Ҳафтаи кӯдакон дар Хатлон чӣ медиҳад?

Иҷтимоъ 10.08.2011 16:39

Haftai kudakon_27Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини хуқуқу манфиатҳои кӯдак
дар қаламрави Хатлон як ҳафтаи кӯдакон эълон шудааст. Ба ин ҳафтаи пур аз маросиму чорабиниҳо барои кӯдакон 1-уми июн- рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон нуқта гузошта мешавад.


Масъалаи №1
Дар як соли охир мавзӯҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, таъмини шароити зисту таълимгирии насли кӯчак ва зери назорати қатъӣ гирифтани онҳо бештар мавриди муҳокимаи мардум ва ҳукумат қарор дошт. Ҳатто як давраи тӯлонӣ беш аз 60% муҳтавои барномаҳои телевизионҳои кишварро муҳокимаи Лоиҳаи қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар бар мегирифт.
Ҳамакнун эълон шудани ҳафтаи кӯдакон дар қаламрави вилояти Хатлон гувоҳи он аст, ки ахиран ҳукуматдорон масоили марбут ба ҳаёти кӯдаконро ҷиддан рӯи даст гирифтаанд. Майрамбӣ ғафурова мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки назди ҳукумати вилояти Хатлон иброз медорад, ки дар соли таърихии 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст, ки ба умдатарин мушкилоти рӯзмараи кӯдакон расидагӣ кунад. Тибқи маълумотҳои ӯ теъдоди кӯдакони ноболиғ дар қаламрави вилояти Хатлон ба 1 миллиону 988 нафар мерсад, ки аз ин шумора 10 182 ё худ 1% онҳоро кӯдакони маҷрӯҳ ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои Майрамбӣ Ғафурова  ин теъдоди кӯдакони маҷруҳ зери назорати қатъии раиси вилояти Хатлон қарор дошта, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи №1 намояндаҳои Президент дар маҳал ба ҳисоб меравад. Ҳукуматдорон ваъда додаанд, ки дар доираи ҳафтаи кӯдакони Хатлон аз ҷониби масъулини мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорон ба тамоми тифлони маҷрӯҳ кӯмакҳои яквақта ва тӯҳфаҳои идона расонида мешавад.
Ҳамчунин масъулин бо мақсади ҷашни рӯзи кӯдакон ва ба таътили тобистона гусел кардани онҳо баргузории якчанд чорабиниҳои «сиёсӣ»-и кӯдаконаро ба нақша гирифтаанд. Дар доираи ин чорабиниҳо беҳтарин истеъдодҳои кӯчак кашф ва маҳсули эҷодашон ба намоиш гузошта мешаванд. Интизорӣ меравад, ки дар рӯзи иди байналмилалии кӯдакон зери шиори «Ғунчаҳои истиқлол» даҳҳо нафар истеъдодҳои навраси кишвар ҳунарҳои худро пешкаши тамошогарон хоҳанд намуд. Баъдан беш аз 600 ҳазор наврасу кӯдакони хатлониро аз мактаб ба таътили тобистона гусел мекунем. Алъон аз долонҳои ҳукумати Хатлон ба гӯш мерасад, ки дар арафаи таътили тобистона ҳукумат бо ирсоли як муроҷиатномае ба унвони волидайн хоҳиш ё таъкидномаеро ироа менамояд то падару модарон дар давоми се моҳи таътил фарзандони ноболиғи худро зери назорат ҷиддӣ гирифта, барои ҷалби фарзандон ба ҳаёти солим чораҳо андешанд. Алъон ин тасмими ҳукумати маҳал қартаи нокушодаеро мемонад, ки шояд ягон навоварии ҷолиберо дар тақдири минбаъдаи насли ояндасози кишвар дар пай дошта бошад.
Воқеан ҳам се моҳ барои кӯдакону наврасоне, ки аз таълиму тарбия дур мемонанд, аз як ҷиҳат барои истироҳати онҳо манфиатовар бошад, аз ҷониби дигар сабабгори коста шудани одобу ахлоқи онҳо ҳам мешавад. Зеро бо истиснои рӯзҳои ҷашну маросимҳо дигар тамоми се моҳ ҳатто дар марказҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳам воситаҳои фарҳангӣ фаъол нестанд, то дар ташаккули маънавиёти кӯдакону наврасон таъсири мусбӣ расонида тавонанд. Албатта ба истиснои теъдоди камшумори кӯдаконе, ки як муддати вақти таътилро дар фароғатгоҳҳои тобистона мегузаронанд.
Мусаллам аст, ки дар арафаи гусели насли наврас ба таътили тобистона мақомотҳои марбута дар арафаи ҷамъу гирд овардани ҳисобот оид ба ҳаёти иҷтимоии кӯдакон мебошанд. Агар дар назардошти нақшаҳое, ки масъулин як сол қабл ваъдаи иҷрошавиашро дода буданд, мо соҳаи таълиму тарбия ва фарогирии ноболиғонро ба ҳаёти солим баҳо диҳем, дар баробари дастовардҳо мушкилиҳои зиёде барои ваъдаҳои оянда боқӣ мондаанд.

Мушкили таълиму тарбия
То кунун дар баъзе мактабҳои деҳот масъалаҳои ҳалталаб аз қабили норасоии омӯзгорон, китобу ҷойи нишаст ҳалли худро наёфтаанд. Агар дар назардошти нишондоди баҳогузории омӯзгорон ба дониши хонандагон ва сифати таълимро шарҳ диҳем, сол то сол сатҳи донишомӯзии наврасону кӯдакон боло рафта истодааст. Қаблан сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода иттилоъ дода буд, ки ба истиснои хонандагони бо истилоҳ «духон» сатҳи дониши дигар хонандагон рӯ ба беҳбудӣ дорад. Мавсуф ваъда дода буд, ки дар ояндаи наздик тамоми хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилоят аз муоинаи тиббӣ хоҳанд гузашт. Аммо то куҷо соҳаи тандурустии Хатлон барои аз муоинаи тиббӣ гузаронидани беш аз 650 ҳазор хонанда омода аст, суолест, ки ҷавобашро бояд аз раёсати тандурустии вилоят интизор шуд.
Баъзе омӯзгорони соҳиби таҷриба яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани сифати таълимро дар мактабҳо аз барҳам хурдани дарсҳои иловагӣ медонанд. Ҳарчанд мегӯянд, ки дарсҳои иловагӣ ба ҳукми анъана даромадааст, аммо то замоне дар мактабҳо хонандагон дар ду баст дарс мехонанд, ташкили дарсҳои иловагӣ зери савол мемонад.

Дар деги кӯдакона чӣ мепазад?
Шояд муҳимтарин мушкилоти олами кӯдакон барои хукумат ҳамин норасоии муассисаҳои томактабӣ дар ҳудуди вилоят бошад. Агар фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣдар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа 7%-ро ташкил диҳад, пас дар сатҳи вилоят ин рақам ба 2% мерасад. Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи Хатлон зимни як сӯҳбат иброз дошт, ки бо дастури Ғайбулло Афзалов, раиси Хатлон танҳо дар як соли оянда 25 адад муассисаҳои томактабӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Ба гуфти манбаъ роҳи асосии ҳалли ин масъала ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди муассисаҳои хусусии томактабӣмебошад. Алъон танҳо дар маркази вилоят як соҳибкори Қӯрғонтеппа- Амонулло Саъдуллоев барои 400 нафар кӯдак боғчаи бачагонаи ҷавобгӯй ба талаботҳои ҷаҳониро бунёд карда истодааст. Вале ба гуфти масъули раёсати маориф вазъи муассисаҳои томактабии навоҳии Хатлон нигаронкунанда аст. Зеро раисони шаҳру навоҳӣ ба беҳдошти ин муассисаҳо диққати дуввумдараҷа медиҳанд. Ман бовар надорам, ки раисони ноҳия боре ҳам вақти хӯрокпазӣ дегҳои боғчаҳои бачагонро аз назар гузаронида, бо чашми худ дида бошанд, ки дар деги кӯдакон чӣ мепазад? Гуфта мешавад, ки дар вилоят танҳо раисони шаҳру навоҳии Данғара ва Норак ба беҳдошти муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Дар боқӣ шаҳру навоҳии Хатлон боғчаҳои бачагона ба талаботи масъули вилоятӣ ҷавобгӯй набудааст.
Бунёди маркази инкишоф афсона ё ҳақиқат?
Дар ҳоле ки вазъи муассисаҳои томактабию мактабии Хатлон ба талаботи худи масъулин ҷавобгӯй набуда, бештар аз марказҳои берун аз мактабӣ ва боғчаҳои бачагона ба муҷаҳаз гардонӣ ниёз доранд, аммо ваъдаи ташкили марказҳои инкишофи кӯдак ҳамеша вирди забонҳост. Аслан ташкили маркази инкишофи кӯдак идеяи сафаркардаест, ки аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо ба Тоҷикистон чунин «илҳом»-ро овардааст. Ба ҳар ҳол нияти нек амалӣ мешавад, агар мақсад тарғиби «идея» набошад. Масъулини соҳаи маориф ҳам хуб мефаҳманд, ки маркази инкишофи кӯдак бояд чӣ гуна бошад. Алъон шояд дар кишвар чунин марказ вуҷуд надошта бошад.
Аз ваъдаҳои соли гузашта як ваъда-иттилои дигар низ дар бойгонии матбуоти даврӣ ба «ёдгор» мондааст, ки масъулин гуфта буданд: «Бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасони маҷрӯҳ дар Хатлон як лоиҳаи ҷадиде рӯи кор меояд, ки дар доираи он садҳо нафар кӯдакони маъюб дар хонаҳо ба таълими махсус фаро гирифта мешаванд. Дар доираи ин лоиҳа даҳҳо нафар омӯзгорони ботаҷриба барои омӯзиши фанҳои дақиқ ба кӯдакони маҷруҳ дар шароити хона ҷалб карда мешаванд.
Аммо аз сӯҳбат бо Майрамбӣ Ғафурова мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон бармеояд, ки алъон аз оғози фаъолияти ин лоиҳа каме вақти дигар аст. Танҳо ҳамин маълумот рӯи даст аст, ки лоиҳаи мазкурро ташкилоти Наҷоти кӯдакон дастгирӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ ҳукумати вилояти Хатлон ҳамон ваъдаеро, ки Президент соли 1993 зимни баромадаш дар Конвенсияи Женева оид ба қабули эъломияи ҳуқуқи кӯдак дода буд,  иҷро менамояд.

Кӯдакон ва ҷиноят
Хулоса, дар як соли охири ҳаёти кӯдакони Хатлон нишондоди хушоянд, ҳамин коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон аст. Бинобар гуфтаи масъулини шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки Хатлон дар 4 моҳаи аввали соли ҷорӣ дар нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ҳодисаи ҷиноят байни ноболиғон кам шудааст. Гуфта мешавад, ки таъсиси шӯбаи ҳуқуқи кӯдак дар назди мақомоти шаҳру навоҳӣ ва фаъолияти соли аввали он дар  пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва кохиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣбайни ноболиғон нақшгузор аст.
Алъон, масъулини мақомотҳои самти корашон ба кӯдакону ноболиғон равона шуда, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани рӯзи байналмилаллии кӯдакон, тараддуди зиёд доранд. Иддае аз роҳбарони соҳаи маорифи шаҳру навоҳии Хатлон ба он боваранд, ки чорабиниҳои марбут ба рӯзи байналмилалии кӯдакон нусхабардорӣ аз чорабиниҳои қолатии солҳои гузашта нестанд. Зеро имсол на рӯзи кӯдакон, балки ҳафтаи кӯдакон қайд карда мешавад. Аммо ҳафт рӯзи инқилоби фарҳангӣ дар ҳаёти ояндаи кӯдакон чӣ нақшу таъсире хоҳад гузошт? Саволест, ки дар давоми таътили тобистона ҷавобашро меёбем.
Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97