Квота дар Хатлон ба кӣ мерасад?!

Иҷтимоъ 09.08.2011 11:54

Kvota 06Имсол қабули довталабон тариқи саҳмия ё квотаи президентӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар бо ширкати густардаи мардум ва масъулон дар толорҳои кушода баргузор хоҳад шуд, - бо ин суханон Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон ба ҷаласаи васеъ бо донишҷӯён, ки тариқи саҳмияи президентӣ таҳсил доранд, ҳусни хотима бахшид. Ширкатдорони ҷаласа ин суханонро бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол карданд. Аммо танҳо бо ҳамин суханон ва қарсакҳои пурмавҷ таъмин намудани шаффофият дар кори комиссиюни қабули довталабон барои таҳсил бо саҳмияи президентӣ дар сатҳи вилоятҳо ҳукумат ба ҳадаф намерасад. Зеро дар ин ҷо об аз поён меояд. Оби лой.

Ношаффофиятӣ дар тақсими квотаҳо
Бинобар дуруст роҳандозӣ нашудани кори комиссиюни мазкур дар шаҳру навоҳӣ ва вилояти Хатлон дар ду соли охир даҳҳо  нафаре, ки сазовори саҳмия ё квота набуданд, онро соҳиб шудаанд.
Чӣ ҷойи пинҳон кардан аст? Чанд сол мешавад, ки дар байни мардум квотаи президентиро "доля"-и ҳукуматҳои маҳал дар муассисаҳои олӣ ном мебаранд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз омӯзгороне, ки дар ҳайати комиссияи мазкур шомиланд, дар интихоби ноодилонаи довталабон барои соҳиб шудан ба саҳмияи президентӣ низ саҳмгузоранд. Мисоли имтиҳонҳои қабули довталабон. Агар шаффофият бошад, ҳеч гоҳе пайвандони довталабони саҳмияи президентӣ дар пайи ҷустуҷӯйи аъзои комиссия намеуфтанд.

Квотадорони "негодный"
Бо вуҷуди ношаффофиятӣ дар кори комиссиюни тақсимоти саҳмияи президентӣ хеле аз ҷавонони лаёқатманду боистеъдод тавонистанд пушти мизи донишҷӯй бинишинанд.
Аммо дар кори ин комиссиюн тайи чанд соли фаъолият камбудиҳои зиёде мушоҳида шудаанд. Ин камбудиҳои масъулини тамоми шаҳру навоҳӣ буд ва то имсол дар ҳеч шаҳру ноҳия кори комиссияи қабули довталабон барои таҳсил тариқи квотаро 100% шаффоф баҳогузорӣ накардаанд. Дар чанд соли охир дар боби ноадолатиҳо дар фаъолияти ин комиссиюнҳои маҳаллӣ дар расонаҳо зиёд сарусадо нашр шуд. Аммо мутаассифона бо вокунишҳои рӯякии интиқодшудагон қаноат карда, касе барои ислоҳи камбудӣ чораи мушаххас намеандешид.
Ҳамакнун дар сатҳи вилоят масъулин аз интихоби нодурусти баъзе донишҷӯён, ки тариқи саҳмияи президентӣ барои таҳсил омадаанд, садо баланд карданд. Гуфта шуд, ки дар чаҳор соли охир беш аз 100 нафар донишҷӯёни тариқи квота таҳсилдошта аз муассисаҳои олии кишвар хориҷ карда шудаанд, ки аз ин 27 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошанд.

100 имконияти аз даст рафта
Ба гуфтаи муовини раиси Хатлон, айни ҳол 1876 нафар ҷавонони хатлонӣ тариқи квота дар мактабҳои олиии кишвар таҳсил доранд, ки аз ин теъдод 1031 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар се соли охир 48 нафар донишҷӯёни соҳиби квота муассисаҳои олии кишварро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Аммо дар чаҳор соли охир аз мактабҳои олии кишвар хориҷ шудани 100 нафар донишҷӯёни хатлонӣ, ки тариқи квота таҳсил доштанд, ҳукумати вилоятро водор намуд, ки дар интихоби довталабони саҳмияи президентӣ аз усули дигар кор бигиранд. Зеро ба гуфтаи Ситора Шерова мақсад аз таъсиси квотаи президентӣ ин фароҳам овардани шароиту имконият барои ҷавонони қобилиятноки деҳот мебошад, ки имкони дохил шудан ва таҳсил намудан дар муассисаҳои олии кишварро надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муддати чанд соли охир норасоии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт, роҳ, мақомоти қудратӣ зиёд ба мушоҳида мерасид.
Дар вохӯрии муовини маънавии раиси Хатлон бо донишҷӯён зикр гардид, ки бештар аз донишҷӯёни соҳиби квота, ки аз муассисаҳои олӣ хориҷ шудаанд, намояндагони навоҳии Носири Хусрав, Шаҳритӯс, Қубодиёну Ҷомӣ мебошанд.
Ҳақ бар ҷониби ӯ аст, ки мегӯяд, барои хориҷ шудани 100 нафар донишҷӯйи соҳибквота100 имконият аз даст рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, "ҳамаи мо шурӯъ аз муовинони шаҳру навоҳӣ, комиссиюни қабули довталабон квотаҳои президентӣ, волидону роҳбарияти муассисаҳои олӣ гунаҳкорем".

Гунаҳкори №1 кист?
Агар дар ин ҷода гунаҳкори №1-ро биҷӯем, бешубҳа вазни гуноҳи муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят вазнинтар аст. Зеро пешбарии номзадҳо ба квота аз навоҳӣ сар шуда, маҳз аз ҳамин зина "сазоворон"-и квота ба вилоят роҳхат мегиранд. Мо аз маъракаи тақсимоти квота дар солҳои гузашта мисолҳои зиёдеро дар хотир дорем, ки баъзе муовинони раисони ноҳияҳо рӯзу шоми худро дар саҳни муассисаҳои олӣ мегузарониданд. Ҳол он ки агар интихоби ҷавонони сазовор ба саҳмия дар сатҳи ноҳия шаффоф бошад, дигар зарурат надорад, ки мансабдорони мақомоти навоҳӣ кори давлатро партофта, вақти корӣ ба "мухлисӣ"-и довталабон машғул бошанд.
Ситора Шерова зимни суханрониаш дар назди донишҷӯёну масъулини маъракаи "квота" ишора карданд, ки довталабони квотаҳои президентӣ дар қатори донишу истеъдод мебояд ҷасорат ҳам дошта бошанд. Зеро асосгузори муваффақияту комёбиҳои инсон дар зиндагӣ ҷасорат аст, ки дар пешрафти кор донишу малакаи инсонро тақвият мебахшад. Имрӯз дар деҳоти кишвар аз ҳисоби бонувон ихтисосманди омӯзгор, ҳуқуқшинос, табибу муҳандисон намерасанд. Барои рафъи ин мушкил Президенти кишвар тариқи саҳмия таҳсил намудани ҷавонони деҳотро дар макотиби олии кишвар роҳандозӣ кардааст. Аммо дар чанд соли охир ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бо айби худи масъулини комиссиюн квотаҳои президентӣ барҳадар мераванд.

Квотадорони дарсгурез
Бино ба гуфтаи Наргис Раҳмонова, ҷонишини ректори Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа аз 418 нафар донишҷӯёне, ки солҳои 2006-2010 тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳи онҳо қабул шудаанд, 27 нафар аз ҷумла 12 нафар духтарон аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Ҳамчунин 20 нафар аз донишҷӯёне, ки тариқи квотаҳои президентӣ ба донишгоҳи мазкур дохил шудаанд, дар дарсҳо тамоман иштирок намекунанд. Инчунин 44 нафар аз онҳо донишҷӯёнеанд, ки аз санҷишу имтиҳонот қарздор мебошанд. Ба гуфтаи Наргис Раҳмонова дар баъзе мавридҳо ҷавононе ҳастанд, ки саводи кофӣ ё шароити таҳсил дар донишгоҳро надоранд, аммо квотаҳои президентиро беҳуда банд мекунанд.

Квотадорони камбизоат
Вақте ҷонишини ректор мисол овард, ки баъзе дорандагони квота бинобар мушкилоти иҷтимоӣ барои хориҷ шуданашон аз донишгоҳ ариза навиштаанд, Ситора Шерова дастур дод, ки баръакс нагузоранд, ки донишҷӯён бо сабаби камбизоатӣ донишгоҳро тарк кунанд.
Ӯ гуфт: "Охир маънии квота ҳам ин аст, ки барои ҷавонони қобилиятноки оилаҳои камбизоат дар мактабҳои олӣ шароити таҳсилро муҳайё кунем. Вагарна агар мақсади таъмини квота танҳо дохил кардани донишҷӯй бошад, мо ҳадафҳои ҳукуматро дар ин ҷода амалан татбиқ карда наметавонем". Ҳамин тавр аз ҷониби мақомоти давлатии вилоят дастур дода шуд, ки барои идомаи таҳсили донишҷӯ Шоира Асоева, ки бинобар мушкилоти иҷтимоӣ хоҳиши тарк кардани таҳсилро дорад, тамоми шароитҳоро муҳайё созанд, то мавсуф таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад.

Квота, яъне чӣ?
Воқеан ҳам баъзе масъулини сатҳи навоҳӣ шартҳои таҳсили донишҷӯёни саҳмиядорро фаромӯш кардаанд. Ин нуктаро баъзе донишҷӯён зимни сӯҳбати озод бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ ошкоро гуфтанд. Оё ташкили квотаи президентӣ маънии онро дошт, ки барои ҷавонони лаёқатманд имтиёз дода шавад, ки дар мактабҳои олӣ дохил шаванд? Пас суоли дигар ин аст, ки чаро ин довталабони донишманд баробари дигар ҷавонон ба таври шаффоф ба донишгоҳҳо наметавонанд дохил шаванд? Ё ба шаффофияти имтиҳони қабул мақомот ҳам шубҳа доранд?
Аслан мушкили мо дар қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ ин аз меъёр чандин баробар зиёд будани довталабон аст, ки на ҳамаи онҳо ба мактабҳои олӣ бо мақсади соҳиби маълумоти касбӣ шудан дохил мешаванд. Ин иллатро ҳамаи мо медонем, аммо то имрӯз ҳамагон- ҳукумат, Вазорати маориф, маъмурияти мактабҳои олӣ хомӯширо ихтиёр кардаем. Ҳол он ки бо каме тағйир даровардан дар шартҳои қабули довталабон мо кулли мушкилоти соҳаро ҳаллу фасл карда метавонем. Ин мавзӯъро дар шумораҳои баъдӣ возеҳу рӯшан матраҳ хоҳем кард.
Алъон мисоле дар мавриди ҳуқуқ ба квота дорам: Вақте як нафар хатмкардаи мактаби деҳа, ки дар нисбат ба ҳамсолони соҳибквотаи худ саводи бештару вазъи зиндагии вазнинтар дорад ва аз имтиҳони донишгоҳ намегузарад. Аммо ҳамсинф ё ҳамсолонаш, ки мисли ӯ дониш надоранд, тариқи квота паси мизи донишҷӯйи менишинанд, пас, ин ҷавони дилшикаста дар бораи квотаҳои президентӣ ва кори ҳукуматҳои маҳал дар таъмини шаффофияти озмуни "квота" чӣ андеша мекунад? Тасаввур мекунед?
Паҳлӯи дигари ин баҳс низ вуҷуд дорад, ки модоме довталаб лаёқатманд бошад, пас чаро бо дониши худ наметавонад имтиҳон супораду дохил шавад? Омили дигаре, ки боиси таъмини ҷавонони деҳот бо квота шудааст, ҳамин норасоии кадрҳо дар маҳал аст. Аммо муаммо ин аст, ки чаро  квотаҳоро барои таҳсили ҷавонони деҳот дар мактабҳои олӣ ноҳия не, балки аз марказ муайян мекунанд. Яъне имтиёзҳои ба ин монанд; як нафар ба донишгоҳи тиббӣ, 2 нафар ба донишгоҳи аграрӣ ва ғайраҳо, аз марказ ба маҳал пешниҳод карда мешавад, на баръакс. Ин иддаоро соли гузашта баъзе аз аҳли маорифи навоҳии ҷанубии Хатлон пеш оварда буданд, ки квотаҳои президентӣ бояд дар асоси талаботи кадрии ноҳияҳо тақсим карда шаванд.
Аз ҷониби дигар сифатан татбиқ нашудани мақсади пешгирифтаи ҳукумат дар самти таъмини ҷавонони деҳот бо квотаҳои президентӣ, ҷавонон низ сабабгор мешаванд, ки баъди хатми мактаби олӣ ба маҳалли худ барнамегарданд. Шояд онҳое барнамегарданд, ки лоиқу сазовори квота набуданд.
Дар он вохӯрӣ инчунин мавзӯи таъмини шароити мусоид барои таҳсиломӯзии донишҷӯёни тариқи квота таҳсил дошта низ матраҳ шуд. Гуфта шуд, ки баъзе ҳукуматҳои маҳал дар бобати назорат ва таъмини шароитҳои таҳсил дар мактабҳои олӣ ва зисту зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳ низ он қадар таваҷҷуҳ надоранд. Аммо барои ҳукуматҳои навоҳӣ мушаххас нест, ки барои як соли таҳсили донишҷӯйи тариқи квота таҳсил дошта, мақомоти маҳаллии бояд чӣ миқдор маблағ ҷудо кунад? Аз кадом ҳисоб?

Масъулин имтиҳони адл месупоранд
Аслан мушкили донишҷӯёни аз деҳоти дурдаст омада, дохил шудан ба донишгоҳ аст. Ҳалли боқӣ мушкилиҳои пайдошударо бояд худи ҷавонон ҷустуҷӯй кунанд. Албатта ба истиснои баъзе донишҷӯёне, ки мушкили вазнини иҷтимоӣ доранд. Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам як сухани хуб гуфт: "Агар ҷавонони вақт мисли наслҳои замони шӯравӣ аз рӯи нангу номус таҳсил кунанд, ин мушкилиҳои имрӯза монеи таҳсили онҳо шуда наметавонад. Имрӯз барои хатмкунандагони макотиби шаҳри Қӯрғонтеппа "квотаи президентӣ" нест, аммо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлатии шаҳр соли гузашта 13 нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳрро бо имтиёзҳои шаҳрдорӣ ба мактабҳои олӣ дохил кардааст".
Ба гуфтаи шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар солҳои наздик талаботи маркази Хатлон ба мутахассисони соҳаҳои гуногун ду баробар зиёд мешавад. Зеро нақшаи нави генералии шаҳр таҳия шуда, ба марзи шаҳр, ки 816 гектарро дар бар мегирифт, боз 1500 гектар замин аз ҳисоби ҳудуди навоҳии Бохтару Вахш илова карда мешавад. Марҳилаи корҳои бузурги сохтмонӣ дар марзи нави шаҳр оғоз мегардад. Бояд Қӯрғонтеппа дар 20 - 30 соли оянда ба як шаҳри бузурги тиҷоратӣ табдил ёбад. Барои ҳамаи ин қувваю нирӯи тоза лозим аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгузошта ба нирӯи ояндасози ҷавонон такя дорад, - мегӯяд Самиев.
Хулоса, дар таъмини ҷавонони Хатлон бо саҳмияи президентӣ мушкилиҳо аз сатҳи навоҳӣ вақте муовинон довталабонро "гулчин" мекарданд, оғоз мегардид. Баъдан дар сатҳи комиссияи вилоятии қабули довталабон ба мактабҳои олӣ, найрангҳое рӯи кор меомаданд, ки аз он шояд шайтон ҳам ангушти ҳайрат бигазад. Аммо ин ҳама тақаллубро касе исбот карда наметавонад, зеро иҷрокунандагон дар ин ҷода "мутахассисони касбӣ" шудаанд. Мо аз масъулини сатҳи вилоят сар карда то падарону модарон ва кулли ҷомеа танҳо замоне дарк кардем ин ё он ҷавон сазовори квота нест, ки аллакай дер шуда буд. Мисли бештар аз теъдоди 100 нафараи донишҷӯёни квотадор, ки то имрӯз аз муассисаҳои олии кишвар хориҷ шудаанд.
Имсол "кафгир"-и  ҳукумат дар дасти Ситора Шерова аст ва мебинем, ки аз тақсимоти одилонаи "квотаҳои президентӣ" баромада метавонад ё не? Воқеан ин як имтиҳони ҷиддии  "Муаллима" аз вақти ба ҳайси муовини раиси Хатлон таъин шуданаш аст. Имтиҳон дар назди мардум.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН
P.S. Гулдухтари ҷавонмарг аз ноҳияи Мурғобро, ки аз ошёнаи дуввуми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон худро ба поён андохта буд, шояд аксарият фаромӯш кардаанд, аммо фикр намекунем, ки сарнавишти талхи ӯ аз ёди масъулини саҳмия ё квота рафта бошад. Ба ҳангоми марги пурфоҷиаи ӯ ҳадс зада мешуд, ки ӯ ҳатто маблағе надоштааст, ки то донишгоҳ омадурафт кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97