Бӯҳрони гӯштро кӣ пеш овард?

Иҷтимоъ 09.08.2011 11:59

Buhroni gusht_07Дар чанд соли охир хушхабарии пойин рафтани нархҳоро касе нашунидааст. Аммо рӯзҳои охир нарху наво дар бозор нисбат ба 1-2 моҳи пеш бо далелҳои мухталиф хеле боло рафтааст. Хусусан нархи гӯшт ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ. Дар бархе аз бозорҳо ҳамин чанд рӯз қабл қимати гӯшт то 27 сомонӣ расида буд. Аммо масъулини бозор нархи гӯштро бо таври сунъӣ дар ҳудуди 23 сомонӣ нигоҳ доштаанд.

Қимати гӯшт дар кунҷора аст ё дар камбуди чорпо?


Зимни мушоҳидаи мо аз чанд бозори шаҳри Душанбе, бархе аз дӯконҳои гӯштфурӯшӣ баста буд. Бештари "қассобон"- у гӯштфурӯшон боло рафтани нархро дар қимати кунҷора ва камчин шудани чорпои наслдиҳанда медонанд ва мегӯянд, ки нархи 1 кг кунҷора то 3 сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори "Сомон"-и пойтахт, як ҳамсӯҳбати қассоби мо гуфт, ки аз 20 дӯкони гӯшфурӯшӣ дар бозор ҳамагӣ 3 дӯкон кор мекунад, дигарҳо бо сабаби қиматии чорпо дар бозор натавонистаанд фаъолият бикунанд. Ба қавли ӯ чорпое, ки чанд моҳ қабл дар "молбозор" бо қимати 3,5 ҳазор сомонӣ харида мешуд, ҳоло 7 ҳазор сомонӣ шудааст. Чорподорон аз сабаби боло рафтани нархи кунҷора наметавонанд дигар чорпо нигаҳбонӣ кунанд. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, мо ҳоло аз Хуҷанд моли зинда меорем, дар он ҷо низ нарх 23 сомонӣ аст ва бо хароҷоти роҳ нархи гӯшти мо аз 23 сомонӣ хеле болотар мешавад, аммо ба хотири нигоҳ доштани нархи бозор 23 сомонӣ мефурӯшем. Ба қавли ӯ, агар аҳвол ҳамин гуна идома ёбад, маҷбур аст дари дӯконашро баста кунад. Чаро ки боло рафтани нарх низ ба нафъи ӯ низ нест.
Дар бархе аз бозорҳо, гӯштфурӯшон барои рӯйпӯш кардани хароҷоташон болои 1 кг гӯшт то 300 г. равған ва ё гӯшти сифатан паст илова мекунанд, то суду зиёнашон як нашавад. Яъне аз ин 300 грамм равған ва 200 грамм устухон бошад, ҳамагӣ бо 23 сомонӣ 0,5 кг гӯшти тоза мебарояд. 
Ба қавли ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар бозори "Шоҳмансур" чанд сол боз ба қассобӣ машғул аст, нархро то ҷое гӯшти яхӣ ва мурғ, ки аз хориҷ меояд, нигоҳ доштааст, агар ин маҳсулот ворид нашавад, шояд нархи гӯшти гову гӯсфанд ба 50 сомонӣ бирасад. 

Картошкаву пиёз ҳам пойга доранд

Buhroni gusht_07_-02

Нархҳои дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ хеле боло рафтааст. Нархи картошка, ки дар моҳе қабл бо 1,6 -1,8 сомонӣ харидорӣ мешуд, ҳоло то 3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Пиёз то 2 сомонӣ, сабзӣ 3 -3,3 сомонӣ. Равғани растанӣ то 11 сомонӣ барои 1 л, дар ҳоле ки моҳе қабл бо 8 сомонӣ харидорӣ мешуд.
Нархи себ, ки аслан аз Чин ворид мешавад, то моҳе қабл, ки баландтарин қиматаш 7 сомонӣ барои 1 кг буд, ҳоло пасттарин нархаш аз 8 сомонӣ шурӯъ мешавад. Ва ин боло рафтани нархҳо ба қавли баъзе аз соҳибназарон ҳадди ниҳоӣ нест.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир бештари маҳсулоти кишоварзии мо аз беруни кишвар ворид мешавад. Аммо ҳанӯз аз сӯи масъулини сиёсати кишоварзӣ кадом чорае андешида нашудааст то бозор бо маҳсулоти кишоварзии дохилӣ таъмин бошад, агар тадбире ҳам дида бошанд, хеле чораи номуваффақ. Ҳатто дар солҳои нооромӣ бозори тоҷик бо меваю сабзавоти дохилӣ таъмин буд. На картошка аз Покистон оварда мешуд, на пиёз аз Афғонистон, на қаланфур аз Ирон ва на мева аз Чин. Имрӯз ҳатто помидору харбузаву тарбузи бозорҳоямон аз Узбакистон аст.

Айб дар бозору шаҳрдор нест

Ин ҳолати боло рафтани нархҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми бозорҳои кишвар дида мешавад.
Мақомот мегӯянд, барои захираи гандум ва маводи сӯхт иловатан 60 миллион ва барои таҳияи захираҳо 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст ва ҳамчунин барои дастгирии қишрҳои осебпазир, хонаводаҳои камбизоат, маъюбон ва нафақахӯрон 260 миллион сомонии буҷа сарф мешавад.
Миллионҳо маблағ ҷудо кардани раиси шаҳр барои пур кардани анбори бозорҳои Душанбе иқдоми дилсӯзона аст, вале фикр мекунам, чандон муассир нест ва ба дард намехӯрад. Ин ҳолат боз такрор мешавад. Чаро ки мо маҳсулоти дохилии худкифо надорем. Боз рӯй меорем ба сабзавоти хориҷ. Айб дар масъулини бозору фурӯшандаву шаҳрдор нест.

Айб дар сиёсати кишоварзӣ аст

Бозору бозордор замин надорад, ки кишт кунаду ҳосилашро пешкаш кунад. Айб дар сиёсати нодурусти кишоварзӣ аст. Ё умуман суъол ин ҷост, ки як кадом сиёсати кишоварзие дорем? Агар медоштем, чандсолаҳо ба ин ҳол гирифтор набудем ва кайҳо аз бӯҳрон раҳо мешудем. Масъулини сиёсати кишоварзии мо гуфта метавонанд, ки лоақал ягон фермаи чорподорӣ дошта бошем, ки як шаҳрак ё ноҳияро бо гӯшту шир таъмин карда тавонад, то аз гиребони гӯштфурӯши бозор нагирем, ки чаро гӯшт қимат шуд? Не! Барои он ки нест.
Гӯште дар бозор фурӯхта мешавад, моле аст, ки мардум дар хона нигаҳбонӣ мекунанд ва бо қимату камчин шудани кунҷораву хӯроки чорпо бо шарофати "сиёсати дурусти кишоварзӣ", дигар тавони нигаҳбонии онро низ надоранд.
Масъулини сиёсати кишоварзӣ иддаъо доранд, ки 60 дар сади таъмини озуқаворӣ аз дохил аст. Аммо шояд баръакс бошад, зеро 60 фисади маводи ғизоӣ аз хориҷ дохил мешавад, хусусан гандум.

Масъулин кай масъулиятшинос мешаванд?

Федерик Шарпенгиер, намояндаи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон мекӯшад, ки ба вазъ вокуниш нишон диҳад, аммо имкониятҳояш хеле маҳдуданд, зеро тавони пурра таъмин намудани мардум бо ғизо ва ҳам назорати нарх дар бозорҳоро надорад, бахусус аз тариқи истифодаи захира ва баргузории ярмаркаҳо. Вай афзудааст, ин тадобирро намешавад тамоми сол роҳандозӣ кард ва роҳи ҳалли масъала ҳамоно ба даст овардани ҳосили хуб дар дохили кишвар аст.
Кореро, ки Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои тобеъи ин вазорат бояд анҷом бидиҳанд. Ин дар сурате анҷом дода мешавад, ки сиёсати дурусти кишоварзӣ дошта бошем. Аммо масъулини Вазорати кишоварзӣ иддаъо доранд, ки мо бо замин сару кор надорем ва замин дар ихтиёри мо нест. Вазорати кишоварзӣ ва сиёсаташ бо замин сару кор надошта бошад, пас бо кайҳон кор дорад? Ё аз замину об танқисӣ доранд? Ҳам замин дорем ва ҳам оби фаровон. Танҳо як чиз намерасад барои масъулини Вазорати кишоварзӣ, эҳсоси масъулият. Яъне масъулиятношиносанд.    

Номуназзамии нарх идома меёбад

Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фурӯшандагони бозорҳои пойтахт даъват кардааст, то нархҳоро боло набаранд. Аз бозордору фурӯшанда домангир шудан беҳуда аст. Шаҳрдори мӯҳтарам, беҳтар мебуд аз масъулини сиёсати кишоварзӣ даъват мекард, то масъулият эҳсос кунанд, ки бозорамон бо маҳсулоти дохилӣ таъмин бошад. То замоне ки маҳсулот аз хориҷ дохил мешавад, номуназамии нарх идома меёбад. 
Барои як кишвари аграрӣ айб аст, ки маҳсулоти аввалдараҷаи кишоварзиро аз хориҷ ворид бикунем ва боз масъулин барои танзими нархаш аз фурӯшанда домангир бишаванд.

Умари Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97