Сад соли дигар дар интизори Раббоние дигар

Иҷтимоъ 07.10.2012 17:29

Rabbani_0201Дар ёдбуди Устод Бурҳониддини Раббонӣ, ки шоми 24 сентябр  дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар солгарди террори ин абармард баргузор шуд, аз Устод Раббонӣ ба унвони яке аз поягузорони сулҳи Тоҷикистон ёд шуд.

Эркин Раҳматуллоев, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури равобити байналмилалӣ, шоми 24 сентябр, дар маросими солгарди террори Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Душанбе баён кард: "Маҳз Устод Раббонӣ хишти аввалро дар бинои сулҳи Тоҷикистон гузоштааст. Дар 17 майи соли 1995 ба ибтикори Устод Раббонӣ дар шаҳри Кобули ҷангзада дидори нахусти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари мухолифон, баргузор шуд ва ин ду нафар ба ҳам дасти дӯстӣ дароз карданд." Ба гуфтаи Эркин Раҳматуллоев, Президент Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар муддати се соат дар толори Арки шаҳри Кобул бо ҳам танҳо ба танҳо суҳбат кардаанд. Дар поёни ин дидор Э. Раҳмон ба устод Раббонӣ гуфтааст: "Бо мадади Худованд ва кумаки Шумо ба Тоҷикистон сулҳ хоҳад омад."

Барои аввалин бор раҳбарони ду ҷиноҳи мухолифи Тоҷикистон дар шаҳри Кобул ба ҳам даст додаанд, ки ин амр роҳро барои идомаи муваффақи музокироти сулҳ ва дар ниҳоят, имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав дар моҳи июни соли 1997 боз кардааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит, аз чеҳраҳои саршиноси ИНОТ, ки аз ҷумлаи он касоне буд, ки дар музокироти сулҳ дар Хусдеҳ, дар шимоли Афғонистон, дар соли 1995 ширкат дошт, низ ба нақши бузурги Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Афғонистон, дар дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти сарбаландонаи мухолифон аз Афғонистон ба ватан дар ин шом таъкид кард: "Мо ҳеч гоҳ хидматҳои устод Раббонӣ ва омир соҳиб Аҳмадшоҳи шаҳидро фаромӯш намекунем, зеро дар замоне, ки беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон буд, ва ман ҳам яке аз ин садҳазор будам, маҳз бо кумаки ин ду абармард муҳоҷирон паноҳгоҳ ёфтему ба сулҳ расидем ва сарбаландона ба Ватан баргаштем. Мо тоҷикон як умр мадюни хидматҳои онҳоем".

Ӯ афзуд: "Дар музокироти Хусдеҳи Афғонистон ширкат доштам. Устод Раббонӣ моро водор ба сулҳ кард. Ӯ мегуфт, нагузоред Тоҷикистон ба Афғонистон мубаддал шавад."

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, бо таъкиди он ки Бурҳониддини Раббонӣ на танҳо аз поягузорони сулҳи Тоҷикистон буд, гуфт, ки ӯ қосиди сулҳ дар минтақа низ буд: "Устод Раббонӣ ба ҳайси раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон барои ба ҳам овардани гуруҳҳои мухталифи Афғонистон бо намояндагони ҷунбиши Толибону Гулбиддин Ҳикматёр музокира кард. Ҳарчанд медонист, ки музокира бо онҳо душвор ва ҳатто номумкин аст. Билохира, аз дасти қотиле, ки худро қосиди сулҳ муаррифӣ карда буд, кушта шуд."

Қосимшоҳ Искандаров устод Раббониро шабеҳи пули иртиботӣ миёни ақвом, аҳзоб ва гуруҳҳои сиёсии Афғонистон хонд, ки дар бештари қисматҳои ин кишвар маҳбубият дошт.

Ба таъкиди раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон пас аз ба шаҳодат расидан ҷанозаи Раббонӣ ғоибона дар ҳамаи қисматҳои Афғонистон хонда шуд. Ва ин шаҳодат аз бузургии ӯ, эҳтироми ӯст. Касоне ӯро шаҳид карданд, ки ба истиқрори сулҳ дар Афғонистон манфиъатдор нестанд.

Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, ки устод Раббонӣ аз мухолифони сарсахти ҳамалоти интиҳорӣ дар кишварҳои исломӣ буда ва дар ҳамоиши "Бедории исломӣ" дар Теҳрон пешниҳод кард, то олимони ислом ҷамъ шуда, сари ин падидаи номатлуб фикр кунанд. Зеро мусалмонон, мардуми бегуноҳ аз дасти интиҳориҳо кушта мешаванд. Аммо худаш аз ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, низ аз қавли Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ҳамалоти интиҳорӣ ба эътибори ислом дар ҷаҳон латма мезанад: "Ҷиҳод дифоъ аз ҳувияти таърихӣ ва фарҳангии як кишвар аст ва муҷоҳид онест, ки аз тамаддуни башарӣ ва сулҳ дифоъ мекунад."

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат" зимни суханронӣ дар ин маҳфили ёдбуд гуфт, қатли устод Бурҳониддини Раббонӣ як тарҳи қаблан таҳрезишуда буд, қотилон сипари сулҳро шикастанд, то минтақаро ноором бисозанд: "Бо гузашти як сол аз марги пурфоҷиаи Устод Раббонӣ ҳанӯз ҳам қотилони ӯ ифшо ва боздошт нашудаанд, агарчӣ сояи анбуҳу манҳуси онҳоро мо ҳоло дар рӯёрӯи худ мебинем ва ин лашкарии ҷаррори ҷомаи интиҳорӣ бар тан  ҳарчӣ бештар ба марзҳои мо наздиктар меоянд".

Ба гуфтаи ӯ, устод Рабонӣ барои Тоҷикистону Афғонистон нобиғае буд, ки ҳар ду кишвар садсолаҳо дар интизори зода шудани инсоне чун ӯ хоҳанд монд.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин маҳфил гуфт, нақши устод Раббонӣ дар пирӯзии муҷоҳидон бар толибон муҳим ва назаррас аст. Ба қавли ӯ профессор Раббонӣ вазифаи иҷтимоии худро хеле хуб шинохта буд.

Замира Буттаева,"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97