Чаро тоҷик пароканда аст?

Иҷтимоъ 04.08.2011 15:58

Latu_Kub_01Чанд рӯз қабл аз тариқи Интернет наворе пахш гардид, ки дар он саркалҳои рус муҳоҷирбачаи тоҷикеро бо усули хеле ноҷавонмардона ва ғайриинсонӣ дар канори як деҳи русӣ латукӯб мекунанд. "Миллат" сари ин мавзӯъ, яъне латукӯб ва таҳқиру куштори муҳоҷирбачаҳои тоҷик дар Русия аз чанд тан соҳибназарони гиромӣ пурсид ва инак дар зер андешаҳои эшонро манзур менамоем. Ва ин ҷо ёдовар мешавем, ки масъалаи куштору таҳқири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз мавзӯъотест, ки тайи чанд соли ахир аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва ҳам дар гуфтору маҳофили алоҳидаи расмиву ғайрирасмӣ мавриди баҳсу баррасӣқарор гирифтааст. Латукӯб, таҳқир ва кушта шудани тоҷиконро ҳар кас ба ҳар гуна шарҳу тафсир мекунад. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар як сӯҳбати хеш гуфтааст, ки  "мо ин видеоро (манзураш ҳамон навори латукӯб шудани муҳоҷирбачаи тоҷик, шарҳи "Миллат") аз интернет гирифта дар диск сабт кардем ва якеро ҳамроҳи нотаи сафорат ба Додситонии кулли Русия ва дувумиро аз тариқи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Русия бо нота фиристодем. Посух ба он ҳанӯз нарасидааст."

Ва ҷаноби Достиев дар он сӯҳбати хеш аз парокандагӣ ва нотифоқ будани тоҷикон ва ҷомеъаҳои тоҷикӣ дар Русия ёд карда мегӯяд, ки " ҳар кас ин ҷо бо ду- се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст." Ва суъоли мо ҳам ҳамин аст, ки  чаро тоҷикон дар Русия парокандаву нотифоқанд ва дар ин парокандагӣ айбу ҷурм кирост? Тоҷикро ё масъулини Ҳукумату Сафораташро? Ва оё ҳамин нотифоқии тоҷикон дар Русия бойиси бештар аз дигар миллатҳо таҳқиру шиканҷа дидани ҳаммиллатони мо намегардад, ё фикр намекунед, ки дипломатияи Тоҷикистон дар ин самт гирифтори бӯҳрон ва нокомист? Ин он пурсишу суъоле буд, ки ба онҳо то ҷое соҳибназарон посух гуфтанд.

AbdulQodiri_AlaVIАбдулқодири Алавӣ, номзади улуми филологӣ, шоири муҳоҷир 

Ман танҳо дар мавриди гуфтаҳои оқои Сафир ҳаминро гуфтанӣҳастам, ки аз рӯзи нахустини ба ин мансаб расидани ҷаноби Достиев хишти аввалини ҷудоиандозии мардуми тоҷики муқими Русия гузошта шуд. Мо пеш аз оқои Достиев сафирони дигареро низ дида будем, ки онҳо бештар барои муттаҳид сохтани мардуми заҳматкаши муҳоҷири тоҷик кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Дар ин маврид мо метавонем номи сафири собиқ Сафаров Сафар Ғаюровичро ба забон биёварем, ки тоҷикон дар замони сафирии ӯ ба як муттаҳидӣ ва ҳамфикрӣ расида буданд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагиро оғои Достиев барҳам зад. Манзур аз иқтибоси Сафир, ки  " ҳар кас ин ҷо бо ду- се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст"- ро бояд чунин шарҳ дод, ки оқои Сафир дуруст мегӯяд, яъне имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба як ниҳоди қавмию гурӯҳӣ табдил ёфтааст. Ва аз ҳамин хотир дар Русия дигар тоҷики сарсахт аз Сафорати давлаташ умедашро канда, бо ду- се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст.

GulandomГуландом Раҷабова,

корманди нашрияи "Минбари халқ"

Бовар кунед вақте ман он наворро дидам ба ҳамаи тоҷиконе, ки дар Русия ҳастанд, дилам сӯхт, ки наход як ҳамдиёрашонро, як тоҷикро ҳамин хел бераҳмона мезананд, дигарҳояшро ба қатл мерасонанд, вале коре аз дасти қариб як миллион тоҷик намеояд. Имрӯз вақти иттиҳоду якдилии тоҷик аст, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ.

Барои чӣ ин ҷо дар Ватани мо ҳама қавму миллатҳо ва ҳатто ҳамон русҳо ҳам озоду беғам ва хушу хурсандона зиндагӣ мекунанд, вале ҳамдиёрони моро дар кишвари Русия таҳқиру мазоҳу масхара мекунанд ва ба қатл мерасонанд.

Ин навор далели рӯшани он аст, ки аксари муҳоҷирбачаҳои тоҷик ҳоли вазнин доранд, ин як навор буд, ки мо дидем, ва дар асл ҳар рӯзу ҳар моҳ садҳо ҳамдиёрони моро таҳқир мекунанд ва мекушанд.

Ҳукумати кишвари мо бояд чораҳое таъҷилӣ биандешад, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба куҷо нигоҳ мекунад?

Наход муҳоҷирбачаҳои тоҷикро хамин хел ваҳшиёна азобу шиканҷа медиҳанд, ба қатл мерасонанд, вале сафорату Ҳукумати Тоҷикистон мисли як тамошочӣ меистад, нота равон мекунаду интизор мешинад, ки кай посухаш медиҳанд.

Албатта хешу табори ҳар як тоҷикистонӣ имрӯз дар қаламрави Русия ҳаст, кору зиндагӣ дорад ва аз чунин амалҳои скинхедҳо ва миллатгароёни русӣ  нороҳат мешаванд, дар таҳлука меафтанд. Масъулини Ҳукумати Тоҷикистон ҳатман бояд бо давлатмардони Русия дар ин маврид ҷиддӣ сӯҳбат бикунанд, охир ин даҳшат аст. Ва ин ҷо айби худи мо низ ҳаст. Дар зиёд ҳолатҳо тоҷикбачаҳо аз дасти ҳамдиёрони худ ба марг мерасанд. Ман намефаҳмам барои чӣ тоҷик ин қадар ба тоҷики худаш нафрат дорад, агар мо тоҷикон аз як гиребон сар барорему якдилу як маром бошем, касе ба мо душманӣ карда наметавонад,  вале афсӯс, ки ин хел нест.

Мусаллам аст, ки агар он муҳоҷирбачаҳои тоҷики мулки Рус дар Тоҷикистони худ кору фаъолият кунанд, ин ҷо шуғлеву коре ёбанд, ҳеч гоҳ гирифтори чунин таҳқиру азоб намешаванд.

Яъне илоҷе карда бояд ҳукуматдорони мо мардуми худро, шаҳрвандони худро ин ҷо, дар Ватан саргардони кор кунанд. Вале ин кор ҳоло аз дасти ҳукумати мо намеояд. Ҳайфи он тоҷикписароне, ки бо даҳшату азоби алим ба марг мерасанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бояд дар бораи тақдири мардуми муҳоҷири худ, ки беш аз 800 ҳазор нафар мебошанд, фикр кунад ва он сели бузурги муҳоҷирони тоҷик ҳам бояд агар ҳукумат ба додашон намерасад ва дар ҳалли мушкилоташон оҷизӣ мекашад, бояд худашон муттаҳид шаванд ва болои ҳукумати Русия фишор биёранд, онҳоро маҷбур кунанд, ки ба муҳоҷири тоҷик, ки Русияро месозад, арҷ бигзоранд. Давлати Тоҷикистон ҳам бояд бидонад, ки маҳз ҳамин муҳоҷирон ҳастанд, ки Русияро месозанду Тоҷикистонро мехӯронанд, аз ин рӯ дар андешаи тақдири онҳо бояд шабу рӯз фикр кунанд, ҷиддӣ фикр кунанд. Ба саркалҳои русӣ сахт нафратам омад. Он саркалҳои бехудову бедиёнат ва нокасу дун аз ҳайвон ҳам бадтар будаанд ва ман пас аз тамошои он навор ба беқадрӣ, оҷизӣ ва бесоҳибии тоҷикам гиристам.

QosiMi_BekmuHammadҚосими Бекмуҳаммад,

раиси хабаргузории "Форс"          

Муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ҳудуди ду даҳаро дар бар мегирад, ки замони каме нест. Аммо бархилофи муҳоҷиратҳои ақвоми дигар, ки дар чанд даҳсолаи ахир иттифоқ афтодааст, дастоварди хосе надорад (интиқоли пул ва он ҳам бар ивази қурбонӣ додани садҳо ва ҳатто ҳазорҳо нафар ҳамватанро ба ҳеч ваҷҳ наметавон дастовард донист). Манзури ман муҳоҷирати дигар ақвом ва аз ҷумла мусалмонон ва ҳамзабонони мо ба хориҷ аст, ки барояшон хайри зиёдеро ба ҳамроҳ дошта ва дар кишварҳои маҳалли иқоматашон дорои ҷойгоҳи бисёр муносиб мебошанд. Намояндагони онҳо натанҳо дар муассисоту созмонҳои маъмулӣ, балки дар роҳбурдитарин ниҳодҳои ин кишварҳо низ фаъолият карда ва аз арзишмандтарин мутахассисон мебошанд.

Аммо маълум аст, ки муҳоҷири бечораи тоҷик дар Русияи феълӣ, ки миллигароии он аз ҳар навъ марзи ифрот гузаштааст, наметавонад ба чизи бештаре даст ёбад. Ҷуз таъқибу табъиз дигар ҳамватанони мо аз ниҳодҳои қудратии ин шарики стратегии Тоҷикистон чизеро интизор надоранд.

Вале посухи ин пурсиш муҳим аст, ки чаро бо мо чунин рафтор мекунанд? Баёни ин матлаб дар ду ҷумла имкон нахоҳад дошт. Мушаххас аст, ки худи мо-тоҷикон ҳанӯз барои расидан ба марзи худшиносӣ ва пос доштани ҷойгоҳи хеш ба унвони инсон ва халифаи Худо дар рӯи замин бисёр фосила дорем. Рӯҳи ғуломӣ ва бе ҳеч далел гунаҳкор донистани худ дар баробари дигарон ҳамеша ва дар ҳама ҷо (чӣ дар дохилу хориҷ) сангинтарин завлона бар поямон аст, ки ҳамеша асирамон нигаҳ медорад.

Шояд иқрор шудан ба воқеъияти ин амр кори сахт аст, вале ҳақиқат як рӯ дорад. Аз байн бурдани ин рӯҳи миллаткуш дар Русия муаяссар намешавад, ҷойи он Тоҷикистон аст. Дар ин росто пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бояд ҳукумат талош кунад, то дигар ниҳодҳои ҷомеъаи кишвар баҳонае барои бетарафӣ ва ё камҷуръатиро надошта бошанд. Вақте муҳоҷири корӣ воқеъан шонаи ҳукуматро эҳсос кард ва вақте аз ҳуқуқи қонунии вай шохаҳои дигари қудрат ва бахусус парлумон низ дифоъи қотеъ намуданд, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоъӣ ва худи ҷомеъа ҷуръати бештар касб хоҳанд кард ва ин садои миллӣ (на садои чанд мансабдор) билохира Кремлро, ки дар Тоҷикистон манофеи бисёр зиёди роҳбурдӣ дошта ва ҳаргиз аз даст додани онҳоро намехоҳад, ба андеша во хоҳад дошт. Ҷузъиёти ин мавзӯъро дар сурати мақолаи ҷудогона ба "Миллат" вогузор хоҳам кард.

gulafshonГулафшон Соқиева,

рӯзноманигор:

Баъд аз он ки ман он навори видеоиро аз сомонаи интернетӣ тамошо кардам, хеле нороҳат шудам. Ин ягона ҳодисае нест, ки тоҷикон дар Русия мавриди фишору шиканҷа қарор мегиранд. Пеш аз ин ҳам чандин ҳодисаҳои дигаре ва ба ин монанд буданд. Як идда ҷавонони тоҷик чанд сол қабл хоста буданд, ки бо нишони эътироз ба куштору таҳқири тоҷикон дар назди сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ оянд, аммо ҳукумат ба онҳо иҷозат надода буд. Ман намедонам то кадом андоза нотаи равон кардани ҷониби Тоҷикистон вазъиятро тағйир медиҳад, аммо пас аз тамошои чунин навор ман нафрат мегӯям, ба онҳое, ки аз пули ҷамъкардаи муҳоҷирбачаи тоҷик, ки ба чунин азобҳо дар Русия умр ба сар мебарад, зару зевар мехаранд ва тӯйю маъракаҳои дабданок мегузаронанд.   

Khilvatshoh_0101Хилватшоҳи Маҳмуд,

сармуҳаррири ОИ "Озодагон"

Вазъи ваҳиме, ки тоҷикистониён дар Русия доранд, на ба ҷугӣ хос асту на ба қирғизу узбаку на ба ҳеч кас. Ёд дорам, соли 2001-ум дар Маскав озарбойҷоние мавриди қатли кадом як гурӯҳи ҷиноӣқарор гирифта буд, теъдоде аз аъзои ҷомеъаҳои ин миллат, ки дар пойтахти Русия ба сар мебаранд, мурдаи он ҳамватанашонро бардошта то назди девори Кремл бурданд ва даъвои ҳар чи зудтар пайдо кардани қотилро карданд. ҳамин омил сабаб шуду 10-соли ахир дигар озарбойҷониҳо аз куштори "калсару неонатсистҳо"-и ҳукуматӣ халос шуданд.

Тибқи иттиллое, ки расонаҳо пахш мекунанд, аз ҳама ҷамъиятҳои заъиф, диаспораҳои ноуҳдабаро ва иттиҳоди беиттифоқро дар Русия  тоҷикон доранд.Фикр намекунам, ки ҳар қавму қабила ва авлод иттифоқу иттиҳод карда бошад, балки ин амалро хосатан ва бо хоҳиши бархе аз гурӯҳҳо карда истодаанд. Ин як навъ заъфи дипломатияи тоҷикро дар ин кишвар низ нишон медиҳад. Дар 180 рӯзи соли 2011 агар ба Тоҷикистон 190 тобути ҷавонмарги миллатро оварда бошанд, пас оё инро комёбии сафорат метавон гуфт?  Табиист, ки дипломатияи мо дар ин мавқеъ ба бӯҳрони ҷиддӣ гирифтор аст, шамоли сарди муносиботи дуҷониба ба дипломатия низ таъсир кардааст. Ва ногуфта намонад, ки бо ирсоли кадом як нотаи сафорат ва нусхабардории навори видеоӣ вазорати кишвари абарқудрат кореро анҷом нахоҳад дод, албатта мисли ҳамеша.

KholiqnazAR_01Холиқназар Ҷумъаев

сармуҳаррири ҳафтаномаи "Ману Ту"

Навори таҳқир ва латукӯби муҳоҷирбачаи тоҷикро дидам, ки он як даҳшат аст. Ин навор боз  як бори дигар исбот кард, ки сартосҳои рус аслан ба он ҷавонони осиёӣ ва қафқозие ҳуҷум мекунанд, ки танҳо мегарданд. Аз пушт ба онҳо ҳамла мекунанд ва хеле таҳқиромез инсонҳоро мекушанд. Он номардҳо ҷуръату ҷасорати рӯ ба рӯ омадан бо се- чор нафар тоҷикбачаи муҳоҷирро надоранд, аз ин рӯ мисли ҳайвони дарранда тоҷикбачаҳоро дар танҳоӣ шикор мекунанд. Ба ҳар навъ хушбахтона он ҷавон аз дасти одамхорҳо наҷот ёфт. Аслан чунин гурӯҳҳои фашистӣҳам дар органҳои маъмурӣ ва ҳам дар сатҳи давлати Русия пуштибонони зиёде доранд. Таърихи куштори Хуршедаи 11 сола ва боздошти қотилони ӯро ба ёд оред, худ низ ба чунин хулоса меоед. Ба боздоштшудагони ин қазия на аз рӯи моддаи куштор, балки аз рӯи моддаи авбошӣҳукм бароварда, аксари он ҷинояткоронро аз толори суд озод карданд ва ҳамагӣ ду нафар ба мӯҳлати аз 3 то 5 солӣҳукм гирифтанд, ки онҳо низ баъдан пеш аз мӯҳлат озод шуданд.

 Ба ҳар навъ фиристодани нота аз тарафи сафорати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хириҷии мо ин хуб аст. Бояд чунин иқдомоту амал баъди ҳар куштору латукӯби шаҳрвандони мо сурат бигирад. Вақте дар сатҳи вазорату сафоратхонаҳо овоз баланд мекунанд, каме ҳам бошад таваҷҷӯҳи давлатдорони Русияро ба ин мавзӯъи доғҷалб мекунад.

 Дар мавриди гуфтаҳои Сафири Тоҷикистон дар Русия ҷаноби Абдулмаҷид  Достиев, ки мегӯяд "ҳар кас ин ҷо бо ду- се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст" ҳаминро изҳор медорам, ки манфиати чунин ҷамъиятҳо ба муҳоҷирони мо хеле бештар аз он фоидаест, ки сафорат мерасонад. Кору пайкори чунин ҷамъиятҳо дар ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва ҳам дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳои муваққатии онҳо хеле фаъолтар аз кори сафорат аст. Агар боре ба Маскав равед ва нишонии сафорати Тоҷикистонро аз зиёд муҳоҷирони тоҷик бипурсед, камтаре аз онҳо медонанд, ки Сафорати давлаташон дар куҷост, вале нишонии ҷамъиятҳои тоҷиконро аксари муҳоҷирон медонанд.

    Ба ҳамин хотир ман пурра тасдиқ мекунам, ки дипломатияи Тоҷикистон дар ин самт ҳақиқатан гирифтори бӯҳрон ва нокомӣ аст. Сафоратро зарур аст, ки бо ҷамъиятҳои тоҷикон бештар ҳамкорӣ дошта бошад, на ин ки муқобили онҳо ташвиқот барад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки манъи пахши барномаи таҳқиромези "Наша Раша" дар телевизиони Русия,  ғалабаи ҷамъияти тоҷикон аст, ки мутаассифона дар сатҳи расмӣ, дипоматӣ ин кор анҷом нагирифт.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97