Алангаҳои «Корвон»

Иҷтимоъ 31.08.2011 12:34

Муаллифи «иқдом»-и бозорсӯзӣ кист?

KorvonnnnnРӯзи 8 августи соли равон, тақрибан соатҳои 8-и субҳ бозори "Корвон" барои ҳафтумин бор оташ гирифт. Ин дафъа гузаргоҳи дуюми мавзеъи маъруфи "Элегант" ба тамом сӯхтааст. Яке аз тоҷирони бозор гуфт, ки тақрибан 40 дӯкон ба коми оташ рафт ва бештар аз 50 дӯкони гузаргоҳи якуми ин мавзеъ низ ҳангоми оташхомушкунӣ комилан зери об монда, хароб шудаанд.

Бозорҳое месӯзанду касе масъул нест

Шӯҳрат ном тоҷир мегӯяд, ки "қисмати дӯконҳои мо он қадар зарар надидаанд, танҳо молҳо тар шуда, каме сифаташонро аз даст додаанд. Аммо гузари дуввум сахт зарар дид, зеро афроде буданд, ки ба маблағи беш аз 15 - 40 ҳазор доллар ду се рӯз пеш мол ворид карда буданд. Ҳаминро бояд бигӯям, ки он чизе маро ба ташвиш овардааст ин аст, ки агар дар як ду ҳафта ин мавзеъ боз нашавад, намедонам чӣ кор кунам. Зеро мо як солро танҳо ба хотири ҳамин моҳ ва идҳо интизорӣ мекашем ва моли овардаам, ки либоси мактабист, мемонад".

Директори бозор ҳамаро дурӯғгӯй кард

Аммо Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи ҶДМ-и бозори "Корвон" теъдоди дӯконҳоро чанд маротиба кам аз тахмини тоҷирон хонда ва гуфт: "Сӯхтор соати 8:05-и субҳ сар зад ва мо тавонистем бо мошинҳои зиддисӯхтори худи бозор дарвозаҳоро шикаста, дар муддати хело кӯтоҳ ин офатро бартараф намоем. То соати 8:35 сӯхтор ба пуррагӣ бартараф шуд. Ин оташ ҳудуди 200 метрро пурра сӯзонд, ки дар он ҷо ба ҳеч вачҳ 40 дӯкон набуда, шояд 15 ё 20 нуқтаи савдоӣ будааст, ки ҳоло аниқ мекунем".

Тоҷирзане, ки номашро ифшо накард, гуфт, ки то ба ҳол зарари расидаамро намедонам, зеро ба ман муяссар гашт, ки қисмате аз амволамро наҷот диҳам, аммо фикр мекунам, бисёриҳо зарари сахте дидаанд.

Бозори "Корвон" аз бунёдаш то ба ҳол ҳафт маротиба оташ гирифтааст. Ин дафъа зудтар хомӯш шуду хисороти камтаре ворид кард, аммо ба ҳар сурат зарари ҷиддие болои беш аз сад тоҷир ва муштариёни доимии "Элегант" овард.

"Элегант" яке аз мавзеъҳои беҳтарин ва озодатарини ин бозор буда, муштариёни хосаи худро дошт ва ин бори дуввум аст, ки оташ мегирад.

Пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро бозорҳои мо солҳои ахир тез-тез оташ мегиранд? Сабабаш чист ва гунаҳкор кист?

Бозорро шояд касе қасдан сӯзонд?

Қаҳҳор Холмуродов, сардори шӯъбаи назорати бехатарӣ аз сӯхтори ноҳияи Фирдавсӣ, зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки «сабаби асосии сар задани сӯхтор то ба ҳол маълум нест. Танҳо баъди 10 рӯз хулосаи ниҳоии онро бароварда метавонем. То баровардани хулосаи ниҳоӣ касеро наметавонем муҷрими ин сӯхтор бидонем».

Бозордор, хонум Ҳалима Мавлонова низ иброз дошт, ки «то ба ҳол сабаби аслии ин воқеъа маълум нашудааст, вале дар ин кор худи дӯкондорон низ гунаҳкоранд ва дар фикри пешгирии чунин фалокатҳо нестанд. Онҳо роҳравҳоро бо молҳояшон танг мекунанд, баъзе аз онҳо симҳои пинҳонӣ кашида, кондитсионер ва ё асбобҳои барқӣ мемонанд, ки сабаби ин гуна сӯхторҳо мешавад. Ман ба онҳо гуфтам, ки агар ин кор қасдан набошад, пас гуноҳи худи шумост, ки кондитсионер ва ё чизи дигареро хомӯш накардаед». Раиси бозор ба ин суол, ки чаро бозор дар моҳи август оташ мегирад, посух гуфт, ки ӯ низ ин гумонро дорад, ки шояд дар ин кор дасти касе бошад: "Қариб ҳамаи сӯхторҳо дар ин мавсими ярмаркаи либосҳои мактабӣ сурат мегирад ва инро низ бояд дар назар дошт. Дар бозор ҳодисаи қасдан сӯзонидан низ ба қайд гирифта шудааст. Ду сол пеш Алишер ном тоҷири ин бозор мавзеъи "Престиж"-ро сӯзонида буд, ки ба даст афтод ва ҳоло дар маҳбас аст. Аз ин рӯ, ин суол маро низ ташвиш медиҳад, вале баъди таҳқиқи пурраи ин ҳодиса метавон хулоса кард ва ин гуфтаҳо аз гумоне беш нестанд".

Бозор мошини оташнишон дорад

Ин сӯхтори бозор дар шароитест, ки ҳоло дар тафовут аз солҳои гузашта, дар ҳолати хубтари зидди сӯхтор қарор дорад. Тавре хонум Мавлонова гуфт, ҳоло бозор ду мошини зидди сӯхтор ва 17 нафар коргар дорад, ки аз ҳисоби бозор таъмин карда мешаванд ва ин дафъа ҳамин мошинҳо буданд, ки тавонистанд сари вақт хатари аз ин бештареро бартараф кунанд. Инчунин барои бехатарӣ аз сӯхтор ҳамарӯза аз соати 16 то 7-и субҳ тамоми чароғҳои барқиро хомӯш мекунанд. Аммо дар бозору корхонаҳо ва марказҳои бузурги тиҷоратии бархе аз кишварҳо, лӯлаҳои махсуси об гузарнида шудааст, ки бо пайдо шудани дуд ба таври худкор ба кор даромада, обро ба он мавзеъ мепошанд. Раиси бозор иқрор шуд, ки мо то ба ҳол аз чунин технология иттилоъ надорем ва дар оянда шояд ба ин бирасем.

Тоҷикистон кишвари сероб аст ва гузаронидани лӯлаҳои об он қадар душворӣ ва маблағи зиёде намехоҳад. Агар ин корро дар тамоми бозорҳо мекарданд, шояд боз хело ҳам хубтар мебуд.

Зарарро кӣ ҷуброн мекунад?

Тавре зикр шуд, дар ин сӯхтор ва сӯхторҳои пешин мардуми зиёде зарар диданд. Пас оё ин зарар ҷуброн мешавад? Дар бозорҳо бештари савдогарон бе бима ва ё суғурта ва кам нишон додани амволашон дар патент кор мекунанд, то андози нисбатан камтар бипардозанд. Дар сурати сар задани чунин ҳаводис наметавонанд, чизе ба даст оваранд. Ба гуфтаи директори бозор, аз ин сабаб онҳо наметавонистаанд тамоми хисороти онҳоро пурра баргардонанд. Дар бозор камтар аз 25%-и тоҷирон бима доранду халос. Аз ин рӯ, аз рӯи патенташон ба онҳо ҷубронпулӣ дода мешавад. Инчунин аз ҳисоби бозор дӯконҳои онҳо аз нав барқарор шуда, то ду сол аз додани кирояпулӣ озоданд.

Чаро фақат бозорҳо месӯзанд?

Дар тайи чанд соли ахир сӯхтан ва ё сӯзонидани бозорҳои Тоҷикистон як амри маъмулӣ гаштааст. Бозори "Корвон" ҳафт маротиба, бозорҳои "Шоҳмансур", "Саховат" дар Душанбе низ чанд дафъа сӯхтаанд. То ҳатто зарардидагони сӯхтори бозори "Саховат" баҳори имсол бо талаби таъмини адолат дар назди қасри Президент даст ба як тазоҳурот заданд. Бозори "Баракат" дар ноҳияи Румӣ ва бозори "Саховат" дар шаҳри Кӯлоб, Бозори шаҳри Хоруғ низ сӯхта буданд, ки то кунун иллати аслии бозорсӯзиҳо нокушуда мемонад ва касе ҳам гунаҳкор намегардад. Ин суолест, ки қисмати аъзами ҷомеа ба он ҷавоб меҷӯяд. Воқеъан чаро бозорҳои мо месӯзанд? Дар аксари маврид "гунаҳкори аслӣ" "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" унвон мешавад ва ё зери коса "нимкоса" ниҳон аст? То он ҷое ки иттилоъ дорем, чунин ҳодисаҳо солҳои қаблӣ дар пойтахти Русия- шаҳри Маскав зиёд иттифоқ меуфтод ва ин "сӯхтан"-ҳо ба хотири ба даст овардани нуқтаҳои тиҷоратӣ ва бозорҳои алоҳида сурат мегирифт.

Аммо дар кишваре, ки саросар хешро мусалмон мегӯянд, ба коми оташ кашидани моли бародари худ, ки баробари хуни ӯ ҷавобгарӣ дорад, оё дуруст аст? Ин бозорҳо дар замони шӯравӣ низ фаъолият доштанд ва ками дар кам чунин ҳодиса рух медод. Пас гунаҳкор кист? Бемасъулиятии масъулин ё бепарвоии тоҷирон, ё аҳдофи муғризонаи бархе аз ҳасудон ва ё ғазаби Худо бар он касоне, ки дар ин моҳ қимматҳоро боло бурда, болои ин мардуми бе ин ҳам нодор боз гарониеро меоранд? Ин суолҳои беҷавоб зиёданд, вале баъди 10-рӯз сабаб маълум мешавад. Боз метарсем, ки ин дафъа низ чун пештара "расиши кӯтоҳи ноқилҳо" гунаҳкор набошад!!!

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97