Тоҷикон дар бозори дунё харидоранд, на тавлидкунанда

Иҷтимоъ 10.08.2011 14:55

globalization 23Назари  банда маҳз дар шинохт ва фаҳми ҷаҳонишавӣ моҳиятан дигар аст. Дар баъзе мавридҳо бо андешаи муҳақиқоне, ки ҷаҳонишавиро падидаи номатлуб ё зиёновар ба арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ медонанд розӣ бошам, аммо дар бештар мавридҳо андеша ва диди банда аз раванди мазкур ва ҷаҳони ғарб чӣ тавре, ки дар боло ҳам ишора шуд, фарқ мекунад.

Бозори андешаҳо

Пеш аз ҳама мехостам ишора кунам, ки ҷаҳонишавӣ раванди таърихиест, ки ҳамаи падидаҳо ва арзишҳои фаъолӣ ҷаҳонро бо ҳам наздик мекунад ва онҳоро ҷаҳонӣ месозад. Аз ин, ки марокизи иттилоотӣ дар дасти ғарбиён ҳаст ва метавонанд андешаҳои зиёдро вориди дунё кунанд, ҷойи баҳс нест. Аммо бар андешаи ман ин як раванди таърихие аст, ки новобаста аз майлу хоҳиши касе ва чизе нируҳои ҷаҳониро бо ҳам мерезад. Дар ин раванд гарчанде, ки баъзе миллатҳои аз рӯйи тавонойи имконияти бештар дошта бошанд ҳам (ғарбиҳо) аммо дар умум аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ дар ин раванди ҷаҳонӣ  характери умумиҷаҳонӣ касб менамоянд. Ва ин як воқеъияти таърихӣ ва раванди амалиест ба монанди дигар падидаҳои таърихии ҷаҳон, ки маҳсули натиҷаи фаъолияти инсонҳо, мебошад. Барои тақвияти андеша, овардани андешаи Муҳаммад Аркунро оид ба раванди ҷаҳонишавӣ лозим шуморидем. Ӯ  дар мақолаи худ зери унвонӣ  "Исломи имрӯз миёни суннат ва ҷаҳонигарӣ" ишора мекунад, ки ҷаҳонигарӣ ҳамаи суннатҳои фарҳангӣ, динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии шинохташудаи дунёро ба ҳам мерезад . Яъне ба гуфтаи ӯ ҷаҳонигарӣ на фақат арзишҳои ҷаҳони ғарбро болои мардуми шарқ, балки тамоми арзишҳои шинохташуда ва пешрафтаи ҷаҳонро, ҷаҳони сохта болои ҳам мерезад. Воқеан ҳам имрӯз танҳо он падидаҳо ва арзишҳое, ки дар ҷаҳон аз ҳама шинохтатар ҳастанд доранд ҷаҳонӣ мешаванд. Ин воқеати табиӣ аст, ки имрӯз марокизи бештари иттилооти дунё дар ғарб ҷойгир ҳастанд ва андешаҳои он манотиқ бештар дар дунё паҳн мегардад. Аммо ин баҳона шуда наметавонад, ки мо қурбони он сели идеа шудем ва кори дигаре ба ҷуз қабул кардан надорем. Бар андешаи ман ин воқеият ва майдони набарду имкониятҳо ҳаст. Кишварҳои Шарқи дур, аз қабили Ҷопон, Чин, Малайзия, Инданезия ва ғайра ҳам мустамликаҳои ғарбиён буданд ва аз мо дида ба Аврупо аз назари масофа дуртаранд. Аммо онҳо тавонистанд, аз назари кашфиёту техноложӣ ҳатто аз ғарб ҳам пештар раванд. Ин кишварҳо ҳам арзишҳои суннатии худро то андозаи зарури ҳифз карданд ва дар баробари ин дар майдони мусобиқа қавӣ ҳастанд.  Ҳар миллате агар мехоҳад дину фарҳангу забонаш шинохта шуда бошад то ҳифз ва нигаҳдорӣ шавад бояд андешаи тавлиди дошта бошад, то ба ҷаҳон ва ҷаҳониён тавонад чизеро арза кунад. Агар имрӯз мо низ аз назари иқтисод, сиёсат ва техноложӣ қаввӣ бошему тавонем андешаҳои тавонотару бузургтар аз дигарон тавлид кунем, метавонем андеша, ва фарҳанги худро ҷаҳонӣ созем. Ҷаҳонишавӣ ин бозореро мемонад, ки онҷо ҳама гуна молро бо рангҳои мухталиф метавон пайдо кард. Дар онҷо беҳтарин молҳо ва андешаҳо,  харидори бештар доранд, чун шинохташудаанд. Агар молу андешаи миллате бар ниёзи ҷаҳониён бошад, пас фарҳангӣ он (чун мол ва андешаи ту ҷузъи фарзанги туст) метавонад ҷаҳонӣ шавад. Замоне, ки андешаи мо харидор пайдо кард, ниёз ба забон ва фарҳангӣ мо ҳам зиёд хоҳад шуд, чун он чизе ки мо ихтироъ кардем чуъзи фарҳанги мо ҳаст ва бо забону тафаккури мо тавлид мегардад. Ва агар андешаи миллат қавӣ шуд, табиист, ки забон ва фарҳанги ӯ ҳам қавӣ мешавад. Ва ин як нав ҷаҳонӣ сохтани забон  ва фарҳанг ҳам ҳаст. Аммо чун ғарб имрӯз тавлидгар аст, арзишҳо ва дастовардҳову фарҳанги он дастболо аст.  Барои мисол имрӯз аксари он чизе, ки аз ғарб меояд аз либоси мо шурӯъ карда то техникаву олотҳои зиндагӣ, ки тамоми рӯзгори мардумро фаро гирифтанд. Барои мисол ба тавонои ва қудрати забони англисӣ ҳамчун забони ҷаҳонӣ назар кунем.

Ҳақиқат воқеият аст

Имрӯз тамоми дастовардҳои дунёро метавон таввасути интернет бо ин забон пайдо кард. Ва ин гувоҳи аз он медиҳад, ки талабот ба ин забон дар ҷаҳон бештар будааст ва дорандагони ин забон аз дигарон дида имконот ва тавоноии бештар ба иттилоот ва илмӣ дунёи мудерн доранд. Ба ҳамагон мусаллам аст, ки "фарҳанги муосири ҷаҳонӣ" дорад руйи арзишҳои муосири ғарбӣ шакл мегирад. Хатто мо мехоҳем намехоҳем он либосҳои (бештар манзурам либосҳои мардона) хушсифати замонавиро аз муллоён шурӯъ карда то муаллиму деҳқон умуман табақаҳои гуногуни ҷомеа аз онҳо истифода мебарем ва онҳо доранд ҷаҳонӣ мешаванд. Яъне ифротитарин суннатгарои шарқӣ, ки нафрат ба фарҳанг ва умуман ба ғарб дорад, имрӯз тамоми корашро таввасути дастовардҳои илмӣ ва фарҳанги ғарбиён анҷом медиҳад. Ва ин ҳақиқат воқеият аст, ки бояд пазируфт ва он ки ин хуб ҳаст ё бад ин мавзӯъи баҳси дигар аст. Аммо аз назари истеҳсоли тавлиди техникӣ тавре ишора шуд, имрӯз Чин ва Ҷопон он суннати Аврупоиро чунон рушду равнақ доданд, ки худи ғарбиҳо аз он дар ҳайратанд. Барои мисол имрӯз Ҷопонро ҳама аз руйи ширкати "TАYOTA" ва дигар ширкатҳои техникабарорияш мешиносанд ва ин достовардҳо бахше аз фарҳанги техникии ҷопониҳоянд, ки ҷаҳонӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки миллатҳое ба мисли Ҷопону Чин аз ин раванди муосири хеле хуб истифода карданд. Албата агар мо натавонем арзишҳои миллии худро барои рақобат ба чолишҳои замони ҷаддид мувофиқ кардан, ҳатман ҷойи ин гуна арзишҳоро арзишҳои бегона  хоҳанд гирифт. Таърихи башарият ҳамеша шоҳиди ин гуна рақобатҳо  будааст ва вобаста ба мурури замон арзишҳо ва фарҳангҳо ҳамеша тағйир ёфтаанд ва шаклҳои нав ба навро гирифтаанд. Фарҳангҳо ҳамеша дар ҳоли бархурд буданд ва ҳамеша дар натиҷаи бархӯрд ё бурд мекарданд ва ё бохт. Яъне дар натиҷаи бархурд, ситезӣ фарҳангҳо ба вуҷуд меояд, ки яке дигареро мисли тӯфони дарё дар ҳавоси худ ба куллӣ аз байн мебурд.
Аммо аз дидгоҳи обективӣ табиист, ки миллати мо дар шароити кунунӣ дар ин набард ва майдони бузург пешсаф будан наметавонад ва ҷойи баҳс ҳам  нест. Гарчанде мо замоне тавонои инро доштем ва тавлидкунандаи андешаҳо будем. Вале мутаассифона имрӯз мо он тавоноиро надорем ва танҳо масрафкунандаи андешаҳои дигаронем. Аз ин хотир бояд зирактар ва тавонотар аз пешсафони ин раванд ва савдогарони ин бозор  бошем. Чун  хавф бар сари мо бештар аст. Яъне мо дар ин бозор, мисли бозроҳои Тоҷикистон аксаран харидоронем, зеро тавони тавлидгарӣ надорем, бинобарин мо ба мисли як спекулиянт ҳастему халос. Аммо муҳим он аст, ки мо майдони бузург ва макони бузурги пур аз имкониятҳо ва интихобҳоро дорем. Танҳо коре, ки мо бояд анҷом диҳем ин интихоби оқилона ва дуруст аз он дастоварҳои ҷаҳонӣ мебошад. Аз бозор ҳар гуна чизро метавон харид кард, чи молӣ хуб ва чи бад. Аммо интихоб ҳам аз таҷриба, дониш ва заковатмандии миллат вобастагӣ дорад. Агар миллат аз назари дониш, заковат, таҷриба заъиф бошад, чизеро интихоб мекунад, ки на бар суди ӯст, балки бар зиёни ӯст. Аз ин бозор мо низ агар молу андешаҳои хубро оқилона харидорӣ кунем метавонем андешаи тавлидии худӣ ва миллиро дар дохил тақвият бахшем ва саранҷом дар ин бозор пешсафу муввафақ гардем. Чи тавре, ки кишварҳои мусулмонӣ ба мисли Малайзияву Индонезия доранд мекунанд.

ДАСТОВАРДҲОИ  ФАРҲАНГИИ ШИНОХТАШУДАИ ҒАРБ

Нуқтаи дигаре, ки банда мехоҳам ишора намоям ин дар хусуси таммадун ва фарҳанги имрӯзаи ғарб аст. Назарам ин аст, ки фарҳанг ва таммадуни имрӯзаи ғарб ин маҳсули замони нав ва ё таҷаддуд буда, баъд аз асри рушангарӣ дар ғарб шакл гирифтааcт. Дар ғарб падидаҳое  ба мисли либерализм, демократия, плюрализм ё чандандешӣ, ҷомеаи шахрвандӣ, индивидуализм, озодии виҷдон, озодии занон ва дар кулл озодии инсонҳо ва инчунин дигар мактабҳои фалсафие ба вуҷуд омадаанд, ки дастоварди танҳо фарҳанги сирф ғарб набуда, балки дастоварди ҳазорсолаҳои кулли башаранд. Танҳо иштибоҳи  мо ҳамин буд, ки ғарбиён  пештар аз мо  ба ин кашфиётҳо даст ёфтанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз онҳо сухан аз модернизму посмодернизм мезананд. Донишмандони онҳо аз қабил Макявелӣ, Томас Гобс, Жан Жак Руссо ва дигарон дар мубориза бо қудратҳои диктоторӣ ва тоталитарии худ аз истиқлоли давлати миллӣ (sovereign state) шурӯъ карда то истиқлоли фикрӣ ва фардӣ (individualism) барин арзишҳо расиданд. Аммо дар умум ин падидаҳо ва дастовардҳои ақли инсонӣ, ки дар боло ишора шуд ба як қисмате аз дунё тааллуқ надоранд, балки барои тамоми башариятанд.   Аз ин хотир ин арзшиҳоро бояд бе чуну чаро ҳамчун дастовардҳои умумиинсонӣ ва ё худӣ қабул карда аз инҳо дар рӯзгор таҷриба бояд  кард. Дастовардҳои илмӣ ва худи илм мансуб ба як миллат, мазҳаб ва ё нажод нестанд. Барои мисол он дастовардҳоеро, ки донишмандони шарқӣ дар шакли назария баён сохтанд ғарбиён шарқиву бегона нагуфта дар амал тадбиқ карданд ва имрӯз бо онҳо ифтихор мекунанд. Бояд ёдрас шуд, ки танҳо он чизе, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаи заифи фарҳанги имрӯзаи ғарб рабт дорад, ин фасод ва фардгароии шадид мебошад, ки аз он бояд дар канор буд. Мо дар ин хусус дар поён муфасал хоҳем гуфт. Дигар он чизе ки мо дар кул фарҳангӣ ғарбӣ мегӯем ба кулли башарият муҳим аст. Ончи ба маҳсули илм ва таҷрибаи санҷидашудаи ақли инсонӣ аст худию бегонагӣ надорад. Шиори ҳар чи хуб аст аз мостро пеша бояд кард.

ОЯНДАИ ГУЗАШТА ЧӢ ХОҲАД ШУД?

Баҳсе, ки дар хусуси аз байн рафтани арзишҳои суннатӣ ва фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, натанҳо ба дунёи шарқ балки ба дунёи ғарб ҳам рабт дорад. Ин хоси ҳамин шароити ҷаҳонишавӣ аст, ки зеҳни бештари донишмандонро ҳам дар чолиш овардааст. Аз ин ҷост, ки бештари донишмандони ҷаҳон дар хусуси ояндаи гузашта ва таъриху арзишҳои чандинасраи инсоният андеша меронанд. Барои мисол Азиз Исмоил, файласуфи ғарбӣ бо суолҳои қавӣ таъкид карда мегӯяд: ".....дар дунёе, ки дар зери чашми мо бо чунин суръати саросемаворе дигаргунӣ мепазирад, усулан суннате боқӣ мемонад? Ба як маъно метавон пурсид: ояндаи гузашта чист? Гузашта дар ҷаҳоне, ки бо ин суръат дигаргун мешавад - дунёе, ки аз фарҳанги халқусоъа (дафъатан мавҷуд шуда)-и иртиботи ҷаҳоншумул саршор аст- чи ояндае дорад? Таърих дар инҷо чи нақше метавонад дошта бошад? Ва агар гузаштае нест, агар гузашта ояндае надорад, инсон дар бораи ҳол ва оянда чӣ гуна  бояд биандешад? "
Имрӯз  дар асари пешрафти техноложӣ ва рушди фардгароӣ,  чуноне ки Азиз Исмоил ҳам ишора  намуд, мардуми ғарб ҳам доранд, оҳиста-оҳиста бисёре аз арзшиҳои суннатии худро аз даст медиҳанд. Ва ин суолҳо дигар  муттафаккирони ғарбиро ҳам водор месозанд то бипурсанд, ки мо дорем ба куҷо меравем?

(идома дорад)
Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97