Оғохон кӯмак кард то мардум силоҳро як сӯ гузоранд

Иҷтимоъ 06.08.2011 10:59

Ман мухлиси устод Бозор Собир будам, ҳастам ва мемонам.

AGAKHAN 0101Аммо боиси таассуф аст, ки устод баъзан фикрҳое мегӯяд, ки ақшори ҷомеаи тоҷикро ба ҳайрат мегузорад. Устод худро яке аз ҷонибдорони аршади барқарор шудани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мешуморад ва неъмати бебаҳои истиқлолро нодида мегирад. Аз сӯи дигар шояд авҷи коррупсия ва аз тафаккури маҳалгароӣ берун нашудани миллат шоирро ба ин фикр оварда бошад, вале дар ҳар сурат барои ман ҳамчун мухлиси Бозор Собир ин мавқеъи шоири маҳбуб ғайримуқаррарӣ ва мухолиф ба бунёди андешаи худи шоир ба назар мерасад.

Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри пор Устод аз фаъолони ҲДТ буд ва барои мақоми давлатии забон, поксозии он аз каламоти ғайр, пойдории истиқлолу арзишҳои миллӣ аз минбарҳо сухан мегуфт. Ба ибораи дигар, устод бо сухан ва ашъори оташинаш яке аз парчамбардорони ҳисси худшиносӣ ва худогоҳӣ дар байни ҷавонон буд. Бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар суханони устод нишонаҳои маъюсӣ ва миллатбезорӣ дида мешуданд. Аммо вақте шоир зиндонӣ шуд ва ҷабру ҷафо кашиду баъдан муҳоҷир гардид, ақидаҳои истиқлолхоҳиаш билкул тағъйир карданд. Динситез шуд, худро қариб ягона атеисти тоҷик мешуморад. Ба рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки дар истиқрори сулҳи тоҷикон саҳми арзанда гузошт, лақаби "регулировшики муҷоҳиддин"-ро часпонд. Матбуоти мустақилро ифротӣ ва ҷонибдори муллоҳо медонад. Бастани ҲНИТ-ро, ки яке аз тарафҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллат дар кишвар аст, ба миён гузошт.

Дар мақолаи охирини худ, ки дар рӯзномаи "Миллат" чоп шуд, устод Бунёди Оғохонро бадном кард. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ташкилотҳое фаъол ҳастанд, ки аз маблағи хайрия ва ё созмонҳои байналмилалӣ ва ё давлатҳои дигар маблағгузорӣ мешаванд ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм мегузоранд. Онҳо ба мардуми деҳот дар бунёди шабакаҳои обрасонӣ ширин кӯмак мерасонанд, бунгоҳҳои тиббӣ ва мактабҳомесозанд ва ин гуна кӯмакҳоро ҳеҷ гуна наметавон ба маблағгузории марказҳои ҷосусӣ алоқаманд кард. Чунин гумон ва шпиономания, дар ёдам як ҳодисаи хандаовари даврони шӯравиро зинда кард. Дар ин давра дар Бадахшон як мӯйсафеде мезист, ки бовар дошт ҷосуси хатарноктаринро дастгир кардаасту СССР-ро аз дасисаи душман наҷот додааст ва бо шавқ ба ҳама чӣ гуна дастгир шудани ҷосусро ҳикоят мекард: "Ман дар осиёби деҳа гандум орд мекардам, ногоҳ дидам, ки як симои ношинос ба осиёб сар халонд. Аз дил гузарондам, ки ин бегона бояд ҷосус бошад ва вақте ношинос бори дуввум ба осиёб сар халонда, пасон дуртар рафта болои санге нишаст, ман чун рӯз буд, фурсатро аз даст надода, ба идораи амният рафтам ва онҳо омада ин шахсро дастгир карданд. Маълум шуд, ки ҷосуси калонтарини империалистон будааст". Ба ин гуфтаи мӯйсафед бархе аз шунавандаҳо бовар доштанд.

bazar-sabir 1Аммо ҳеҷ як ҷосус дар рӯзи равшан ба осиёб сар намехалонад ва воқеият ин аст, ки кормандони амният "ҷосус"-ро, ки меҳмон аз ноҳияи дигар будааст, аммо дар дили мӯйсафед шубҳа барангехтааст, пас аз пурсу пос ҷавоб дода, ба мӯйсафед ба хотири ҳавасманд сохтан ва ё ноумед нашуданаш гуфтаанд, ки ӯ воқеан ҷосусро дастгир кардааст.

Кӯмакҳои Бунёди Оғохон ба Тоҷикистон дар давраи душвортарини ҷанги дохилӣ оғоз шуд, ки мақсади онҳо наҷоти мардум аз гуруснагӣ ва баргардондани сулҳ буд.

Дар яке аз нахустин иршодоти хеш роҳбари бунёд изҳор дошт: "Ман ба муридонам маводи ғизоӣ мефиристам, то онҳо силоҳро як сӯ гузошта, фарзандони худро дар оғӯш бигиранд". Аз ин кӯмакҳо дар баробари мардуми вилоят дар тӯли ин солҳо зиёда аз 60 ҳазор гурезагони дохилӣ аз манотиқи мухталифи кишвар, ки муваққатан бо сабабҳои гуногун дар вилоят паноҳ бурда буданд, бархурдор шуданд. Имрӯз ин ташкилот дар Бадахшону Рашту Хатлон ва Суғд фаъолият дошта, сирф ба масоили иҷтимоӣ сару кор дорад ва дар баробари ҳукумати кишвар ва соири созмонҳои дигари байналмилалӣ дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуд бахшидани ҳаёти мардум саҳм мегузоранд.

Аз тарафи дигар бояд гуфт, ки ашъори саромадони адабиёти классик ба мисли Рӯдакӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хусрав ва Мавлонои Румӣ саршори илҳом аз каломи маҷид аст, аммо ин руҷӯъ ба илоҳиёт дар роҳашон монеъ нашуд, баръакс ба эҷодиёти онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Беҳуда нест, ки аллома Иқбол гуфтааст:

Маснавии маънавии Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ва барои чӣ мо бояд айби худ ва ё мусалмононро дар динашон ҷӯё шавем? Ба ёд орем, шоири маъруфи дигарро, ки мегӯяд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Ман устод Бозорро шойистатарин фарзанди тоҷик мешуморам. Аммо суханони устодро дар мавриди ислом ва мазоҳиб ноогоҳона дарёфтам ва фикр мекунам, ки чун онҳо ҷузве аз фарҳанги ҳазорсолаи мардум ҳастанд, дар мавриди онҳо саҳлангорона набояд сухан гуфт. Зеро тавре, ки мегӯянд, зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад…

Рустами Содиқиён, мухлис

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97