Аз қазияи ду халабон, то баҳси ду ронандаи эронӣ

Иҷтимоъ 11.01.2012 09:18

Асирони хориҷии Қурғонтеппа

Du_ronandai_eroniТақрибан дар 10-рӯзагии дастгир шудани халабонҳои ширкати "Ролкан инвестмент" бо иттиҳоми марзшакӣ, ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон: Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад ва Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим бо риояи ҳамаи қонунҳои гумрукӣ вориди марзи Тоҷикистон шуданд ва инак наздики 10 моҳ аст, ки наметавонанд ба Эрон баргарданд. Ин афрод ронандагони мошини боркаш ҳастанд, ки дар таърихи 23 марти соли 2010 ба Тоҷикистон аз Бандар-Аббоси Эрон либосворӣ ворид кардаанд. Баъд аз як ҳафтаи дар Тоҷикистон будан, тавре Тақи Бики Сулаймон Муҳаммад мегӯяд, аз ҷониби ҶДММ "М&М" ё худ "Милитсер энд Мюнх", ки худро намояндаи ширкати "Занҷирӣ"-и Эрон муаррифӣ мекунад, пешниҳод мешавад, ки аз корхонаи ресандагии шаҳри Сарбанд ба Бандар-аббоси Эрон пахта интиқол диҳанд. Ба нақл аз қавли Сулаймон Муҳаммад: "Намояндаи ин ширкат шахсе бо номи Шарипов Шариф омад, гуфт 7 мошин даркор аст. Аз Қурғонтеппа боргирӣ хоҳем кард. Таърихи 6-уми апрел дар таваққуфгоҳи нақлиётӣ воқеъ дар маҳаллаи 101- Душанбе, бо хати форсӣ қарордод имзо кардем. Як рақами телефон ҳам ба мо дод. Гуфт вақте ба Қурғонтеппа расидед, шахсе меояд, шуморо то корхона раҳнамоӣ мекунад. Ва онҷо бор мезанед. Расо соати 12-30 дақиқаи 6 апрел дар Қурғонтеппа расидем. Шахсе бо исми Масрур бо мо тамос гирифт ва ба корхонаи ресандагии Хатлон, воқеъ дар шаҳри Сарбанд, раҳнамоӣ кард. Инҷо то соати 10-30 дақиқаи шаб бор задем". Дар идома шаҳрвандони Эрон мегӯянд, "баъд аз бор кардани пахта ба мошинҳо муҳру "пломба" заданд, аммо гуфтанд ки то фардо мунтазир бимонед ва фардо ба роҳ хоҳед баромад. Наздики зуҳри 7 апрел намояндагони ширкат иттилоъ доданд, ки бояд 1-2 рӯз то омода шудани ҳуҷҷатҳо мунтазир шавем. Мо гуфтем, ки муддати иқомати мошинҳоямон дар Тоҷикистон аз 15 рӯз бештар нест ва ҳар рӯзи инҷо будан баъд аз фурсати 15-рузӣ 70 доллар ҷарима дорад".

Бақияи қазияи шаҳрвандони Эрон марбут аст ба ҷаримаи 70 долларӣ, ки то имрӯз ҳудуди 21 ҳазор доллар аз ҳар кадоме ҷамъ шудааст. Ба гуфтаи эшон, то ин маблағро напардозанд, аз марзи Тоҷикистон наметавонанд хориҷ шаванд. Аммо натанҳо ин миқдор маблағ садди роҳи ба ватан баргаштани 2 шаҳрванди Эрон шудааст. Балки ҷузъиёти дигаре ҳам дар ин миён мавҷуд аст.

Дахолати сафорат ҳам суд надод

Сулаймон Муҳаммад мегӯяд: "Вақте ки инҳо (намояндагони ширкати М&М, шарҳи нашрияи), омаданд бо мо қарордод бибанданд, ман 3 рӯзи дигар фурсат доштам, ин ҳамкорам (Карбалоӣ Абдуллоҳ Абулқосим), 5 рӯзи дигар вақт дошт, қарордоди мо ҳам аз ин иборат буд, ки 72 соат инҳо моро бояд дар ихтиёр дошта бошанд, то бор бизананд. Ман ҳам ҳисоб кардам, ки мушкиле нахоҳам дошт. Баъд ки чанд рӯз мондем, гуфтем, мо алъон ҳаррӯз бояд 70 доллар ҷарима биспорем. Намояндагони ширкат гуфтанд, ҳуҷҷатҳо омода шавад, ҳаракат хоҳем кард. 8 рӯз ба ҳамин минвол гузашт. Рӯзи 8-ум боз ваъдаи фардоро карданд. Ин фардошон ҳам 14 рӯз шуд. Рӯзи 14-ум мо ба сафоратамон муроҷиат кардем. Сарконсуламон ҷаноби Нурмуҳаммадӣ хостанд бо директори ширкати "М&М" суҳбат кунанд. Аммо танҳо намояндаи ин ширкат Шарипов Шариф омад, то бо сарконсул суҳбат бикунад ва билохира қарор бар ин шуд, ки баъд аз як ҳафта, ҳади аксар баъди 10 рӯз инҳо (ширкат) мушкилоташонро ҳал мекунанд ва хисороти ронандаро, аз ҷумла рӯзе 70 доллар ҷаримаи сарҳад, ки ба Вазорати нақлиёт марбут мешавад, барои изофа мондани мо дар Тоҷикистон, мепардозанд ва мо ба роҳ мебароем. Ҳамаи инро қабул карданд".
Баъд аз гуфтумони сарконсули Эрон бо намояндаи ширкати М&М, ҳафт ронандаи қарордодбаста аз ҷониби ин ширкат 2100 доллар дарёфт мекунанд. Ба ҳар ронанда 300 долларӣ, барои масрафоти ғизоӣ.
Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Сулаймон Муҳаммад, дар ин мудати ваъдагӣ низ мушкилоти ширкат ҳал нашуд ва чанд мавриди дигар ба ронандаҳо барои масрафоти будубошашон маблағ пардохт карданд. Дар маҷмӯъ ба ҳар кадом аз 7 ронанда ҳудуди 2000 доллар пардохта шуд.
"Билохира баъд аз 57 рӯзи мунтазирӣ қарор бар ин шуд, ки пахтаро холӣ кунем ва ронандагон ба Эрон баргарданд. 5 ронанда, ки мушкили визоӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистону Туркманистон надоштанд, ба роҳ баромаданд. Намояндагони ширкат ваъда карданд, ки ҷаримаи 70 доллариро дар гузаргоҳи гумрукӣ ҳаллу фасл хоҳанд кард. Аммо ин 5 ронанда бо хеле машаққат дар рӯзи 11-уми дар гузаргоҳи гумрукӣ аз ҷониби ширкат ҳич кумак надиданд ва бо қарз гирифтан аз дигар ҳамкорон ҷаримаи 70 доллариро пардохтанд ва аз Тоҷикистон хориҷ шуданд. Барои баъзеҳо аз Эрон пул фиристоданд", - меафзояд Сулаймон Муҳаммад.  

Аз ин суд ба он суд

Ба гуфтаи ин ҷаноб: "Мо, 2 ронанда ба хотири ин ки визои Туркманистон, Узбакистон ва ҳатто Тоҷикистонамон тамом шуда буд, гуфтем, биравем ин визоҳоро, ки то 10 рӯз тул мекашад, бигирем, баъд ба роҳ хоҳем баромад. Баъд аз ин ки мо ҳуҷҷатҳои лозимро барои визо омода кардем, дидем 11 рӯз гузашта, аммо ҳанӯз он 5 нафар дар сарҳад мондаанд. Ба ин хотир гуфтем то ҷаримаи 70 доллариро напардозанд ба роҳ нахоҳем баромад. Ширкат ҷавоби радд дод ва мо ҳам маҷбур шудем ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз болои ширкати "М&М" шикоят барем. Он вақт ҷаримаҳомон аз 3400 то 3600 доллар буд, аз ҳар кадомамон. Бе изофаи визои Узбакистону Туркманистону Тоҷикистон ва харҷи роҳ аз ин ҷо то Эрон, ки ҳудуди 1200-1400 доллар сарф мешавад. Мо ин пулҳоро надоштем. Ба ин ҷанобон гуфтем, ки шумо инро бидиҳед, мо меравем. Вале инҳо розӣ нашуданд".
Баъд аз 2 ҳафтаи шикояти ронандагони эронӣ, судя ҷавоб медиҳад, ки ин парванда марбути Суди иқтисодӣ аст. Сулаймон Муҳаммад мегӯяд: "Рафтем Суди иқтисодии ш. Душанбе. Онҷо парвандаро ташкил доданд, баъд аз 28 рӯз Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба мо гуфт, бояд биравем суди умумӣ. Гуфтем, мо аввал суди умумӣ рафтем, онҷо баъди 12 рӯзи шикоят ба мо гуфтанд бояд биёем Суди иқтисодӣ. Гуфтанд парвандаи шумо ба онҷо марбут мешавад. Чанде аз дӯстон маслиҳат доданд, ки ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунем, шояд онҷо расидагӣ кунанд. Онҷо ҳам шикоят бурдем, бештар аз 20 рӯз онҷо тул кашид, билохира гуфтанд, ки мо бояд Суди олии иқтисодӣ биравем. Онҷо ҳам 3 ё 4 рӯз рафтем, гуфтанд, ки биравед Суди шаҳри Душанбе. Рафтем онҷо, баъд аз 4 рӯз гуфтанд, биравед, мо гап задем бо раиси Суди Исмоили Сомонӣ. Парвандаатонро онҷо баррасӣ мекунанд. Мо ҷамъан 6 суд рафтем. Дар хотима баргаштем ҳамон суди аввал, Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ".
Баъд аз баррасии шикояти ронандагони эронӣ Суди Исмоили Сомонӣ қароре содир мекунад мабнӣ бар ин ки ду ширкат "Истфилд" (ҳамчун соҳиби бор) ва "М&М" (ба ҳайси миёнарави ширкати "Истфилд" ва ронандагон), бояд маблағи хисороти ронандагонро дар ҳудуди бештар аз 35 ҳазор доллар бипардозанд. Ин ду ширкат; яке соҳиби бор ва дигаре миёнарав баъди 6 рӯз шикояти касатсионӣ менависанд ва мегӯянд, қарздор нестанд. 
Сулаймон Муҳаммад идомаи ин қазияро чунин нақл мекунад: "Хулоса моро карда буданд футбол; аз ин суд ба он суд. Бо ин ҳол мо ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аризаи даъвогӣ навиштем. Парванда рафт ба дасти судя Марзия Саидова. Баъд аз ҳудуди 3 моҳ ҳалнома гирифтем, ки хеле хандаовар аст. Аслан бӯе аз инсофу мурувват дар он дида намешавад".
Ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз 2 декабри соли 2011 содир шудааст, қисман даъвоҳои шаҳрвандони эрониро қонеъ кардааст. Аз ҷумла дар ин ҳалнома омадааст:
-ҷаримаи сарҳад барои 62 рӯз ҷамъан 4340 доллари амрикоӣ;
-хароҷоти раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон ҷамъан 980 доллари амрикоӣ;
-хароҷоти телефонии байни ш. Душанбе ва Эрон;
-хароҷоти хурду хурок;
-маблағи фоидаи аз даст рафта ба андозаи 2250 доллар; -зарари маънавӣ ба андозаи 500 сомонӣ ба ҳар кадом ронанда руёнида шавад.

Ба доди халабонҳо расидед, ба доди мо ҳам бирасед!

Бо ин ҳол, ронандагони эронӣ аз зисту зиндагии худ тули наздик ба 10 моҳ дар Тоҷикистон зиёд шикоят доранд. Мегӯянд, ин 10 моҳро дар кабинаи мошин зиндагӣ кардаанд; ҳам дар рӯзҳои гармӣ ва ҳам дар ин рӯзҳои сардӣ. Барои масрафоти ғизоӣ аз соҳиби таваққуфгоҳ қарз гирифтаанд. Ҳамон таваққуфгоҳи маҳаллаи 101, ки ин муддат мошинҳояшон онҷо буд.
Дар ин муддат ронандагони эронӣ ба Вазорати нақлиёт, ки пардохти 70 доллари ҷарима барои як шабонарӯзи зиёдтар аз мӯҳлати иқомати мошин дар Тоҷикистон ба ин вазорат марбут аст, муроҷиат кардаанд. Бо ин мақсад, ки маблағи ҷаримаро Вазорати нақлиёт гузашт кунад. Вале Вазорат бо ташкили як ҷаласа ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти гумрук ба хулосае омадааст, ки наметавонад ин ҷаримаро бубахшад. Зеро далелҳое барои бахшиши ин ҷарима мавҷуд нест. 
Бо ин вуҷуд ронандагони эронӣ ба Раисҷумҳури Тоҷикистон нома навиштаанд ба ин мазмун, "ки  Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба қазияи 2 халабони хориҷӣ, сарфи назар аз он ки гунаҳкор буданд, расидагӣ кунад ва мушкили онҳоро ҳал намояд. Мо ки гунаҳкор нестем ва гузашта аз ин ҳаммилату ҳамзабон ҳастем, таваққуъи инро дорем, ки ба қазияи мо низ таваҷҷуҳ кунад ва мушкили моро ҳал намояд". Дар ғайри ин сурат, ронандагони эронӣ мегӯянд, дар ин шабу рӯз дар маҷмӯъ танҳо бо дарёфти 80 ҳазор доллар метавонанд ба Эрон баргарданд. Вале ҳоло мунтазири посухи Раисиҷумҳур ҳастанд.
Аммо, директори ширкати "М&М" Азиз Шарипов дар суҳбат бо нашрияи "Миллат" ҳамаи даъвоҳои ронадагони эрониро рад кард ва гуфт аз болои ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар таърихи 3 январ шикояти касатсионӣ навиштааст. Азиз Шарипов бар ин назар аст, ки даъвоҳои ронандагон ботил аст ва ширкати таҳти раисии вай қарздор нест.
РS: Нуқтаи ҷолиби ин қазия инҷост, ки ронандагони эронӣ сарнавишти худро бо сарнавишти халабонҳои Русияву Эстония муқоиса мекунанд. Ва ҳам инак тоза ба расонаҳои Эрон дар мавриди қазияи худ хабар додаанд. Сафирашонро низ дар ҷараён гузоштаанд.
Ҷомеаи Тоҷикистон чиро бояд мунтазир бошад; мавҷи тозаи ҳамлаи расонаҳоро, лаҳни тунди сиёсатмадорони эрониро, ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Эронро ё дар маҷмӯъ раванди сардшавии муносибот ба Эронро? Ё умуман Эрон Русия нест? 

Ёқуби Саид, Фирдавси Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97