Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола

Иҷтимоъ 14.05.2012 19:39

Ё вазифаи хонагӣ ба шаҳрдори нави Кӯлоб

KulobРушду нумуъи кишвар бо назардошти пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру навоҳӣ ва манотиқи фарогираш тавассути ташаккул ва таҳаввули ҷомеаи маданӣ зарурати рушди мустақилонаи ҳудудҳои маъмуриро дар асоси усулҳои худидорию худкифоӣ ба миён меорад. Дар ин росто даст кашидан аз усулҳои пешинаи банақшагирӣ ва корбурду тарҳрезии нақшаҳои дурнамо ва стратегии ҳудудҳои ҷудогона ин тамоюлро дастгирӣ намуда, ҳамзамон имкон медиҳад, ки тамоюлҳои номураттабу номуназзами марказгурезӣ, ки воситаи харобкунии фазою муҳити  воҳиди кишвар мебошанд, мустасно гарданд.

Аз дастгоҳи куҳнаю коношоям даст кашед!

Баъд аз касби соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб то ибтидои солҳои 2000 - ум ҳаммонанди баъзе аз шаҳру манотиқи ҷумҳурӣ аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ ҳоли ногувору табоҳе дошт. Хушбахтона, вобаста ба тадобиру иқдомоте, ки дар шаҳр нисбати таҷлили 2700 - умин солгарди он пешбинӣ ва амалӣ шуданд, то андозае ба рушду нумуъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъсири мусбат расониданд, вале аксари иншооти нав бунёд ё тармим шуда арзишу ҷанбаҳои маданию маишӣ ва истироҳатию фароғатӣ доштанд. Бо сари кор омадани раиси нави шаҳр, муҳтарам Абдуғаффор Раҳмонов, ки шахси корозмудаю таҷрибадор менамояд, умед аст, ки иқдомоти хайре пеш гирифта хоҳад шуд ва саноату иқтисоди шаҳр ба ҳаракат даромада, то андозае ҷоннок мешаванд. Вале ин амал бо ҷой доштани сабаб ва омилҳои зиёди айнию зеҳнӣ қобили таваҷҷуҳ буда наметавонад, чаро ки раиси кунунии шаҳр ҳоло бо команда ва дастгоҳи кӯҳнаи пешина, ки корношоямии худро тайи ду соли ахир собит намуда буд, корро идома медиҳад. Ҳол он ки дастандаркорони самту соҳаҳои хосатан манзилию сохтмонии ҳукумати шаҳр дар назди сокинон бинобар ба тариқи мусбат ҳаллу фасл карда натавонистани авоқиби офатҳои табиии ду сол қабл рӯй дода, эътибори худро аз даст дода буданд. Корхонаю коргоҳҳои азимтари саноатию иқтисодие, ки солҳои мадид фаъол буданд, ҳоло қариб нисфи иқтидори даврони пешинро надоранд. Дар ин ҷода фақат корхонаҳои калони истеҳсоли шир, нон, равған, пахта ва таъмири таҷҳизоти техникӣ мустасноанд, ки нисбатан фаъоланд, аммо миқдори ками аҳолиро, ки мувофиқи нақшаи кулл (яъне генералӣ) - и рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои 250 ҳазор нафар тарҳрезӣ ва пешбинӣ шудааст, ба шуғлу кори доимӣ фарогиранд.

Чаҳор мушкили домангири Кӯлоб

Мутаасифона, аксари корхонаҳои саноатӣ, ки солҳои 90 - уми асри гузашта хусусӣ гардонида шудаанд, дар ин шаҳр ё фаъол нестанд ва ё мувофиқи таъйинот истифода бурда намешаванд. Аксари нафароне, ки корхонаҳо ва дигар биною иншооти шаҳрро хусусӣ гардонидаанд, раванди хусусигардониро нодуруст дарку фаҳм карда, онҳоро ба моликияти шахсӣ табдил додаю манбаи даромади худ тавассути иҷорадиҳӣ ва ё истифодаи ғайримақсаднок қарор додаанд. Яъне мафҳумҳои "хусусӣ" (частное) ва "шахсӣ" (личное) - ро бо ҳам омехтаю махлут гардонидаанд.

Аслан дар шаҳр аз маҷмӯи мушкилоти мавҷуда чор проблемаи асосиро зикр кардан ба таври ҷиддӣ месазад:

1. Заъиф будани иқтидори корхонаҳо; 2. Дастрасии номуназзами сокинон ба оби ошомиданӣ; 3. Доман задании бемориҳои сироятӣ; 4) Нарасидани нақлиёти мусофирбари мусоид ва мувофиқ.

Бекорӣ ва соҳибкорӣ

Kulob_01Маълум аст, ки барои ташаккули иқтисоди бозаргонӣ ва сохтани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аксари фишангҳои иқтисодию саноатӣ бояд ба дасти шаҳрвандон ва ё гурӯҳи шаҳрвандон, ки соҳибкоронро ташкил мекунанд, гузаранд, яъне инҳисори давлатӣ набояд бошад. Мутаассифона, дар шаҳр кам нафароне ҳастанд, ки ба мафҳуми соҳибкории асил  дуруст сарфаҳм раванд. Аксари соҳибкорон таҳти ин мафҳум фақат тиҷоратро мефаҳманд, ҳол он ки шакли асосии соҳибкорӣ - ин соҳибкории истеҳсолӣ аст (албатта дар баробари соҳибкории тиҷоратию хидматрасонии пулакӣ). Дар ҳудуди шаҳр Маркази воҳиди таълими соҳибкорон агар арзи ҳастӣ менамуд, хеле иқдоми хуб мебуд, чаро ки қисмате аз сокинони қобили меҳнат (аксаран мардҳо ва баъзан занҳои аз 17 то 57 сола) дар ҳудуди Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар ҳолатҳои мушкилу сангин ба сар мебаранд ва як нафар муҳоҷири меҳнатии кӯлобӣ қариб 6-7 нафари дар ватан боқӣ мондаро мехӯронаду мепӯшонад. Беш аз 30 % муҳоҷирони меҳнатӣ бе ному нишонанд ва ҳеч фоидае оилаи онҳо аз муҳоҷирати меҳнатии онҳо ба даст намеоранд. Танҳо тахминан 70 % - и онҳо бо оилаҳои худ доиман дар тамосанд ва маблағ мефиристанд. Маълум аст, ки гурӯҳи зиёде низ дар муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд доранд, ки намехоҳанд ба ин наздикиҳо ба ватан баргарданд.

Камтар аз 60 млн. сомонӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳол он ки имконият ва қобилияти иқтидори ин корхонаҳо қариб 10 баробар зиёдтар аст. Каме бештар аз 2500 нафар дар ин корхонаҳо ба кору меҳнат машғуланд. Дар сурате ки тибқи маълумотҳои ба даст овардаи мо, бештар аз 12 ҳазор нафар ҷавонони қобили меҳнат бе ҷои кору шуғли доимианд. Ин дар ҳолатест, ки аҳолии шаҳр 100 ҳазор нафар ва бо назардошти аҳолии ҷамоатҳои тoбеи шаҳр 190 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Кӯлоби беоб

Қариб 60 % аҳолӣ дастрасии пурра ба оби тозаи ошомидании доимӣ  надоранд ва обро аз масофаҳои аз 200 метр то 2 километр кашонида меоранд. Тамоми қубурҳои обгузари шаҳр солҳои 60 - 70 - уми асри гузашта насб шудаанд. Дар ҳудуди шаҳр қариб 50 адад "чашмаҳои сунъӣ"  вуҷуд доранд, ки аз қубурҳои кафидаю вайроншудаи обгузар пайдо шудаанд ва баъзан бо оби қубурҳои ташнобӣ омехтаю махлут гашта, метавонанд сарчашмаи афзоиш ёфтани бемориҳои мусрӣ бошанд. Як қисмати замини мaҳaллаҳое, ки тибқи нақшаи манзилии шаҳр ба аҳолӣ тайи даҳ соли ахир барои сохтани манзили истиқоматӣ тақсим шудаанд, аз нигоҳи таъминоти барқию обӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода шудаанд. Масалан, панҷ - шаш сол қабл дар мaҳаллаи 13 - уми назди бинои Вокзали роҳи оҳан ҳудуди 70 - 80 хонавода иҷозати сохтани манзил гирифта, ҳоло  он ҷо маскан гузидаанд, вале ин гӯша, ки қариб маркази шаҳр мaҳсуб мешавад, пур аз лою хок буда, сокинони он панҷ- шаш сол аст, ки ба об дастрасии мустақим надоранд.

 Айбҳои ба чашмбихӯри шаҳр

Аз 25 автобусе, ки бо кӯшиш ва заҳматҳои раиси ҷумҳур дар рӯзҳои ҷашни 2700 - солагии шаҳр ҷудо шуда буд, фақат як - ду тои  он гоҳ-гоҳ ба интиқол додани мусофирон машғуланд. Ин дар ҳолест, ки ҳар моҳ аз буҷаи шаҳр шояд маблағи муайяне барои мунтазам ҳаракат кардани онҳо ҷудо шавад.

Роҳҳои нақлиётие, ки нуқтаҳои дохили шаҳрро бо ҳам мепайванданд солҳои ахир сифатан нав шудаанд, вале, мутаассифона гирду атрофи шаҳр, ки аз чор ҷамоат ва деҳоти зиёд иборат буда, тобеи маъмурияти шаҳри Кӯлоб ҳастанд, ба дасти фаромӯшӣ супурда шудаанд.

Дар ҳудуди шаҳр трансформаторҳои корношоям хеле зиёданд, симчӯбҳо ва симҳои интиқоли барқ дар вақташ нав карда намешаванд, чаро ки ҳамаи ин қариб хароҷоти як ниругоҳи миёнаи барқиро талаб мекунад. Қарздорони Корхонаи фаръии обу ташноби шаҳр хеле зиёданд, ин дар ҳолест, ки худи корхона дар навбати худ аз дигар муассисаҳо қарздор аст. Ҳамин тариқ, қарзҳои байниҳамдигарии муассисаю корхонаҳо қариб як кӯчаи сарбастаро мемонад. Масалан, аҳолии шаҳр аз Корхонаи газ хеле қарздор аст.

Баъзе аз таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи шаҳр пур аз оби гандидаи зак гаштаанд. Масалан, дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ин ҳолат ногувор аст. Ҳолати таҳхонаҳои якчанд бинои истиқоматии шаҳр риққатовар аст.

Ҳама чиро кадрҳо ҳал мекунанд

Аксари мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ пурра таъмиру тармим шудаанд ва чанд мактаби замонавии нав сохта ба истифода дода низ шуд. Иқдомоти хубе пеш гирифта шуд ва компютеризатсия карда шуданд, вале мутаассифона, мутахассисине, ки бояд ба хонандагон тарзи истифодаи дурусти онҳоро таълим диҳанд, нисбатан каманд ва зуд-зуд ин таҷҳизотҳои техникии мактабҳо корношоям мешаванд. Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб низ гумон мекунам заминаи моддию техникии хубе надорад. Бо таъйин шудани доктори илм Солеҳов Н. Н. бар раёсати ин даргоҳ умед аст, ки вазъият беҳбуд хоҳад ёфт. Потенсиали илмию таълимии Донишгоҳ бо сабаби дар солҳои мустақилият онро тарк кардани қариб 75 нафар олимону муаллимони унвону дараҷаҳои илмӣ (номзаду докторони илм, дотсентону профессорон) дошта, хеле коҳидааст ва гумон аст, ки дар зудтарин фурсат он қудрату тавоноии пешинааш барқарор карда шавад. Дар ҳудуди минтақа бошад, қариб 7 - 8 нафар номзаду докторони илм дар соҳаҳои дигар фаъолият дошта, берун аз корҳои илмию таълимӣ қарор доранд.

Бо рӯи кор омадани Алишер Кабиров ба симати сардухтури Беморхонаи вилоятии № 2 - и шаҳри Кӯлоб падидаи мусбате дар соҳаи хадамоти тиббӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ, ки худ ҷавони масъулиятшинос, маданӣ ва аз навгониҳои илми тибб дар арсаи ҷаҳонӣ бохабар аст, дар  ин муассисаи калонтарини тиббии шаҳр ва минтақа низ зуд муносибат ва муомилаи табибон ва ходимони тиббӣ ба таври мусбат тағйир хӯрда, бо мизоҷону муштариён бархӯрди онҳо  беҳтару хубтар гардид. Алъон ба сифати мудири шӯъбаи тандурустии Кӯлоб раҳбари наву кордон ва умедбахш Абдуллатиф Нозимов таъйин гашт, ки малакаҳои хосаи идориро дуруст дарку фаҳм мекунад. Инчунин бо рӯи кор омадани раҳбари наве дар Маркази бемориҳои қалби шаҳр (Шарофиддин Рустамов), ки тавонист қариб баъди 20 - 25 сол нафари дигареро дар ин симат табдил кунад, метавонад гувоҳӣ ва шаҳодат аз фаъолияти пурсамари ин даргоҳу дармонгоҳи тиббии хоса гардад, чаро, ки ӯ низ ба синну сол ҷавонтар ва аз донишу малакаҳои қалбшиносии замонавӣ бештар бурхурдор аст. Ахиран тавассути мусоидати Сафорати Ҷопон ворид намудани таҷҳизотҳои муосиру навтарини замонавиро фароҳам оварда, раҳбари Маркази кумаки фаврии тиббии шаҳр, Инъомҷон Ҳақназаров тавонист ба тариқи хеле ҷиддӣ сифати хадамоти тиббиро дар самти кумаки фаврию таъҷилӣ ба таври мусбат тағйир диҳад. Ин ҷавонон ҳамчунин тавонистанд қолабҳои сохтаро, ки монеъи машғул шудан ба илм дар минтақа мешуд, бишкананд ва алъон чандест, ки ба сифати унвонҷӯйҳои илмӣ ба тадқиқу таҳқиқи масоили тиббию тадқиқотӣ машғуланд.

Тиб: Кӯлоби асри ХХ1, таҷҳизоти ибтидои асри ХХ

Аммо мутаассифона, чандин муассисаҳои тиббию табобатии вилоятию  минтақавӣ, ки дар шаҳр фаъолият доранд ва ё тӯли солҳои истиқлол сохта шудаанд, зоҳиран хеле зебою мунаққашанд, вале боз аз ҳамон таҷҳизотҳои ташхисию дармонии тиббии куҳна истифода мешавад ва баъзан барои он ки табобати сифатан хубтар гиранд, қисме аз беморон,  ки мақоми иҷтимоию ҳолати иқтисодиашон беҳтар аст, ба  шаҳрҳои Душанбе,  Хуҷанд ва ё берун аз кишвар мераванд. Чаро ки дар ин шаҳр ҳоло ҳам аз усулҳои пешинаи муоина ва санҷиши тиббӣ тавассути фақат кардиограммаҳои барқӣ, муоинаи зоҳирии беморон, дастгоҳҳои оддитарини ултрасадо ва ҳоказо истифода мебаранд. Таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон, аз қабили Томограмма, Коронарограмма, МРТ (резонанси магнитию томографӣ) ва ғайраю ҳоказо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд аз онҳо истифода мекунанд, муассисаҳои тиббию табобатии шаҳри Кӯлоб мaҳруманд. Ҳол он ки аз шаш - ҳафт адад томограммаи компютерӣ, ки дар Душанбе аст, мумкин буд, ки яктоӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки саввумин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ эътироф шудааст, вуҷуд медошт. Оддитарин дараҷаҳои масалан, бемории ҷоғарро, ки солҳои ахир шумораи мубталоёнаш  зиёд гаштааст, духтурон бо даст ламс карда муайян мекунанд. Тавре ки огоҳ ҳастем, зимни ифтитоҳи расмии бинои нави таъмир шудаи Донишгоҳи тиббӣ муҳтарам раиси ҷумҳур  оид ба пинҳон доштани теъдоди гирифторони беморони сил таъкид карда буданд. Панҷсолаю даҳсолаҳост, ки бемории сили дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба таври васеъ паҳншуда, тайи ду - се соли ахир ба сокинони шаҳри Кӯлоб ва атрофи он низ сироят ва таъсир кардааст, ки бояд пеши роҳи он гирифта шавад. Ҳоло дар маҷмӯъ аҳолии мубталои бемории сил дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи тобеъ ва ҳамноми он қариб аз беморони ноҳияи силзадаи ноҳияи Восеъ зиёдтар  шудааст. Ҳамаи инро сабаб шояд он бошад, ки дигар шаҳри Кӯлоб маркази вилоят нест ва маркази як минтақаи маъмулие гаштааст?!

Чӣ бояд кард, то зиндагӣ беҳтар шавад?

Ҳарчанд буҷаи шаҳр худкифо нест ва он шаҳри дотатсионӣ аст ва аз буҷаи марказ қисман пурра карда мешавад, мехостам, ҷиҳати беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва сокинони он чанд пешниҳоди худро ироа намоям:

- бояд шаҳр ҳадафхои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодию иҷтимоии мушаххас дошта бошад;

- нақшаи стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр бояд бо назардошти ҷиҳатҳо ва ҷанбаҳои қавию заъифи он мураттаб ва тарроҳӣ шавад;

- бахшҳо ва ё секторҳои мақсадноки иқтисодиёти шаҳр мушаххас шуда, барномаи амалиёти маъмурият ва ё идораи шаҳрдорӣ оид ба дастгирии ин иқтисодиёт мураттаб ва муназзам гардонида шаванд.

Аз ин лиҳоз хуб мешуд, ки арзишҳо ва манфиатҳои нави рушди ҷомеа ба эътибор гирифта шаванд, маданият ва санъати роҳбарию идорӣ вобаста ба талаботҳои нави замон мукаммал гардонида шаванд, ё беҳтар аз ҳама, манфиатҳо ва ё ниёзу эҳтиёҷот ва талаботи шаҳрвандон ва ё сокинони шаҳр дар мадди аввал гузошта шуда, баъдан бо назардошти ин арзишу манфиатҳо чорабиниҳо гузаронида шаванд. Зимнан бояд сари масъалаи фаъолгардонии иҷтимоии шаҳрвандон низ андеша кунем. Ва аз аз ҳама муҳимтар бояд эҷоди механизмҳои ҳамкорӣ ва ё диалог байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимият фароҳам оварда шавад, чаро ки бе вуҷуд доштани назорати ҷамъиятии равандҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мусоид байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ ва созмонҳою иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пурра беҳтар намудани мақоми иҷтимоӣ ва ҳолати иқтисодии шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ ғайриимкон аст.

Ҷумъахон АЛИМӢ, сокини ш.  Кӯлоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97