Марш: Бойҳо ба литсейи туркӣ, камбағалҳо ба мактаби миллӣ

Иҷтимоъ 21.04.2012 11:39

ва ё литсейҳои туркӣ; зарар ва фоида

Litsei_turkiИрӯзҳо бархе нотавонбинон ва андакхондаҳо бо баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла бо такрори ибораҳои "асри муъосир - асри технология ва тараққиёт, асри дастовардҳои фаннию техникӣ" ва дигар пешравиҳои кишварҳои Урупоро мисол оварда, мардумро ба қафомондагию нодонӣ гӯл зада, илоҷашро дар кушодани омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои ғайри тоҷикӣ дониста, ва ба ҳар баҳона санги маломат сӯи фарҳангу забони миллӣ партоб мекунанд ва сабаби қафомондагиро дар макотиби миллӣ дидаанд. Хусусан кушодани литсей - интернатҳои тоҷикӣ - туркӣ яке аз ин иқдомҳо мебошад. Ва бо сарфи маблағҳои зиёд дар ин литсейҳо донишандӯзонро гӯё соҳиби илмҳои замонавӣ ва муъосир гардонида, дар пешрафти кишвар саҳм мегузошта бошанд. Ҳанӯз аз солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ даст ба чунин иқдом заданд, аммо бо гузашти муддати зиёд ҳеч не, ки таҳсилкардаҳои ин литсейҳо дар пешрафти кишвар саҳме гузошта бошанд. Ё ин ҷо сирре ниҳон аст, чун хатмкардагони ин литсейҳо соҳиби дониши замонавӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, шояд дар хориҷа ба онҳо эҳтиёҷ доранд ва барои кор ба хориҷи кишвар рафта бошанд?

"Тоҷикони нав" думболи муд давиданд

Вале оё мо зарурат ва эҳтиёҷе ба чунин литсейҳоро дорем? Ин литсейҳо то кадом андоза барои наврасони тоҷик хидмат намуданд? Аз замони ташкилёбии ин литсейҳо чи қадар мутахассис омода намудем? Онҳо куҷо ҳастанд?!

Ин ҷо ба маврид донистем, то андешаи бархе аз шаҳрвандонро роҷеъ ба ин литсейҳоро ба таваҷҷуҳи хонандагон қарор бидиҳем. Таърихшинос Назришоҳи Давлат андешаашро дар мавриди тақлиди беҷо ва истиқболи мардум аз литсейҳо чунин иброз дошт: "Чун мардум диданд, ки дар қиёс ба макотиби миллӣ чизи навтаранд (литсейҳо) осемасар фарзандони худро шомили ин марказҳо намуданд. Чанде аз "тоҷикони нав" соҳиби чанд фулусе гашта буданд, худро мардуми "маданӣ" гумошта, фарзандонашонро аз макотиби миллӣ ҷудо сохта, вориди ҳамин гуна литсейҳо намуданд. Аз ин амалашон гӯё ояндаи онҳоро (фарзандонашонро) равшан мекунанд, яъне забондон мешаванду ба Туркия, Урупо, Амрико барои хондан ва зиндагонӣ мераванд, ё ин ки дар ягон ташкилоти хориҷӣ кор намуда, соҳиби зиндагии бо фароҳ мешаванд. Мақсади аслиашон дар ҳамин маънӣ ифода меёбад".

Пантуркистон Самарқанду Бухороро фурухтанд, кифоят аст!

Номбурда ба бе огоҳии чунин афрод аз гузаштаи на чандон дуре ёдовар шуда, нақши таҳсил дидагони ин мактабҳоро бар зарари мардуми тоҷик чунин баён намуд: "Аммо афсӯс ва сад афсӯс, ки аз гузаштаи начандон дури хеш огаҳ нестанд, ё эътироф кардан намехоҳанд. Фитратҳо, Бектошҳо ва Раҳимбоевҳо магар тоҷик ва ё тоҷикзабон набуданд, магар дастпарвардаҳои ҳамин мактабҳои туркӣ набуданд? Онҳо каме соҳиби донишҳои туркӣ - урупоӣ шуданд ва дар лаҳзаҳои ҳассоси торихии халқи тоҷик, яъне инқилоби болшевикон барои миллати тоҷик чи "хидматҳое" карданд. На ин ки миллати худро инкор намуданд, балки Ватани худ Бухоро ва Самарқанди бостонро ба дигарон ҳадя намуданд". Ба гуфти Назришоҳи Давлат бояд бартарӣ ва имкониятҳоро бештар ба макотиби тоҷикӣ фароҳам овард: "Ман гуфтаниам, ки бартарӣ бар мактабҳои миллии худамон бояд дода шавад. Чун мо агар забони тоҷикиро ба хубӣ фаро нагирем, дигар забонҳо ба дарди мо намехӯранд. Агар волидайни шогирдони ин литсейҳо ҳиммат намуда, барои макотиби миллии худмон 600 - 700 доллар на, балки 00 доллар сарф намоянд ва оянда мактабҳои тоҷикиро хоҳанд дид, ки Синои сонӣ ва ҳам монанди Иқболу дигарҳоро тарбия хоҳанд намуд".

Магар ин ҳама бузургони илми форсу тоҷикро макотиби туркию русӣ тарбия намуда буданд? Муаллимин ва масъулини муҳтарами Вазорати маъориф аз шумо хоҳиш мешавад, ки каме ба таърихи халқи тоҷик таваҷҷуҳ намоед, худ ва фарзандони миллати мутамаддини тоҷикро дармондаю зори забон ва фарҳангҳои ғайр насозед, зеро айб аст миллатеро, ки соҳиби фарҳанг ва осори ҷаҳоншумул аст, пеши фарҳангҳое, ки таърихи на чандон дуре доранд, зор намуд.

Таърихшинос Назришоҳи Давлат ислоҳоти куллии маъорифро зарурат мешуморад, вагарна дар сурати ғайр ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ хатар эҳсос бояд намуд: "Агар соҳаи маъориф ислоҳоти ҷиддиро дар наздиктарин фурсат аз сар нагирад, таълиму тарбия дар мактабҳои миллӣ рӯ ба таназзули бештаре хоҳад овард. Хулоса аз "ин кадрҳои нав" барои пешрафт ва эҳёи забону фарҳанг чизеро чашмдошт набояд буд, зеро онҳо дар руҳияи туркпарастӣ ва урупогароӣ парвариш ёфтаанд".

Бонги изтироби Низомиву Шакурӣ аз таҳдиди пантуркизм

Шарҳи истилоҳи "пантуркизм"-ро ин ҷо зарур мешуморем, зеро он ба ин мавзӯъ бастагии зич дорад ва сиёсати пантуркистӣ аз дер боз дар Осиёи Марказӣ буруз намуда буд.

"Пантуркизм идеологияи миллигароёна (натсионалистӣ) ва тавсеъаталабонае, ки бар пояи он куллияи мардумоне, ки ба забони туркӣ сухан мегӯянд, аз ҷумла ҳамаи туркзабонони мусалмон, миллати воҳиде ҳастанд, ки бояд таҳти раҳбарӣ дар давлати воҳиде муттаҳид шаванд. Ҳадафи пантуркизм гирд овардани ҳамаи туркзабонон, аз ҷумла туркзабонони Булғористон, шибҳи ҷазираи Балкан, Осиёи Марказӣ, Ироқ, Ирон, Афғонистон, Қафқоз, Тотористон таҳти раҳбарии Туркия аст".

Ҳанӯз гузаштагони классикамон низ аз хатари пантуркизм ва сиёсати султаталабии ин ҷараён бонги изтироб зада, ҳифзи нажоду забонро аз таъсири он таъкид доштаанд. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар достони "Лайлию Маҷнун" чунин назме дорад:

Туркӣ, сифати вафойи мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест,

Он к - аз насаби баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд!

Ва манзураш аз насаби баланд насаби иронӣ ва сухани баланд сухани ноби форсии дарист.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китобаш "Хуросон аст ин ҷо" менависад: "Касоне ҳам буданд ва ҳанӯз бисёранд, ки нақши фарҳанги иронии тоҷиконро дар фарҳанги халқҳои гирду атроф нодида мегиранд, эътироф кардан намехоҳанд, ё аз эътирофи он ор мекунанд ва ё ҳатто як таъсири манфӣ ба қалам меоранд. Аз ҷумла онҳое, ки фикрашон олудаи заҳри пантуркизм аст, дар ин роҳ хеле каҷравӣ доранд. Он фарҳанги олиро, ки тоҷикон ба вуҷуд оварда, баъд ба туркҳо ба ҳам дидаанд, масалан осори меъмории Бухорову Самарқандро, ки аҷдоди тоҷикон сохтаанду туркҳо қисман хароб кардаанд, бузургманишҳои пантуркист имрӯз моли туркон медонанд; ба он фарҳанг ҳақ доштани тоҷиконро инкор мекунанд. Чунин кӯрнамакӣ дар замони шӯравӣ дар Узбакистон бисёр зоҳир шуд".

Таърихчаи литсей - интернатҳои тоҷикӣ - туркӣ

Қабл аз матраҳ кардани мавзӯъ ироъаи чанд ибораеро роҷеъ ба таърихи пайдоиши ин литсейҳо ба ҷо медонем, то матлаби мақсад барои хонанда равшантар гардад. Абдуҷаббор Алиев, намояндаи Вазорати маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейҳои муштарак аз таърихи таъсиси ин литсейҳо ёдовар шуда гуфт: "Ин литсей - интернатҳои тоҷикӣ - туркӣ аз аввалин мактабҳои типи нав дар Тоҷикистон ҳисоб меёфтанд. То он вақт литсей, гимназия ин хел гапҳо гуфтанӣ набуд. Ҳамчун мактаби типи нав, аввалин муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамон одаме, ки ин ҷо омада ин муассисаҳои таълимиро кушод, вай бисёр одами эътирофшуда буд ва дар соҳаи маъорифпарварӣ бисёр шӯхрати калон дошт, Ҳоҷӣ Камол Эримат мебошад. Вай аслаш гӯё, ки аз ҳамин Бухоро будааст, яъне аз тоҷикҳои Бухоро ва хостааст, ки дар ҳамон солҳои душвор ба Тоҷикистон ба ҳамин роҳ кумак кунад". Ба гуфтаи ин намояндаи Вазорати маориф дар Тоҷикистон шаш адад чунин литсейҳо вуҷуд доранд.

Ҳифзи забон ҳифзи марзу буми тоҷик аст

Аммо устоди донишманд ва донандаи хуби забон ва фарҳанги тоҷик Зафари Мирзоён зарурати вуҷуди чунин литсейҳоро муҳим намешуморад ва ба ҷойи онҳо ташкил ва тақвияти макотиби тоҷикиро заруртар мешуморад: "Аслан ба назари ман литсей бояд на туркӣ бошаду на русӣ ва на фаронсавӣ бошаду на хитойӣ. Ин литсей, ки ҳамин мактабҳои мутавассита ҳастанд, бояд тоҷикӣ бошад. Хуб, дар солҳои аввал мушкилиҳои иқтисодӣ буд, кадом як ширкати хайриявии туркӣ кумак кардаву литсей ташкил намудаанд ва маблағгузорӣ ҳам мекардааст. Муаллимҳои худашонро маблағгузорӣ мекард, чунки литсейи муштарак буд. Ба гумонам акнун он давра гузашт, ки онҳо дигар дар ин литсейҳо маблағгузорӣ намекунанд, ҷуз аз маъоши муаллимон. Ба гумони ман, миссияи худашонро иҷро карданд".

Ин дар ҳолест ки намояндаи Вазорати маориф дар умури литсейҳои муштарак ба вуҷуди он ки алъон ин литсейҳо муддати дарозе фаъолият доранд ва шакли густурда пайдо намудаанд, ҳеч хавферо барои забон ва фарҳанги тоҷик қоил нест ва онҳоеро, ки аз хатари зуҳури чунин литсейҳо бонги изтироб мезананд, ба беиттилоъӣ муҷрим медонад: "Фақат ба фикри ман ҳамон одамҳое, ки масалан ман дар газетҳо мехонам доир ба ин масълаҳо, дар кабинет шишта мақола менависанд дар бораи ин ё он масъала, масалан литсейҳои тоҷикию туркӣ, онҳо бештар хавфи инро ба мардум нишон доданӣ мешаванд".

Абдуҷаббор Алиев дар мавриди тарзи таълими литсейҳо чунин ибрози назар намуд: "Таълим дар ин муассисаҳо ба ду забон ба роҳ монда шудааст; тоҷикӣ ва англисӣ. Нақшаи таълимии онҳо аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва пояи заминаи он аз нақшаи намунавии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикисттон гирифта шудааст. Ва 60 - 70 фоизи кормандони ин муассисаҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Барои ҳамин дар ин муддати фаъолияти худ то имсол дар ин шаш муассисаи таълимӣ аз ин чизе, ки менависанд, ки хатар ба миллату халқ аз пантуркизм аст, ин чизҳо то ҳол дида нашудааст".

Вале ба андешаи Зафари Мирзоён хатари зиёну зарар ба андешаҳои миллӣ, таъсири бад гузоштан дар андешаи ҷавонон ва наврасон, забон ва фарҳанги тоҷикӣ вуҷуд дорад: "Бояд дар Тоҷикистон асосан литсейҳои муштарак набошанд. Вақте ки андешаи ҷавонро тарбия мекунанд, андешаи наврасро машғул месозанд, ҳамон айёми ташаккулёбии андешаи ҷавон бояд аз тарафи фақат муаллимон ва устодони тоҷик ташаккул ёбад, на шахси дигар, яъне бояд хоҳу нохоҳ як устоди тоҷик дар вай андешаронии тоҷикиро ташаккул диҳад. Бинобар ин ман тарафдорам, ки минбаъд литсейҳо ҳама на танҳо туркӣ, балки тамоми литсейҳои дигар, ҳатто русӣ ҳам барҳам дода шавад. Хуб агар ин ҷо зарур бошад ва касе майли омӯзиши туркӣ дошта бошад, майли омӯзиши русӣ дошта бошад, бигзор устодҳои тоҷикӣ онҳоро дарс диҳанд. Ба худии худӣ маълум аст, ки вақте ки наврасон дохили муҳити дарсомӯзии бегона мешавадд, яъне тамоюл ба фарҳанги туркӣ, ё ба русӣ мекунанд, то андозае андешаи ин ҷавон ва наврас аз ҳувияти миллӣ канда мешавад. Бинобар ин танҳо ва танҳо бояд дар синфи аввал то синфи 11 омӯзиш фақат ба забони миллӣ бошад, ба забони тоҷикӣ бошад".

"Марги миллат аз марги забон сар мезанад"

Миллати тоҷикро набояд кам гирифт, ин миллатест, ки решаи дарахти фарҳангу адабаш аз умқи замини тамаддунҳои қабл аз милод обишхӯр дорад. Асосу пойдевори фарҳанг ва мероси адабии мустаҳкамеро дорост. Боре агар каме ба таърих таваҷҷуҳ шавад, чи қавму миллатҳое барои ба даст овардани истиқлол, зинда нигоҳ доштани забон, фарҳанг ва ҳувияташон ҷонбозиҳое кардаанд. Ва имрӯз низ қавмҳое ба монанди курдҳо дар орзуи ташкили давлат ва истиқлоли фарҳангию забонианд. Мутаассифона, миллати хушбахте мисли тоҷик дар дунё кам аст, шояд ба далели ин ки дорои фарҳанги ғанӣ ва осори адабии гаронмоя буда, кам касоне арзиши истиқлолро дарк мекунанд, зеро худ дар муборизаи истиқлолхоҳӣ ҳамроҳ набудаанд ва шояд ҳам дар муқобили озодӣ истода шуда буданд ва фикр мекунанд, ки гӯё бе ягон мубориза ва мушкилие истиқлол ба даст омадааст. Аз ин рӯ шояд камтар дар ҳифзи тозагии забон ва фарҳангамон саъй дорем, агарчӣ мафҳуми  истиқлол аввалтар марбут ба миллат ва забон аст. Таъкиди "Марги миллат аз марги забон сар мезанад" - ро набояд фаромӯш сохт. Миллат, фарҳанг, истиқлол инҳо ҳама зери мафҳуми забон ифода меёбанд. Акнун аз ҳар вақта дида моро бештару пештар лозим меояд, ки дар ҳифз ва пок нигаҳ доштани забонамон талош варзем. Ҳайҳот, ки чунин нест.

Ин роҳ, ки мо меравем, ба Туркистон аст

На танҳо барои нигоҳ доштани тозагии забон ва аз бар намудани он кӯшиш мекунем, балки бо дасти хеш фарҳангу забони худро маҳви дигар забонҳо месозем. Айни ҳамин мисол ташкил намудани литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба ҳеч ваҷҳ набояд кӯдакон ва наврасонро аз туфулият ба забону фарҳангҳои ғайри тоҷикӣ ташвиқу тарғиб намуд, зеро он чи дар хурдӣ дар зеҳни наврас нақш баст, то ба мурдан боқӣ хоҳад монд. Аслан набояд дар шакли алоҳида, мактаб, литсею гимназияҳои ғайри тоҷикӣ таъсис дод ва ба онҳо иҷоза набояд дод, ки пурра ба ғайр аз забонашон боз фарҳангу адаби худро ба зеҳни навраси тоҷик ҷо созанд. Ин ҷо масъалаи забон омӯхтанро аз таҳмили фарҳангҳои ғайр бояд ҷудо намуд. Беҳтар ин аст, ки наврасони тоҷик бештар илм омӯзанд, то вақти худ зоеъи омӯзиши забони ғайр созанд. Ва кутоҳтарин роҳ барои даст ёфтан ба илм тарҷумаи донишҳои дунё бо забони ноби тоҷикист, на ин ки машғул доштани зеҳни наврасон  ва барҳадар додани вақти қиммати онҳо барои омӯзиши беҳадафи забони хориҷӣ. Омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикро дар макотиби миёна тақвият бояд бахшид ва донистани забони тоҷикӣ барои ҳар шаҳванди Тоҷикистон ҳатмӣ бояд бошад.

Филтерҳои мудерни миллиро бояд сохт

Дар як мақолае низ ба таври мухтасар ба ин мавзӯъ дахл намуда будем ва чанде афроди огоҳ андешаҳои худро роҷеъ ба таъсири манфии литсейҳои ғайритоҷикӣ, хусусан туркӣ дар торнамои www.millat.tj иброз намуда буданд. Инак андешаи хонандаи огоҳе бо номи Карими Умедвор:

"Дар пои суханонатон ҳаминро илова менамоям, ки андеша низ (ҳам андешаи фардӣ ва ҳам андешаи миллӣ) як пайкара аст. Ва ин пайкара ҳамон гуна, ки қобилияти таъсиргузорӣ дорад, қобилияти таъсирпазирӣ низ дорад. Дар таъсирпазирии он, он ҳам бошад дар кӯдакон, ниёз ба филтерҳои мудерни миллӣ аст ва ё ба истилоҳ антивирусҳои қавӣ ва устуворе, ки дар овони давраи ибтидоии таҳсил тавассути устодони моҳиру санҷида барномарезӣ мегардад ва ҷои бадбахтист, ки ин филтргузорӣ дар ҳоли ҳозир на танҳо сурат намегирад, балки мавриди ҳуҷуми вирусҳои тасаввур ва андешаҳои бегонагон қарор гирифтааст.

Ин мушкил, мушкили миллист ва рӯи ин масъала боястӣ Вазорати маориф зери назари амнияти миллии кишвар барнома ва тарҳрезиҳоеро анҷом бидиҳанд. Ҷойи ин литсейбозиҳо мактаби миллиро боястӣ эҳё намуд. Агар дар андешаи ин мавзӯъ мақомоти дахлдор набошанд, ба зудӣ фотиҳаи ҳувияти миллӣ хонда хоҳад шуд".

Бале, хело зебо ба қалам доданд, ки барои осеб надидани афкори миллӣ ва худшиносии наврасон филтрҳои мудерни миллӣ лозиманд, вагарна дар ҳақиқат фотиҳаи ҳувияти миллӣ хонда хоҳад шуд. Вале мутаассифона дар мо на аз ин филтрҳои мудерни миллӣ истифода мекунанд, балки ба воситаи ташкил намудани чунин литсейҳо дар харобсозии афкори миллӣ ва худшиносии кӯдакон ва наврасон мусоидат мекунанд.

Аз ин литсейҳо Туркманистону Узбакистон хатар эҳсос намуданду чаро мо накунем?

"Ҳанӯз аз 1 - уми августи соли 2011 ҷониби Ҳукумати Туркманистонро ба таври ҷиддӣ таъсири нуфузи ҳаракати динӣ - сиёсии "Нурҷулар", ки маблағгузорӣ асосии макотиб ва литсейҳои туркрӣ дар ҳудуди ИДМ маҳсуб меёфт, нигарон намуда буд ва сар аз ҳамин сана ба бастани макотиби туркманӣ - туркӣ, ки аз оғози солҳои навадум дар кишвараш амал менамуданд, шуруъ намуд.

Мактабҳои туркманӣ - туркӣ аз зумраи муаасисаҳое маҳсуб меёфтанд, ки талабагонро сохиби дониши хубу замонавӣ менамуданд, вале бо вуҷуди ин бо иқрори ҳукумат ин мактабҳо фаъолона, валекин бо таври махфӣ идеалогияи пантуркизмро - мутаҳҳид намудани туркзабонҳои кишварро зери ҳимояи Туркия тарвиҷ менамуданд. Дар давлатҳои ИДМ ин идеологияро Ҳаракати "Нурҷулар" роҳандозӣ менамуд, пайравони ин ҳаракатро "нурсист" меномиданд, ки аз номи асосгузори ҳамин ҳаракат, Сайид Нурсӣ мебошад. Дар Русия ин ҳаракатро экстремистӣ эътироф намуда буданд ва тамоми муассисаҳои таълимии туркӣ дар авоили қарни ҷадид баста шуданд.

Якчанд сол қабл бо муъаллимони турк давлати Узбакистон низ видоъ намуда буд, замоне, ки кулли литсейҳои узбекӣ - туркӣ баста шуда буданд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз рӯи материалҳои филми "Свет, ведущий во тьму", ин таваҷҷуҳ ба ин воқеъият буд, ки дар литсейҳо идеяҳои нурсизм ва пантуркизм паҳн карда мешуданд, ки ин ба идеалогияи миллии узбакӣ мувофиқат наменамуд. Ва боз зимистони гузашта дар Узбакистон ду супермаркети машҳури туркӣ, "Демир" ва "Туркуаз" низ баста шуданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки вақтҳои ахир низ дар Туркманистон барои бизнесменҳои турк проблемаҳое эҷод шуд, ки аз 25 ширкатҳои туркӣ ҳукумати Туркманистон онҳоро ба ҳаҷми 1 $ млрд. қарздор намуд".

Манбаъ: Туркменистан: Власти закрывают туркмено-турецкие школы

15.08.2011 10:23 msk http://www.fergananews.com/news.php?id=17138

Ин нуқта боиси андеша кардан аст, ки давлатҳое чун Узбакистон ва Туркманистон, ки худ туркзабон ҳастанд, чунин хавферо эҳсос намуданд ва даст ба бастани литсейҳои туркӣ заданд, вале мо ки мардум форс ва тоҷик астем чаро эҳсоси хатар надошта бошем? Чаро масъулини Вазорати маъорифи мо чунин хатарро эҳсос наменамоянд? Ва оё ба гуфтаи намояндаи Вазорати маъориф дар литсейҳои муштарак, ки рӯзноманигоронро ба беиттилоӣ мутаҳҳам месозад, ҳеч хавфу хатаре ба фарҳангу забони тоҷикӣ аз ин литсейҳо дида намешавад? Ин суолест, ки боясти тамоми мардум ва ҷомеъаи тоҷик посухашро ҷӯянд.

Захмҳоро намак напошед, малҳам кунед!

Чуноне дар боло чанд нуқтаеро дар бораи мафҳуми пантуркизм иброз намудем, ки ин равия аз замони пайдоишаш барои мардуми форсизабон, хусусан мардуми тоҷик чи саддҳоеро гузоштааст. Баҳое, ки тоҷик дар тӯли таърих пардохтааст, хеле гарон аст. Вале чаро, бо вуҷуди зараровар будани ин падида ва дар мақолаҳою навиштаҳои донишмандони тоҷик зикри зиёну зарари он ба сароҳат гуфта шуда, ин ҳам дар гузаштаи на чандон дуре, вале бо вуҷуди ин дидаю дониста, аз аввалҳои ба даст овардани истиқлол ба таъсиси литсейҳои туркӣ дар кишвармон шуруъ намудем?!

Оё ба қавли академик Шакурӣ пантуркистон онҳое нестанд, ки нақши фарҳангӣ ва илмии иронии тоҷиконро дар халқҳои гирду атроф нодида гирифтанд ва барои мардуми бумии тоҷик ҳеч арзишеро қоил набуданд? Он ҳама фарҳанг, тамаддун, шаҳрдорӣ, меъморӣ, ободии Осиёи Марказӣ, хусусан Самарқанду Бухоро, ки тавассути мардуми форсизабон, яъне тоҷикон ободу бунёд шуда буд, нодида гирифтанд. Саҳми инҳо низ дар ҷудо сохтани халқи тоҷик аз марказҳои бузурги фарҳангиашон сахт назаррас аст. Пайкараи миллӣ ва фарҳангии тоҷикро барои то абад захмӣ намуданд ва имрӯз бо ташкили литсейҳояшон мехоҳанд, боз дубора ба захмҳои шифонаёфтаи ин мардум, намак бипошанд. Пас куҷост мантиқи кушодан ва ташкил намудани литсейҳои туркӣ? Магар ба хотири ин ҳама қурбониҳое, ки мо додем?

Фикр мекунам, ки агар ин қадар маблағу сарфи бе ҷое, ки волидайни толибон барои ин литсейҳо мекунанд ва афкори наврасонро аз андешаҳои миллӣ ҷудо месозанд, агар 20 фисади маблағро барои мактабҳои миллӣ сарф менамуданд, ҳазор бор истеъдодҳои қавитару донотар ба бор меоварданд. Бештари шогирдони ин литсейҳо фарзандони онҳоеанд, ки писаронашон аслан ба хондан он қадар шавқ надоранд ва танҳо аз рӯи ҳавою ҳавас писарони худро ба ин литсейҳо шомил сохтаанд. Дар замони муосир аз омӯзиши забонҳое, ки барои кишвар ва ҷомеъаи тоҷик аввалиндараҷа нестанд, ба мисоли забони туркӣ ва дигар забонҳои ақаллият набояд бартарӣ дод ва ба омӯзиши забонҳои ҷаҳонӣ, мисли англисӣ, ин ҳама баъди забони тоҷикӣ, авлавият бояд дод. Вале беҳтар аст, англисиро мо, бидуни гузаштан аз марзи Туркия ва таъсир гирифтан аз фарҳангу забони туркӣ аз худ кунем. Аммо аз дигар давру замонҳо дида имрӯз барои ҷомеъаи тоҷик шинохти миллӣ ва фарҳангии хеш зарур аст. Зеро ҷомеъае, ки дар он худшиносии миллӣ боло нагирад ва ба фарҳангу забонаш авлавият дода нашавад, ҳатман маҳлулу махлути фарҳанги дигар ақвом хоҳад шуд ва билохира миллат аз байн хоҳад рафт.

Мо гуфтем, шумо шунидед. Мо рисолати худро анҷом додем, аммо тақдири ин миллат дар дасти масъулони омӯзишу парвариш аст. Ку бубинем, ки бо он чӣ мекунанд.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97