«Ҳар миллат сазовори раҳбарест, ки худ интихоб мекунад»

Иҷтимоъ 09.08.2011 12:08

Дар ин мақола то андозае кӯшиш мешавад, пиромуни масоиле, ки дар матлабе мунташира дар нашрияи Фараж таҳти унвони  «Сустаносир: Мавҷуди Шинохташудаи Ношинос» матраҳ шуда буд, назароте пешниҳоди хонандагони гиромӣ шавад.

Дар мақолаи мазкур муаллифи он Меҳмоншоҳ саъй ба харҷ дода то заминаҳои мушкилотеро, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯ аст, ошкор созад. Дар ин робита ӯ вуҷуди падидаи ба гуфтаи ӯ «сустаносир» - ро ҳамчун иллати аслии нокомиҳои ин ҷомеъа дониста, онро умдатарин монеъа барои пешрафт мехонад. Банда низ ба ин бовар аст, ки маҳз мавҷудияти падидаи сустаносир ё ба истилоҳи дигар нотавонии, ба гуфтаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Худӣ дар фард (шахсият) сарчашмаи асосии ҳама дигар мушкилоти ҷомеъа аст, вале шаклҳои зуҳури он дар мавориди мухталиф мутафовит ва мутанаввеъ аст. Ҳадаф аз мақолаи мазкур омӯзиши ин падидаи фарҳангӣ, яъне сустаносир дар робита ба мавқеъи суннатии зан, ба вижа дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва дар кул дигар ҷавомеъи кишварҳои мусулмон буда, яке аз мавзӯъҳоест, ки ҳанӯз мавриди баҳсу мунозираи донишмандони кишвар нагардидааст.
Инсон аз ҳайвон бо хотира фарқ дорад
Барои барасии муфассалтари ин масъалаҳо ва омилҳое, ки заминасози он дар ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон гардидаанд, ба гуфтаҳои мутафаккири бузурги асри Х1Х-и олмонӣ, Фридрих Нитсше рӯй овардан ҷоиз аст. Зеро ҳангоми мутолиъаи осори ӯ чунин ба назар мерасад, ки гӯё суханони Нитсше ҳама ба ҷомеъаи мо иртибот дорад. Барои ин мутафаккири асил, таърих ба мисли дарёест, ки гузаштаву ҳозираро пайваста, ояндаро инъикос мекунад. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки ҳамагуна илм аз таърих сарчашма мегирад ва ҳеч чизе берун аз замон ва таносуби табиат, фарҳанг, миллат ва таърих вуҷуд дошта наметавонад. Нитсше зиндагии ҳайвонҳоро ғайри таърихӣ (unhistorical) мехонад, чунки ҳайвонҳо аз сабт ва дарки маънии таърих бархурдор нестанд. Ба андешаи ӯ ҳаёти ҳайвонҳо ғайри фаъол аст, вале инсоният хотира дорад, бинобар ин қобил аст аз таърих баҳра бигирад. Мутафаккир мефармояд, ки бе хотира ҳам хушбахтона ҳаёт ба сар бурдан мумкин аст, аммо ин ҳаёти инсонӣ набуда, балки ҳаёти ҳайвонӣ аст. Вале ӯ муътақид аст, ки инсонҳо бояд таърихро барои таҷрибаи рӯзгор истифода кунанд, тавре устод Рӯдакӣ низ дар ин замина фармудаанд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис ба кор ояд.

Озодӣ чӣ гуна ба даст меояд?
Инсонҳо қудрати офаридгорӣ ё халлоқият доранд ва маҳз ҳамин хусусият инсонҳоро аз дигар мавҷудоти табиат мутамоиз мекунад. Ин қудрати инсонӣ инсонҳоро қодир месозад то бар муҳити худ асар бигзоранд, ва онро тағйир бидиҳанд, ихтироъкорӣ кунанд. Вале барои созанда будан, дар мадди аввал барои афрод озодӣ зарур аст то битавонанд зарфияти зотии худро боз кунанд, он чиро нуҳуфта дар зоти худ доранд, амалӣ кунанд. Суоле, ки ба миён меояд ин аст, ки озодиро чи гуна мебояд ба даст овард? Барои ба даст овардани озодӣ ҷомеъа ниёз ба инсонҳои ғайриоддие дорад, ки қолабҳои суннатӣ, фарҳангӣ ва арзишҳоеро, ки барои пешрафти ҷомеъа монеъа эҷод мекунанд бишкананд, то озодии инсонҳоро дар ҷомеъа таъмин созанд. Аммо бояд зикр кард, ки манзури Нитсше аз шикастани қолабҳои суннатӣ, фарҳангӣ ва арзишӣ эҷоди арзишҳои нави умумибашарӣ аст, на ба куллӣ аз байн бурдани суннатҳо, фарҳангҳо ва арзишҳо. Мувофиқи ақидаи Нитсше, ахлоқ таърих дорад ва мо бояд таърихи ахлоқро бидонем. Ӯ мегӯяд, ки ахлоқ офаридгор дорад ва аввалин офаридгори ӯ фардҳо (individuals) буданд, на тӯдаҳо (herds). Вале ахлоқи тӯдаҳо шакли аввалини ахлоқ буда, он ахлоқро ҳам ғулом (slave) ва ҳам арбоб (master) пазируфт. Бешак, дар байни тӯдаҳо гурӯҳҳои тавоно ва нотавон буданд. Ҳамин тавр гурӯҳҳои тавоно ахлоқро иҷборӣ бар гурӯҳҳои нотавон бор карданд. Аз воқеият дур нест, ки ҳамаи тафсири ахлоқ аз ҷониби як гурӯҳ бармеояд. Ин ҳамон гурӯҳе ҳаст, ки намояндагии мафҳуми ахлоқро дорад ва Нитсше онҳоро арбобони ахлоқ (master-morality) ва гурӯҳи дигарро ғуломони ахлоқ (slave-morality) меномад. Маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ тақсимот ё беадолатии иҷтимоӣ, яъне тақсимбандии ҷомеъаи инсонӣ ба вуқуъ пайвастааст. Пас Нитсше мегӯяд, ки агар аввалин офаридгори ахлоқ фарде (individual) буд, танҳо дар асоси сохтани фарди ҷадид метавонем озодиро ба даст оварем, он озодие, ки дар гузашта доштем.
Дар асоси ҳамин назарияе, ки мутафаккири олмонӣ баён кардааст, ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистонро метавон арзёбӣ намуд ва бар мабнои ҳамин назария метавон перомуни як ҷанбаи умдаи фарҳанги сустаносир ибрози ақида намуд.

Аз зани асир асирзода мерӯяд
Дар яке аз маҷмуаҳои маҷаллаи «Оила ва Ҷамъият», ки дар Узбакистон ба нашр расидааст, дар мавриди мавқеъи зан дар ҷомеъа назарияи таассубовар баён шудааст. Ин маҷалла ба назар ҳамчун василае барои контроли мавқеъи зан дар ҷомеа буда, аз сару либос пӯшии зан шурӯъ карда то аҷзои зиндагии фардии ӯро мехоҳад мутобиқ бар суннатҳои ҳоким дар ҷомеъа танзим кунад ва шахсияти ӯро бо кору бори зиндагии оилавӣ маҳдуд кунад ва ҳаргиз нагзорад то ӯ по фаротар аз ин маҳдуда бигзорад. Маҷаллаи мазкур ба занон меомӯзонад, ки чи гуна шавҳарро истиқбол бояд гирифт ва чи тавр эҳтироми ӯро ба ҷо овард, таъбашро хуш гардонд... ва ғайра. Воқеан дар фарҳанги мардуми Осиёи марказӣ дар мавриди мавқеи зан як фаҳмиши асримиёнагӣ боқист, ва мувофиқи он зане, ки шавҳар мекунад, насиҳати ҷониби падару модар ба ӯ чунин аст, ки ҳамеша бо гапу кори шавҳар ва падару модари шавҳар амал кунад, ҳаргиз амале накунад, ки боиси хашми шавҳар ё падару модари шавҳар бигардад. Хулоса ин аст, ки барои зан як муҳити тарсу ваҳм офарида мешавад ва ӯ мисли як одами дуюмдараҷа дар хонаи шавҳар рӯзгор дошта доимо дар андешаи он аст, ки мабодо як ҳаракат ё амали ӯ боиси хушунат ё ҷангу ҷидоли оилавӣ гардад. Чунки ҳаққу ҳуқуқи ин зан дар хонаи шавҳар на танҳо аз шавҳар ва падару модар, балки бародарону хоҳарони шавҳар ҳам камтар аст. Дар натиҷа тарсу ҳарос ҳамеша дар вуҷуди зан нуҳуфтааст ва чуноне ки медонем, тарсу ҳарос нишонае аз хӯйю атвори ғуломианд. Модаре, ки дар ин миён фарзанд ба дунё меорад, он атвори ғуломиро ба фарзандаш тавассути шири синааш интиқол медиҳад. Чуноне ки Хоҷа Ҳофиз мефармояд; «бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад». Бар идомаи суханони Хоҷа Ҳофиз, гуфтаи Абдурауф Фитрат хеле мувофиқ аст дар ин маврид; «зане, ки асир бошад, аз ӯ асирзода мерӯяд». Дар чунин фарҳанг, ки зан - модарро ба ғуломӣ мубталло сохтааст, аз ин гуна модар ғуломзода мерӯяд, яъне манкурт (ишора ба асари Чингиз Айтматов). Ин манкурти асри бисту якум шахси ғайри фаъол аст, ғайри фаъол ин ҷо ба маъниест, ки ӯ танҳо олами мавҷударо ба хотири хӯрдан ва зебоии одамиро танҳо дар сару либос пӯшидан мебинаду халос.
Вазиронро ҳам занони асир зодаанд
Зан, ки ҳастии ҳамаи мо ва ҷомеъаи мо зи ҳастии ӯст, мо дар ниҳодаш хӯю хавоси ғуломӣ ниҳодаем ва ӯро иҷборан ба як фарди ғайри фаъол дар ҷомеъа мубтало кардаем ва ӯро аз воқеъияти ҳастии худ бехуд кардаем. Ва ҳамагии мо, аз доро шурӯъ карда то фақир, аз олим то вазир зодаи ҳамин модари асирзодаем. Мутаассифона аз ин гуна зан - модар танҳо ҳамон фарди сустаносирро мунтазир будан лозим асту халос, зеро ингуна фарҳанге, ки ин модар зодаи он аст, ҳаргиз қудрати «шери худову рустами дастон» зоиданро надорад. Ин сустаноcир як шахси ғайри фаъол буда, на аз аслу на аз воқеияти ҳоли хеш воқиф аст, чунки сустаносир фарде аст беҷавҳар. Фикру фаҳми сустаносир танҳо ба як чиз банд асту халос; чи гуна ба афроди масъул хушомад бигӯяд, то ки дар ҷомеъа соҳибмансаб ва соҳиби иззату эҳтиром гардад, ӯ роҳи дигарро барои таборузи шахсияти худ намебинад.
Даҳшатнок ин аст, ки ин гуна ашхос яъне сустаносир, аз ғизои маънавӣ маҳрум буда, тафаккури ин гуна ашхос барои дарки олами воқеъӣ ё шинохти асли хеш (Худӣ - ба истилоҳи Меҳмоншоҳ) ҷавҳари одамӣ қодир нест ба мисли Манкурт - қаҳрамони асари машҳури Чингиз Айтматов. Аз ин ҷиҳат ҷисми ӯ ғизо мегираду ишкамбузургии ӯ ин андешаро собит месозад. Ӯ маънии зиндагиро аз ин бештар дарк нахоҳад кард, чунки дарки олами воқеъӣ дар табиати ин гуна афрод нест, ва ҳатто агар мебуд ҳам, ӯ дарк кардан намехост, зеро ки барои ӯ ҳастӣ он чизе аст, ки дар ихтиёр доранд. Яъне ҷавҳари сустаносир хушомад гуфтан аст ва бо ин амал хуш аст, чунки ӯ қодир нест, ки берун аз ин доира назар дошта бошад ва ё тафаккур кунад ва каму костагии худ ё ҷомеъаеро, ки дар он рӯзгор дорад, бубинад.

Тамаллуқ хоси кишварҳои ақибмонда аст
Парадокси ҷомеъаи сустаносир ин аст, ки дар ҷомеъаҳои пешрафтаи ҷаҳон нафароне соҳиби иззату шарафанд, ки дар бахшҳои гуногуни илмӣ, текнолоҷӣ, иқтисодӣ, ҳунарӣ ва навоварӣ саҳми бузурге доранд. Аммо дар ҷомеъаи сустаносир мардум аз тамаллуқ соҳиби иззату шарафанд. Ҳар қадаре ки тамаллуқу чоплусии бештар нишон диҳӣ, ҳамон қадар болонишинтар хоҳӣ буд. Ин гуна ҷомеъа мардумро на аз рӯи салоҳият, балки аз рӯи “садоқат” арзёбӣ мекунад. Яъне қадру қиммати одамӣ на аз донишу малакаи ӯ, балки аз ҳиммати лаганбардории ӯ муайян мегардад. Аз ин хотир ин гуна ҷомеъа зарурат ба сустаносир дорад, на нафаре мисли Муъмин Қаноату (дар мавриди забони тоҷикӣ он чи ки Муъмин Қаноат гуфтааст, ҳақ асту рост ва мо ҳамагӣ шоҳиди ҳол ҳастем, ки ин як забони шахшудаи костаи кӯчагӣ аз шӯравӣ ба мо мерос монда нишонаи манкуртии мост)  Раҳим Масов  Бозор Собир, шодравон Лоиқ Шералӣ ва амсоли онҳо, ки дар асл чашми миллат будандуҳастанд.Дар ҷомеъаҳои пешрафтаи ҷаҳон ин гуна ашхосро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Вале мутаассифона ин сустаносирони даҳр ҳаргиз фарзандони фарзонаи худро нашинохтанд ё ҳаргиз нахостанд, ки аз онҳо дифоъ кунанд, чунон ки таърих шоҳиди ҳол аст: Рӯдакию, Фирдавсӣ, Носири Хусраву Ибни Сино дар ҷомеъаи сустаносирон бегона буданд ва дар сахтӣ ҷон доданд. Чуноне ки дар мақоли мардумӣ мегӯянд “қадри зарро заргар медонад”, вале сустаносир ҳаргиз ҳам тавони ақидаву идея ё як фикри бикрро надорад. Ӯ мисли роҳбарони даврони шӯравӣ шахшуда буда, на тавони навоварӣ доранд ва на нафареро имкон хоҳад дод, то ки навоварӣ кунад. Аз ин хотир ҳар нафаре, ки бо як фикри балиғ вориди баҳсу мунозира гардад, ӯро ба зудӣ маҳв месозанд, зеро ҳамагуна амали рӯшанфикрӣ ё озодандешӣ хавф ба ҷону мол ва мансаби сустаносирон аст. Мансаб дар ин гуна ҷомеъа кафолати ҷону мол буда, ба ҳар ҳоле ки бошад аз он дифоъ мекунад, чунки аз мансаб уфтодан кафолати ҷону молро аз даст додан аст. Дар даҳ соли охир ҳамагии мо шоҳиди ҳол будаем ва “он чи ки аён аст, чи ҳоҷат ба баён аст”. Шоире дар замони ҷанги бародаркуш, ки бори дигар собитгари манкуртии мо буд, хеле мувофиқ дар мавриди ин сустаносирони даҳр фармудааст:

Ғуломонро зи озод
ӣ сухан ҳайф,
Ба хобон бонги бедорӣ задан ҳайф.
Ба ин савдогарони буму меҳан,
Ватан ҳайфу ватан ҳайфу ватан ҳайф.

Манкурт харидор дорад
Ин сустаносирони муъосир на танҳо хидматгори арбобони дохили кишвар ҳастанду бас, балки лаганбардорӣ, ки дар ниҳоди онҳо нуҳуфтааст ва нуқси тафаккурӣ доранд, барои арбобони аҷнабӣ ҳам қомат дучанг карданро дӯст доранд. Ин сустаносир, ки дар асл ғулом ё мушаххастар гӯем, тафаккури ғуломӣ (рабский менталитет) дорад ва як ишорае аз арбобони аҷнабӣ барои онҳо бас аст, ки бе ҳеҷ шаку шубҳа амалеро иҷро кунанд, зеро сустаносир қудрати тафаккурро надорад, ва манкурт будани онҳо худ хиёнатест ба ватан, дину оин ва миллату мазҳаб. Вале чун сустаносир ҳаргиз дину оин, миллату мазҳаб надорад, барои ӯ арзише болотар аз 200 доллари амрикоӣ нест. Чуноне ки дар қиссаи машҳури Чингиз Айтматов оварда шудааст, бо амри арбоб модари худро ба қатл расонд. Ҳамин гуна қисмат модаронеро, ки ин сустаносирро ба дунё овардаанд, мунтазир аст. Вале мутаассифона, бозори ҷомеъаи муосири мо харидорӣ ба чунин ашхос, яъне сустаносирону манкуртон дорад.

Асри ХХI асри ғуломзоӣ нест
Имрӯз ҳамагон медонем, ки замона тақозои дигар дорад ва мо ҳам бояд ба ҷараёни дунёи тағйирпазир омода бошем, то ҳамқадами ҷаҳони мудерн бошем (на мисли Асҳоби Каф, қиссаи мазкур дар каломи маҷид хеле ба маврид оварда шуда, ҳикмати худовандӣ маҳз ба ҳамин маънӣ аст) ба замона мувофиқ бошем, навоварӣ кунем то ки ҳамзамони қарни ХХ1 бошем. Аз ин хотир дигар даври ситоиши оилаҳои бузург ва занони серфарзанд нест, ки дар гузашта хидмати кулли оиларо бар дӯш доштанд. Бояд эътироф кард, ки имрӯз даври зане ҳаст, ки шаҳрванди ҷомеъаи муосир, яъне ҳамқадами замона бошад, то битавонад фарзанди  қарни ХХ1 - ро ба воя расонад, на ғуломзодаро. Зане, ки дар воқеъ барои ҳаққу ҳуқуқи худ ҳам дар ҷомеъа ва ҳам дар оила (дар хонаи шавҳар) мубориз бошад. На мисли зане, ки таслими қисмату тақдир буда, аз воқеъияти ҳастии худ ғофил монда бошад. Махсусан дар ҷомеаи Осиёи марказии баъди Шӯравӣ (ҳатто озодие, ки конститутсияи Шӯравӣ барои занон эълом дошта буд, барои занони Осиёи марказӣ як озодии суннатӣ буда, заминаи воқеъӣ надошт) зан ба як мавҷуди ғайри фаъол (passive) табдил ёфта, зани дуввуму сеюм шуда, аз воқеъияти ҳоли хеш бехабар монда, муҳтоҷи шавҳари дузанаву сезана гардидааст. Зан, ки модар аст ва ҳастии ҳамагии мо зи ҳастии ӯст, дар як чунин вазъият қарор дорад, вой бар ҳоли он халқу он миллате, ки тарбиягари ӯ чунин модар (асир) бошад.

Мусибати шарқ
Ин гуна бархурд бо зан ва нақши ӯ дар ҷомеъа фарҳанги суннатии мардуми Осиёи марказӣ ва умуман олами шарқи исломӣ буда, яке аз омилҳои умдаи бадбахтии ин ҷомеъаҳо гардидааст. Мутаассифона, ин як мусибати шарқиест (дар ин маврид зиёдтар ба ҷомеъаҳои мусулмонӣ тааллуқ дорад, зеро чуноне мебинем, шарқи ғайри мусалмонӣ дар ҳоли рушду тараққиянд ё ки хеле пешрафт кардаанд) маҳз дар ҳамин замина як назарияе дар миёни як гурӯҳ ғарбиён вуҷуд дорад, ки мувофиқи он тафаккури шарқӣ тафаккури ихтироъкорӣ (офаридгорӣ) нест ва он чизе, ки дастоварди илми муосир аст, ҳама дастоварди ғарбиён аст. Дар воқеъ имрӯз ҷаҳони ислом аз ҷаҳони пешрафта хеле дур мондааст, гарчанде ки омилҳои қафомонӣ зиёданд, яке аз омили марказии он маҳз ҳамин фарҳанги бархурд ё муносибат бо зан аст ва зодаи он ҳамин сустаносирони даҳранд ва дар сурате ки ин ҷомеъаро аз ин гуна бадбахтӣ пок насозем, ҳамагии мо ҳамин тавр асир хоҳем монд ва дар асорат хоҳем мурд. Таъбире аст, ки мегӯяд: “ҳар  миллат сазовори раҳбарест, ки интихоб мекунад” ва маҳз вуҷуди падидаи сустаносир ва фарҳанге, ки ин сустаносир зодаи он аст, дар кишварҳои мусулмонӣ сабаби аслии зуҳури роҳбароне аст, мисли Ҳуснӣ Муборак, Муаммар Қаззофӣ ва амсоли онҳо, ки имрӯз ин кишварҳо ва мардуми ин кишварҳоро дар халои илмию фарҳангӣ нигоҳ дошта, худи шахсияти онҳо ва сустаносирони мутамаллиқ дар атрофи онҳо монеъаи пешрафти ҷомеъа гардидаанд.      

Муаррифӣ: Дагихудо Дагиев хатмкунандаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ факултаи таъриху филология буда, ҳамчун мутахассиси забону адабиёти тоҷик ин донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардааст. Таҳсилоти минбаъдаашро дар яке аз донишгоҳҳои Ландан (SOAS) Омӯзиши Кишварҳои Шарқу Африқо идома дод (2000-2002).
Ӯ барои гирифтани унвони илмӣ дар бахши сиёсатшиносӣ, ҳамчун Магистри Фалсафа (MPhil), ба яке аз бузургтарин донишгоҳи ҷаҳон Оксфорди Бритониё ворид шуд ва ин донишгоҳро дар соли 2004 бо муваффақият хатм намуд. Баъд аз гирифтани унвони илмӣ ӯ таҳсилоташро дар дигар Донишгоҳи Ландан (UCL) барои гирифтани унвони доктори илмҳои сиёсӣ ва фалсафӣ идома дода, рисолаи доктории худро дар мавзӯъи “Демократисозӣ дар Кишварҳои собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ” дифоъ намуд. Ҳоли ҳозир ӯ дар яке аз донишгоҳҳои Ландан фаолияти илмии худро идома дода, ният дорад, ки дар оянда кори илмии худро ба шакли як китоби илмӣ ба нашр расонад, то андешаи як фарди Тоҷик оид ба умдатарин масъалаҳо ва таҳавуллотҳои муосири кишварҳои Осиёи Марказии пас аз Шӯравӣ, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муаррифӣ созад.

Дагихудо Дагиев, доктори илми  сиёсатшиносӣ – Ландан

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97