Агар мавзеи селзадаи Кӯлоб интихоб мешуд…

Иҷтимоъ 09.08.2011 13:44

Hiloli Ahmar_02_-_20Барои бори нахуст дар Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх(ФБҶҲАСС) бо дастгирии донорҳо дар шаҳри Нораки Тоҷикистон машқу тамринҳо дар масъалаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ доир намуд, ки фарогири бештар аз 30 дастёрони ҷавони Норак буд ва ҳамкори мо Саъдии ЮСУФӢ дар ҷамъи хабарнигорон аз ин машқу тамринҳо дидан намуда, таассуроту роҳоварди сафарашро навиштааст, ки инак тақдими шумо мешавад.


Роҳи душвор ба сӯйи Норак

Саҳаргоҳи рӯзи 18 май бо хабарнигорони шабакаҳои БиБиСӣ ва "Ҷаҳоннамо" савори мошини ҷипи "Prado"-и Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх (ФБҶҲАСС) зери рақами 6, ба тарафи Норак раҳсипор гаштем. Дар баромадгоҳи Душанбе ба сӯйи Ваҳдат чангу ғубори ғализе мошини моро ба комаш дар мекашиду атрофамонро қариб, ки намедидем. Хайрият, ки ҷип гарду чангро намегузаронад ва мо аз ғубор дар амон мондем, аммо диламон ба пиёдагардҳое месӯхт, ки шояд рӯзмарра либос иваз кунанду ду бор "душ" бигиранд.
Баъди каме роҳ паймудан аз чангу гард халос шудему бо лаззатбарӣ аз табиати сабзу зебои Ваҳдат роҳамонро идома медодем. Интиқоду баррасии забони тоҷикии сомонаи БиБиСӣ, мушкилоти имлои тоҷикӣ ва душвории ташдид дар навишти кирилӣ, аҳамияти гузариш ба хатти форсӣ барои Тоҷикистон, ёди Бозор Собиру ашъору навозандагияш, китоби ахири Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва заъфи потенсиалии ниҳодҳои динии расмӣ, аҳволпурсии вазъияти телевизиёни "Ҷаҳоннамо" ва бемории яке аз операторони "Ҷаҳоннамо", ки моро ҳамроҳӣ мекард аз мавзӯоте буданд, ки моро то расидан дар Норак машғул доштанд.
Баъди соате худро дар даромадгоҳи шаҳри Норак дидем ва ҳамон лавҳаи зебое, ки меҳмонону сокинонро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва хатти форсӣ ба Норак хуш омадед мегуфт, диққатамонро ба худ ҷалб намуд, ки машҳуртарин калимаи англисӣ - welcome-ро иштибоҳ ва ба ҷойи ҳарфи "c" ҳарфи "к" навиштаанд; "welкome", аммо форсияш дурусту зебост.

Вуруд ба бозии ғайримуқаррарӣ
Hiloli Ahmar_03_-_20 Дар даромадгоҳи Норак бо ин, ки ҳаракати мошин бо суръати муқаррарӣ буд ва рақами ҷип низ ғайри оддӣ, вале пулиси роҳ  асочаи дасташро ба нишони манъ кардан боло карду мошини моро нигоҳ доштанӣ шуд. Ҳам ронанда ва ҳам мо аз ин рафтори пулиси роҳ дар таъаҷҷуб мондем, аммо ронанда ба онҳо ишорае карду мошинро нигаҳ надошта, аз назди онҳо  гузашту камарбанди бехатарияшро, ки нобаста буд, баст ва ба роҳ идома додем.
Назди меҳмонхонаи SayoraS.-и Норак аз мошин пиёда шуда дигар ҳамкасбонро низ мулоқот намудем. Нав мехостем қоматамонро рост намуда, ба умеди субҳона тарафи дохили меҳмонхона қадам занем, ки амр шуд савори мошин шавему ба як мулоқот дар Ҳукумат бишитобем. Вақти ба онҷо расидан вориди толор шудему низомипӯшонеро медидем, ки атрофи мизи бузурге нишаста аз тарафи дигараш шаҳрвандони Тоҷикистону дигар кишварҳо низ ҳузур доштанд.
Як афсари баландрутбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Норак сӯҳбат мекард ва ҷолибаш ин буд, ки зери таъсири сару либоси хориҷиён нарафта, ба тоҷикии тоза сӯҳбат мекарду як нафар сӯҳбаташро ба русӣ тарҷума мекард.

Идомаи бозӣ дар беморхонаи Норак

Сипас бо чанд мошини дигари мутаалиқ ба ҶҲАТ ҳамроҳ бо кормандони либоси сурх дошта ба сӯйи беморхонаи Норак дар ҳаракат шудем. Дар даромадгоҳ муовини сардухутури беморхона моро истиқбол гирифту вориди утоқе барои сӯҳбат шудем. Ҳама чиз хеле расмиву ҷиддӣ ба назар мерасид, вале вақти сӯҳбат дидам, ки пизишкон аз доштани теъдоди зиёди осебдидагон аз ҳолату вазъияти фавқуллода мегӯянду аз ин, ки чӣ қадар имконияти вокуниш ба ҳолати фавқуллодаро доранду чӣ мушкилу камбудӣ доранд. Баъди мулоқот барои рафъи таъаҷҷуб аз як корманди Салиби Сурх (СС)-и Олмон пурсидам, ки магар дар Норак ягон ҳодисаи табиъӣ рух додааст, ки мо аз он бехабарем? Гуфт, ки ин ҳақиқӣ нест, ин машқу тамрин аст.

Актёрии милисаҳои Норак

Сипас вориди мошинҳо шуда ба як гӯшаи дигари Норак рафтем, ки мошине гӯё садама дидаасту оташ гирифтааст ва  кормандони Ҳилоли Аҳмар (ҳ.А.) ба наҷоташон мешитобанд. Вақте ба машқгоҳ расидем автобуси оташгирифтаро дида ғайри ҳақиқӣ буданашро дарк намудем, аммо вақте наздиктар рафтем чанд корманди милиса бо дағалӣ моро ронданду гуфтанд, ки иҷозати наздикшавӣ нест ва бо як корманди зан аз ҲА ба ҳадде бугӯ магӯ карданд, ки даст ба гиребон шуданду он занро кашолакунон ба сӯйи мошини худ бурданд.
Фақат чанд лаҳза баъд фаҳмидем, ки ин ҳама ҷузъи ҳамон тамрину машқ аст ва ҷиддӣ нест, вале аз ҳунармандона нақш бозӣ кардани милисаи Норак ангушти ҳайрат газидем. Ману дигар ҳамкорон худро дар васати як бозии аҷибе дарёфта будем, ки дигар бояд идомаи барномаро бо ҳушёрӣ пайгирӣ мекардем, зеро намедонистем ин бозӣ идомааш чӣ гуна аст.
Кормандони ҲА корашонро бо хубӣ ва маҳорат, вале бо кундӣ анҷом медоданд. Сӯхторхомӯшкунии Норак низ мисли Душанбе замоне назди автобус расид, ки тақрибан оташаш хокистар шуда буд. Ҳама кормандони оташнишонӣ либоси "МЧС Россия"-ба тан доштанд. То ҳол намефаҳмам, ки чаро?
Баъди ин саҳна ба тарафи Ҷамоат роҳ гирифтем, ки дар сари як паскӯча ду милисаи роҳ мошинро боздоштанду ҳуҷҷат пурсиданд. Ман надоштам, онҳо мегуфтанд, ки касе надорад аз мошин поёнаш мекунем. Бейҷики Шамсияи Қосим аз БӣБӣСӣ-ро гирифта, ҷойи аксашро бо ангуштам пинҳон намуда, онро ба милиса нишон додам. Ӯ нақш мебозид, вале хеле ҷиддӣ. Ман низ нақш бозидам ва хеле ҷиддӣ. Билохира, аз ин тамрин низ гузашта ба як бунгоҳи тиббӣ расидему аз онҷо ду хайма гирифта, сӯйи як майдони футбол раҳсипор шудем.
Кормандони ҲА аз кишварҳои дигари Осиёи марказӣ низ бо мо буданд. Тоҷику узбакро бо ҳам дидан мумкин буд, ки ҳарду паҳлӯи ҳам бо зеҳнияти фориғ аз ҷанҷолҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон бо як рӯҳияи қавӣ кор мекарданд. Ба сустиву дер ду хаймаро дар васати майдони футбол насб намуда ба осебдидагони фарзии ҳолати фавқуллода ғизои  сабук тақсим намуданд.
Ҳамзамон бо ин як саҳнаи дигари машқиро як гурӯҳи дигари кормандони ҲА дар як гӯшаи дигари Норак иҷро намуданд, ки тамринаш кӯмак расонидан ба осебдидагони заминларза буд. Ба гуфти ҳамкасбони мо аз телевизиёни русизабони "К+" онро низ хуб иҷро намуданд.
Инҳо дар маҷмӯъ тамрину машқҳои якҷояи кормандони ҷамъияти ҲА-и Тоҷикистон буд, ки бо ҲА-и дигар ҷумҳуриҳои ОМ ва Аврупои Шарқӣ иҷро мешуд. Ин як машқу тамрини якҷояи ҲА - ҷумҳуриҳои ОМ ва Салиби Сурхи Русия буд, ки дар Тоҷикистон иҷро мегардиду аз тарафи донороне чун Иттиҳоди Аврупо, Салиби Сурхи Амрико, СС- Ҳоланд, СС-Олмон, Федератсияи ҲА &CC дастгирии молиявӣ мешуд.

Аз ҷаноби Давлатбек Алиназаров масъули вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ, ки бо хабарнигорон мусоҳиба намуд пурсидам, ки мо дар Тоҷикистон минтақаҳои осебдидае чун обхезиҳои Хатлону заминларзаи Ванҷро дорем, вале чаро маҳз Норак барои ин кор интхоб шудааст, ки шукри худо солҳост, ки дар фазои амну ороми табиъӣ ба сар мебарад, гуфт; "инҷо эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқуллода аст". Ин ҷавобаш аслан маро қонеъ накард, зеро дар ҳеҷ ҷойи ҷаҳон ҷойи амн аз ҳолатҳои фавқуллода вуҷуд надорад. Ба эътиқоди ман беҳтар мебуд, агар ба ҷойи шаҳри зебову ободи Норак чунин тамринҳоро масалан дар Ванҷ, ки ба тозагӣ аз заминларза осеб дида пасларзаҳояш ҳанӯз идома доранд, баргузор мекарданд. Ва ё дар шаҳри Кӯлобу дигар ноҳияҳои Хатлон, ки захмҳову осебҳои обхезияшон ҳанӯз малҳам наёфтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97