Чӯҷаи заррин: «Агар маро бикобӣ, дар Данғара ҳам намеёбӣ»

Иҷтимоъ 24.08.2011 10:46

BozoRi Qurghonteppa 011-уми август. Рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон. Субҳи барвақт аз хона набаромада, аллакай мавзӯи рӯз, ҳатто ҳафта ва шояд мавзӯи моҳ маълум аст, ки он нархи маҳсулоти ғизоӣ аст. Зеро ҳамасола баъзе аз мардуми "шариф"-и Тоҷикистон аз моҳи Рамазон истифода бурда, ба нарху навои маҳсулоти озуқа таъсир мерасонанд. Таъсири бад.

Аз моҳи Рамазон кӣ савобу кӣ фоида мебарад?

Аз истгоҳ ба "тангем"-и мусофирбар савор шудаму замон, ронанда ба шиква оғоз мекунад: "Бачаҳо роҳкироро якбора ҷамъ кунед, аз "заправка"-и сари роҳ бензин рехтан лозим".

- Нархҳои нав муборак бошад!- ба овезаи сутуни нуқтаи бензинфурушӣ ишора мекунад, ронанда. Дар байни як рӯз нархи бензин аз 6,3 сомонӣ ба 6,5 сомонӣ боло рафтааст. Бензинфуруш ба ҷойи худро сафед кардан, посух медиҳад:

- Худованд оқибаташро ба хайр биёрад, ҳамин хел рафтан гирад, то охири сол як литр бензин 10 сомонӣ мешавад. Зеро чанд вақт боз касе ба минтақа сӯзишворӣ ворид намекунад.

- Ягон баҳонаи дигар ёфт нашуд, ҳамсоя,- аз тирезаи "тангем" сарашро ба берун бароварда, ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад ҷавонмарди шӯхтабъе,- агар нақл мекардӣ, ки дар мошини сиёҳшишае омада, таъкид карданд, ки нархи бензинро паст нафароред, мо бовар мекардем. Магар ин ки чунин мегӯӣ.

BozoRi Qurghonteppa 02-Русия андозҳои гумрукиашро барои содир кардани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон каме арзон кардааст, аммо ин хоҷаҳои бензин ҳеҷ нест, ки нархи онро паст фароранд, баръакс нарху навои сӯзишворӣ пеш-пеши арзиши дигар маводи ниёзи мардум рӯ ба болоравӣ дорад,- гуфта, ронанда ба баҳси болоравии арзиши хидматрасонии нақлиёти мусофирбар нуқта мегузорад.

Ин мулоҳизаи даруни мошини мусофирбарро барои муҳокима бо мутахассисони идораи зидди инҳисории вилояти Хатлон дар дафтарча қайд кардам.

Дар баробари наздик шудан ба бозори шаҳри Қӯрғонтеппа аз чеҳраи одамон маълум буд, ки дар шаби аввали моҳи Рамазон дар бозор нархи ғизоӣҷунбидааст.

- Ин нарху наворо тамошо кардед? - бо чеҳраи маъсум дӯсти омӯзгорам ба мо суол медиҳад. Як кило шакар 7 сомонӣ, қанди сафед 7,5 сомонӣ… Боз бегоҳ мулло-Имоми масҷид мегӯяд, ки моҳи Рамазонро бо хотири болида пешвоз гирифта, "Рамазон" омад гуфта, изҳори ташвиш накунед, ки гунаҳкор мешавед.

Агар ба зоҳири тоҷирон диққат намоем, бовар карданист, ки инсонҳо моҳи шарифи Рамазонро бо хотири болида пешвоз гирифта, ҳоли ҳозир омодаанд, ки барои рӯзадорон хайрхоҳие намоянд, аммо нарх, ин нархҳои "номард" як ҳисси нобовариро миёни харидорону фурӯшандаҳо эҷод мекунад. Мо дафтари хотироти соли гузаштаро варақ мезанем, дар ҳамин давраи соли гузашта тарбузе, ки аз 80 дирам то 1,5 сомони нарх дошт, имрӯз 3 сомонӣ арзиш дорад. Ҳамчунин арзиши равғани истеъмолӣ, пиёзу картошка, помидору бодиринг дар нисбати соли гузашта 1-2 баробар зиёд боло рафтааст.

« Бе ангушти каҷ аз кӯза равған барнамеояд»?

BozoRi Qurghonteppa 03Ба помидорфурӯше, ки чанд рӯз пеш дар бозори яклухтфурӯшӣ гуфта буд, деҳқонон беинсоф шудаанду маҳсули корашонро беҳад қиммат мефурӯшанд, "салом" додам: - Оё беинсофии кишоварзон дар найрангҳои Шумо харидафурӯшон ғарқ намешавад?

- Зиндагӣ чунин аст, бародар! Замона ҳамин хел шудааст, кам-кам дурӯғ нагӯӣ намешавад. Бубин, дар телевизион чӣ мегӯянду дар ҳақиқат чӣ гап аст, - помидорфурӯш росту дурӯғ худро сафед мекард.

- Хайр, килои помидорро ку 1,5-2,5 сомонӣ харид мекунӣ, лоақал 3-3,5 сомонӣ фурӯш. Дар куҷо рост меояд, ки як кило помидор дар бозорҳои водии зархези Вахш 4-6 сомонӣ нарх дошта бошад.

Ман мунтазири ҷавобҳои бемаънии савдогар нашуда, ҷониби растаи шаккарфурӯшон раҳсипор шудам. Ин лаҳза суханони занбӯрпарвари данғарагӣ, ки дар озмуни "Асали Хатлон" гуфта буд; "Ҳозир ду се рӯз паси дигар нархи қанду шакар ба осмон бихезад, баъд ба қадри асали ман мерасӣ" - ба ёдам омаду хотирам тира шуд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар озмуни асали Хатлон 1,5 кило асали занбӯрпарвари балҷувониро бо нархи 37 сомонӣ харид накардаму дар назди хаймаи данғарагиҳо аз занбӯрпарварон эрод гирифтам, ки деҳқониҳояшонро 45 сомонӣ нею 35 сомонӣ нарх гузоранд. Дар ҷавоб занбӯрпарваре ҷавобам дод, ки додар аз нарху навои шакар ҳеҷ хабар дорӣ?

BozoRi Qurghonteppa 04Он рӯз ба саволи "Шумо асал мефурӯшед ё шакароб?" аз занбурфурӯш посухе қаноатбахш пайдо карда натавонистам.

Ҳамин тавр мо тамоми растаҳои ду бозори шаҳри Қӯрғонтеппаро давр зада, як хариду фурӯше пайдо накардем, ки тибқи китоби "Қуръон" ва ё гуфтаҳои Пайғомбар (с), ки ҳазрати мукаррам худ замоне тоҷир буданд, тиҷорати худро ба роҳ монда бошад. Пешвоёни дини мубини ислом мефармоянд, ки тоҷирон набояд ба молу колои хеш баробари на зиёд аз 10% арзиши умумии он нархи илова гузоранд.

Чӯҷаи заррин: "Агар маро бикобӣ, аз Данғара меёбӣ!"

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар нисбат ба чанд рӯзи пеш аз фарорасии моҳи Рамазон дар бозорҳои вилояти Хатлон танҳо нархи орду макарон ва тухму намак бетағйир мондааст. Ҳарчанд нисбат ба дигар манотиқи кишвар тухми мурғ дар вилояти Хатлон 50% баландтар аст. Агар як дона тухми мурғ дар бозорҳои Душанбеву Ҳисор 40-45 дирам арзиш дошта бошад, пас дар Хатлон нархи тухм 60-65 дирамро ташкил медиҳад. Акнун ба саволҳои фарзандон: "Дар шаҳр мурғ бисёр аст ё дар деҳот?", месазад ҷавоб дод; ки мурғҳои шаҳрӣ бисёртар тухм мегузоранд. Воқеан ҳам чанде қабл тариқи шабакаҳои телевизионӣ аз рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Данғара "реклама"-и ҷолиб пахш мешуд, ки сухани охиринашро; "Агар BozoRi Qurghonteppa 05маро бикобӣ, аз Данғара меёбӣ!" кӯдакон тез аз худ карда, бо завқ зам-зама мекарданд: Бояд он чӯҷа ва дигар ҳамсолонаш алъон овозбарор шуда, дар рӯзҳои наздик ба тухмкунӣ омода шаванд. Вале дар гумон аст, ки бо афзоиши истеҳсоли тухм ҳам арзиши он дар бозорҳои Хатлон паст шавад. Зеро дар бозорҳои мо нарх озод буда, фикри паст фаровардани онро онҳое надоранд, ки масъули ин коранд. Масъулини соҳаи зидди инҳисории Хатлон иброз медоранд, ки ҳеч кадом аз мақомоти давлатӣҳуқуқи дахолат ва ё таъсиррасонӣ ба нархгузорӣ дар бозорро надорад. Аммо ин андешаро дар кишварҳои ҳатто пешрафтаи дунё сафсатае беш намеҳисобанд.

Мо аз озодӣ безорем; аз озодии нарху наво

Зеро давлатдорони кишварҳои бо низоми муайян инкишофёфта, қонуну қавоиди навиштаву нонавиштае доранд, ки тавассути онҳо нарху навои бозори дохилии худро сахт зери назорат мегиранд. Ҳарчанд нархгузорӣ озод аст мегӯянд, аммо то баланд бардоштани маданияти савдо дар Тоҷикистон ин "озодӣ"-ҳоро мебояд каме маҳдуд кард, агар ба хусус дар музофот ҳукуматдорон қудрати онро дошта бошанд. Пӯшида нест, ки дар баъзе аз манотиқи вилояти Хатлон сохторҳои марбута умури ба танзим даровардани нарху навои бозорро кайҳо аз даст додаанд. Агар чунин намебуд, чаро то охири моҳи июл қассобон иддао доштанд, ки арзиши умумии истеҳсоли 1 кило гӯшт 23,50-24,20 сомонро ташкил дода, фурӯши он бо нархи 25 сомонӣ аз рӯи адлу инсоф аст. Аммо дар арафаи моҳи Рамазон якбора дар тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшӣ нархи он 1 сомонии дигар баланд шуд. Саҳарӣ 1-уми август дар ҳукумати вилояти Хатлон овозаи нархи 1 килло гӯшт ба 29 сомонӣ мерасид. Хушбахтона, гӯштфурӯшони бозорҳои "Фаровон" ва "Аҳмад-бозор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа 1 килло гӯштро бо нархи 27 сомонӣ мефурӯхтанд. Аммо ҳамин 27 сомонӣ фурӯхтани 1 килло гӯшт ҳам хотири мардумро хира гардонида буд.

Ҳайдар Юлдошев, муовини раиси бозори "Фаровон" дар гуфтугӯи бидуни "микрофон" иброз дошт, ки ба баландшавии арзиши баъзе маводи ғизоӣ омилҳои берун аз кишвар таъсир мерасонанд. Мо тариқи дӯконҳои алтернативии гӯштфурӯшиамон муайян кардем, ки имрӯз арзиши истеҳсолии 1 кило гӯшти гов 26 сомониву 30 дирамро ташкил медиҳад. Агар қассобҳо ба болои харроҷоти кардаашон ҳамин 70 дирам фоидаи худро нагузоранд, машғулияти касбии онҳо маъние нахоҳад дошт, - афзуд ҳамсӯҳбати мо. Ба гуфти Ҳайдар Юлдошев онҳо барои таҷриба тамоми мавсим говҳои гӯштиро парвариш намуда, дар дӯконҳои алтернативӣ ба фурӯш мебароранд ва ба он боваранд, ки нархи гӯштро на қассобҳо, балки болоравии дигар маводи рӯзгор сабаб мешаванд. Ҳарчанд бозордорону гӯштфурӯшон баландшавии нархи гӯштро бо мисолҳои мушаххас исбот накунанд, аммо мардумро мутақоид кардан бисёр мушкил аст.

Дастури Президент ва пешниҳоди мардумӣ

Бино бар маълумоти Ҷумъабой Ашӯров сардори раёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар Хатлон, дар рӯзи аввали моҳи Рамазон арзиши 1 кило гӯшт дар бозорҳои Қӯрғонтеппа 27 сомонӣ, Панҷу Шаҳритӯс 25 сомонӣ ва Кӯлобу Ҳамадонӣ 23 сомонӣ, 1 литр равғани истеъмолӣ дар дар Шаҳритӯсу Ҳамадонӣ 9,8-10 сомонӣ дар дигар аз манотиқи зикршуда 9 сомонӣ, шир дар ноҳияи Панҷ 1,5, Шаҳритӯсу Кӯлоб 2, Қӯрғонтеппа 2,5 ва Ҳамадонӣ 3 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда буд. Ҳамчунин сабзию пиёз ва картошка дар ин минтақаҳо аз 1,5 то 2 сомонӣ арзиш дошт. Танҳо дар Ҳамадонӣ нархи картошка 2 сомониву 30 дирам ба қайд гирифта шудааст.

Масъулини омори Хатлон иброз медоранд, ки дар ҳудуди вилоят нархи бензини навъи 80 аз 6,2 то 6,4 сомонӣ ва бензини-92 аз 6,4 то 6, 7 сомонӣ дар фурӯш аст.

Сунатулло Давлатов, масъули шӯъбаи зидди инҳисории назди ҳукумати Хатлон, ки сӯи бозор шитоб дошт, ваъда дод, ки танҳо баъди омӯзишу таҳлили бозорҳои минтақа, сабабҳои якбора баландшавии нархи гӯшту дигар ғизои ниёзи мардумро шарҳ хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, агар Русия андози гумрукиро барои содир кардани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 10% паст фароварда бошад, пас Узбакистон барои аз сарҳадаш гузаронидани маводи ба Тоҷикистон ворид шуда, 20% арзишро боло бардоштааст. Дар боби баландшавии нархи маҳсулоти ғизоӣҳамин қадар гуфт, ки; "Ман ҷонибдори суханҳои Президенти кишвар мебошам, ки ду рӯз қабл дар вохӯрӣ бо фаъолони Хатлон дастур дод то дар бозорҳо шиорҳои аз ҳадисҳои пайғомбару дигар суханҳои пандомезро оид ба адолат дар тиҷорат зиёд овезанд, то адлу инсоф дар тиҷорат риоя карда шавад".

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар бозор чӣ гуна инсонҳо ба кори тиҷорат машғуланду навиштаҷоти шиору овезаҳо метавонад, ба равони онҳо таъсир расонад. Мебояд дар бозорҳо радиои дохилиро фаъол кард, то тавассути он уламои дин ба мардуми бозорнишин дар мавзӯи маърифати тиҷорату савдои ҳалол амри маъруф кунанд. Мутаассифона дар пешомади моҳи шарифи Рамазон аз ягон баландгӯяки масоҷиди минтақа дар мавзӯъҳои пешгирӣ аз баландшавии сунъии нархи маводи ғизоӣ ваъзи дилнишине ба гӯш намерасид. Баъзе савдогарони маълумоти олидор ба он боваранд, ки агар ҳукумат бо диндорон барои ҳалли баъзе масоили мубрами ҷомеа, ки ниёз ба ҳаллу фасл дорад, гирди мизи муколама нишинанд, самараи он ба нафъи ҷомеа ва давлат хоҳад расид. Агар масоили аз масҷид дар канор мондани бачаҳои то сини 18 каме бознигарӣ шаваду бар ивази он воизони дини мубини Ислом дар мавзӯъи пешгирӣ аз баландшавии нархи маҳсулот, корҳои ободонию бунёдкории шаҳру маҳаллаҳо ба мардум бигӯянд беҳтар аст. Зеро агар воизон аз таҳти дил хоҳанд, афкори умумро дигар карда метавонанд. Ин дар таҷрибаи рӯзгор исбот шудааст.

Ҳамин тавр дар рӯзи аввали моҳи Рамазон дар бозорҳои Хатлон ба ҷузъ нархи нону сабзаҷот ва арақу чой дигар маводи ғизоӣ тағйир ёфта буд. Аммо бо нону алаф шикамро фиреб карда намешавад. Ва нӯшидани чой ҳам баъди хӯроки серғизо хуш меояд. Ҳамин нишолоҳ, ки ғизои дӯстдоштаи кӯдакон дар моҳи Рамазон буд, имсол нисбат ба соли гузашта ду баробар нархи баланд дорад. Соли гузашта як коса нишоллоҳ 1,5-2 сомонӣ нарх дошт. Имсол хамин миқдор нишоллоҳ 3-4 сомонӣ арзиш дорад. Аз ин рӯ интизориҳои кӯдаконро ҳам аз омадани моҳи Рамазон на ҳамаи мо бароварда карда метавонем. Ман табақаи миёнаҳоли ҷомеаро дар назар дорам, ки аксарияти аҳолии Хатлонро ташкил медиҳад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

P.S. Аммо суоле ки матраҳ мешавад ин аст, ки модоме дар кӯтоҳмуддат нархро дар Тоҷикистон идора карда наметавонанд, пас ин ҳама сару садо, ба қавли мардум "воҳима кардан" ва муҷозот кардани чанд нафар ба хотири чӣ буд? Мо гӯшти 23 сомониро дар ҳеч ҷое пайдо карда наметавонем, шумо чӣ? Агар тавонистед, ба мо ҳам хабар бидиҳед, ба истиснои шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар мавзеъи Данғара, ки он ҷо бештар муштариёнаш мансабдорони давлатӣ ҳастанд, ки гӯштро "оптом" мегиранд. Роҳ зиёд дур аст, ин дар тавони мардуми бечора нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97