Гӯшт бо машварати кӣ дефитсит шуд

Иҷтимоъ 28.04.2011 10:30

ё синдикатро дар Тоҷикистон кӣ фош мекунад?

GUSHT_012Маълум аст, ки нархи молҳои талаботи мардум, пеш аз ҳама хӯрокворӣ, рӯз ба рӯз боло меравад ва касе пеши инро гирифта наметавонад. Шояд дур нест рӯзе, ки мо Қариб чизе харида натавонем....

Чанд рӯз боз дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар бозори "Шоҳмансур" бастаанд. Қассобон мехоҳанд бо сабабҳои, мутаассифона, фақат барои худашон маълум, нархи гӯштро бамаротиб боло бубаранд. Як миқдор гӯште, ки дар чанд дӯкон ба савдо гузошта шудааст, харидори худро намеёбад, зеро он ба гӯшт ҳам монанд нест. Устухону равғани зардшуда... Дили кас мешӯрад. Ҳар килло гӯшти босифатро пинҳонӣ бо нархи аз 25 сомонӣ боло ба касоне мефурӯшанд, ки ба шумурдани пул одат накардаанд.

Айнан ҳамин хел ҳолат моҳи Рамазони соли гузашта рух дода буд. Мардум бо гӯшти, ба истилоҳ, сагхоида рӯза гирифтанд. Рӯзи дигар пас аз Рамазон яку якбора дар ҳамаи дӯконҳо гӯшти хуб пайдо шуд, вале бо нархи 22 сомонӣ. То он вақт 1 кг гӯшт 17 сомонӣ фурӯхта мешуд. Алъон ин ҳам кам аст. Иштиҳои "карнай"-и қассобон ба тарафи 1 кг = 30 сомонӣ майл мекунад. Ба назар мерасад, ки онҳо ягон созмони махфие доранд. СИНДИКАТ. Зеро бо як ишора хеле ҳамоҳанг ва муттаҳидона амал мекунанд. Ин синдикат бояд фош ва шикаста шавад.

Дар замони Шӯравӣ давлат ва   органҳои махсус масоили иқтисодиро шадидан зери назар қарор медод.

Чаро ҳукумати Русия дар ин лаҳазоти бисёр ҳассос нархи сӯзишвориро барои Тоҷикистон якбора боло бурд? Ба ин савол бояд мо посух биёбем. Шояд дар дохил низ касоне ҳастанд, ки аз ин ҷаҳишҳои нарху наво фоидаи худро дучанд мекунанд... Шоҳидем, ки чи тавр қимати ҳама чиз якбора "парвоз" кард ва мардуми бечора ҳисобашро гум намудааст. Ин оё боъиси норозигии мардум намешавад? Кӣ метавонад кафолат диҳад, ки ин нақшаҳо дар дохили кишвар тарҳрезӣ намешаванд?

Метарсам, ки дар бист соли истиқлол, ки қисмати зиёди он бо бесарусомонӣ ва ҳарҷу марҷ сипарӣ шуд, ҳамаи мо ҳушёриро аз даст додаем. Афроди нопок ва душманон бошанд аз ин густохона истифода карда истодаанд. Бешармона боло бурдани нархи амвол аз тарафи савдогарон дар бозору мағозаҳо далели аёни он густохист. Оё ин бахшиданист, ки аз меваҷоти ватанӣ дар бозорҳо танҳо лиму мондааст, ки ҷаллобон 1киллои онро то 20 сомонӣ мефурӯшанд. Гӯё лиму аз Африқои Ҷанубӣ меомада бошад. Чаро мардум ин қадар баднафсу беинсоф шудаанд? Афсус, касе нест, ки ба ин савол ҷавоб диҳад. Сад афсӯс! Ин ҳама дар Тоҷикистоне мегузарад, ки онро боифтихор биҳишти рӯи замин мехонанд...

Ҷ. Фарғонӣ,

сокини шаҳри Душанбе

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97