Оё омода ҳастед, то фарзанди худро ба хидмати аскарӣ бифиристед?

Иҷтимоъ 05.04.2012 15:25

Oblava_po_tadjikskiyБо фармони президенти Тоҷикистон ва тибқи қонун "Дар бораи уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ" шурӯъ аз 1-уми апрели соли равон дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, ки чун дар Тоҷикистон шумори умумии ҷавонони сину соли даъват ба хидмати ҳарбӣ нисбат ба талаботи қувваҳои мусаллаҳ зиёд аст, аз байни ҷавонон беҳтаринҳо, яъне ҷавонони солиму бардам ва қобили хидмат ба артиш бояд ҷалб шаванд. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аксар ҷавонони қобили хидмати артиши Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона ва васоил мехоҳанд аз он дурӣ биҷӯянд ва қисмати аъзами онҳо дар муҳоҷират қарор дошта, бархе то пурра шудани синни хидмат, ҳатто дар он ҷо мемонанд. Ҳатто бархе интиқодгарон артишро бо истеҳзо "артиши коргару деҳқон" ном мебурданд, ки ахиран бархе аз раҳбарони навоҳӣ, ба хусус раиси ноҳияи Данғара дар чанд соли пеш иқрор кард, ки воқеан фарзандони раисону мансабдорон аз хидмат дар артиш мегурезанд ва дастур дод, то аввалтар фарзандони мансабдорон ба артиш ҷалб шаванд. Аммо чӣ боиси сарпечии ҷавонон аз иҷрои ин амри муқаддас дар солҳои истиқлол шудааст? Дар ҳоле ки хидмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар ватандор аст. "Миллат" барои дарёфти ин посух, ба суроғи волидон, ки аҳамияти хидмат дар артишро дар давлати Шӯравӣ хуб дар ёд доранд, рафт ва аз онҳо пурсид: Оё омода ҳастед, то фарзанди худро ба хидмати аскарӣ бифиристед?

oynihol-bobonazarova_45Ойниҳол Бобоназарова, раиси ташкилоти "Перспектива +"

Рости писари ман дар мактаби олӣ таҳсил карду ҳоло дигар имкони хизмат карданро надорад. Аммо гап дар сари он аст, ки ҷавононе, ки ба саффи артиш даъват карда мешаванд, то кадом дараҷа онҳо хоҳиш доранд ва  оё падару модари онҳо инро мехоҳад? Умуман вақти он расидааст, ки ба тарзи хидмати ҳарбии контракт (шартномавӣ) гузашт, тавре баъзе аз давлатҳо аллакай онро ҷорӣ кардаанд ва азбаски як давра дар артиш  воқеаҳое ба монанди лату кӯби аскарон, ва боз чанд мурдаву маризро оварданд, ки дар байни мардум  овозаҳо паҳн шудаву бисёриҳо аз ин метарсанд. Ҳангоме бо волидон сӯҳбат мекунед, розиянд, ки фарзандонашон ба Русия раванду ба хидмат не, ҳол он ки аз Русия ҳамасола то ҳазор мурдаи ҷавонони тоҷикро меоранд. Аз ин рӯ ба назари ман давлат бояд иммиҷашро нисбат ба хидмати аскарӣ тағйир диҳад. Зеро агарчанде нисбат ба солҳои пешин хубтар шуда бошад ҳам боз баъзе проблемаҳо ҳанӯз боқист. Аз ин рӯ бояд як ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад ва он тарсе ки дар байни ҷомеъа ҳаст бояд дур карда шавад. Дуввум тарбияи ватандӯстиро дар байни наврасон ва ҷавонон тақвият бояд дод то ҷавон ҳис кунад, ки ҳифзи ватан барои ӯ қарзи муқаддас аст. Аммо ин шабу рӯз ман кам падару модареро медонам, ки бигӯяд бигузор фарзанди ман рафта хидмат кунад.

MuHIDDDIN_KAABIRIМуҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ:

 Чун худ дар артиш хидмат кардаам ва фоидаашро медонам, мехостам, ки фарзандонам ҳам дар артиш хидмат намоянд. Хидмати артиш на ду сол вақтгузаронӣ бошад, ё корҳое набошад, ки ба артиш дахл надоранд. Масалан, вақте сарбози подабонро кас мебинад, суол ба вуҷуд меояд, ки ин ду сол ба ватан ва худи сарбоз чӣ медиҳад? Вале писаронам донишҷӯ мебошанд, ки тибқи қонун аз хидмат озод ҳастанд.

Nuralii_DavlatНуралӣ Давлат, коршинос:

Назари ман ин аст, ки ин артиш аз рӯи адолати иҷтимоӣ ташкил нашудааст, дар он фарзандони касоне, ки соҳиби қудрату сармоя ҳастанд, маъмулан хидмат намекунанд. Мо мисли даврони амирӣ ба аскари деҳқонбачаҳоро даъват мекунем, ки на ҳол доранду на мол. Бинобар ин, камбағалон кӯшиш мекунанд, ки фарзандашро ба Русия барои мардикорӣ фиристанд, аммо ба хизмати модар-ватан не, зеро ба ин ҳама суханҳои болохонадоре, ки аз минбарҳо дар бораи ватану ватандӯстӣ зада мешаванд, бовар надоранд. Ман духтар дорам, аммо агар писар ҳам медоштам, ӯро ба хидмати ин артиш ҳеч гоҳ равон намекардам. То замоне ки фарзандони вазирону кабирон, яъне касоне, ки ба шарофати истиқлол соҳиби карру фар шуданд, ба хидмат нараванд, ман ҳам равон намекардам.

Ismoil_TalbakovИсмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ

Бале ман омода ҳастам, ки фарзанди худро ба сафи артиш бифиристам, чун ки дар шароити ҳозира хизмат дар сафи қушунҳои махсусан дар Тоҷикистон ин як мактаби тарбияи ҳам ҷисмони ҳам маънавӣ ва ҳам ватандӯстӣ мебошад. Худи ман баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1981 -83 дар ҳайси афсар дар Қазоқистон хидмат кардам.

Бояд қайд кард, ки барои даъвати ҷавонон ба саффи артиш ба тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ сахт вобастагӣ дорад. Мсо бояд престижи хизмати ҳарбиро дар сатҳи баланд бардорем ва он нафаре сину солаш ба хизмати ҳарбӣ мерасад, бояд аллакай аз мактаби миёна омода бошад. Дар замони Шӯравӣ  дар мактабҳои миёна ҳам дарсҳои таёрии ҳарбӣ буд ва ҳам бозиҳои "зарнитса" ва амсоли он буд, ки ҷавонон аз синни мактабхонӣ ба ин кор таёр смешуданд. Дуввум аз тариқи телевизиону радио ва дигар васоити ахбор дар масоили ватандӯстӣ ва ҳифзи ватан, мардонагӣ, шуҷоатмандӣ бисёр маводҳо таҳия мекарданд, ки ин барномаҳо метавонист ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба ватан ҷалб кунад. Саввум ин буд, ки онҳое дар саффи артиш хизмат карда буданд соҳиби имтиёзҳое мешуданд, мисли дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва ё барои аз ҷойи кор таъмин кардан. Масалан касоне дар қушунҳои Шӯравӣ хидмат карда буданд ба онҳо балҳои зиёдатӣ ҳангоми қабул дода мешуд ва дар хобгоҳҳо ҳам имтиёзе доштанд. Маҳз ҳамин нуқтаи назар буд, ки ҷавонон шавқ доштанд то ба хидмати Ватан бираванд. Боз як чизи дигаре джар минталитети мардуми мо пайдо шуда буд, ки ҷавононе аскар накарда буданд, ҳатто як савол аз ҷониби духтардор ҳамин буд, ки бачатон хизмат кардааст? Яъне ҳатто барои хонадоршавҳам як шонс ҳамин буд. Имрӯз ҳам бояд шурӯъ аз хона ва мактаб фарзандонамонро омода кунем ва хуб мешуд барои ҷавононе, ки хизмат мекунанд имтиёзҳоро ҷорӣ кунем. Солҳои ахир нисбати молҳои пеш шароити аскарон беҳтар шудааст ва дар телевизион ҳам ташвиқ мешавад, ки фикр мекунам аз манфиат холӣ нест. Аммо боз як маҷмӯъ корҳоидигарро низ барои баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон бояд роҳандозӣ кард, ки барои ҷалби ҷавонон ба саффи артиш таъсири мусбат дошта бошад.

Oblava_SaidyonҲикматуллоҳ Сайидиён, раиси ҳизби ба қайдногирифтаи "Ваҳдат":

Хидмат ба ватан ҳам фарз ҳаст ва ҳам қарз. Ба ғайри ин дар Қонуни асосӣ моддаи махсусе дарҷ шудааст. Дигар ин ки агар  ВАТАН ро фарзандони мо ҳимоя накунанд, чӣ аз Ӯзбакистон муздуронро оварем, то ватанамонро ҳимоят кунанд? Аз шуниди ман камбудиҳо ҳастанд, ба мисли даврони ШӮРАВӣ. Шахсони зиёда аз як сол хидматкарда доимо ба навхидматон фишор меовардаанд.Чанд нафареро, ки хидматро адо намуда буд, пурсон шудам ҳикоят карданд. Камбудии дуввум, аз ҷиҳати ғазо таъмин набудан, сабаби саввум муносибати сарди калонрутбаҳо ба хидматчиён. Аз ҳама асосиаш, чаро фарзандони шахсони воломақом дар хидмати ҳарбӣ нестанд ва агар бошанд ҳам ба андозаи % кам мебошанд. Ин сабабҳо боис гардиданд, ки даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ сардона муносибат мекунанд. Ин камбудиҳои дағал агар бартараф шаванд, ман аминам, ки фарзандони обрӯманди мардуми шарифи Тоҷикистон ихтиёрона ба хидмат мераванд ва сарпечӣ намекунанд. Дигар "ОБЛАВА" коре намедиҳад.

Oblava_Ali_MastovАлӣ Мастов, сокини  Душанбешаҳр:

Не, зеро шароити минималие, ки барои аскар бояд бошад пурра нест ва ман фарзанд калон накардаам, ки нимгурусна ва дар як шароити нобоб хидмат кунад, ки ба ҷойи обу тоб ёфтан маризу маслуқ шавад.

Бояд қайд кард, ки фарзандони мансабдорон ба хидмат бираванд, дар дигар сурат ҳеч гоҳ розӣ нахоҳам шуд. Зеро боварӣ дорам агар фарзанди ягон соҳибмансаб дар қисми ҳарбӣ бошад шароит хоҳ нохоҳ беҳтар хоҳад шуд, махсусан аз роҳбарони баландпоя. Ба назари ман барои хубтар гаштани шароити  аскарон бояд саффи артишро камтар карда, маоши афсарону аскаронро чанд баробар боло бурд ва назоратро пурзӯртар кард, ки ҳаққи аскаронро нахӯуранд. Дар ин замина бояд тамоми қисмҳои ҳарбӣ аз либос, ҷойи хоби хубу оби гарм таъмин бошанд. Агар мисли бархе аз кишварҳо барои аскарон имтиёзе ҳам бидиҳанд, ки баъди адои хидмат тавонад дар донишгоҳ ва ё дигар ҷой кору фаъолият кунад, фикр мекунам он гоҳ ҳама падару модар розиянд, ки фарзандашон рафта хидмат кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97