ХОНАЕ, КИ СӮЯШ МЕШИТОБАМ

Иҷтимоъ 24.10.2012 19:05

(Манзили Тоҳири Абдуҷаббор муқаддас аст, ҳамон гуна ки худи ӯ буд)

ToiriБа чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Бад-ин ошкорат бубин ошкор,

Ниҳонетро бар ниҳонӣ гумор.

                    (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Миллат ва пешво

Ҳақ бар ҷониби падари шеъри мост, зеро дарвоқеъ ҷамъияти инсонӣ худ як равише, муносиботе мебошад, ки ин ҷараёнро инсон бояд ба чашми дил ва ё ақл бубинад ва таҳлил кунад, зеро чашми сари ӯ қудрати дидани нуҳуфтаҳои ин табиат ва ҳаётро надорад.

Дар раванди ташаккули ҷамъият инсон мекушад, талаботи ҳарлаҳзаинаи хешро қонеъ гардонад ва аз ҳар гуна неъматҳо баҳравар гардад. Инчунин инсон натиҷаи фаъолиятҳояшро ба сӯи манфиатҳои хеш равона сохтааст.

Чуноне ки мусаллам аст, ин ҷараёни басо мураккаб ва пур аз ҳодисоту муборизот аст ва дар ин маром инсонҳое дар байни мардум бояд арзи ҳастӣ кунанд, ки равшангари роҳи мардуми хеш ва ба қавле мушкилкушои мардумашон бошанд. Чунин инсонҳо маъмулан сарсупурдаанд ва ба қавлу вазифаҳои инсонии хеш содиқ мемонанд, инчунин онҳо на барои худ, балки барои дигарон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

Дар ин маром бешубҳа мо метавонем ба мақоми чунин инсонҳои беназир пеш аз ҳама фарзанди сулолаи ғурур (таъбири Р. Давлат) ва озодӣ, чеҳраи намоёни сиёсат ва иқтисод дар авохири садаи бистум ва оғози қарни бисту якум, муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон, раҳбари Ҷунбиши мардумии Тоҷикистон - созмони "Растохез" устоди гиромӣ ва зиндаёд Тоҳири Абдуҷабборро сазовор донем.

Бузурге аз чашмони кӯчак

Ба андешаи ман, дар бораи устод Тоҳири Абдуҷаббор ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар як тоҷик навобаста аз касбу кор ва маҳалли зоду зист метавонад чизе бинависад ва ё изҳор кунад, зеро номи устод Тоҳири Абдуҷаббор ва Тоҷикистон дар ҳамдарҳамӣ ногузир аст. Шахсан ман донишҷӯй ва корманди риштаи тибб ҳастам ва бо ифтихор ба навиштани порае дар хусуси устод Тоҳир хома ба даст гирифтам, зеро ман ҳамнишин, ҳамнафас ва дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ ҳамхонаи устод будам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ин ҳамнишинӣ маро водор месозад, ки чизе дар хусуси устод Тоҳир баён кунам, зеро ман ҳам аз ҷиҳати ақида ва ҳам аз ҷиҳати масофа ба устод наздик ва пайрав будам.

Ман устод Тоҳирро аз синни наврасиам аз забони волидон ва наздикону пайвандонам мешунидам ва дар тасаввури ман қиёфаи як шахси фозил, оқил, ориф, миллатдӯст ва меҳанпараст, донишманд бо ҷаҳонбинии васеъ, чуноне ки дар дарсҳо устодон дар бораи корнамоӣ ва ҷоннисориҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ ҳарф мезананд, намудор мешуд ва вақте бо худи устод Тоҳир моҳи июли соли 2007 дар Душанбе рӯ ба рӯ шудам, ба ин гуфтаҳо бо эътиқод бовар кардам.

Ҳамчунин аз амакам яке аз хабарнигорони маъруф ва шахсияти барӯманди минтақа Насибҷон Амонӣ дар деҳаамон Ашт, дар ҳар гуна нишастҳои шахсони зиёӣ маълумоти фарохтаре дар бораи устод Тоҳир мешунидам, ҳисси ифтихор аз чунин шахсияти беназир дар кишварамон ва муҳаббатам нисбати ин бузургмард меафзуд.

Дидорбинии мо дар ҳамон манзиле ба вуқуъ пайваст, ки он ҷо ман бо устод давраи довталабӣ ба Донишгоҳи тиббӣ ва ду соли донишҷӯиямро аз сар гузаронидам ва аз ин ифтихори бузург умре аз тақдир сипосгузорам.

Инсон дар ҳаёти худ баъзе санаҳои таърихии фаромӯшнашаванда дорад, ки ин рӯзҳоро вай ба хотири як аломати мусбиашон, ки нақши муҳим дорад, дар зеҳни худ ҷой медиҳад. Масалан, рӯзи тавваллуд, рӯзи гузоштани қадами нахустин ба дабистон, саннаи шинохти дӯсти аввал, устоди аввал, рӯзи хатми мактаб, лаҳзаи Савганди низомӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар басо дилнишин ва фараҳбахшанд. Дар баробари ин барои инсон вохӯрӣ бо як олим, шоир, пешво ё рӯшанфикр низ басо хотирмон аст, ҳамон тавре ки вохӯрии аввалинам бо устод Тоҳир барои як умр дар хотирам нақш бастааст.

Дидори нахустин бо Устод Тоҳир

Тавре ки дар боло зикр кардам, ман баъд аз роҳпаймоии тӯлонӣ бо ағбаву нақбҳои куҳистони кишварамон аз Хуҷанд ба пойтахт Душанбе расидам ва дар манзиле, ки баъдан бо устод ҳамхона шудам,  устод Тоҳирро пайдо кардам. Тобистон буд, ҳавои гарму тафсони Душанбешаҳр, устод дар ҳуҷрае, ки худи вай интихоб карда будааст, саргарми коре буд ва маро бо як муҳаббат ва самимияту эҳтироми тоҷикона ва орифона пазиро шуд. Дар ҳуҷраи Устод ба ғайр аз як мизи компютер, як ҷевон ва миқдори зиёди китобу дастнависҳояш чизе ба назар намерасид (мутаассифона ин аз одатҳои мардумии мо аст, ки ба ҳар сӯ нигоҳ кардам). Вай монанди инсонҳои сарватманду доро хонаро аз ҷиҳозу қолинҳои рангоранг пур накарда буд, ки ин шаҳодати файласуфона ва орифона зиндагӣ кардани устодро медод. Дар ҳамин маврид устод аз таассуроти ман пай бурд, ки худ гуфт: "Манзили мо гарчанде  танг аст, дили тоҷиконаи мо монанди дарёҳои паҳновару куҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон васеъ аст, зеро сарзамин сарзамини ориёӣ аст". Ман ҳам дар навбати худ зери лабханд дуруст будани сухани Устодро тасдиқ кардам.

Баъди ҳолу аҳволпурсӣ мо ба суҳбат оғоз кардем. Устод аз ҳадафҳоям пурсон шуд. Баъд аз шунидан он ки ман соҳаи тибро интихоб кардаам хеле шод шуд, ва дар ҷомеа мақоми хос доштани табибро қайд кард, инчунин дар ҳаққи нобиғаҳои оламшумули тибби миллатамон ёдовар шуд. Устод суоле чанд аз кимиёву биолоҷӣ дод. Медидам, ки устод Тоҳир агарчи иқтисодшиноси бузург буд ва касби худро ба дараҷаи баланди профессионалӣ медонист, кимиёву биолоҷиро низ на кам аз муаллимон медонистааст. Дар ин маром ман ба истеъдоду дониши фароху ҷаҳонбинии бепоёни устод Тоҳир бори дигар боварии комил пайдо кардам. Ман ситоиш намекунам, хонандаи киромӣ, вале воқеан суханҳои устод саршор аз фикру андешаҳои гуманистӣ, меҳанпарастӣ ва волоии шарафу манзалати инсон дар ҷомеа ва сифатҳои беҳтарини инсонӣ буданд, ки ин таассурот ба ман дар нахустин суҳбат бо устод пайдо гардид.

Устод Тоҳири Абдуҷаббор ва Истиқлоли Тоҷикистон

"Истиқлол - ин зистан дарқконуни навиштаи хеш аст, вақте инсон ба қонуни навиштаи дигарон зиндагӣ мекунад, истиқлол надорад." Ин суханҳои бузург ба зеҳн ва қалами худи устод Тоҳири Абдуҷаббор мутааллиқ аст, зеро як мавзуъи бузурги раванди эҷодиёт ва фаъолияти устод Тоҳир ин мавзуъи "Истиқлолияти комили Тоҷикистон" буд.

Чун мо ҷавонони имрӯзин, замони ҳодисаҳои тақдирсози миллатамон ба монанди Эъломи Истиқлоли Тоҷикистон наврас будем, надидаем, ки он рӯзҳо Тоҳири Абдуҷаббор чи ҷонбозиҳо кардааст, вале як қатор мавод, маълумотҳо нишон медиҳанд ва бо шарофати як қатор хабарнигорони номии кишварамон мо аллакай медонем, дарк мекунем, ки воқеан устод Тоҳири Абдуҷаббор сад дарсад ҷонибдор ва бунёдгузори ақидаи Истиқлолхоҳӣ буд, ки ба ӯ номи "Меъмори Истиқлоли Тоҷикистон"-ро муносиб донистанд ва бо ин ном китобе ба шарафи ин бузургмард  нашр шудааст.

Ҷавонони Тоҷикистон фаҳмида истодаанд ва дар ояндаи наздик саросар хоҳанд фаҳмид, ки Тоҳири Абдуҷаббор кӣ буд ва ба кадом корҳо машғул буд, оё дӯсти мардуми тоҷик буд ё каси дигар ва ё каси сеюм... Ва дар навбати худ онҳо хоҳанд фаҳмид, ки Устод Тоҳири Абдуҷаббор нафақат аввалин ташнаи Истиқлол, балки бунёдгузори ғояи Истиқлол ва Истиқлолхоҳӣ ва махсусан муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон буд.

Агарчанде ӯ буд поягузори гояи Истиқлол, вале боре хам дар ҷашну сурури ин санаи муборак иштирок накард. Ва боре 09.09.2008с. бегоҳӣ буд ва ба устод гуфтам: рафтем ба кучаю хиёбонҳои шаҳр, одамони зиёде ҷам омаданд, имрӯз ҷашни бузргтарин аст бо номи Истиқлол ва устод дар ҷавоб зери лабханд гуфт: "Бубин, ба Раҳматкарим як чиз ваъда кардам, ки то субҳ бояд омода кунам ва ҳоло машғули ҳамин корам". Бубинед, Устод Тоҳир иҷрои ваъдаву қавли инсониро аз ҳар намуд фароғат ва туйу ҷашн воло медонист.

Зиндагии пуршараф бо фарзонамард

Ӯ ба ғоят шуҷоъ ва мардона ва оқилу фарзона буд.

Касеро, ки роҳе ба фарзонагист,

Гузаштан зи инсоф девонагист.

                                                 Бедил

Оре, албатта ҳамроҳи як олим, файласуф ва ҷомеашиноси маъруф зистанро шояд ҳар як инсон орзу кунад, вале ман ҳоло дар давраҳои толибилми мактаб буданам дар бораи дидан бо устод Тоҳир нафақат орзу мекардам, балки дар куҷо будан ва ба кадом фаъолиятҳо машғул будани устод Тоҳирро суроғ мекардам, ва аз азоёни Созмони Растохез дар ноҳияи Ашт пурсон мешудам. Баъди шунидани он, ки ин бузургмард дар хориҷи кишвар аст ва кулли маҳсули кори ӯ ба манфиатҳои миллии он равона шудааст бисёр дилгир

шуда будам.

Фазилату бузургии устод боз дар он таҷассум мегашт, ки ӯ инсони якрӯву якҳадаф буд. Ҳар вакт ва дар ҳар куҷо устод Тоҳир ягона манфиатҳои миллӣ ва ҷомиаро ҳифз мекард ва боре ҳам дар бораи даромадҳои иқтисодӣ ва суду зиёни худ ба касе чизе намегуфт ва аз норасогиҳояш ягон бор нанолидааст. Агар ягон мушкили ҳаётии рӯзмарааш вазъияташро танг созад инро ҳамчун мисол мегуфт ва зуд қайд мекард, ки ин мушкил дар мардуми мо зиёд ба назар мерасад инчунин қайд мекард, ки ин проблема бояд роҳи ҳалли худро ёбад. Устод инсони комиле буд, ки барои вай дороиву сарват, пулу чиз арзише надошт. Устод замони бемориаш, гарчанде, ки чеҳрааш аз тарафи рост зери дарди шадид қарор дошт ва ҳатто даҳонашро бо душворӣ бозу баста мекард, кушиш мекард ба касе шикоят накунад ва барои дигаре бори зиёди шуданро намехост.

Шахсан ман бисёр чиҳатҳои одоби муоширатро ба дараҷаи максималӣ аз Устод Тоҳир омухтаам, ки у фалсафаи ин чизҳоро хуб медонист.

Устод Тоҳир ва забони форсии-тоҷикӣ

Бисёре аз одамон (мо низ аз он ҷумла) дар назди наворҳои телевизиюн ва дар минбарҳо ҳангоми баромадҳояшон камубеш бо забони адабии тоҷикӣ сухан мекунанд, ва вақте ки онҳо ба хилватгаҳҳояшон мераванд боз бо лаҳчаҳои ҳаргунаи нофаҳмои худашон гап мезананд. Ин хислатҳо дар устод заррае ҳам дида намешуд. Ӯ дар ҳама ҷо, дар хона низ, дар сари дастурхон ва дар ҳини суҳбатҳояш бо ман бо забони адабии ноби тоҷикӣ-форсӣ фикру андешаҳояшро баён  мекард. Устод Тоҳир чун бо лаҳни ширин ва шеваи равони тоҷикии форсӣ сухан мекард, ӯ ба ҳамагон фаҳмо буд ва зуд устод Тоҳир ба ҳамагон писанд меомад. Гузашта аз ин боре, ҳамсабақонам аз Афғонистони шимолӣ (тоҷикони Афғонистон) ва чанд бачаҳои ба қавле ҳамшаҳриҳо чаҳор нафар ба муносибати зодрӯзи ман ба хонаи мо омада буданд. Баъд аз шиносоии онҳо бо устод ман хостам барошон чой биёрам ва ба ошхона рафтам, бо чой баргаштам, ки онҳо ҳама гушу ҳуш ба устод буданд ва онҳо ба ману зиёфати ман дигар диққат намедоданд, зеро устод бо онҳо саргарми суҳбат буд. Устод Тоҳир дар суҳбат бо ҷавонони меҳмон мегуфт: "Афғонистон як кишвари афсонавӣ аст. Ин кишвари бародарии мо бо мардуми ҷасуру ғаюраш сад дар сад зебандаи инкишофу ободиву озодӣ аст. Худо хоста бошад, ки дар ояндаи наздик тарафҳо дар Афғонистон созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ мекунанд то, ки барои пойдевори густариши илму фарҳанг дар Афғонистон хиштҳои ҷовид бигзоранд".

Дарси фазилат ва каромат аз устод Тоҳир

"Аз фазилати адолат ҳамин нукта бас аст, ки одил маҳбуби ҳамаи мардумон аст."

                                                                                                                        "Ахлоқи Муҳсинӣ"

Устод Тоҳири Абдуҷаббор инсони некрой ва нексират буданд, зеро натиҷаи ҳар як амалашонро бо таассуроти мусбӣ интизор мешуданд. Мегуфтанд, ки "Некӣ амалест, ки фарҷомаш рӯшноӣ, ва дар муқобили он амали бад натиҷааш торикиву зулмот аст. Акнун биёед худ хулоса мебарорем, ки баромон рӯшноӣ беҳ аст ва ё зулмот - ҳатман рӯшанӣ. Ва ба ҳамин хотир некиро бояд шиори зиндагии худ бигӯем."

"Дар кори хайр биштобед. Дар кори хайр маътал накунед (яъне фурсатро ғанимат шуморед) ва ҳарчи кори хайр кунед, ки агар таъхир кунед, сустӣ кунед, фурсатро аз даст хоҳед дод ва шояд фурсати дигаре нахоҳед ёфт барои кори хайр кардан. Зимнан , кори хайр кардан фалсафаи зиндагист. Яъне матои (ночизу камдавоми) умрро нашояд ба чуз аз кори хайр ба корҳои дигар ва беҳуда гузаронд. Ин суханони пурбор низ ба қалами Устоди гиромихотир Тоҳири Абдуҷаббор тааллуқ дорад.

Маризии ногаҳонӣ ва ғафлати тиб

Устод Тоҳир меарзид, ки умри дарозу пурбаракате медиданд, вале хоки ташнаи сарзамини Тоҷикистон ҳам монанди мардумаш ниёз ба инсони нек доштааст, ки зуд Устоди бузургамонро аз мо дур кард ва ба канори худ гирифт. Бемории ғайричашмдошти саратон дар вуҷуди Устод дарак дод, ки ҳоло илми тиб бо ин ҳама пешрафташ роҳи мукаммали ҳалли ин маразро ошкор накардааст.

Охирҳои моҳи августи соли 2008 ман аз Ашт ба Душанбе баъди таътил баргаштам. Дар манзиламон Устод бо ҳамон табъи болида ва сурури беандоза маро пазиро гашт. Баъд аз пурсу пос ба дастурхон нозу неъмати деҳотӣ гузоштам ва ҳар дуямон чой нӯшида ба қавле суҳбати дӯстон кардем. Дар рафти суҳбат Устод гаҳ - гаҳе тарафи рости чеҳраашро ламс мекард ва ин ҳаракатҳои дастонаш ғайримаъмулӣ буданд. Ман, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ будам (ва ҳоло ҳам ҳастам) зуд аз нороҳатии устод пай бурдам ва пурсон шудам. Устод дар ҷавоб табассумомез гуфтанд, ки тобистон, худат медони - ку, набераҳо омада буданд, ҳангоми сайру гашт дар боғу хиёбонҳои фароғатии шаҳр мо зуд-зуд аз ҳамон нӯшобаҳои хунуки фурӯшӣ менӯшидем. Боз набераҳо, ки хурдсоланд, айнан аз ҳамон яхдонҳо нӯшобаҳои ташнашикани хунукашро интихоб мекарданд, ки ман ҳам зиёд истеъмол кардам (механдад). Шояд аз таъсири ҳамон бошад, ки гӯлуву гӯшам дард пайдо кард.

Боре чанд бо худ ба беморхона назди пизишкон бурдам, муроҷиат кардем. Вале сад афсус, ки ташхиси саҳеҳи клиникиро пизишкон сари вақт пайдо карда натавонистанд. Рӯз аз рӯз дарди устод зиёд мешуд ва маълум буд, ки беморӣ низ авҷ мегирифт. Ман ҳам аз ин дарди Устод Тоҳир хеле ранҷур будам, вале чун худи устод манро огоҳ карда буд, ки ман дар ин бора ба ҳеч кас нагӯям, ва ман ҳам аз гуфтаи вай набаромадам, чуноне, ки гуфт, ҳамонро кардам. Бо ин мақсад устод намехост, ки ҳеч кас аз  маризии вай бохабар гардад, нороҳат шавад. Баъдан устод, ки худ пурхур набуд ва ғизои зиёд намехост, баъди маризӣ қариб, ки пурра аз хӯрок рӯй гардонид ва ҳеч иштиҳое надошт. Шабҳо маротибае чанд муроҷиат мекардам, гоҳе хоҳишу ва гоҳе ҳатто маҷбур мекардам, то ғизо бихӯрад, ва устод хоҳиш надошт, ки надошт.

Ман бори дигар ба сарсупурдагӣ ва ба фидоӣ будани Устоди маҳбубам ҳатто дар ҳайрат мондам, зеро боре саҳарӣ буд, соатҳои тақрибан 7 00, вақте ки устодро дидам, чун ҳарвақта ба кор омодагӣ мебинад. Чун шаби дароз ӯ аз дард азият дида буд ва саҳарӣ ҳам дардаш давом дошт, ман хостам монеъи ба кор рафтани устод шавам. Гуфтамаш, ки дар хона бимонад ва ҳаддалимкон шир бинӯшад (чун вақтҳои ахир хӯрок хӯрданаш ҳам хеле мушкил буд). Устод дар ҷавоб гуфт: "Дар донишгоҳ шумораи устодоне, ки лексия мехонанд, хеле каманд. Мулло! Агар наравам, намешавад, шояд ҳозир шогирдон мунтазири ман бошанд, ду бахши аввал лексия дорам, бинобарон ту ба ман зиддият нишон дода наметавонӣ. Агар ман бемор бошам, ҳоло роҳ гашта метавонам ва ба ғайр аз ин ману сад ҳамчун ман қурбони донишомӯзии як донишҷӯи тоҷик бошад". Ман дигар ҷавобе наёфтам. Дигар дар ҳайрат будам.

Ҳамин тавр зиндагии сангин ва дардноки устод Тоҳир давом мекард ва ӯ ҳеч гоҳ аз мударрисиву мақоланависӣ ва чанд корҳои нек даст намекашид.

Дӯстон, наздикон ва шогирдони Устод боре мусоидат карданд, ки Устод то Теҳрон барои табобат рафт ва натиҷа ба ҳамагон маълум аст...      

Мактаби Тоҳири Абдуҷаббор фалсафаи зиндагии пок, озодӣ  ва мардонагӣ

Тавре зикр кардам, Устод Тоҳир натанҳо дониши амиқи профессионалӣ доштанд, балки устод як намунаи инсони комил, фориғ аз ҳама иллатҳои нафсонӣ, ки дар вай ҳар як намунаи хислатҳои наҷиби инсонӣ, поктарин фазилатҳо муҷассам буд. Шахсан ман ҳамнишин ва ҳамхонаи устодам, ки дар ҳамин манзил ҳоло ҳам сукунат дорам, то устод Тоҳир ва баъд аз вай тоҳиреро нашинохтаам, ки ҳадалимкон қиёси устоди ман бошад. Фалсафаи устод Тоҳир ин қавонини ҳамаи амалҳои нек ва таҷассумгари фазилати наҷиби инсонист, зеро ҳар касе, ки ба зиндагӣ ва мактаби устод Тоҳир назаре мекунад, баъдан аз ҷаҳони маънавии ин бузургмард бархӯрдор мегардад ва ӯ метавонад аз ин маънавиёт баҳрае бигирад. 

Апрели 2009 бароямон замони басо гарон ва руҳияаш торик буд

Рӯзи 21 апрели соли 2009. Пас аз дарс ба хона бармегаштам. Ман равонаи ҳамон манзиле будам, сӯи ҳамон хонаи Устод мешитобидам, гӯиё мисли ҳарвақта устод маро дар хона бо ҳамон чеҳраи пуртабассум мепазирад ва ҳамон суханҳои ширине, ки дошт, мегӯяд: "Ҳа Мулло Масрур... чи тур? Хуб ҳастӣ? Кӯча хайриятист?" . Ва ман дар ҷавоб: "Қарору қарорист" -мегуфтам. 

Соат тақрибан 16 00 буд. Дар микроавтобуси хатсайри №22, ки мо роҳ мерафтем, ба воситаи радиё хабар доданд, ки Устоди бузургамон, муаллифи эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон, иқтисодшиноси маъруф Тоҳири Абдуҷаббор даргузашт. Вай нафаси вопасинашро дар зодгоҳаш рустои Ашт кашид ва барои абадият моро падруд гуфт...

Ҳамон лаҳза бароям лаҳзаи ғамангезтарин буд. Дунё дар назарам торик шуд. Зуд-зуд чеҳраи пурнури устод бо ҳамон лабхандҳои эҷодкоронааш дар назарам намудор ва нопадид мешуд. Барои ман шунидани ин хабар хеле гарон ва аламовар буд. Гиряамро то хона дошта натавонистам ва ашк аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ гашт. Баробари ба хона даромаданам, фарёд кашидам ва оҳи сард аз дил берун андохтам, вале дигар фарёд кашидан суд надошт, дер шуда буд ва ман устодамро барои ҳамеша аз даст дода будам.

Марде бо вусъати ҳамаи рӯзгор рафт,

Нақши баҳор мондаву бӯи баҳор рафт...

Нақши Устод Тоҳир барои имрӯзиён

Имрӯз мо дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон зиндагӣ мекунем. Аз байни кӯчаву хиёбонҳои Душанбе вақти гузаштан мо аз файзи Истиқлол ҳаловат  мебарем. Агар ки чунин аст, агар ки бароямон ин хона азиз аст, пас мо набояд меъмори ин хонаро фаромӯш кунем. Мо натанҳо бояд устод Тоҳирро фаромӯш накунем, балки ӯро бузург шуморем ва аз мактабу фалсафааш донаҳои ҳосили маърифат ва маънавият бардорем. Ман боварии комил дорам, ки дар ояндаи наздик доираи шахсҳое, махсусан ҷавононе, ки устодро мешиносанд ва хоҳанд шинохт зиёд хоҳад шуд. Дигар шинохти ӯ дар ин ҳуҷраи кӯчаку назарногири мо боқӣ нахоҳад монд.

Ман ҳар рӯз баъд аз кору дарс ба ҳамон манзил, ба ҳамон манзили устод равона мешавам, ба ҳамон хона мешитобам, зеро дар ин хона фазои Тоҳирӣ вуҷуд дорад.

Масрур Амонӣ, донишҷӯи курси 6-и ДДТТ,  Душанбе 2012

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97