Ширкати ҳавопаймоии «SCAT»-и Қазоқистон аз роҳандозии парвози мустақими ҳавоии байни шаҳри Остонаи ин кишвар ва шаҳри Душанбеи Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилоъи ин ширкат, қарор аст нахустин парвози мустақими ҳавопаймои миёни шаҳрҳои Остона ва Душанбе 14 декабри соли ҷорӣ сурат гирад.
Роҳандозии ин хатсайр бо иқдом ва мусоъидати ширкати ҳавопаймоии «SCAT» ва дар чорчӯби фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон анҷом мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаи ин манбаъ, парвозҳо аз тариқи хатсайри Остона- Душанбе ҳар ҳафта ду маротиба, яъне рӯзҳои ҷумъа ва шанбе сурат мегирад.
Аз ҳоли ҳозир фӯруши билетҳо барои ин масир оғоз шудааст. Арзиши як билет барои ҳар мусофир муъодили 124 долларро ташкил медиҳад.
Маврид ба тазаккур аст, ки қаблан парвози ҳавойи миёни Остона ва Душанбе аз тариқи шаҳри Алмаатои Қазоқистон тавассути ширкатҳои ТоҷикЭйр ва ОстонаЭйр анҷом мепазируфт.