шӯравии Русия ба шумор рафта, зиёда аз 65 фисади мардум барои ӯ омода буданд, ки раъй диҳанд. Вале имрӯз шуҳрати ӯ аз 49 фисад болотар нест ва аз ин ба баъд поинтар хоҳад шуд. Чунки саргарангии ӯ маҳз аз муваффақиятҳо буд, ва аз ин ба баъд дар сари қудрат мондани ӯ бар хилофи қонун ва зиёни демократия дар Русия хоҳад буд, ва манфиате ки аз ӯ ҳам бошад барои кишвари Русия, дар ҷуброни демократияи Русия хоҳад буд. Зеро ки Путин ҳам мисли дигар афроди торихӣ нақши худро бозидааст ва аз ҳоло ба баъд раиси ҷумҳур будани ӯ танҳо зиёну хиёнат ба арзишҳои демократӣ ва карахтиву заволи шахсияти худи ӯ асту халос. 

Беҳтар мебуд, ки дигарбора ба қудрат барнамегашт ва ҳамин тур қаҳрамони миллӣ дар тасаввури мардум боқӣ мемонд, вале ба сари қудрат омадани ӯ дубора ба ҷуз зиёни ҷомеъаи мадании Русия дигар чизе нест, зеро ӯ табиатан демократ нест, ва ҳузури ӯ худ монеа барои раванди демократисозии кишвар буда, осеби ӯ на танҳо барои Русия, балки ба тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ ва махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Чун роҳбарони худхоҳи ин кишварҳои хурд ҷавҳарияти офаридгорӣ, худсозӣ ва азнавсозӣ надоранд ва ҳамеша мисли замони шӯравӣ ба Русия ҳамчун бародари бузург менигаранд, то чизе барои дарозумрии режимҳои худхоҳии худ биомӯзанд.

Бохт ё бурди Саакашвилӣ

Баъд аз интихоботи порлумоние, ки дар Гурҷистон баргузор гардид ва яке аз асосгузорони инқилобҳои рангӣ Михаил Саакашвилӣ ғайри чашмдошт мағлуб гардид, ки перомуни ин мавзуъ рӯзноманигор Тина Канделаки дар рӯзномаи "Известия" менигорад: "Саакашвили ҳамчун роҳбарони дар боло ишорашуда то замоне барои Гурҷистон он чи ки дошт дод, ва аз ин ба баъд ӯ манбаъи мушкилиҳои сохтори идоракунии давлат аз қабили; бизнеси ғайримуқаррарӣ, олигархҳои қудратӣ, хабарнигорони сонсурӣ, додгоҳҳои бедодгар, қарзҳои бузурги берунӣ, ҳамоно маоши ночизи нафақахӯрон, ва зиёд чизҳои ногуфта, ки аз ихтиёри Саакашвилӣ берунанд" мебуд. Инчунин муаллиф идома дода мегӯяд, ки ӯ, яъне Саакашвилӣ одат бар он дошт, ки гӯё ӯ номзади алтернативӣ (ҷойгузинӣ) надорад, даъватҳои ӯ дар ҳама мавқеъ суннатӣ буданд. "Агар ӯ набошад, дигар кӣ?". Вале чун бори аввал ҷойгузини воқеъӣ пайдо шуд, ҳеч пропоганда ва ташвиқоте режими ӯро ҳифз карда натавонист.

Михаил Саакашвилӣ дар соли 2003, дар асари таҳрифи натиҷаи интихоботи порлумонӣ аз ҷониби раиси ҷумҳурии он вақтаи Гурҷистон Эдвард Шеварнадзе (собиқ вазири корҳои хориҷии шӯравӣ) ва ҷонибдорони ӯ, дар зери фишори ҳизбҳои оппозитсиюнӣ ва мардуми норизо аз ин натиҷагирии интихобот,  Шеарнадзеро иҷборан ба истеъфо равон карда, ба сари қудрат омад. Саакашвилӣ муҳассили донишгоҳи Амрико буда, зиёд мардум ва махсусан ҳукуматдорони Русия ӯро тарҳи амрикоӣ ном бурданд. Чун Саакашвилӣ аз пуштибонии Амрико дар замони раиси ҷумҳур будани Ҷорҷ Буш хеле бархӯрдор буд ва ҳарчи зудтар берун шудани қушунҳои Русияро аз хоки Гурҷистон мехост, то ки кишвараш ба Иттиҳоди Аврупо (EU) ва созмони паймони Атлантики шимолӣ (NATO) бипайвандад. Ҳукуматдорони рус маҳз ҳамин пуштибонии ҳукумати Бушро сабаби иқдоми ҷанг алайҳи ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ дар соли 2008 медонанд. Ногуфта намонад, ки ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ҳанӯз баъд аз пошхӯрии давлати шӯравӣ, ки дар он замон қисмати Гурҷистон ба шумор мерафт, соҳибистиқлол гардид, вале давлати Гурҷистон ҳаргиз ин ҷудоиталабии онҳоро эътироф накард, ва дар моҳи августи соли 2008 мехост бо як ҳамлаи бехотир ин қисматро дубора зери тасарруф дарорад, вале чун ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ аз давлати Русия пуштибонӣ медиданд, бо кумаки қушунҳои Русия муваффақ гардиданд, то ки дубора истиқлоли миллии худро ҳифз кунанд.

Аммо бояд зикр намуд, ки Саакашвилӣ ба роҳбарияти Гурҷистон дар замоне расид, ки кишвараш аз дидгоҳи Фасоди Байналмилалӣ яке аз фасодзадатарин кишвар дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ ва умуман ҷаҳон ба шумул мерафт. Вале ба ӯ муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи ин фасодзадагиҳоро барҳам зада, Гурҷистонро ба як кишвари росткор (ғайри фасод) на танҳо дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, балки дар ҷаҳон муаррифӣ созад ва то ҷое ки собиқаи ӯро зиёд кишварҳои ҷаҳон омӯхтаву ба кор бурдаанд. Албатта чуноне ки худи ӯ иқрор аст, "демократия ё мубориза бо фасод, кори саҳл нест ё ки амали як солу даҳсол нест, балки ин амали ҳамарӯзаи ҳар як фарду ҳар як кишвар аст". Вале хушбахтона ба ин амал, дар як муддати на он қадар тӯлонӣ, дар муддати панҷ - шаш соли раиси ҷумҳурӣ буданаш муяссар гардид. Ва аз ҳамаи ин дида амали беҳтарини ӯ, ки муваффақ гардидан ва амалӣ сохтани демократия аст, дар торихи халқу ватани худ ва умуман ҷаҳони муосир ҳамчун намунаи дастоварди нотакрор боқӣ хоҳад монд. Ба ҳамаи каму костагии роҳбари давлат буданаш нигоҳ накарда ҳамин амалаш, беҳтарин ва ҷавонмардонатарин амале хоҳад буд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист кишвари фасодзадаи худкома ва авторитариро ба як кишвари пешрафтаву демократӣ табдил диҳад. Ин аст амали нек ва марди савобкӯш, ки кори хайреро барои наслҳои оянда мерос мегузорад. На мисли Путинҳо, ки дигар аз худ пайғамбартарошӣ карда, ҳамин тур вонамуд мекунанд, ки гӯё агар онҳо набошанд, дигар гардиши чархи гардун таваққуф мекунад. Умедворам ин таҷрибаи хеле хуби фарҳангию сиёсӣ барои рушди демократия барои бақияи кишварҳои минтақа дарси ибрат хоҳад шуд. 

Дагӣ Дагиев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97