Президент, ба Бадахшон биё…

Иҷтимоъ 06.09.2012 15:54

Мо интизори ҳарду Имомем

rahmonov_va_ogokhonСаломи самимона бо сад ҷаҳон нияту умедҳои тозаи зиндагӣ ба падар ва сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон

Амалиёти ҳарбие, ки дар Бадахшон сар зад, ҳалли пурраи худро наёфта истодааст ва бо сохтакориву дасисабозиҳои навбатӣ аз тарафи ҳарбиҳо ва баъзе аз ҳукуматдорони дасисабози маҳаллӣ ба мӯҳлати номуайян рӯйпуш гардиданист.

Банда, 12.07.2012 назди президенти Академияи илмҳо Мамадшо Ҳилолов даромадам ва арз доштам, ки Президентро охиран маҷбур месозанд, то ба Бадахшон қувваи ҳарбӣ ворид шавад.

Яке аз сабабҳои асосии ин хулосаи манн, ҷон гирифтани дунёи ҷинояткорон ва ҳамчун бемории саратон паҳн шудани он дар Бадахшон мебошад. Дуюм, ин хешу таборбозии бархе аз мансабдорони давлатӣ ва хазинадорони Имоми Замон, ки ҳар дуяшон (минбаъд ивазнашавандаҳо ном бурда мешаванд- муаллиф) солҳои дароз забон як карда, даст фақат ба ғорати хазинаи давлат ва хазинаи Ҳозиримом мезананд.

Маҳз ҳамин чиз садди роҳи пешравию тараққиёти Бадахшон гардидааст. Ин гурӯҳи одамон ба ғайр аз ғорат, хешу таборбозӣ, ришвагирӣ, бадному яктарафа кардани одамоне, ки дилашон ҳақиқатан ба миллату Ватан месӯзад, дигар ҳунаре надоранд. Мақсаду ҳадафашон низ ҳамин аст, ки Бадахшон аз ин доира набарояд, то ки онҳо "ҷойҳои гарми" худро аз даст надиҳанд.

Аз устод М. Ҳилолов илтимос кардам, ки ба номи Президенти кишвар мактуб нависанд ва намояндаи Ҳозиримом ба номи Волоҳазрат мактуб нависанд, то ки ин ду шахсияти бузурги ҷаҳон дар ҳалли ин масъала як шуда, зина ба зина дар ҳалли ин мушкилӣ чора бинанд, то ки дар оянда ба хунрезӣ наоварад.

"Ивазнашавандаҳо" бо сиёҳ кардани командирҳо бо он, ки гӯё онҳо дар инкишоф наёфтани Бадахшон сабабгоранд, дар ин муддати дуру дароз ғорату беадолатиҳои худро рӯйпӯш карданиянд, чунки ҳар беадолатие, ки аз тарафи "ивазнашавандаҳо" нисбати касе рух медиҳад, ба додаш фақат ҳамин командирҳо мерасанд. Бо бартараф кардани командирҳо дар роҳи ғорату беадолатиҳо барои "ивазнашавандаҳо" дигар монеае намемонад.

Дар он маҳаллаҳое, ки Имум -командир ва Боқир- командир зиндагӣ мекунанд, маводи мухаддир намефурӯшанд, аммо дар маҳаллаҳое, ки таъсири ин командирҳо нест, ин мавод ошкору пинҳон савдо мешавад. Ин аз ҳамкории дунёи ҷинояткорон ва баъзе аз намояндагони мақомотҳои қудратии давлат далолат медиҳад.

Як чизи дигар, вазири мудофиа ҷавононро "кучка бандитов" ном гузошт, вале ин "кучка бандиов" армияи сеҳазорнафараи вазирро, ки сар то по бо яроқи ҳозиразамон, чархболҳо, Б.Т.Р-ҳо мусаллаҳ буданд, бо миқдори яроқи ночизу кӯҳнаи худ шикаст доданд. Магар ин аз чӣ дарак медиҳад? Бархе аз мақомдорони қудратӣ хостанд, ки дар тӯли се-чор соат амалиёти ҳарбиро гузаронанд, лек ин амалиёт ба ҷанги 18-соатаи пуршиддат табдил ёфт. Шаҳр аз чор тараф тирборон шуд. Тамоми мардуми шаҳри Хоруғ, чӣ зан ва чӣ мард маҷбур шуданд, ба дифои худ бархезанд. Мардум вазирро шикаст доданд. Бо ин амалиёти ҷони тамоми сокинони Хоруғ дар хатар монд, чанд тан сокини беғарази шаҳр қурбон шуданд. Қудратиҳо бо ин амалиёт  худ бетаҷрибагии худро нишон дода ва ҳуқуқҳои тамоми сокинони шаҳри Хоруғро поймол карданд.

Аз ин рӯ, навобаста аз мансаб дар пеши қонун бояд ҳама як хел ҷавобгар бошанд. Яъне, ҳар касе дар ин миён  иштибоҳ кардааст, бояд посух бигуяд. Дар натиҷа эътиқоди мардум нисбати Давлат ва қонунгузорӣ мустаҳкам мегардад.    

Аммо ҳоло вазир аз телевизиони маҳаллӣ баромад карда, худро сафед мекунад, аз худ суфӣ тарошида бо бадахшониён хешу таборӣ мегирад, худро бахшанда ва фарзанддору модардор мегӯяд, шояд, ки ҳамаашро дорад, лек ба қадраш нарасидааст, агар ба қадри модару фарзанд мерасид, фарзандони модари тоҷикро наҷот медод. Ва яроқро, ки ин вазир гирифта натавонист, ихтиёран бо Фармони Имоми Замон супурда шуд.

Мардум дар тӯли ин солҳои дароз кирдорҳои ношоистаи "ивазнашавандаҳоро" дида, ҳатто дар дурустии он, ки фармонҳо ҳақиқатан аз ҷониби Имоми Замон ҳастанд ё на, шакку шубҳа пайдо карданд. Аз ин рӯ, банда "яроқ"-и худро (қаламамро-муаллиф) фақат ба Шумо ва Имоми Замон месупорам. Имум - командир аз баҳри осоишу оромии халқи тоҷик ҷони худро дар хатар монда, тамоми яроқи ночизи худро бо фармони Имоми Замон супорид. Ба ин мақсад таклиф дорам, ки аз ин бачаҳо, ки қаҳрамонии бе мислу монанд нишон доданд, баталёни фидоиён ташкил шавад, то ки душманони халқи тоҷик аз дур овозаи ин баталёнро шунида, ба ваҳм биоянд.

Магар мо фарзандони Шириншоҳ Шотемур нестем, ки ҷони худро баҳри ташкил кардани давлати тоҷикон қурбон кард? Ва Шумо, мӯҳтарам Президент бо чӣ қадар ҷонбозю қаҳрамониҳои худ истиқлоли ин давлатро ҳифз ва аз нестшавию парокандагӣ ин давлатро эмин доштед.

Ин ҳодисаҳо нишон дод, ки халқ киро пуштибонӣ мекунад. Ҳама диданд, ки мардум аз пушти кӣ хест. Сайд бояд онҳоеро кард, ки  халқ аз онҳо безор аст, на онҳоеро, ки халқ дӯсташон медорад. 

Ҳозир даврае фаро расид, ки Шумо, мӯҳтарам Президент ба мақомотҳои қудратии худ ва Имоми Замон ба хазинадорони худ "ҳуҷум" кунед ва Шумо мебинед, ки аз пушти инҳо кӣ мехезад? Халқ ҳама тарафи Шумо ва Имоми Замонро гирифта, "кучка бандитов"-и ҳақиқӣ рӯи об мебарояд.

Ба ин хотир, аз Шумо Президенти мӯҳтарам, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки Шумо ҳукумати Бадахшонро ва Ҳозиримом хазинаи худро аз ин "ивазнашавандаҳо", ки оқибати корро ба хунрезӣ оварданд, тоза кунед. Аз ин командирҳо бошад, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бо он обрӯю эътиборе, ки дар байни халқ доранд, Бадахшонро аз маводи мухаддир тоза кунанд. То Бадахшон дар покӣ намунаи тамоми Тоҷикистон гашта, сабаби тозашавии тамоми Тоҷикистон аз гуноҳҳои азим ба монанди ришвахӯрӣ, хешу таборбозӣ, маводи мухаддир ва дигар гуноҳҳои носазо гардад. Бигузор хушбахтиву ватандории халқи тоҷик на фақат дар забону рақсу сурудхонӣ бошад, балки мо тоҷикон хушбахтии ҳақиқиро ба даст биёрем. Дар ин моҳи Шарифи Рамазон хуни тоҷики бегуноҳ рехта шуд, онҳо бо хуни худ гуноҳҳои тамоми халқи тоҷикро шустанд. Ва ман таклиф дорам, ки рӯзи 24.07.2012 ба хотири ёдбуди ин қурбоншудагон ва тамоми тоҷиконе, ки дар тӯли таърих бегуноҳ қурбон шудаанд, "Рӯзи шаҳидон" эълон гардад, ба он хотир, ки рӯҳи ин қурбоншудагон шод гардад ва гуноҳи азими халқи тоҷик, ки даст ба куштори ҳамдигар заданд, бахшида шавад.  Ва минбаъд ҳар сол ин рӯз дар рӯза ва намоз гузаронда шавад. Агар ҳамин рӯз ба Моҳи Шарифи Рамазон рост ояд, ба аввали моҳи Рамазон боз як рӯз зам гардад, то ки миллати тоҷик дигар хуни ҳамдигарро нарезанд. Бигузор мусибат бар сари халқи тоҷик дигар наояд ва тоҷикон бо хиради азалии худ тоҷи тамоми халқи ҷаҳон гарданд.

Аммо вазири шикастхӯрда ҳоло ҳам майли тарки Бадахшонро надорад. Ӯ мегӯяд, ки: "бо сари хам аз Бадахшон рафтан намехоҳам". Бехабар аз он, ки ӯ аз мардуми бе яроқ низ шикаст мехӯрад.

Тамоми бузургони гузаштаи мо дар ашъори худ Бадахшонро васф мекарданд, чунки аз ояндаи дурахшони он хабардор буданд ва ҳамчунин хабардор буданд, ки Бадахшон, ки Боми Ҷаҳон аст, аввалин шуда дар он хирад бар зулмот ғалаба мекунад ва одамонаш дар покӣ аз лаъли Бадахшон қимматтар мешаванд. Ва бехирад касест, ки фақат дар паи кофтукови санги беҷони лаъл мебошад. Мо, ки худро фарзандони Ҳазрати Одам меҳисобем, аз баҳри ҳифзи забон ва хислатҳои поки Ҳазрати Одам аз беадолатиҳою олудагиҳо дар кӯҳу пуштаҳо паноҳ бурдем. То ки ҳамаи ниятҳои неки мо ҷомаи амал пӯшанд, аз Шумо ва аз Имоми Замон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УҒА) ва сохтмони ҷамоатхона дар Бадахшонро тезонед, то ки халқ саргарми кор шуда, аз ин рӯзҳои мудҳиш фаромӯш карда, бо умед ва боварии қавӣ ба фардои дурахшон қадам гузорад.

Чӣ хеле ки модар ба сахтӣ ва азоб фарзанд ба дунё меорад, ҳамин хел ин паём дар зарфи 20 соли охир дар зеҳнам инкишоф ёфт ва охиран бо азоб аз ҷону дил берун баромад. Лаънати Худо ва лаънати халқ бар касест, ки фарзанди модарро кушад.

Аз номи тамоми халқи Бадахшон аз модарони он сарбозоне, ки фарзандонашон ҷони худро дар Бадахшон аз даст доданд, узр ва бахшиш мехоҳам. Мо аз худ дифоъ кардем. Мо ҳам фарзандони худро аз даст додем.

Ва бигузор ҳодисаҳои дар Бадахшон рух дода барои ҳамаи ришвахӯрон намунаи ибрат шавад. Зеро мусулмонии ин ришвахӯрон фақат дар забон аст, дилҳояшон фақат пулу молро мепарастад. Дар кадом мансаб, дар кадом вазорат, дар кадом мақомоте, ки бошанд ва асосан он гурӯҳҳои муаллимоне, ки мактабҳои олиро ба дӯконҳои бозор табдил додаанд ва барои дохилшавии толибилмон ришва меситонанд. Ҳоло он ки ояндаи ин корҳои онҳо ба хунрезӣ ва марги миллату Давлати тоҷикон меорад.

Мардони поку бузурги миллат ҷони худро қурбони ташкил кардани Давлати тоҷикон ва баҳри наҷот ёфтани миллати тоҷик намуданд, на аз баҳри он ки ин ришвахӯрони палид бо нафсҳою хислатҳои ҳайвонии худ имрӯз ин миллати кӯҳанбунёдро ба фалокат расонанд.

Шумо дар ҷаҳон қадру қиммати обро ба мартабаи баланд бардоштед, ки ин тавфиқи Худовандӣ барои Шумо, мӯҳтарам Президент тасодуфӣ набуд. Дар урфият мегӯянд, ки обро ифлос накунед, зеро Худо дар об сурати худро дидааст. Ё худ, об агар сад пора гардад, боз ба ҳам ояд. Ҳақиқатан ҳам дар олами ботин маънояш чунин бошад, яъне тамоми халқи ҷаҳон оқибат ба ҳам омада ба мисли об соф ва бо хислатҳои покаш якрангу якдил мегарданд. Ва муроди Худованд дар офариниши ин дунё ҳамин меваи ширин мебошад, ки сурати худро дар он дидааст. Бо ҳосилшавии ин муроди Худованд насли ҳазрати Одам дубора сазовори биҳишт мегардад. Ва бигузор халқи тоҷик бо хиради азалии худ дар ҳосилшавии ин муроди Худованд аввалин шуда саҳмгузор шаванд.

Аввалу охири доира як нуқта мебошад. Дунё бо як (Ҳазрати Одам) сар шуд ва бо як (якдилии халқи ҷаҳон) тамом хоҳад шуд. Олами зоҳир, ки Худовандаш об мебошад, аз зери об баромад ва дар оянда боз ба зери об меравад. Фарзандони Ҳазрати Одам бояд дурандеш бошанд, то ки хушбахтии ду ҷаҳонро сазовор гарданд.

Мӯҳтарам Президент, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки нусхаи ин мактубро дастраси Ҳозиримом намоед. Чунки "ивазнашавандаҳо" Имоми Замонро "моликияти  шахсии" худ намуда, намегузоранд, ки мардуми оддӣ ақидаи худро барои он Волоҳазрат дастрас намоянд.

Баро ин мактуб ин "ивазнашавандаҳо" бандаро ҳозир дар тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари инсоният аз даври ҷанги якуми ҷаҳонӣ то ба имрӯз омадааст, гунаҳкор мекунанд.  

Ман яроқ дар даст надоштам. Яроқи ман қалами ман ва тири ман паёми ман аст. Нишонам дили Шумо ва дили тамоми тоҷикон. Ва бигузор ин тир ба ҳадаф бирасад ва бигузор ин тири охирон бошад, ки бехирадиро ба қатл расонад ва байрақи хирад ва ақли солимро дар тамоми Тоҷикистон партавфишон гардонад.

Бо боварии комил гуфтан метавонам, ки бо оғоз гардидани корҳои дар боло зикргардида ҳурмату эҳтироми Шумо дар Бадахшон аз пештара дида бештар мешавад.

Мӯҳтарам Президент, мардуми Бадахшон бесаброна ташнаи Дидори Шумо ва Дидори Имоми Замон мебошанд.

Нури дида, тоҷи сар!

   Бо иродат

Киромиддин Мамадсаидов сокини Хоруғ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97