Ӯ пештар дид, ки нобинову чоҳ аст…

Иҷтимоъ 16.05.2012 22:58

(андешаҳо перомуни маҷмуъаи С. Саидов- "Чакидаҳо аз андешаҳо" нашриёти "Матбуот", Душанбе, 2010)

kitobАз ҳали нобасомони рӯзноманигорон ба хубӣ ҳамаамон огоҳем, вале ин таъкиди Президенти кишвар, ки дар ҷаласа ба муносибати 100-солагии матбуоти тоҷик иброз дошт: "Илова бар ин, вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест" маро хеле хурсанд кард ва водор сохт, ки ба даст қалам гирифта, дар бораи китоби Саидҷалол Саидов "Чакидаҳо аз андешаҳо", ки аз маҷмӯаи мақолаҳои дар солҳои гуногун (асосан аз соли 2005 то 2010) дар ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ чоп кардаи ӯ таркиб ёфтааст, изҳори ақида намоям. Зеро ин китоб сар то сар аз масоил ва проблемаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи тоҷик баҳс мекунад ва на ҳар рӯзноманигор сарашро ба қавле дар бало монда", ба масъалаҳои танқидӣ даст мезанад…

Чӣ арзиш дорад ин асар? Касе агар ин маҷмӯаи мақолаҳои дар ин китоби пурмӯҳтаво ҷамъ овардашуда ва барои ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон муфидро мутолиа карда бошад, хеле хуб дармеёбад, ки муаллиф худ як шахси огоҳ, ҷӯянда, пажуҳанда ва муҳаққиқест, ки аз масоили сиёсию иқтисодӣ сар карда, то масъалаҳои иҷтимоию рӯзмара, тамоми вазъи ноҳинҷору мушкилот ва проблемаҳои гуногуни ҷомеа ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро ба миён гузоштааст. Ва гап танҳо ба ҷониби шахсони масъул аст: "яъне, аз мо гуфтану аз ту кор бастан" (Низомӣ).

Хуб, дастандаркорон, ҳамаи онҳое, ки дар ин мақолаҳо мухотаб шудаанд, онҳое, ки ҳалли ин ё он масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба онҳо вобаста аст, ба таклифу эродҳо, ба проблемаҳои муҳими ба миён гузоштаи муаллиф чӣ гуна муносибат кардаанд?

Дар ин бора хулосае баровардан мушкил аст. Хомӯшӣ ва бетарафии мансабдорони сатҳи болоии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба мақолаҳое, ки дар матбуоти мустақил чоп шудаанд, (мақолаҳои С. Саидов қариб ҳама дар ҳамин нашрияҳо ба табъ расидаанд), ба ҳама маълум аст, онҳо аз рӯйи мақоли "Мангар ки кӣ мегӯяд, бингар ки чӣ мегӯяд" амал намекунанд. Вале С. Саидов ба ин бетарафию бепарвоии соҳибмансабони сатҳи боло коре надошт. Менавишту менавишт ва ҳафтаномаҳо ҳам навиштаҳояшро бе ҳеҷ монеа ва каму кост чоп мекарданд. Ӯ гӯё аз рӯйи ин гуфтаи шоир амал мекард, ки гуфтааст:

Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст,

Агар  хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

Барои он, ки суханони мо бе факту рақам ва ба қавле "умумӣ" набошанд, аз мақолаҳои ин китоби С. Саидов ва  проблемаҳои ба миён гузоштаи ӯ мисол меорем.

Мақолаи аввалини маҷмӯа, ки "Одинаҳо-Дохунда мешаванд?" номида шудаасту дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон" №22, 2 июни соли 2005 чоп шудааст, ба проблемаи то ҳол ҳал нагардидаи мардикорони тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф зимни баррасии ин мавзӯъ  таклиф ба миён мегузорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ мақому манзалати Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мақомотҳои Ҳукумати Тоҷикистонро баланд бардошта, баҳри ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва хусусан назорату ҳимояи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили бонки махсус барои интиқолу пардохти мунтазами пулҳои мардикорон чораҳои фаврӣ андешанд. Аммо афсус, ки аз нашри ин мақола зиёда аз 6 сол сипарӣ шудаву бисёр таклифҳои хуби пешниҳод намудаи муаллиф ҳанӯз ҳам иҷро нашудаанд.

Дар ин маҷмуъа дар бораи  тозагии забон: "Дарси забон дар сари дастархон", ("Миллат", №3 15 сентябри 2006) (саҳ.17-18),  иҷрои Қонуни забони тоҷикӣ: ("Кай  шафтолу гӯем"? Ё "шаф-шаф" гуфтан суде надорад", ("Миллат", №6, 6 октябри соли 2005), "Зарра- зара ҷамъ шавад…" ё чанд сухан дар атрофи фаъолияти Вазорати молия"- ("Миллат №3, 15 сентябри соли 2006"), "Суғурта"- барои як рӯзи мабодо" ("Миллат" №9, 27 октябри соли 2005) ва дигарҳо аз фаъолияти кумитаю вазоратҳо ҳикоят карда, дар айни ҳол проблемаҳои муҳимми ин соҳаҳо ва роҳи ҳалли онҳо ба миён гузошта шудаанд.

Ду мақолаи ин маҷмӯа ба фаъолияти Академияи улуми Ҷумҳурӣ бахшида шудаанд, ки аввалӣ: "Академия"-бо зерсарлавҳаи "Академияи улуми Тоҷикистон ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад" ва дуввумӣ -"Бозгашт ба Академия". Бар поварақи ҷавобии Ҷӯрабек Назриев узви вобастаи АИҶТ (Ҳафтаномаи "Миллат" аз 12.01.2006), дар ин мақолаҳо проблемаҳои тағйир додани сохтору оииномаи Академияи улум, ба як марказ муттаҳид кардани  пажуҳишгоҳҳо ва таҷрибагоҳҳо, ташкили Марказии ягонаи илмӣ дар назди Академия, истифодаи захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва даст кашидан аз ёрии пурғаразӣ "инвестерҳо"-и хориҷӣ, истифодаи саривақтии кашфиёту дастовардҳои илмию техникӣ ва самаранок истифода бурдан аз буҷаи ҷумҳурӣ дар таъмини истеҳсолии навгониҳои техникӣ ва ғайраро бардошта, муаллиф хулоса мебарорад: "Академия на барои академикҳост, балки он бояд ба мардум нафъ расонад".

Мақолаҳо, нигоштаҳо, эссеву портретҳои адабии иншо намудаи С. Саидов аз соли 2005 то соли 2010 мавзӯъҳои мухталафи рӯзгори мардум: "Хештаншиносӣ ба "Масъудшиносӣ" ниёз дорад", "Чӯҷаҳои кадом депутат  бе дон мондаанд?" (Ба дафтари кори вакилони нав ба парлумони ҷумҳурӣ), соли 2009, "Миллат, "Ёди рӯзҳои гузашта" "Миллат", 3 августи соли 2006, "Юнус ва "Спитамен", "Адабиёт ва санъат", моҳи марти соли 2010, "Ҳотами Тойи тоҷик" (Дар мавриди "Марди сол",) ҳафтаномаи "Тоҷикистон", №24 аз 16 июни соли 2006, расму русуми мардумӣ ва камхарҷ гузаронидани онҳо: "Сад хурсандӣ дар як тӯй" ва дигарҳо, симои адабӣ ва ҷавонмардии роҳбар: "Гунҷишкбачаҳо… "ҷив-ҷив" гуфтан наомӯзанд", "Миллат" №22, аз 8 июни соли 2006 ва чандин дигарҳо аз қобилияти масъулиятгузорӣ, аз ҷуръати проблемагузорӣ ва рӯзноманигории муаллиф дарак медиҳанд.   

Агар ин таклифу дархостҳо дар сари вақт ҷонибдорӣ пайдо мекарданд, ба мардум ва ҷомеа манфиати калони иқтисодӣ мерасид.

Як хусусияти нигоштаҳои С. Саидов дар он аст, ки ӯ мисли баъзеҳо аз паи воқеаву ҳодисаҳо намеравад, балки ҳукумат ва ҷомеаро барои ҳалли  ин ё он проблема хеле пештар гӯшрас мекунад, бо диди нав таклифҳо пешниҳод мекунад ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои проблемавии ҷомеаро ҳушёрона ба миён мегузорад.

Дар байни мақолаҳои проблемавии ин маҷмуъаи хонданӣ нигоштаҳои  "Роғунро кӣ месозад?", ҳафтаномаи "Адолат", №11, 9 ноябри 2006, "Роғун сохта шуд! Баъд чӣ?", "Миллат", №12, 26 марти соли 2009 хеле ҷолиби диққатанд. Ман дар бораи мақолаи охирин, ки он ба забони русӣ, соли 2009 дар ҳафтаномаи "Бизнес и политика" дигарбора нашр шуд, каме бо тафсилтар истода мегузарам.

"Роғун сохта шуд! Баъд чӣ?" Барои ба ин суол ҷавоб гардонидан  муаллиф дар баробари  таклифи саҳмгузорӣ ва истифода аз қарзҳои  инвенститсионии дохилӣ боз дар як вақт проблемаи баъди анҷоми сохтмони НБО-и Роғун дар оянда сохта ба истифода додани НБО-и калонтарини олам-Даштиҷумро ба миён мегузорад.

Муаллиф менигорад: "…Баъди анҷоми сохтмони Нирӯгоҳи обии Сангтӯда  ва Роғун  пулдорҳои  тоҷик  пайдо  мешаванд. Агар оқилона ва дилсӯзона амал кунем, баъди сохтмони Нирӯгоҳи барқи обии Даштиҷум… сафи пулдорони тоҷик  даҳҳо баробар  меафзояд. Чӣ тавр? Барои  ин  бояд  Нирӯгоҳи барқи обии Даштиҷум- корхонаи саҳҳомии шакли кушода сохта шавад ва дар мадди аввал ба пули шаҳрвандони Тоҷикистон …Ин иншоот калонтарин ва марғубтарин нирӯгоҳ дар рӯйи олам хоҳад буд. Санъати бунёди он низ беназир ва нотакрор аст. Сохтмони обанбор дар он  зарурат надорад" (саҳ. 54-55).

Ҳарчанд аз навишта шудани он се сол сипарӣ гардида, сохтмони Роғун дар арафаи анҷомеёбист ва мувофиқи нақшаҳои Ҳукумат баъди Роғун дардарёи Вахш сохтмони боз як нирӯгоҳи дигар бо номи Шӯроб тарҳрезӣ гардидааст, боз проблемаи сохтмони НБО-и Даштиҷум дар назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ин проблемае ҳаст, ки онро ҳал накардан бар зарари ҷумҳурист, зеро танҳо НБО-и Даштиҷум метавонад, кишвари моро ба истеҳсолкунандаи энергияи обии арзонтарин дар ҷаҳон табдил дода, имкони пурра медиҳад, ки мо барқи зиёдатӣ ва арзони худро ба Афғонистону Эрон, Покистон ва дигар мамолики Шарқи хориҷа бе мамониат интиқол диҳем  ва фоидаи калони иқтисодӣ ба даст биёрем. Дар айни ҳол аз тангназарӣ  ва халали баъзе ҳамсояҳо низ дар амон бошем.

Проблемаҳои имрӯзаи ҷомеаи мо беандоза зиёду гуфтанианд, ки рӯзноманигори варзидаву рӯзгордида ба чанде аз онҳо рӯшанӣ андохта, аз курсинишинони сатҳи боло, аз ҳукуматдорон ва вазиру кабирони кишвар ҳанӯз 3-4 сол пеш таклиф ба миён овардааст, ки дар ислоҳу  амалӣ гардидани онҳо дасту остин барзада, дар пешрафти Тоҷикистони  барои ҳамаи мо азиз саҳм бигиранд.

Аз чопи ин китоби хонданӣ, (ҳамагӣ бо теъдоди  500  нусха  ва он  ҳам бо маблағи муаллиф) инак, қариб ду сол сипарӣ мегардад. Чун китоби "Чакидаҳо аз андешаҳо"-ро борҳо мутолеа карда, дар бораи таклифу эродҳои пешниҳод кардаи муаллиф андеша кардем, ба хулосае омадем, ки дар бораи моҳияти проблемаҳои ба миён гузоштаи муаллиф ба таври мухтасар ҳам бошад, ибрози назар намоем. Шояд ақаллан як нафаре дар сатҳи боло пайдо гардад, ки аз ин нигоштаҳо барои пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат истифода бурда тавонад.

Ба фикри мо, баъзе мақолаҳои ин маҷмӯа арзиши тадқиқоти сотсиологӣ ва пажуҳишӣ дошта, барои олимону таҳқиқгарони мо манфиатоваранд. Ва агар кормандони соҳаи иқтисоду сиёсат ва иҷтимоиёти дастгоҳи Президенти Ҷумҳурӣ боре ба ин нигоштаҳо аз нигоҳи таҳлилӣ ва омӯзиш назар мекарданд, аз манфиат холӣ намебуд…

Боби дуюми ин китоби арзишманд "Ёди қадрдонҳо" ном дошта, дар он ёддошту хотираҳои муаллифи мушоҳидакор аз ҳаёту зиндагии шоири равоншод- Ҳабибулло Файзулло, вохӯрӣ ба Ҳофизи мардумӣ ва инсони ҳалиму нотакрор- Одина Ҳошим, ташаннуҷҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он ҳикоёт, ёддошт ва хотираҳои ҷолиб гирд оварда шудаанд, ки аз мутолиаи онҳо кас ба ҳунари нигорандагӣ ва нависандагии ин адиби серкору огоҳ ошно мегардад.

Чунин рӯзноманигорон ва нависандагоне, ки аз сидқи дил ва самимияту қалби поки инсонӣ ба пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ақаллан як зарае, бо нӯги қалам бошад ҳам, манфиате расонданӣ мешаванд, шоистаи дастгирианд.

                                                                                                                             Ислом Юсуфӣ,муҳаққиқ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97