Кӯдакии маҳрум аз бозӣ

Иҷтимоъ 30.05.2012 08:38

Kudak_11-уми июн рӯзи кӯдакони олам хаёли ҷомеаро ба мавзӯи масоили ҳаёти кӯдакон бармегардонад. Кӯдакон ояндаи мо мебошанд, мегӯем, аммо чун ба шароити зисту зиндагӣ ва таълиму тадриси ин насли кӯчак бингарем, оид ба ояндаи ҷомеаи мо андешаҳое пайдо мешаванд, ки онро нагуфтанамон беҳтар аст. Дар назардошти вазъи иҷтимоӣ, шароити таълиму муҳити тарбияи кӯдакон дар оила ва муассисаҳои таълимию тарбиявӣ метавон сатҳу иҷрои барномаҳои марбут ба таълиму тарбия ва рушди кӯдакону наврасонро чунин баҳогузорӣ кард;  Барномаҳои мавриди амал мукаммал нестанд ва ё хусусияти умумимиллӣ надоранд.

Кӯдак дастёри хоҷагӣ

Чун мавзӯи меҳварии матлаб инъикоси шароити таътили кӯдакон буд, суоли "Таътилро чӣ гуна мегузаронед?"-ро аз наврасони рустои кишвар оғоз намудем. Наврӯз, навраси 12 солаи рустои Хатлон фарорасии таътили тобистонаро ибтидои мавсими ранҷу азоб унвон мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ баробари анҷоми соли хониш дар рустоҳо мавсими кори саҳро фаро расида, мисли ӯ наврасон ба ҷойи ним рӯз як рӯзи пурра машғули алафкашию захира созии ғизои чорпо ва дигар корҳо мешаванд: "Дар вақти мактабхонӣ то соати 11-12 ба кору бори хона кумак расонида, баъдан дар тарадуди мактабравӣ мешудем. Акнун вақте соли хониш ба охир мерасад, ба ҷузъ кору бори хона машғулияти дигар надорем. Ман розиам, ки тамоми сол мактабхонӣ бошад, зеро аз кору бори хона безор шудаам".

Зиннатбӣ Хайруллоева, сокини водии Вахш иброз медорад, ки баъзе оилаҳои рустоӣ, ки ҷавонмардонашон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, ба нируи кӯдакону наврасон сахт эҳтиёҷ доранд. Ягон модар намехоҳад, ки фарзанди ноболиғи ӯ ба ҷойи таълиму бозию истироҳат кори хонаву саҳро кунад. Аммо илоҷи дигар надорем, шароит тақозо дорад, ки фарзандони мо ба сини 18-солагӣ норасида, кори хонаву саҳроро ба уҳда гирифта, дастёри модарони яккаву танҳо мешаванд,- мегӯяд бону Зиннатбӣ.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо манъи меҳнати кӯдакон дар шароити русто имконнопазир аст. Зеро ҷалби кӯдакону наврасон ба кори хонаву саҳро барои сокинони русто як амри маъмулӣ менамояд. Дуруст мегӯянд бонувони деҳот, зеро то "дирӯз"-ҳо тез-тез садо додани инчунин суханҳои забонзадаи расонаӣ; "Мо аъзоёни хоҷагии… аз кӯдаки ҳафтсола то пири 70 сола ба ҷамъоварии ҳосили тилои сафед баромада…" меҳнаткашии наврасонро дар зеҳни одамон ба як "стереотип"-и мусбӣ табдил дода буд.

Дар ҳамин ҳол насли калонсоли русто ҷалби наврасонро ба меҳнат омили муҳими тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ҳисобида, зарурияти таъсиси хоҷагиҳои таҷрибавиро дар назди мактабҳо ба миён мегузоранд. Аммо дар ҷомеаи мо на чунин хоҷагиҳои таҷрибавӣ вуҷуд доранд, ки тартиби корфармоии нируи наврасонро ба мардум бифаҳмонанд, на хоҷагидорону падару модарон қоидаҳои одитарини корфармоии ноболиғонро риоя мекунанд.

Соли гузашта Созмонҳои молии ҷаҳонӣ бинобар истифодаи нируи кӯдакон дар парваришу ҷамъоварии пахтаи Узбакистон харидории пахтаро аз ин кишвар мамнӯъ эълон карда буд. Албатта пасманзари тасмимҳои Созмону ниҳодҳои байнулмилалӣ холӣ аз ягон ҳадафҳои дигари сиёсӣ нест, аммо инчунин баёнияҳо нақзи ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардида, ба обрӯйи кишварҳои мазкур латма мезанад.

"Ҳуқуқ" ва имкони кӯдакони русто

Kudak_2Мутаассифона масъалаи истироҳати кӯдакону наврасон дар фасли таътил мавзӯи фаромӯшшуда мебошад. Зеро дар зеҳни мардум ин андеша афсонаи шӯравӣ менамояд, ки тамоми кӯдакону наврасон ҳуқуқу имкони истироҳат дар фароғатгоҳҳоро доранд. Барои тақвияти андешаву мавқеъгириҳояшон мусоҳибони хуросонии мо даъват ба амал оварданд, ки дар тобистони имсол рӯйхати наврасонеро, ки ба фароғатгоҳҳои тобистона сафарбар мешаванд, мавриди омӯзиш қарор диҳем. Зеро мардуми русто ба суоли "Оё фарзандони сокинони оддии русто ҳам имкони будубош дар истироҳатгоҳҳоро доранд?" ҷавоберо интизоранд, ки далелҳои фаровон дошта бошад.

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа агарчӣ фароҳам овардани шароит барои истироҳату фароғати тобистонаи ағлаби кӯдакон имконнопазир менамояд, аммо мебояд лоақал воситаҳои фароғатии 20 сол пешини кӯдаконро барқарор намуд. Насли калонсоли шаҳри Қӯрғонтеппа хуб дар ёд доранд, ки тӯли 20 соли охир аз беаҳамиятии баъзе масъулини мақомоти дахлдори шаҳри Қӯрғонтеппа майдончаҳои варзишии байни биноҳои баландошёна аз байн бардошта шуданд. Имрӯз зарурияти азнавсозии майдончаҳои варзишии назди манзилҳои баландошёна пайдо шудааст, аммо масъулон ба ин масъала тасмими ҷиддие рӯи даст надоранд. Гарчанде дар маркази Хатлон бо ибтикори баъзе соҳибкорони маҳаллӣ марказҳои дилхӯшии кӯдакона бунёд гардидаанд, аммо дар нисбат ба нуфузи кӯдакони шаҳр ингуна майдончаву толорҳои ангуштшумор нокифоя мебошанд.

Кӯдакон эҳтиёҷ ба китоб доранд ё макарон?

Омӯзгорони собиқадори Хатлон иброз медоранд, ки як роҳи  роҳнамоии кӯдакону наврасон ба ҳаёти солиму муҳити созанда ҷалби эшон ба олами китоб мебошад. Мутаассифона теъдоди нашри китобҳои бачагона дар кишвари мо ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест. Оғози соли равон дар кишвар нашриёти кӯдакона ба фаъолият шурӯъ кард. Аммо нашри китобҳои бачагона ё суст ба роҳ монда шудааст ва ё фаъолияти ин нашрия дар кишвар дуруст муаррифӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Латофат Кенҷаева, раиси Ташкилоти ҷамъиятии байналхалқии "Истиқбол" иброз медорад, ки навобаста ба нашри ночизи адабиёти бачагона дар кишвар масъулини маҳаллаҳо барои таъмини насли наврас ба адабиёти тозанашр таваҷҷуҳи лозима надоранд. ТҶБ "Истиқбол" дар 15 соли фаъолияти хеш 130 номгӯи китобҳои бачагонаро ба теъдоди 1миллиону 300 ҳазор нусха ба чоп расонидааст. Имрӯз,- мегӯяд бону Латофат Кенҷаева,- хайрхоҳони кишварро, ки барои таъмини насли наврас ба ғизо ва ё сару либос саҳмгузорӣ мекунанд, мебояд бештар ба рушди зеҳнии насли наврас таваҷҷуҳ фармоянд. Дар кишварҳои пешрафти дунё ба мисли Олмон, Чехия ва Ҷопону Туркия ба наврасони ниёзманд аслан китобу дигар воситаҳои таълимӣ хайр карда мешавад. Дар кишвари мо низ вақти он омадааст, ки наврасону кӯдакони камбизоатро аз ҷиҳати китобу шароитҳои таълим кумак расонанд.

Таваҷҷуҳ аз боло ба поён?

Тибқи баъзе маълумотҳо имрӯз шумораи сокинони то 17 солаи кишвар ҳудуди 2,5 миллион нафар ё худ 55- 56% аҳолии кишварро ташкил менамоянд. Аммо ҳаҷми маблағҳои ба рушду инкишофи ин табақаи аҳолӣ ҷудошуда хело ночиз аст. Ва ҳамин барномаҳо ва маблағгузориҳои андаке дар самти рушду инкишофи кӯдакон ва тарбияи насли солиму ояндасоз ҳам натиҷае ба бор намеоваранд, агар ҷомеа дар якҷоягӣ бо сохтору соҳаҳои марбут ба тақдири минбаъдаи насли ояндаи кишвар таваҷҷуҳи хоса надошта бошанд. Вале ингуна таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масоили марбут ба ояндаи кӯдакону наврасон бояд чӣ гуна пайдо ва роҳандозӣ шавад. Аз боло ба поён ё баръакс?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97