SOS: Хирсон; хатаре, ки ҷиддӣ гирифта намешавад

Иҷтимоъ 05.08.2011 15:42

Хатаре, ки ба осонӣ фаромӯш шуд

Khirson 0202Ҳафтаи гузашта сархати аксари расонаҳои дохиливу хориҷиро лағжиши Пиряхи Хирсон дар саргаҳи ноҳияи Ванҷ ташкил медод. Бар асоси иттилои расонаҳо ин пирях аз ҷойи худ ба масофаи 800-900 метр пеш ҳаракат карда, пеши роҳи Ванҷобро баста буд. Ба бахти мардуми Ванҷ ва поёноб ин дафъа об аз зери пирях ҷорӣ гашта ва имкони пайдо шудани кӯли сунъии хатарзо бартарф шуд.

Мунира Назариева, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар сӯҳбат бо хабарнигори "Миллат" гуфт, ки ҳоло кӯчиши пирях ҳеҷ кадом хатар надорад. Зеро об зери яхро рахна карда, берун шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ нигаронкунанда набуда, мардум метавонанд осуда бошанд. Ҳамчунин кормандони бахши ҳолатҳои изтирорӣ дар ноҳияи Ванҷ зимни як тамоси телефонӣ таъйид намуданд, ки пирях таҳти назорат аст ва инчунин кормандони ташкилоти ФОКУС шабонарӯзӣ аз он дидан мекунанд.

Пиряхи Хирсон тибқи тадқиқоти олимон, калотарин пиряхи лағжонаки ҷаҳон буда, сари чанд соле аз ҳудуди ҷойгиршавии хеш пештар ҳаракат мекунад. Пешгоҳи дарёи Ванҷобро баста, боис ба ташкили обанбори сунъӣ мегардад, ки ҷамъшавии зиёди об саранҷом ба канда шудани он ва сабаби харобкориҳои зиёд дар ноҳияи Ванҷ ва дигар манотиқи поёноб мегардад. Ба асоси таҳлилҳои коршиносони умури изтирорӣҳаракати пирях ва маҷрои Ванҷобро банд кардани он хатари бузурги табиие ба навоҳии Ванҷу Дарвоз ва гурӯҳи ноҳияҳои Хатлон дошта, агар баста шудани об тӯлорнитар давом ёбад, ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя низ зарар мерасонад. Ҳарчанд мақомоти масъул гуфтаанд, ки хатари лағжиши он рафъ шудааст, оё метавон гуфт, ки ин хатар имкони дубора сар заданро надорад? Пиромуни воқеияти ин пирях ва хатароту таҳдидҳои он ба Тоҷикистон ва минтақа сӯҳбати ихтисосии Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ бо Зурмаҳмад Ёров, геологи варзидаи тоҷик, собиқ сардори муассисаи умумишӯравии "Памиркварцсамоцветы".

Хирсон чи пиряхест?

- Пиряхи Хирсон, ки солиёни зиёд дар тобистон оромиро аз мардуми Ванҷ ва дигар минтақаҳои поёноб бурдааст, дар асли чӣ гуна пирях аст?

- Пиряхи Хирсон дар қисмати ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз воқеъ аст. Ин пирях аз се шохаи асосӣ иборат мебошад. Шохаи асосии он шохаи қисмати ҷанубӣ аст, ки беш аз 5 км дарозӣ дошта, дар маҷмӯъ 12, 4 км ва шохаи шарқии он 4,6 км, ҷамъулҷамъ 4,7 км мураббаъро ташкил медиҳад. Дарозӣ ва паҳноии шохаи шимолии он 4,4 км мураббаъ масоҳат дорад. Тибқи ҳисоби мутахассисони геологияи собиқ Шӯравӣ масоҳати умумии Хирсон 22,2 км аст. Ин фаъолтарин пиряхи лағжандаи (Пульсирующие) олам аст. Дар саддаи ХХ чанд маротиба ҳудуди 10-15 сол як бор лағжидааст. Нахустин бор ҳаракати он соли 1916 маҷрои обро баста ва дафъаи дигар соли 1953 низ ин ҳодиса такрор шудааст. Аммо тавваҷҷӯҳи асосӣ ба ин пирях аз соли 1963 шурӯъ мешавад. Институти географияи Академияи илмҳои Русия дар ин пирях ба таҳқиқи густурдаи пиряхҳои ҳаракаткунанда шурӯъ намуд. Дар он сол пирях ба суръати 80 -100м дар шабонарӯз ҳаракат карда, обро банд намуд. Дар панҷсолаи охири асри пешин ин пирях аз стансияи кайҳонии "Мир" ҳамарӯза назорат мешуд. Хулас, ин як лабораторияи бузурги омӯзишии пиряхҳои лағжандаи олам гашт.

На танҳо Хирсон хатарнок аст

- Тибқи ҳисобҳо Бадахшон дорои зарфияти зиёди пиряхҳо ва обҳои минтақа аст, ки аксари онҳо дар худ хатарҳои ҷиддие доранд. Ба ҷуз Хирсон боз кадом пиряхҳои хатарзо дар ин мавзеъ ҷойгиранд?

- Пиряхҳои серҳаракат дар олам мавҷуданд, аммо 40% онҳо дар каторкӯҳҳои Бадахшон воқеанд. Бузургтарини онҳо Пиряхи Кашолаях аст ва боз чанде дигар аз ин пиряхҳо ба тарафи Мурғоб ҳаракат мекунанд. Аммо Хирсон бо вуҷуди он ки он қадар бузург нест ва тақрибан 25 км аст, фаъолтарин ба шумор меояд. Дар 10-15 сол як маротиба ҳаракат мекунад. Кашолаях, ки бисёр калон аст, дар 100-130 сол як бор ба ҷунбиш медарояд. Тавре мо ҳисоб кардем, агар Кашолаях маҷрои обро бандад, аз 77 то 90 миллион куб об ҷамъ мешавад, ки метавонад бисёр хатари ҷиддие на танҳо барои як водӣ, балки барои тамоми минтақаи поёноби Осиёи Марказӣ бошад. Маҳз ҳамин гуна селу обхезиҳо бар асари ҳаракати пиряхҳо боис шудаанд, ки водии Ванҷ фақат дар доманакӯҳҳо мондаасту халос.

Кашолаях панҷ сол пеш ҳаракат кард, лекин ҷангали эҷодшуда пеши роҳи он монеъ гашт. Нисфи дарёро гирифт, вале роҳи обро набаст. Аз ин рӯ, наметавонем бигӯем, хатари Кашолаях ва пиряхҳои дигари лағжонаки ин мавзеъ батамом рафъ шудааст. Аммо таъкидан мегӯям, ки агар Кашолаях ҳаракат кунаду роҳи обро баста кунад, бисёр хатарнок аст. Зеро он метавонад ба тамоми минтақа хисороти ҳангуфт ба бор орад. Он аз баландии 2500 м ба поён, бо суръати ниҳоят тез ҷараён гирифта, бо пайваст шудан ба рӯди Панҷ ба сели азиме табдил хоҳад ёфт (Худо нигаҳ дорад!). Шаҳраки навбунёди Ваҳдат (барои мардуми аз зилзила зарардидаи Ванҷ), Корхонаи коркарди мармар ва бисёр мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияро шӯста мебарад. Мешавад гуфт, ки пайвастани он ба дарёи Панҷ хатарро зиёдтар карда, то баҳри Арал хатари он афзоиш меёбад.

-Дар ҳама ҷо пиряхҳои лағжонак чунин хатарноканд?

- Ҳаракати пиряхҳо дар асли худ хатаре надоранд, вале дар сурати ҳаракат ва маҷрои обро бастан хатари онҳо ба вуҷуд меояд. Зиёда аз бист сол ман сардори муассисаи умумиттифоқии "Памиркварцсамоцвет"-ро ба дӯш доштам, ки асосан омӯзишу истихроҷи маъданҳои аҳамияти стротегӣ, хусусан моноблокҳои булӯрро ба дӯш дошт. Конҳои мо асосан дар он тарафи пирях қарор доштанд ва аз болои пирях гузаштан хатарнок буд. Кафиш (тарақ)-ҳои бузурге дар сатҳи он пайдо мешуд, ки ҳеҷ имкони гузаштан набуд. Зеро паҳноии ин тарақҳо аз 15 то 30 метр мерасид. Ҳар рӯз мо ин тарақҳоро пур мекардему фардо боз дигаре пайдо мешуд. Пас мо маҷбур мешудем, ки ба болои кӯҳ тавассути харҳо бору маводи зарурӣ барои коргарон бифиристем.

Фоҷеаи соли 63

- Бандшавии маҷрои об бар асари ҳаракати пиряхҳо аз ҳама беш дар солҳои 1963 ва 1973 зарари зиёд овардааст. Шумо, ки он замон дар ин бахш фаъолият доштед, метавонед даҳшати ин хаттаро ба хотир биёред?

Khirson 0101- Соли 1973 вақте ки пирях ҳаракат карду роҳи обро баст, ду булдозери мо зери ях монд ва баъди об шудани он дидем, ки аз булдозер хабаре нест ва танҳо тахтаи оҳанин боқӣ мондааст. Ман соли 1973- ро хуб дар ёд дорам ва дар тамоми масири ҳаракати об нозиронро то ба баҳри Арал доштем. Дар ин сол хисороти зиёде ба сокинони ноҳия ва дигар минтақаҳо расонд. Соли 1963 бошад, дар ин обанбори сунъӣ 17 - 20 миллион куб об ҷамъ шуда буд. Вақте ки пирях канда шуд, чунон бо суръате ҳаракат кард, ки дар масофаи 97 км аз мавзеъи пирях то маркази ноҳияи Ванҷ фурсати наҷоти самолёт нашуд ва онро мисли як парранда ба коми худ кашид. Ба ҷуз ин, Истгоҳи барқии посёлкаи (шаҳраки) "Хрустальный"-ро бо шумули посёлка, ки барои коргарони экспедитсия бунёд шуда буд ва тамоми пулҳои мошингардро хароб кард. Ҳамчунин то ба баҳри Арал кули соҳилҳоро шуста, хисороти ҳангуфте ворид кард. Хусусан ба ноҳияҳои Дарвоз, Ҳамадонӣ, Панҷ ва ҷумҳуриҳои поёноби Ому. Соли 1983 об яхро шикофт ва зарар бартараф шуд. Аммо инро бояд, гуфт ки Хирсон пиряхи фаолтарин аст ва ҳар даҳсола як хатареро ба бор меорад. Ҳаракати пиряхҳо аз ҷамъшавии барф шаҳодат медиҳад, аз ин рӯ наметавонем бигӯем, ки гармшавии зиёд боиси гум шудани пиряхҳо гаштааст. Вакте ки ях зиёд шуду аз кӯҳ боло шуд, ба поён мелағжад. Соли 1983 қабати ғафсии пиряхи лағжида 500 метр буд.

Роҳи наҷот вуҷуд дорад, фақат…

- Ин хатар, ки зиёд мардумро хонахароб кардаву аз нигоҳи равонӣ онҳоро ба худ машғул медорад. роҳи ба тамом бартараф кардан надорад? Наход сари ҳар вақт мисли як таҳдид зуҳур кунаду наҷотдиҳӣ чун гапфурӯшӣ боқӣ бимонад.

- Ахири солҳои 70-уми асри гузашта бо имзои раиси вақти Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ Алексей Косигин қарор қабул кард, ки барои бартараф кардани хатар тунел сохта шавад. Лоиҳаи ин тунел аз ҷониби Институти лоиҳакашии Тошканд омода шуда буд. Ин тунел байни дараи Дасти рост ва Миёнадара бояд сохта мешуд, ки тӯли он 970 метрро ташкил мекард. Дар ин ҳол дар сурати пеши роҳи обро бастани пирях, озодона об ба дигар самт ҷорӣ мешуд. Корхонаи мо аз ду тарафи кӯҳ роҳро сохта, майдончаҳои тунелро омода кард. Аммо Шӯравӣ аз ҳам пошиду он кор анҷомношуда боқӣ монд. Ягона роҳи раҳоӣ аз ин ҳодиса сохтани тунел аст. Солҳои 1973- 83 ба болои пиряхҳо бомба партофтанд, вале таъсире накард.

- Ин тунел ба ҷуз аз байн бурдани хатари пиряхҳо боз чӣ манфиате дорад?

- Сохтани тунелҳо метавонад маҷрои дарёи Ванҷобро ба эътидол оварад ва боз ҳазорон гектар заминҳои корӣ боғҳо ва ҷангалҳо сабз шаванд. Ҳамин обхезиҳо аз се як ҳиссаи заминҳои водии Ванҷро, ки қариб 20 ҳ. гектарро ташкил мекунад, ба сангоб табдил додаанд ва деҳаҳо танҳо дар зери кӯҳҳо боқӣ мондаанд. Тибқи омор 20 ҳ. гектар замини водии Ванҷ аз ҳамин ҳаводис сангоб гаштааст.

Ҳатман бояд талош кард

- Оё дар шароити феълӣ Тоҷикистон имкони сохтани ин гуна тунелҳоро дорад?

- Навобаста аз будан ё набудани шароит бояд барои сохтани ин гуна тунелҳо талош шавад, зеро дар ин ноҳия 34 ҳазор мардум ва дар мавзеъҳои поён наздик ба 1 миллион аҳолӣ иқомат доранд. Гузашта аз ин хисороти гарони иқтисодиву табиӣ дорад. Ҳамчунин хатарҳои дигар, аз қабили сар задани бемориҳо низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои сохтани тунелҳо метавон аз сармоягузороне, ки мехоҳанд, кони маъдани никелу мисро, ки дар Ванҷ мавҷуданду онҳоро истихроҷ намоянд, истифода намуд. Зеро онҳо конҳои бузургеанд, ки имрӯз диққати чандин ширкатҳои бузурги оламро ба худ кашидаанд. Гузашта аз ин Созмонҳои байналмилалии экологӣ ва изтирории ҷаҳон низ метавонанд ба ин мушкил расидагӣ кунанд.

Боре бо як гурӯҳи онҳо ман сафар доштам ва пешниҳод кардам, ки барои сохтани корхона ва фурӯдгоҳ аввал бояд маҷрои обро ба танзим овард. Ва пешниҳод ҳам кардам, ки ду тунел сохта шавад; яке барои Хирсон, дигаре барои Кашолях, ки масофаи дуввумӣ 400 метр мебошад. Ин тунелҳоро барои кору мақсадҳои дигар низ истифода кардан имкон дорад. Об, ки ба тунел ворид шуд, метавон дар он ниругоҳҳои хурди барқӣ сохт ё заминҳои беобро обёрӣ кард. Хулоса, сохтани ин тунелҳо ҳаматарафа барои кишварамон фоида оваранд.

Ҳоло фурсат аст, ки мақомоти ноҳия ва ҷумҳурӣ ин пешниҳодҳоро кунанд, то ширкатҳои маблағгузор дар барномаҳои худ ин масъаларо низ дохил кунанд.

Гурӯҳи аввале, ки омада буд, розӣ шуданд то ҳар ду тунелро бисозанд, вале онҳо рафтанд, ки дигар иттилоъ надорам. Ҳоло боз ширкатҳои дигар таваҷҷуҳ ба ин конҳо доранд ва умед аст, ки онҳо низ ин пешниҳодро қабул бикунанд. Зеро то тунелҳоро насозанд, соҳилбандиҳо ҳеҷ фоидае нахоҳанд дошт. Тақрибан даҳ сол пеш дар маҷаллаи "Природа"-и Русия матлаберо бо номи "Пиряхҳои ҳаракаткунанда ва роҳҳои пешгирии он" навишта будам ва аз Акдемияи илмҳои Русия низ номае омад, ки тайёранд ҳамкорӣ кунанд. Ман номаро ба роҳбарияти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон супурдам. Аммо дигар ҳеч кас суроғ накарду ман ҳам пушти он нагаштам.

Умедворие, ки бояд бароварда шавад

- Барои сӯҳбат ташаккур устоди азиз! Умед мекунем, ки ҳукумати маҳал ва ҷумҳурӣ ва дигар мақомот барои рафъи ҳамешагии ин хатар талош мекунанд.

- Ба Шумо низ ташаккур. Умедворем, ки чунин шавад.

Сӯҳбаторо Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97