Хат ба устод Бозор Собир

Иҷтимоъ 26.04.2011 12:48

Davlati_Rahmoniyon_01254Устоди муаззам! Банда, ки дуъогӯйи ҳамешагии шумо ва ҳавохоҳи ҳунар ва ҷуръати бузургатон ҳастам, гузашта аз ин, аз фарзандони миллатам будани чунин азизе ифтихор дорам, ба хотири солимии андеша ва эҳтироми чандандешӣ, мехоҳам ба баъзе аз ғалатҳои мантиқӣ, ки дар навиштаи навбатиатон "Ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд…" ("Миллат", 13 (291) 13. 03. 2011), роҳ ёфтаанд, рӯшанӣ андозам:

1)       Идеализм ва сионизм

Шумо кӯшидаед, ки ин ду вожаро ба ҳам мулҳақ кунед, ки саҳеҳ нест. Ҷавҳари идеализм шинохти офариниш ва расидан ба ҳақиқати худу Худованд аст. Сионизм бошад, ангезаи буржуазии баста ба таассуби қавмиву нажодист, ки дар буняаш инкори Худоро дорад. Ин таноқузи рӯшан намегузорад, ки онҳо ба ҳам биёянд ё яке дигареро ба кор бигирад, магар дар риштаи таассуби маҳз.

2)       Империализм ва коммунизм

KommunizmИмпериализм дастнишонда ва коммунизми ормонӣ қурбонкунандаи сионизм аст. Ба навъи дигар сионизм, ки пайдоишаш ба асри нӯздаҳи мелодӣ мансуб аст, империализм ва коммунизмро чун дурнамои фаъолияташ ба кор гирифт ва дар ду ҷабҳа муборизаро оғоз кард. Қасди сионизм аз империализм ва коммунизми хаёлӣ (ё сотсиализми амалӣ), ғасби дугонаи олам буд. Ҳоло ба мифи тоза-ҷаҳонишавӣ печидааст, ки барои амалӣ сохтанаш имконият фароҳам аст. "Машинаи мағзшӯияш" бо номи сотсиализм як ними ҷаҳонро гӯсфандмаоб сохтаву империализм бошад, маблағи заруриро ҷамъ овардааст.

Агар ман бигӯям, ки шумо, устоди азиз, чун мо парвардаи системаи яҳудиасос ҳастед ва имрӯз нахоста андешаи сионизмро ривоҷ мебахшед, наранҷед. Кулоҳи рангпаридаи Ленин, ки арҷаш мегузоред ва чун Чингизхон аз он болотар чизе нест мегӯед, мағзи хидматгори яҳудиёнро соя мекард. СССР эҷоди онҳост. (Назаре ба китоби Албер Камю "Осӣ" андозед).

3) Атеизм

Яҳуд дар ибтидо ба хотири он ки аз қир шудан (ба дасти мисриёну бобулиён), бираҳад, худро қавми баргузидаи Худо хонд ва ин талқинро дар китобҳои осмонӣ ворид сохт. Чун ба азамат ва лутфи Ҳақ наҷот ёфт, монанди саисе, ки раис гаштааст, дар фикри аз байн бурдани ҳайсияти Худо шуд. Ҳазрати Исоро, ки ба таассуби яҳудӣ вокуниш нишон дод, (руҷӯъ кунед ба "Зиндагиномаи Исои Масеҳ"-и Гегел), марги ғуломона бахшид ва эълом дошт, ки "инак, писари Худо чун ғуломони римӣ маслуб аст. Ку ғайрати падар, ки фарзандашро наҷот диҳад?". Махлут кардани динҳо, хусусан дини исавӣ бо сехудойӣ: падар, писар ва рӯҳулқудус (Ҷабраил), ҷузъи нақшаи ҷуҳудон буд, ки муваффақ низ гаштанд. Дар ин росто охирин коре, ки ба ҷорӣ сохтани ситемаи сотсиалистӣ ба субут расонидаанд, оммавӣ кардани аттеизми ба ном илмӣ буд, ки шумо мӯътақиди онед.

Устоди бузург! Оё медонед, ки чаро танҳо дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта шоири воқеан миллӣ будед? Чунки дар он даҳсола дар сари андешаи дил кандан аз МИФИ коммунизм, ки бесуд шуда буд, яҳуд пинак мерафт. Пас, миллатро ба ҷарроӣ бояд хонед, на ба пуштисархорӣ, ки шоираш чӣ мегӯяд?

 

4 ) Дин ва таассуб

Bozor_Sobir_0125478Дини мусавӣ барои аввал чун қавм, баъд чун миллат ташаккул ёфтани яҳуд нақши бузург бозид. Аммо ин барояш кам буд. Ӯ ба мақсади ҷаҳондорӣ ба таассуб печид. Барандаи ҷоизаи Нобел Элиас Каннети менигорад: "Ман ҳамеша аз яҳудӣ буданам ифтихор мекунам, ҳарчанд ба яҳудигарӣ нафрат дорам". Дар тӯли таърих тафаккури солим ва таассуби яҳудӣ дар паҳлӯи ҳам фаъол буданд, аммо чун кор дар сари мушкилоти этникӣ қарор гирифт, тафаккур аз таассуб ақиб монд. Ҳамин таассуб ва ихтилоти тафаккури таъсиргузор аст, ки намегузорад шумо низ дини исломро аз таассуби исломӣ фарқ намоед ва бо манқуртӣ худоситезӣ накунед.

Аммо бояд инсоф дод, ки таассубатон суннатист. Шумо ширкеро тақрир мекунед, ки дар шаби торик бар дили миллати тоҷик чун мӯри сиёҳ бар санги сиёҳ меравад.

 

5) Тарси яҳуд

Ин қавм аз хитоии бутпарасти муздур (ҳарчанд ҷои пояшро мехоҳад вусъат бахшад) ва ориёнии достони бостон (баъди суқути Гитлер) наметарсад. Бимаш аз исломи шаффофест, ки ҳайсияти Худоро ҳифз дорад. Ислом, ки Худоро ягона ва бениёз хонд ва як соат тафаккурро бар ҳафтод сол ибодат фазл дод, бар равнақи тафриқаандозии яҳуд латма зад.

Инкори Худо агар барои яҳуд воситаи расидан ба худовандии рӯи замин бошад (зеро ӯ тамоми абзори заруриро барои ин муҳайё сохтааст), барои як мусалмон инкори шарафи худ кардан, бори бардагиро бар дӯш гирифтан ва ғуломи ҳамнавъи хеш гаштан асту халос. Ҳеҷ мункири Худо замонавӣ нашудааст, ки тоҷик шавад.

 

6) Даст ба риштаи Худо…

Яҳуд дар тахлиди мафоҳими дини ислом ҷаҳди зиёд намуд, то таассубашро меросӣ кунад. Аммо донишмандони саршинос чун Абӯҳанифаву Имом Бухорӣ дар фиқҳу ҳадис поккорӣ карданд. Мазҳаби ҳанафӣ ба масал сангаре бузург шуд алайҳи таассуби яҳуд. Ҳифзи ин сангари Тоҷики кӯфӣ чун сангарҳои дигар вазифаҳои ҳар мусалмони воқеист, то аз роҳи амали солеҳ худро аз ақоиди тақлидиву талқинии бегона дар канор гирифта бошад.

Чандин сол аст, ки сионистон бо эҷод ва таҷовузи тариқаҳои мухталиф мехоҳанд дар хоки кишвари мо суботи сангари ҳанафиро чун яке аз сангарҳои шариати исломӣ аз миён бардоранд. Вале ҳушёрии нисбии ҷомиаи имрӯзи Тоҷикистон алҳол ишонро ноком нигоҳ медорад. Худо накунад, ки мо бо ибрози афкори бе сару бун ба осиёбашон об резем ва бо дасти андешаи бегона миллатеро, ки акнун симои маънавияшро барқарор дорад, қурбон созем.

Бо умеди офияти тану ҷони шумо, устоди бебадал, хатамро бо ин ҷумла хатм мебахшам: Даст ба риштаи маҳаки муҳаббати Худо бояд зад…

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97