Киштии замон: лозим ё нолозим?!

Иҷтимоъ 21.04.2011 11:18

first-time-machine-2Чанде пеш филме тамошо карда будам. "Мы из будущего". Дар бораи чаҳор ҷавоне, ки дар ҳавзе ғута мезананду сар бардошта худро дар майдони ҷанг, дар соли 1942 мебинанд. Филми хуб. Ба филмҳои фантастикӣ аз тифлӣ шавқ дорам. Аз ҷумла, ба филмҳое дар бораи сайр дар замон. Хеле фикр кардам, ки the time machine, "машина времени"-ро дар тоҷикӣ чӣ бигӯем. Машина ё мошинаи вақт гӯшхарош аст. Ҳатмӣ нест, мафҳумеро калима ба калима тарҷума бикунем. Шояд беҳтар аст, киштии замонаш бигӯем? Пешниҳоде ҳаст?

 

Киштии замон

Хуб, аҷиб аст, оё аз нигоҳи ақл ва мантиқ метавонад киштии замон вуҷуд дошта бошад? Хонда будам, ки як олими яҳудӣ назарияи мавҷудияти имкони сайр дар замонро ба миён гузошта будааст (respect!). Ва агар имконпазир бошад, пас дар асри сивучанд онро ихтироъ хоҳанд кард? Шояд аберачаберанаберавававава-и мо имрӯз дар "бесвети"-ҳои мо зиста, ваҳшатзада аст?

Оё мешавад, ки қисматро тағйир дод? Метавон ба соли 1930 рафт ва Гитлерро кушт, то ҷони 40 млн касро наҷот дод? Аммо агар он теъдод зинда бимонаду афзоиш биёбад, шояд бӯҳрони ҷаҳонии ғизои имрӯз 30 сол пештар сари замин меояд? Ё омад, дар ин гуна матн намедонӣ, феълро дар чӣ замон истифода бубарӣ. Пас беҳтар аст, тақдир дар маҷрои худ биравад?

Дар як филми дигар дида будам, ки маҳбубаи физикеро мекушанд, ӯ киштии замон месозад, ба он рӯз бармегардад, Лайлиашро аз макони хатар дур мебарад, ва дар он ҷо арусро фойтун зер мекунад. Аз қисмат ҷойи гурез нест?

Яъне, намешавад баргашту чашмони Чингизро кофт, то аҷдоду ҷаддоти моро накушад? Намешавад, баргашту имтиҳони алгебраро бори дигар бо панҷ супурд? Модаре наметавонад баргардаду кӯдаки чорсолаашро кӯча нагзорад, то зери чархи мошин намонад? ФБР наметавонад баргардаду аз фоҷеъаи 11. 09 ҷилавгирӣ намояд? Чаро ба ҷои талоқ додану ду қалбро шикастан, нашавад, ки баргашту ақди издивоҷ бо дигаре бастан? Чаро нашавад, пирӯзӣ дар ҳамаи лотереяҳоро ба даст овардан ва ё ба Мессӣ гуфтан, ки фалон рӯз ба майдон набарояд, зеро пояш мешиканад?

Аммо киштии замон аз оддитарин маҳсули хаёли бемарзи инсон дар мавриди вақт аст.

Пулти вақт (time remote)

Оё ягон асре пулт (дастгоҳи идора аз дур)-и вақт ихтироъ хоҳад шуд? Он гоҳ мешуд, тугмаи pause-ро зер кард ва оҳистакак иттиҷоҳ (траектория)-и зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоев ба дарвозаи Перуро дар U-17 World Cup-2007 дуруст намуд. Он гоҳ мешуд Феррарии Шумахерро барои чанд сония боз дошт ва исмашро аз садри top racers хат зад.

Пулт, ки на танҳо тугмаи пауза дорад. Он гоҳ мешуд, ангушт рӯйи rev ё back (назад) гузошт, ҳар боре агар ҳарфе аз ту дилаки духтараки ношиносаки сари кӯчаро тасхир карда натавонист. Боз "назад" ба ҳарфе дигар. Ва сад "попытка", то якеаш "удачно" барояд. Тасаввур кунед, ғоратгарон ба бонк медароянд, корманди бонк пултро мегирад, даҳ дақиқа ҳодисаро қафо мебарад, ба пулис занг мезанаду мегӯяд, ки зуд бошед, бачаҳо. Дар қудратат гардам Панасоник (ин ҷумлаи зебо моли ман нест). Ё Destiny LTD (ҶММ "Сарнавишт") саҳмияҳои Панасонику Сониву и "тогда ли"-ро, ҳамааашро харидааст?

Оянда

Вале агар тири аз камон ҷастаро баргардонда нашавад, манзур гузаштаро дигар карда нашавад, шояд ба тағйири оянда даст бизанем? Биравем ва бубинем, ки тақдири Фиръавни саввуми арабҳои Африқо чӣ мешавад. Бубинем, ки дар садаи 22 чанд дарсад тоҷик дар Самарқанду Бухоро боқӣ мемонад? Мешуд дид, ки дар асри 1598578979 авлоди башарият чанд ангушт дар дасту пояш хоҳад дошт? (мегӯянд, эволютсия аъзои нолозимро ҳазф мекунад ва узвҳои нави лозимӣ изофа).

Хулоса

Ояндаи дур кори ману Шумо нест, хонандаи азиз. Ояндаи наздики мо ва наздикони мо бидуни киштии замон низ дар дасти мост (бо изни Аллоҳ). Мо метавонем, додарамонро бигӯем, илм омӯзад, то соҳибҳунар шавад. Мо метавонем кори хуб бикунем ва маоши беҳтару вазифаи баландтар ("читай"; масъулияти бештар) бигирем. Мо метавонем ширинтар сӯҳбат бикунему зеботар чашмак бизанем ва нақши "губножка"-и нозанинтарин нозанини Д-ро рӯйи лабҳоямон бубинем.

Агар барқамонро хомӯш карданд, ба идораи барқ занги дар занг бизанем. Агар райъамонро дуздиданд, ҳимояташ бикунем. "И не нужен нам никакой пулт и the time machine" - и истеҳсоли "наверняка Chine".

Абдулфаттоҳ Шафиев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97