Сарбозони рус иҷоза доданд то силоҳбадастон гурезаҳоро қатл кунанд

Иҷтимоъ 31.10.2011 10:22

Мулло- табиби дардошнои панҷиҳо

Zastava_posterМусофирбарони панҷӣ як хислати аҷиб доранд, ки мунтазири он намешаванд, ки мошинашон кай пур аз мусофирон мешавад. Нуралӣ, як ронандаи ҷавон мегӯяд, ки мо ба як- ду мусофир ҳам таваккалӣ ба роҳ мебароем, зеро баракатро Худованд дар роҳи сафар рехтааст. Дар роҳ ба сӯйи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бонуе мошинро боздошта, ба деҳаи табиб меравам, гуфта ба мошин савор шуд.

Бо мақсади огоҳӣ аз вазъи зиндагии мардум аз бону мепурсам: - Оё табиби Шумо ба ҳамаи дардҳо даво меёбад?

- Мо ё бемор шавем ва ё ягон молу мулки худро гум кунем, пеши ҳамин табиб меоем,- нақл мекунад ӯ. Духтарам як зиреҳ (гарданбанд)- и тиллоии 20 грамма дошт, дар лаби об онро гум кардааст. Ҳамсояҳоро пурсидем, касе зиреҳи тиллоиро наёфтаам мегӯянд. Акнун ҳама умедамон ба ҳамин табиб аст. Соли гузашта як гови ҷӯшоӣ доштем, ду рӯз гум шуд, ҳамин табиб гуфт; говатон раҳгум задааст, аз тарафи офтобшин онро меёбед. Баъди як рӯзи дигар говро аз ҳамон тарафи гуфтаи табиб ёфтем.

Бону дар деҳаи мулло- табиб аз мошин поён шуду ронанда ба шикоят оғоз кард, ки ин занак рӯяшро сиёҳ мекунад, шавҳарашро ёд кардааст, ё пул нафиристодааст, пеши табиб гармикунӣ меравад. Набошад ба духтараш зиреҳи 2- 2,5 ҳазор сомонӣ харида метавонаду пул надорем гуфта, ҳаққи роҳкирора намедиҳад.

Рӯзи сиёҳи 30 декабри соли 1992

Лутфия Назарова, ҳамсари судяи ҷавонмарг Ёдгоршоҳ Амиршоевро дар назди мактаби №6 деҳаи Вахиё мулоқот кардем. Муаллима баъди анҷоми басти аввали дарс ба сӯйи хонааш мерафт. Лутфиябону мақсади моро пай бурда, саргузашти худро аз нуқтаи кулминатсиониаш оғоз кард: «Охири рӯзҳои декабри соли 1992 буд, мо ҳамроҳи дигар гурезаҳо, ки аз ноҳияҳои Вахшу Бохтар дар мактаби деҳа паноҳ мебурданд, ба хотири зинда мондан ба лаби соҳили Панҷ гурехтем. Якчанд шохоби дарёро гузашта, дар байни дарё, ки об то кафи по буд, қарор гирифтем. Ҳама дудила буданд, ки ба Афғонистон гузарем ё на. Шаб барф борид, кӯдакон ҳама ях баста буданд. Дар даст кӯдаки якунимсола доштаму пойҳоям то зону тар шуда буд.

Он рӯзи сиёҳ 30-юми декабр ҳеч аз хотирам намеравад. Силоҳбадастони тоҷиккуш ба деҳаи мо даромаданд. Мардум ҳамроҳи гурезаҳо дар даруни заҳбур пинҳон шуданд. Як вақт силоҳбадастони аспсавор ҳамаи моро ҷамъ карда, мардону ҷавонписаронро барои маҷлис ба беруни заҳбур даъват карданд. Ёдгоршоҳ чизеро дарк карда буд, ки бачаи дар дастам бударо, ба оғӯш гирифта, бӯсиду ба дастам дод ва бо мо худоҳофизӣ кард. Як вақт силоҳбадасте омада, амр кард, ки ба хонаҳоятон равед. Аммо дар ними роҳ ба мо гуфтанд, ки баргашта мурдаҳоятонро соҳиб шавед.

Модарон азизони хешро бо дасти хеш гӯр мекарданд

Он бегоҳӣ то соати 21-22 шаб мо ҷасадҳои азизони худро зери хок кардем, то шабона шағолҳо онҳоро нахӯранд. Ба хусус барои ман бисёр вазнин буд, ки ишқи аввалу охир, ҳамсари меҳрабон, падари фарзандонамро дар зери хок пинҳон мекардам. Аз як тараф хушдоманам, ки ду ҷигарбандаш қабати ҳам мехобиданд, нолаву фиғон дошт, ки бачаҳои нозанинамро таги хок накунед, аз сӯи дигар бароям сахт гарон буд, ки дар пеши чашмони панҷ кӯдаки ноболиғам падари онҳоро бо панҷаҳоям зери хок мекардам. Ман аз овони тифлӣ аз як сухани қабеҳи одамон; «Қабратро бо дасти худам меканам» ба даҳшат меомадам. Аммо он рӯз мо занони деҳа азизони хешро бо дастони худ зери хок мекардем. Ман онҷо ва он рӯз дарк кардам, ки чаро аз рӯзи дунёбунёд занону духтарони мусулмон дар маросими дафн иштирок намекунанд. Оҳ, барои зан модар чӣ қадар вазнину дардманд аст, вақте фарзанд ё шавҳари худро таги хок мекунад. Ин ҷо Лутфиябонуро гиря гулӯгир шуд ва дигар маҷоли сухан гуфтан накард. Аммо сипосгузорӣ мекард, ки бо омадани шумо қулфи дилро кушода, аз он рӯзҳо ёдовар шудем.

Ёди шаҳидонро дар мактаб гиромӣ медоранд

Gushai_Omuzgoroni_kushtashudaАз сокинони деҳаи Вахиё огоҳ шудем, ки дар мактаб як гӯшаи ёдбуди аҳли маорифро ташкил кардаанд, ки дар байни онҳо аскҳои омӯзгорон- шаҳидони декабри хунини соли 1992 низ ҳаст. Ба гуфтаи директори мактаб Ҳалим Солеҳов аз 13 нафар омӯзгор, директори собиқу мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, 6 нафарашон дар як рӯзи охири моҳи декабри соли 1992 кушта шудаанд. Он шабу рӯз дар мактаб гурезаҳо макон доштанд. Зимистон хунук буду мардуми сармозада тахтаву курсиҳои мактабро алов карда кӯдакони худро гарм мекарданд. Пиронсолони деҳа мо омӯзгоронро дилбардорӣ мекарданд, ки имрӯз муҳим зинда мондани мардум аст. Ҷанг, ки тамом тамом шуд, мардум ба кумаки ҳукумат боз ин мактабро бо мизу курсӣ пур мекунанд. Пеш аз нирӯҳои ҳукуматӣ ба ин деҳа ғоратгарон омада, мардони бегуноҳро кушта, хонаҳоро сӯхтанду амволи мардумро ғорат карда рафтанд. Баъди се рӯзи дар вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон будан хабар расид, ки ба хонаҳои худ баргардед, нирӯҳои ҳукумати нав омада ва амнияти мардумро таъмин мекунанд. Вақте омадем, мурдаҳоро дафн кардему ба таъмири хонаҳоямон шурӯъ кардем. Зиндагӣ амсоли ҳодисаи табиат рӯ ба гармшавӣ дошт. Инак 19 сол дар ҳавои тинҷию осудагӣ зиндагӣ дорем.

Хола, бачаатро куштан мебаранд!

Омӯзгори 70 сола Раҳим Нуров иброз медорад, ки дар байни он гурӯҳе, ки мардуми бегуноҳро ба қатл расониданд, ду се нафар тоҷикбачаҳо низ буданд, аммо аз ҳамроҳони худ метарсиданд: «Ҳамсарам нақл кард, ки вақте писари 13 солаамонро, ки бачаи қадбаланд шуда буд, аз миёни ҷамъи мардум гирифта бурданӣ шуданд, як тоҷикбачае, ки дар назди мо меистод, оҳиста гуфт: «Хола, бачаатро нагузор, ки аз паси онҳо равад, ӯро куштанӣ мебаранд». Ҳамин тавр, ҳамсарам монеъи бурдани ӯ шуд ва писарбачаи мо аз марг наҷот ёфт. Дар чаҳор панҷ соли баъди ҷанг тамоми мардуми фирорӣ ба манзилҳои худ баргашта, хонаву деҳи харобгаштаи худро аз нав обод карданд. Пиронсолони деҳа мегӯянд: «Барои насли калонсоли минтақа, ки солҳои ҷангу гурезагӣ ранҷу азоби зиёд кашидаанд, сулҳу осоиштагиро аз ҳама неъмати зиндагӣ боло медонанд. Худованд ҳамин тинҷию оромиро насибамон гардонад, боқӣ мушкилиҳои зиндагиро оҳиста-оҳиста паси сар мекунем».

Русҳо наоянд, онҳо мардумро ба дасти одамкушҳо дода буданд

Ҳаводиси рӯзгор ҷаҳону ҷаҳонбинии мардуми ин гӯшаи диёрро ба куллӣ тағйир додааст. Чун дар марзи Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ҳатто як бонуи хонанишини ин деҳа ҳам дар масоили амнияти марзу буми кишвар андешаҳои ҷолиб дорад. Якеаш мегӯяд, ки зарурияти бозгашти русҳо ба сарҳадоти мо дигар маънӣ надорад. Зеро дар соли 1992 мардуми бесилоҳи Панҷ маҳз ба марзбонони рус бовар карда, дар минтақаи миёнаи сарҳад қарор гирифта, ба хоки Афғонистон нагузаштанд. Аммо сарҳадбонони рус он вақт монеъи вуруди силоҳбадастони одамхор ба минтақаи ба истилоҳи худи русҳо «нейтральное зона» нашуданд. Ва он афроде, ки баъдан маълум шуд, нирӯҳои ҳукуматӣ нею зархаридони дигар давлатҳо будаанд, аз симхор гузашта, гурезаҳоро ба қатл расониданд.

Аммо Ҳалим Солеҳов, директори мактаби №6- и деҳаи Вахиёи ноҳияи Панҷ иброз дошт, ки бо дар назардошти вазъи кишварҳои соҳили рӯди Омӯ ва халиҷи Форс Тоҷикистон ҳам бояд дар андешаи боз ҳам мустаҳкам намудани нирӯҳои сарҳадиаш бошад. Аммо бозгашти русҳо ба сарҳади мо масъалаест, ки онро ба ҷузъ сарвари кишвар дигар дар ҳоли ҳозир касе дуруст ҳал карда наметавонад.

Зиндагӣ дар сарҳад бо маҷрои хоси худ равон аст. Сарҳадиҳо урфу одат ва анъанаҳои ба худ хосе доранд, ки ин маданият аз ҳамсоягӣ бо Афғонистон, дурдастӣ аз марказ ва таъсири табиӣ дарёи Омӯ маншаъ мегирад. Бо шарофати онки мардуми Панҷ аз фарҳангу ҷаҳони муосир, сиёсати дарҳои боз ва ҷаҳонишавии бемаънӣ дар канор мондаанд, урфу одатҳои тоҷикиро гум накардаанд. Мардуми ин диёр хидмат ба Ватан, иҷрои нақшаи пахтасупорию пардохти андозҳои мавҷударо масъулияти ҷиддӣ мешуморанд.

Назари мардум дар бораи бозгашти дубораи русҳо ба марз

Ёқуб, ронандаи мототсикл, ки моро аз деҳаи Вахиё ба маркази ҷамоати «Нури Ваҳдат» овард, нақл кард, ки аз сабаби мавҷуд набудани шароити дурусти корӣ нирӯи ҷавони деҳа ба мардикорӣ рафтаанд. -Мо - мегӯяд ӯ,- мардуми заҳматдӯстем, замин бисёр аст, агар корфармо ҳаққи кори моро одилона пардохт кунад, ҷавонон ба мардикорӣ нарафта, дар ҳамин ҷо кор мекунанд. Бо ин қадар захираи заминҳои кишоварзӣ бояд ҳазорҳо нафар сокинон бо кору музди маоши хуб таъмин мешуданд.

То маркази ноҳияи Панҷ мо аз шоликӯбони сари роҳҳо сар карда, то омӯзгорону фаъолони аҳзоби сиёсӣ бо як суол «Ҳузури русҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба зиндагии мардуми ин ҷо чӣ таъсире дошту хоҳад дошт?», пурсон шудем. Посухи сокинони Панҷ мазмунан якранг буд;

«Русҳо дар сарҳади мо манфиатҳои худро доранд.»

«Аз пошхӯрии «СССР 20 сол сипарӣ мегардаду то ҳол Кремл домани худро аз хоки Осиё ҷамъ карданӣ нест».

«Мо аввалин шуда, аз Кремл ҷудо нашудем. Истиқлоли кишварҳои то охир ба Маскав содиқ мондаро онҳо эълон карданд»

«Дар ягон кишвари дунё, ки сулҳу субот ҳукмфармо аст, сарҳадашро ҳарбиёни дигар давлат муҳофизат намекунанд»

Сарбозони мо дар дифоъи марзи хеш камтар аз русҳо нестанд

Ҷӯраҷон Мирзоев, як нафар аз собиқ хидматчиёни отряди ҳарбии сарҳадии Панҷ, оид ба ин мавзӯъ андешаи худро чунин иброз дошт; «Дар як хона бояд як сардор бошад. Ҳамкориҳои ҳарбӣ бо Русия лозим аст, аммо на масъалаи ба сарҳад баргаштани сарбозони рус. Агар Русия хоҳад, ки тавассути мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон масоили амниятии минтақаро таъмин намояд, бигзор дар муҷаҳҳаз гардонидани нирӯҳои низомии Тоҷикистон саҳим бошад. Русҳо дар масъалаи ҳифзи сарҳад нисбат ба қушунҳои мо танҳо аз ҷиҳати иқтисодию лавозимоти ҳарбӣ бартарӣ доранд. Дар асл аскарону афсарони мо аз дигар ҳарбиёни хориҷӣ сарҳади худро беҳтар муҳофизат мекунанд.

Барои афғонҳо ҳеч гоҳ Русия, Амрико ва Бритониё бародари калонӣ набуд

Вақте аз баландиҳои Панҷ шукӯҳу шаҳомати дарёи Омӯро тамошо карда, чеҳраҳои ориёии бузургони ду соҳили ин дарёи пуртуғёнро пеши назар тасаввур мекардам, дар андешаи ман саволҳои зиёде эҷод мешуд:

Агар барои мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нирӯи илова лозим бошад, ин масъала ба русҳо чӣ дахл дорад?

Оё мо ҳуқуқ надорем, ки дар масоили такмили нирӯҳои сарҳадии худ бо шарики ҳамдину ҳамзабонамон Ирон ҳамкориҳои ҳарбӣ дошта бошем?

Оё молику масъули амонии ин мавзеъ ба ҷузъ Тоҷикистону Афғонистону Ирон боз кадом давлат буда метавонад?

Воқеан, Омӯи бузург шоҳид аст, ки мардумони он тарафи соҳил Бритониёи кабиру «Великая Русия» ва оянда Амрикову дигар ишғолгаронро дар мулки худ ҳеч гоҳ бародари бузургу кабир эътироф накардаанд ва намекунанд!

«Бо як гул ҳам баҳор мешавад», дар Панҷ

Бо ҳамин фикру андешаҳо мо ба маркази маъмурии ноҳияи Панҷ баргаштем.

Дар 20 соли охир дар ноҳияи Панҷ 11 нафар ба ҳайси раиси ноҳия кору фаъолият кардаанд. Абдуҷалил Каримов, Нарзулло Қармишев, Чилахон Исоев, Соҳиб (насабашро мардуми ноҳия фаромӯш кардаанд), Мирзоқурбон Олимов, Шукурҷон Зуҳуров, Самад Бӯйдоқов, Талбон Ҳакимов, Саидумрон Абдураҳмонов, Мирзодавлат Сабуров ва раиси кунунии ноҳия Абдуҷон Тавакалов. Мардум мегӯянд, ки дар тӯли раисии ин 11 нафар дар маркази ноҳия 2 бинои нав шӯъбаи «Агроинвестбонк» ва идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истифода дода шудаасту халос. Аз ин ду бино ҳам таҳкурсӣ девору боми бинои ҳукумат замони Шӯравӣ сохта шуда, боқӣ корҳои сохтмонӣ дар чанд соли охир аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст. Бешак, ин бино зеботарин идораи ҳукуматӣ дар сатҳи вилоят аст. Албатта дар давоми 20 сол ҳамагӣ бунёди ду иншоот дар маркази як ноҳия аз дар бунбасти иқтисодӣ қарор доштани ин диёр хабар медиҳад. Аммо қомат афрохтани ҳамин ду бино ҳам барои сокинони маркази шаҳрак «баҳор» аст. Зимни сайругашти бегоҳирӯзӣ дар тани дарахтони кӯчаву деворҳои бозор эълони намоиши саҳнаи театрии «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-ро хонда, хотирам болида шуд, ки дар Панҷ ҳам мардум аз тамошои намоишномаҳои театрӣ баҳравар мешаванд.

(Идома дорад)

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97