Нигоҳи каҷ

Иҷтимоъ 15.05.2012 21:22

Сухан гуфтани каҷ зи бечорагист. (Фирдавсӣ)

art-agakhanБояд гуфт, ки вақтҳои охир дарҷ шудани мақолаҳои бӯҳтономез дар ҳақи ходимони дини мубини ислом дар кишвар қариб ба ҳукми анъана даромадааст, аммо дар мақолаҳои дигар агар мавқеъ ва ақидаи рӯҳониёни мӯҳтарам мавриди интиқод қарор гирифта, ба пайрави кадом дину оин буданашон ишорае намешавад, Ёрмуҳаммади Сучонӣ дар мақолаи хеш ("Оғохони- IV ва "имомчаҳо"-и навзуҳур")  фаъолияти муассиса ва созмонҳои диниву ғайридиниро таҳлил карда, нӯги риштаро дар ҳар ҳолат ба мазҳаб пайванд медиҳад. Ман дар мавриди фаъолияти муассисот ва созмонҳое, ки муаллиф дар бораашон изҳори назар кардааст, чизе намегӯям, зеро ин муассисот ва созмонҳо худ қодиранд, то ба муаллиф посух гӯянд.

Шахсан ман дар матлаби Ёрмуҳаммади Сучонӣ, ки бо забони омиёна ва тафаккури омиёнаи як нигоранда рӯйи коғаз омадааст, чизи наверо кашф накардам. Аммо Энсиклопедия советии тоҷикро, ки муаллиф солиёни зиёд дар он кор карда, иқтибосҳо аз Энсиклопедияро парчам барои пароканиши андешаҳои хеш қарор додааст, варақгардон намуда, ба хулосае омадам, ки муаллиф на чун олоти дасти касе, балки сирф аз нигоҳи атеисти содиқ ва энсиклопедисти собиқ баромад кардааст. Зеро агар ба энсиклопедияи маҳсули даврони шӯравӣ нигарем, дар он "дин афюни халқ", адёни ҷахонӣ, аз ҷумла ислом иртиҷоӣ ва зиндагиномаи Пайғамбари ислом  Муҳаммад саллалоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ ва саллам бо шеваи идеологии хос барои он давра бо ранги сиёҳ тасвир шудаанд. Дар ҳаққи Пайғамбар, ки оламро шефтаву шайдо гардондааст,  дар ин "хазинаи илми" даврони шуравӣ омадааст: "Муҳаммад воиз ва ходими сиёсӣ, муассиси ислом. Ба тоҷирзани бойи Макка Хадича хонадор шуд, ки ин барои комилан ба масъалаҳои диниву ахлоқӣ шуғл варзидани вай шароит фароҳам овард.

Гуё  Ҷабраил аз номи Оллоҳ Муҳаммадро ӯҳдадор намуд, ки ба ҳамватанони худ амру ваҳйи худовандро расонад. Пуштибонии хешу ақрабо, хусусан Хадича , боварии таасубомези Муҳаммадро ба ҳақиқати "илоҳӣ" будани таълимоташ қавӣ намуд. Муҳаммад дини кӯҳнаи бутпарастиро рад намуд, таълимоти худои қодиру ягонаро ба онҳо муқобил мегузошт. Тарғиботи босуботи тавҳид, шомили эътиқоди ҷадид, ки сарфи назар аз мансубияти авлодиву қабилавӣ, баробарии ҳамаи пайравонро эълом мекард, ниҳоят қобилияти фавқуллодаи сиёсиву ташкилотии Муҳаммад дар байни қисме аз  ҷамъияти Макка, асосан табақаи миёна ҳамовозӣ пайдо кард". (Иқтибос аз Энсиклопедияи Советии тоҷик, Душанбе, 1983, саҳ. 618.)

Аз хонандагони гиромӣ барои чунин иқтибоси бемаврид ва бемантиқ  аз Энсиклопедияи советии тоҷик узр мепурсам, аммо Ёрмуҳаммади Сучониро, ки побанди иқтибосҳо аз ин китоби шояд барояш "муқаддас" мондааст ва онҳоро бурҳони қотеъ барои ба намо гузоштани мазҳаби шиъаи исмоилия медонад, фақат бо руҷӯъ ба ин китоби барояш маҳбуб метавон ба муғризона будани иқтибосҳояш аз он мӯътақид сохт. Зеро агар дар энсиклопедияи мазбур исми мубораки Аллоҳи таъолло даруни нохунак омада бошад, дар нохунак гирифтани исми Ҳозиримом барои муаллифи энсиклопедист як амри табиӣ будааст, ки аз сифатҳои касбиаш бармеояд.

Дар тӯли фаъолияти бештар аз 15- солаи журналистиам матолиби интиқодии зиёдеро мутолиа кардаам ва худам низ навиштаам. Ба маҳалгароӣ ва дигар омилҳо рабт додани фаъолиятҳои ходимони сиёсӣ ва диниро шоҳид будам, вале ҳеч мавридеро дучор наомадам, ки дар аснои таҳлили фаъолияти муассиса ва ё созмони динӣ, камбудии корӣ ба пайрави ин ё он дину мазҳаб будани роҳбарони он  рабт дода шуда бошад. Фаразан, ҷумҳурии мо аз лиҳози густариши коррупсия ба рӯйихати давлатҳое шомил мебошад, ки ин беморӣ ба онҳо бештар аз ҳама асар кардааст. Ғайримунсифона  ва душманӣ  мебуд, ки агар афроди бадбини миллати тоҷик мавҷудияти коррупсияро дар кишварамон ба ҳанафия, ки аксари кулли мардуми мусалмони кишвар пайрави ин равия ҳастанд ва Имоми Аъзам, яке аз бузургтарин шахсиятҳои ислом аст, рабт медоданд, зеро ин бемории иҷтимоӣ марзу бум, рангу пӯст, дину мазҳаб ва миллатро намешиносад ва танҳо фантазияи Ёрмуҳаммади Сучонӣ ба вай имкон додаст, ки камбудии фаъолияти созмонеро дар мазҳаб ҷӯё шавад.

Ёрмуҳаммади Сучонӣ ду мавзӯи комилан мухталифро, ки яке таҳлили фаъолияти муасссисот асту дигаре мазҳаб дар як мақола ғунҷонда, хоставу нахоста ба абзори корбурди забони адоват дар ростои мазҳаби исмоилия дар мақолаи хеш табдил шудааст. Дар журналистика мафоҳими забони дурушти адоват, забони миёнаи адоват ва забони нарми адоват маълум буда, меъёрҳои этикӣ, ба хусус дар инъикоси масоили диниву мазҳабӣ истифодаи одилонаи ин забонро тақозо дорад, вале мутаассифона, энскиклопедисти мӯҳтарам ин меъёрҳоро сарфи назар кардааст. Зеро сарчашмаҳои  давраи шӯравӣ, ки Ёрмуҳаммади Сучонӣ ба онҳо дар мавриди мазҳаби исмоилия рӯ овардааст, на фақат нисбат ба мазҳаби исмоилия -чун як шохаи ислом, балки нисбати худи дини мубини ислом ва адёни ҷаҳонӣ аз рӯйи адовати идеологӣ бархӯрд карда, бо овардани иқтибосҳо ин шева ба забони муаллиф ҳам кӯч бастааст. Аз рӯйи адолат Ёрмуҳаммад бояд дар мақолаи хеш ба сарчашмаҳои алтернативӣ муроҷиат мекард, вале ба назар мерасад, ки ғараз барояш имкони берун шудан аз чаҳорчӯбаи адовати идеологиро надодааст. 

Муаллиф дар мақола чун як шахси ноогоҳ аз таъриху фарҳанги мардуми хеш баромад мекунад ва дар корбурди забон ба таҳқиру тавҳини миллатҳои дигар ва шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳам роҳ додааст. Ӯ менависад, ки дар қатори нахустфиристодаҳои Ҳозиримом "Раҷпут ном марди миёнсоли покистониасл буд, ки дар ватанаш яқинан касе  ба саломи ӯ алейк намегирифт ва аз арақи баданаш дар бари ӯ шишта намешуд". Бояд гуфт, ки оқои Раҷпут доктори илми риёзӣ буда, дар донишгоҳи Бирменгами Англия ба шогирдон дарс гуфтааст ва ҳамчун шаҳрванди кишвари мутамаддини Англия, ки дар он табъиз барои ранги пӯсту нажод ба шуури асримиёнагӣ баробар ва таҳқиру тавҳин дониста мешавад, метавонад, муалифро ба суд диҳад. Раҷпут на ҳамчун як шахси мазҳабӣ, балки як фарде, ки Тоҷикистон ва мардуми онро дӯст доштааст, муваққатан дар ин ҷо сукунат ихтиёр кардааст ва чун як олим ва инсони хуб аз эҳтироми воқеъии мардум бархурдор аст ва ҳамчун журналист бароям ифтихор медонам, ки аз сӯҳбатҳои ин шахси наҷиб ба забони ноби форсӣ-тоҷикӣ дар мавриди ашъори сухансароёни клоссик борҳо баҳравар шудам. Аммо Раҷпут, ба қавли муаллиф ягона "покистонӣ"-е нест, ки ҳузураш дар кишвар мавриди нороҳатии Ёрмуҳаммади Сучонӣ шудааст. Ин ҳомии миллатро ҳамчунин эҳтимолияти афзоиши "ҷаҳиши малахи хитоиҳо, зангиҳои бебизоати африқо ва занбораҳои араб", хайрият, ки сарватмандони ин кишварҳои ёдшуда аз рӯйхати сиёҳаш берун мондаанд ва ҳузури покистониҳои дигар дар ҷумҳурӣ безобита мекунад. Ба Ёрмуҳаммад гуфтаниам, ки пеши мавҷи ҷаҳонишавиро бо бадбинӣ гирифта намешавад ва ба миллате, ки фарҳанги баланд дорад, хатари махлутшавӣ таҳдид  намекунад. Намедонам, ки оқои Ёрмуҳаммад шахсан худро ба кадом нажоду ранги пӯст ва ё табақа шомил медонад, вале як чиз рӯшан аст, ки таънаву маломат барои ранги пӯст, миллият, мазҳаб, сатҳи дороӣ, ба хусус барои шахсе, ки худро зиёӣ мешуморад, зебанда нест ва агар чунин бошад, оё  тафаккури чунин ашхосе, ки дар либоси зиёӣ тафриқа меандозанд, аз  андешаи  миллатгароёни рус, ба мисли Жириновский ва Онишенко чӣ тафовуте дошта бошад? Масалан, ман боварӣ дорам, ки ҳамчун зиёии ҳақиқии рус Антонина Писарчик, ҳамсари этнографи барҷаста Михаил Андреев, ки оқои Ёрмуҳаммад бо вай дар Маскав ҳамсӯҳбат шудааст, ҳеч гоҳ дар хотираҳояш наменавишт, ки ман дар бораи сиёсат ва фарҳанг бо шахси осиёие, ки "дар ватанаш яқинан касе  ба саломи ӯ алейк намегирифт ва аз арақи баданаш дар бари ӯ шишта намешуд" сӯҳбат кардам,. Забонеро, ки Ёрмуҳаммади Сучонӣ дар мавриди мансубияти афрод ба миллат ва ранги пӯст ба кор бурдааст, аз лиҳози журналистика забони дурушти адоват буда, ҳам қавонини умумибашарӣ ва ҳам ислом онро рад мекунанд.

Ёрмуҳаммад фақат даврони шӯравиро таърифу тавсиф карда, менависад, ки гӯё давлати шӯравӣ ба кори рӯҳониён дар Бадахшон  дахолате надоштааст. Дар бораи бо дасти хадамоти махсус ба ҳалокат расидани рӯҳониёни саршинос ва пайвандони онҳо, бадарға шудани халифаҳо ва шахсоне, ки савод доштанду алифбои форсиро хонда метавонистанд, ба шаҳри Ӯши Қирғизистон ва Сибир, кӯшиши манъи суннати "Чароғравшан", таъқиби рӯҳониёне, ки фароизи мазҳабӣ анҷом медоданд ва рӯҳониён маҷбур мешуданд, ки ин фароизро  шабона анҷом диҳанд ва шабона ҳам дар бархе аз маворид аз тарафи комсомолон дастгир шудану то субҳ дар ҳуҷра ва ё оғил банд кардани онҳо, бо супориши хадамоти амниятӣ ба қаҳрамони доимии фелетонҳо дар рӯзномаи вилоятӣ табдил ёфтани овозхонҳои маъруфи сурудҳои ирфонӣ, ки ягона "ҷурмашон" дилбастагӣ ба ашъори Аттору Саноъӣ, Ҳофизу Саъдӣ ва Румӣ буд, чизеро гӯё  намедонад ва нашунидааст.

Зарурати танзими расму русум ва оин дар солҳои охир бо тақозои замон ба миён омада, ҳадафи он танҳо сарфаи вақт ва маблағи мардум, бахусус хонаводаи азодор буда, моҳияти оинҳо ҳамонгуна побарҷо мондааст. Аз ҷумла, мардуми деҳоти Сучон, ки яке аз марказҳои калонтарини мазҳаб ба шумор меравад ва бо рӯҳониёни   саршиноси мазҳабӣ шӯҳрат дорад, ин дигаргуниҳои ҷузъиро пазируфтанд ва ба нафъи ҷамоат донистанд.

Ёрмуҳаммади Сучонӣ  бо истинод ба файласуфи ҷавон Қурбонназар Тавуров овардааст, ки номбурда бо норизоиятӣ аз наҳваи танзими оинҳо онҳоро кори дасти "имомчаҳо" -и навзуҳур арзёбӣ намудааст. Ин  ҷо корбурди  вожаи "имомчаҳо"-ро  нисбат ба ашхосе, ки файласуф ва мулло аз фаъолияташон норозӣ аст, аз рӯйи виҷдон ва адолат намешуморам.

Ёрмуҳаммади Сучонӣ дар зерсарлавҳа "аз воқеияти талхи таърих менолад, ки ба гуфтааш эшон бо пазириши фирқаи исмоилия хештанро дар инзиво қарор дода, борҳо аз муноқишоти мазҳабӣ бо ҳамсоягон ҷабр кашиданд, зеро дар он замонҳо мардум дар қиёси ҳамдигар тафовутро фақат дар мазҳаб медиданд". Ба оқои Ёрмуҳаммад гуфтаниам, ки агар ҷойи мардуме ба хотири муҳаббат ва эътиқод ба аҳли байт ва ин ақидаашон, ки Имом бояд аз хонадони пайғамбар бошад, дар сарзаминҳои ҳосилхезу дорои дигар  неъматҳои табиӣ танг шудаву ин мардум ба хотири пойдории дину мазҳаб, фарҳанг, фалсафа, расму русум, анъана ва ақида зиндагӣ дар кӯҳистонро ихтиёр кардаанд, пас, ба чунин мардуми фидокор  ифтихор бояд кард. Ин мардуми муҳаббатпарвар санги кӯҳистонро аз порчаи заминҳои зархез, ки имрӯз аз қаламрави Тоҷикистон ҳам берун мондаанд, кам намедонанд ва шукр мекунанд, ки ба қавли шоир   "Тоҷикистон сари ҳар санги ту бар ман ватан аст". Бадахшонро осорхонаи зиндаи фарҳанги бостонии мардуми тоҷик меноманд ва ин баҳоро на як бору ду бор аз забони аҳли адабу фарҳанги шинохтаи   тоҷик  шунидам ва тавре худи муаллифи энсиклопедист қоил шудааст, агар суннатҳои наврӯзӣ ва дигар оинҳои тоисломӣ бештар аз дигар манотиқ дар  Бадахшон ҳифз  гардиданд, пас дар маҷмӯъ онҳо акнун  сарвати фарҳангии мардуми тоҷикро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин  агар шиаъи исмоилия - чун як шохаи ислом дар баробари дигар нуқоти ҷаҳон дар Бадахшон ҳифз шуда, густариш ёфтааст, он аз   фарҳанги баланди ҳамзистии мусолиматомези мардуми мусалмон  дар кишвар шаҳодат медиҳад ва ҷузве аз сарвати дини ислом ва мардуми кишвар аст. Ба андешаи донишмандоне мувофиқам, ки мегӯянд, худованд ҷаҳонро ба ҳар ранге офаридааст ва гуногунрангии  ислом низ қуввату қудрати ин дин аст.

Ёрмуҳаммади Сучонӣ ҳуқуқ дорад, ки мазҳабро мавриди шубҳа қарор диҳад, ба мазҳаб ва ё дини дигаре бигаравад ва атеист бошад ё набошад, аммо ҳақ надорад, ки афкору андешаи миллионҳо пайравони як фирқаи дини исломро, ки дар нуқоти мухталифи ҷаҳон зиндагӣ доранд, зери шубҳа гузорад, мусалмонон ва миллатҳоро ба ранги пӯст ҷудо кунад, ба ибораи як нависандаи фаронсавӣ "ҷаноб,  ман ба гуфтаҳоятон кароҳат дорам, аммо сарамро медиҳам, то  фикратонро гуфта бошед, вале наметавонед ва ҳақ надоред, ки фикратонро ба дигарон таҳмил кунед" ва ба пайравони як фирқа панд диҳед, ки "бо пазириши фирқа онҳо худро дар инзивоъ қарор доданд". Шоҳид ҳастем, ки бархе аз нуқоти ҷаҳони имрӯз ба манбаъи ихтилофи адён ва мазоҳиб табдил ёфтаанд. Аммо агар аз ҳақиқат нагузарем, шомили як равияи динӣ будани мусалмонон кафолати ҷилвагирӣ аз низоъ буда наметавонад. Ҷаҳон ҳамчунин шоҳиди бархӯрдҳое ҳаст, ки дар дохили пайравони як дин ва ё мазҳаб ба вуқӯъ мепайванданд. Дар гузаштаи начандон дур аз ҷониби нируҳои ғаразнок ҷудо намудани мардуми мусалмони тоҷик ба "вовчик"-у  "юрчик" кофӣ буд, ки муқовимати тарафҳо авҷ гирад.

Мазҳаб ва ё афкору андешаи исмоилӣ  ба мисли фарҳангу забони  пурғановати мардуми  тоҷик алорағми тохтутозҳои Маҳмуди Ғазнавӣ, Чингизу Темурланг давраҳои ториктарини таърихро убур кард. Имрӯз агар пайравони ин мазҳаб дар Бадахшон аз мушкилоти иҷтимоӣ ва  иқтисодӣ шикоят меварзанд, вале аз сиёсати динии ҳукумати ҷумҳурӣ  гила надоранд ва ё гилаи камтаре доранд, зеро ҳукумати кишвар, ки  бояд ҳамчун як ҳукумате, ки фарохтар аз доираи як маҳалу мазҳаб ва дин андеша мекард, бо назардошти орзуву омоли чандинасраи мардуми Бадахшон, иродаи мазҳабӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва динӣ, ки Сарқонуни кишвар кафолат медиҳад, барои пайравони як шохаи дини мубини ислом барои дидор бо роҳбарии рӯҳониашон шароит фароҳам сохта, ба боварӣ ва эътимоди бештари мардуми минтақа сазовор гардид.

Мазҳаб ва ё афкори исмоилӣ чун як  ҷузви фарҳанги мардуми тоҷик дар ҳар давру замон мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст. Сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдақӣ барои ба мазҳаби фотимӣ таваҷҷуҳ доштанаш аз ҷониби мутаассибин қарматӣ эълон шуд. Падари Шайхураис Абӯалӣ Сино пайрави ин мазҳаб буд ва ё ҳадди ақал, тавре дар маъхазҳо омадааст, бо аҳли илму дониши шиъаи исмоилия дӯстӣ меварзид ва афкору андешаи шиаъи исмоилӣ ба таълифоти донишманди бузург бетаъсир намондааст. Ҳаким ва файласуфи бузург Носири Хусрав замину коинотро офаридаи Худованди якто, вале замину коинотро донисташаванда барои ақли  инсон мешумурд. Муҳаққиқон ҷадалҳои ҳакимро барои тоза нигоҳ доштани забони дарии тоҷикӣ бемисл дарёфта мегӯянд, ки дар таҳқиқоти фалсафӣ ва метафизикиаш ба ҷойи калимаҳои арабии "муҳаррик" ва амсоли инҳо калимаҳои тоҷикӣ ба мисли "ҷунбанда" ва синонимҳои тоҷикии онҳоро истифода бурдааст ва ӯро барҳақ  Коперники тоҷик меноманд. Бузургтарин намояндаи ин назҳати фикрӣ  Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аст, ки мардуми шиъаи исмоилияи Бадахшон ин бузургвор ва ашъорашро сар то ба по аз худ медонанд ва аз бар медонанд. Ҳарчанд ба бовари бештари муҳаққиқон Мавлоно аз  аҳли суннат буду то охир аҳли суннат монд. Аммо дар Ғарб ҳам афроде ва муҳаққиқоне ҳастанд, ки мегӯянд, назҳати фикрии Мавлоно   зери таъсири фарҳанги Византия зуҳур кардааст ва ӯро аз худ медонанд. Зиҳӣ алломаи бузурге, ки ба гуфтаи муҳаққиқон "вақте тобуташро мебурданд, аз паси он форсу яҳуду араб ва насоро баробар гиря мекарданд ва ҳар қавме ӯро аз худ медонист". Зарурате ҳам барои исботи пайрави кадом дину мазҳаб будани Мавлоно вуҷуд надорад, зеро баҳри афкору андешаи Мавлоно болотар аз миллатҳо ва динҳост. Тавре  дар "Маснавӣ"-и маънавии Мавлавӣ, ки онро  андешамандон Қуръон дар забони паҳлавӣ номидаанд, омадааст:

Маснавии мо дӯкони ваҳдат аст, 

Ғайри ваҳдат ҳар чӣ гӯӣ, он бут аст.

Пас, ваҳдат ибораи сохтаи даврони мо набудааст. Аҳли адабу  фарҳанги форсу тоҷик ҳеч як дину мазҳабро бар дигаре болотар ва мӯъҷиби бадбахтии касе намешумурданд ва гуфтаҳояшон саршори орзуи тарбияи инсони комил  ва ҷомеаъи комиле буд, ки ин орзуву омол акнун дар шакли Эъломияи Ҳуқуқи Башар ва дигар санадҳои ҷаҳонӣ ба мо бармегарданд ва ба ин арзишҳои умумибашарӣ бояд арҷ гузорем.

Мушкилоти кишвари мо дар дину мазоҳиб нест. Агар ба воқеият нигарем, панҷаҳои гирои он нируҳои сиёсие, ки бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ гулӯи Тоҷикистонро оҳиста-оҳиста мефишоранд, ба дину мазҳаб алоқае надоранд. Мушкил он аст, ки ин нируҳои фурсатталаб метавонанд ҳатто дар дохили як дин рахна ҷӯянд ва аз он истифода кунанд. Аслан изҳори назари як фард дар масоили мухталиф дар ҷомеаи муттамаддин амри табиӣ буда, касеро ба ҳайрат ҳам намегузорад. Аммо ба шеваи таблиғотӣ табдил шудани он дар дасти афрод ва гурӯҳе нигаронӣ бор меорад. Аз ин рӯ дар инъикоси масоили миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ, аққалиятҳои миллӣ ва этникӣ бояд аз истифодаи забони адоват бипарҳезем, то гуфтаҳо бо ғараз олуда набошанд. Вале агар сухан бо ғараз олуда шуд, пас адолат аз байн меравад, аммо ҳангоме, ки адолат аз байн меравад, дар пайи он ҷаҳолат аст, тавре ки инро дар мақолаи Ёрмуҳаммади Сучонӣ эҳсос кардам.

Бо камоли эҳтиромМирзоҷалоли Бадахшӣ

P.S. Вокуниши мазкур бояд дар нашрияи "Нигоҳ" чоп мешуд. Вале мутаассифона, сардабири "Нигоҳ" ба далели ин, ки гӯё ман ба таҳқири муаллифи мақолаи "Нигоҳ" роҳ дода бошам, чопи матлаби маро рад намуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ёрмуҳаммади Сучонӣ дар мақолаи худ, ки дар ин нашрия  чоп гардид, ба иззати нафс ва шахсияти даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар расида, ба табъизи шаҳрвандони хориҷи кишвар роҳ додааст ва нисбати  пайравони як шохаи дини мубини ислом забони дурушти адоватро истифода бурдааст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки сардабири мӯҳтарами "Нигоҳ" ҳамаи инро нодида гирифта, барои чопи матлаби ман, ки бо услуби омиёнаи хос барои Ёрмуҳаммади Сучонӣ навишта шуда, дар он кӯшиш  кардам, таҳқиру тавҳинҳои  Ёрмуҳаммади Сучониро дар ҳаққи шахсиятҳо ва мазҳаб мавриди баҳс қарор диҳам, зеро ҳақиқат дар баҳс ва изҳори назарҳои мухталиф тавлид мешавад, мухолифат варзид. Хеле дилозурда ва хиҷил шудам, чун назари сардабири як нашрияи мустақилеро, ки ба он эҳтиром доштам, ба назари Ёрмуҳаммади Сучонӣ мувофиқ дарёфтам, чун аввалӣ аз имкониятҳои озодии баён истифода карда, дар ростои ман дари озодии баён баста гардид.

Бинобар ин маҷбур шудам, матлабро дар нашрияи "Миллат" ба чоп расонам. Зеро мавзӯъи баҳси суннатҳо ва навовариҳо дар мазҳаби исмоилӣ аввалтар дар нашрияи "Миллат" бидуни тавҳину таҳқир оғоз шуд вабаъдан ба таври дағалона ба сафҳаи "Нигоҳ" "кӯч баст". Баҳсе, ки дар "Миллат" оғоз шуда буд, як баҳси фикрӣ роҷеъ ба суннатҳо, таълимот ва  зарурати ҳифзи он, инчунин масъалаи иштиҳод ва навоварӣ дар мазҳаб буд. Ва ҳадаф аз он ҳазми назар ва интиқодот, ёфтани нуқтаи иштирок дар суннатҳои гузашта ва иштиҳодот буд. Аммо бо таассуф дӯстони қаламбадаст ё масъулони "Нигоҳ" бо баргирифтани асли андеша ва мавзӯъсозӣ барои бозори матбуот ба ин масъала пардохта ва як баҳси сирф фикрӣ ва тахассусиро ба як баҳси иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил карданд. Ин беҳтар аст, ки агар ҳар нашрия роҳи худро бипаймояд ва думболи мавзӯъҳои хоси худ биравад. Ва аз дуздии андеша ва мавзӯъ худдорӣ шавад. Бо ин вуҷуд мо қавоиди журналистикаро риоя карда, вокунишро ба "Нигоҳ" бурдем, аммо чун дарро ба рӯи хеш баста дарёфтем, ба "Миллат" рӯ овардем. 

Мутмаинем, ки дар ин росто ғалат накардаем. Аз ин рӯ бо интишор гардидани ин матлаб  дар чорчӯбаи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ  баҳо додан ба матолиби ҳар ду муаллиф ва мавқеъи сардабири "Нигоҳ" -ро ба ин матолиб ба саллоҳияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳавола мекунам ва умедворам, ки хулосаи беғаразонаи Шӯро бо ҷалби коршиносони соҳа барои муаллифони матлабҳои баҳсӣ ва сардабири мӯҳтарами "Нигоҳ" ва ҳамчунин воситаҳои ахбор дар кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97