Андар ҳамҷинсгароӣ...

Иҷтимоъ 20.04.2011 17:29

ё ин ки сари чашма шояд гирифтан ба бел

gay2Ливота ва феъли саътарӣ бар нақизи ҳикмати Худои таоло аз офариниши махлуқот ва аз корҳои мухолифи сиришти покизаи башарият аст. Одатан, аз рӯи ғариза ва шаҳват, марди солимтабиат ба зан майл мекунад ва зани солимсиришт ба мард ва ҳатто ин майл дар табиати ҳайвонот низ нуҳуфта аст.

Аз ин хотир, Ислом ҳамҷинсгароӣ ва ливотаро ҳамчун зиштии ахлоқӣ ва гуноҳи бузург бо наҳйи ошкоро шадидан маҳкум мекунад ва ҳаромаш медонад. Чун заҳри ин кори зишт ва кирдори бад дар бадани ҳамҷинсбоз паҳн шавад ва бо он хӯ бандад, ӯро ба доми шайтон меафганаду ба заволи неъмат ва лаънати Худо воридаш месозад, мори шаҳватро ба ҷисмаш мусаллат мегардонаду ақлашро коста месозад, ҳанзали бехирадӣ ба бор меорад, зеҳнашро кунд ва хотирашро парешон мекунад, шукӯҳи мардӣ ва латофати занонаашро мешиканад, нури рӯяшро мерабояд, чеҳраашро пажмурдаву бенуру сиёҳ мекунад, оби рӯяш мерезонад, нури синаашро мекушаду қалбашро тира мегардонад, дар назари мардум манфуру мабғуз, номақбул ва рондааш мегардонад, чашми хираду фаросаташро кӯр мекунад, ба завлонаи ғаму андӯҳ, занҷири бегонагӣ, ба банди танҳоӣ, қайди васваса, тири нафрат ва бадбинии мардумон ва теғи носазогӯӣ гирифтораш месозад, оташи буғзу кинаашро дар дили онон меафрӯзад, либоси зарандуди ахлоқу адабро аз танаш мекашад, жандаи сифлагӣ, хорӣ ва зиллатро бар тани ӯ мебандад, ӯро аз ҳайвонот залилу хортар мекунад, зеро ҳайвонот низ ин корро намекунанд, талхии пастӣ, эҳтиқор ва неши истеҳзоро ба ӯ мечашонад, аз лаззати кирдори ҳалол маҳрумаш мекунад, оҳуи хайру салоҳро аз ӯ мерамонад, мурғи тавфиқро аз ӯ мегурезонад, аз фазли кирдори нек ва файзи дониши судманд бебаҳрааш месозад, нури шарму ҳаёро аз дили ӯ мезудояд ва дар ҷояш беҳаёӣ ва бешармӣ ва густохиро ҷой медиҳад, чун шарму ҳаёро аз ӯ бибарад, дигар на аз Офаридгор бишармад ва на аз офаридагони ӯ ва саранҷом, дар дунёву охират шарманда ва бадбахташ мекунад.

Яке аз иллатҳои ин наҳйи ҳамҷинсгароӣ, ҳифзи насли башарият аст, ки ба сабаби он метавонад, мунқатеъ шавад, зеро ҳангоме ки мард бо мард ва зан бо зан ниёзи ғаризаи ҷинсии худ ва шаҳватро бароварда созад, ангезаи дигаре барои барпо кардани хонадони саодатманд, ҳифзи насл ва идомаи он боқӣ намемонад. Ва низ кардани ин амали разилона баъди хонадоршавӣ, кохҳои устувори хонаводаро ба ларза медарораду саранҷом бо оташи ҷудоӣ месӯзадашу ба харобае табдилаш медиҳаду фарзандонро бар хокистари бадбахтӣ менишонад.

Худои таоло ливотаро фоҳиша ном ниҳод, зеро ки он аз ғояти қубҳ, дар табиат ва фитрати одамизодагони солимсиришт фаҳшу нописанд аст ва ҳам дар ақли солим ва ҳам дар шариати покиза. Ба руни ҳамин зиштӣ ва қубҳ буд, ки Худои таоло бар аҳли ливот се навъи азобро фиристод: Хонаҳояшонро бар сарашон вайрон кард, ононро ба замин фурӯ кашид, бар сарашон сангборон рехт, то кайфарашон барои ҷаҳониён ибрат шавад ва зиштии фоҳиша, қубҳи ливота ва уқубати шадиди онро бидонанд.

ҚУРЪОН ВА КАЙФАРИ ҚАВМИ ЛУТ

Қуръони Карим қиссаи қавми Лутро ва фарҷоми бади ононро дар чандин ҷойгоҳ чунин оварда аст:

وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ (80) إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِنْ دُونِ النِّسَاءِ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ مُسْرِفُونَ (81) وَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا أَخْرِجُوهُمْ مِنْ قَرْيَتِكُمْ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ (82) فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ (83) وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ مَطَرًا فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُجْرِمِينَ (84)

Ва Лутро (фиристодем), онгоҳ ки ба қавми хеш гуфт: «Оё бешармиеро мекунед, ки пеш аз шумо касе аз ҷаҳониён онро накардааст? (80) Ҳароина, шумо ба ҷуз занон ба шаҳват бо мардон меомезед, балки шумо гурӯҳи азҳадгузаштагонед». (81) Ва ҷавоби қавми ӯ ба ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ берун кунед, зеро онҳо мардумони покизаҷӯёнанд». (82) Пас, мо ӯ ва аҳли хонаи ӯро раҳонидем, магар занаш ки аз боқимондагон буд. (83) Ва бар онҳо бороне (аз санг) боронидем. Пас, бингар, ки фарҷом (-и бади) гунаҳкорон чӣ гуна буд? (84) [Сураи Аъроф; 80-84]

وَلُوطًا آتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَنَجَّيْنَاهُ مِنَ الْقَرْيَةِ الَّتِي كَانَتْ تَعْمَلُ الْخَبَائِثَ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمَ سَوْءٍ فَاسِقِينَ (74)

Ва ба Лут ҳикмату дониш додем ва ӯро аз деҳе ки (бошандагонаш) палидкорӣ мекард, бираҳонидем. Ҳароина, онҳо қавми зишти бероҳагон буданд. [Сураи Анбиё; 74]

وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ أَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ وَأَنْتُمْ تُبْصِرُونَ (54) أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِنْ دُونِ النِّسَاءِ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ تَجْهَلُونَ (55) فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا أَخْرِجُوا آلَ لُوطٍ مِنْ قَرْيَتِكُمْ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ (56) فَأَنْجَيْنَاهُ وَأَهْلَهُ إِلَّا امْرَأَتَهُ قَدَّرْنَاهَا مِنَ الْغَابِرِينَ (57) وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ مَطَرًا فَسَاءَ مَطَرُ الْمُنْذَرِينَ (58)

Ва Лутро (фиристодем), чун ба қавми худ гуфт: «Оё бешармиро ба амал меоред ҳол он ки зиштии онро мебинед? (54) Оё шумо бо шаҳват ба ҷои занон бо мардон меомезед? Балки шумо қавме ҳастед, ки (покиро аз палидӣ, некиро аз бадӣ, хубиро аз зишт) намедонед». (55) Пас, ҷавоби қавми ӯ ба ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Хонадони Лутро аз деҳаи хеш берун кунед, ҳароина, онҳо мардуми покиҷӯяндагонанд!» (56) Пас, ӯ ва хонадони ӯро бираҳонидем, магар занаш, ки мо ӯро аз боқимондагон муайян кардем. (57) Ва бар сари онҳо бороне (аз санг) боронидем. Пас, чи зишт аст борони бимдодагон! (58) [Сураи Намл; 54-58]

وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الْفَاحِشَةَ مَا سَبَقَكُمْ بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِنَ الْعَالَمِينَ (28) أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ السَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِي نَادِيكُمُ الْمُنْكَرَ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا ائْتِنَا بِعَذَابِ اللَّهِ إِنْ كُنْتَ مِنَ الصَّادِقِينَ (29)

Ва Лутро (фиристодем), вақте ки ба қавми худ гуфт: «Ҳамоно шумо он бешармиеро мекунед, ки касе аз ҷаҳониён бар шумо бо он пешдастӣ накардааст. (28) Оё шумо (аз рӯи шаҳват) бо мардон меомезед ва роҳ мезанед ва дар маҷлиси хеш кори нописанд мекунед?» Пас, ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ту аз ростгӯён ҳастӣ, азоби Худоро барои мо биёр»! (29) [Сураи Анкабут; 28-29]

وَلَمَّا أَنْ جَاءَتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِيءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالُوا لَا تَخَفْ وَلَا تَحْزَنْ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهْلَكَ إِلَّا امْرَأَتَكَ كَانَتْ مِنَ الْغَابِرِينَ (33) إِنَّا مُنْزِلُونَ عَلَى أَهْلِ هَذِهِ الْقَرْيَةِ رِجْزًا مِنَ السَّمَاءِ بِمَا كَانُوا يَفْسُقُونَ (34)

Ва вақте ки фиристодагони мо пеши Лут омаданд, ба сабаби онҳо андӯҳгин шуд ва баҳри онҳо тангдил гашт. Ва онҳо гуфтанд: «Матарс ва андӯҳ махӯр, ҳароина, мо наҷотдиҳандаи ту ва хонадони ту ҳастем, ба ҷуз зани ту, ки аз боқимондагон бошад! (33) Ҳароина, мо бар аҳли ин деҳа ба сабаби он, ки бадкорӣ мекарданд, азоберо аз осмон фуруд меорем». (34) [Сураи Анкабут; 33-34]

كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ بِالنُّذُرِ (33) إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ نَجَّيْنَاهُمْ بِسَحَرٍ (34)

Қавми Лут бимдиҳандагонро дурӯғгӯ шумурданд. (33) Ҳароина, мо бар онҳо боди сангбор фиристодем, магар бар хонадони Лут ки бомдодон наҷоташон бахшидем. (34) [Сураи Қамар; 33-34]

КАЙФАРИ ЛИВОТ ДАР АҲОДИСИ НАБАВӢ

Дар бораи амали бади ливот аз Паёмбари гиромӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ривоятҳои шадидлаҳни накӯҳандае ворид шудаанд.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ {разияллоҳу анҳу} ривоят аст, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

إِنَّ أَخْوَفَ مَا أَخَافُ عَلَى أُمَّتِي عَمَلُ قَوْمِ لُوطٍ.

Ҳароина, хавфноктарин чизе ки бар умматам аз он метарсам, кирдори қавми Лут аст. [«Сунан»-и Тирмизӣ; 1457, «Сунан»-и ибни Моҷа; 2563, ҳадиси саҳеҳ аст.]

Ва аз Амр ибни Абуамр {разияллоҳу анҳу} омада аст, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта:

مَلْعُونٌ مَنْ عَمِلَ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ.

Ҳар кӣ кирдори қавми Лутро анҷом диҳад, малъун аст. [«Сунан»-и Тирмизӣ; 1456, ҳадиси саҳеҳ аст.]

Дар ривояти дигар, аз Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} Паёмбари гиромӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} лутиро се бор нафрин хонда аст. Паёмбар зиногар ва дигар муртакибони гуноҳҳои кабираро нафрин гуфта аст, аммо ҳаргиз дар як гуфтор нафринро дар ҳаққи онон се бор такрор накарда аст, аммо дар ин ҳадис ба сабаби бузургии ин гуноҳ онро се бор такрор намуда аст:

لَعَنَ اللَّهُ مَنْ عَمِلَ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ، لَعَنَ اللَّهُ مَنْ عَمِلَ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ، لَعَنَ اللَّهُ مَنْ عَمِلَ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ.

Ҳар кӣ кирдори қавми Лутро анҷом диҳад, малъун аст. Ҳар кӣ кирдори қавми Лутро анҷом диҳад, малъун аст. Ҳар кӣ кирдори қавми Лутро анҷом диҳад, малъун аст. [«Муснад»-и Имом Аҳмад; 2915, ҳадиси саҳеҳ аст.]

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} ривоят аст, ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

مَلْعُونٌ مَنْ سَبَّ أَبَاهُ مَلْعُونٌ مَنْ سَبَّ أُمَّهُ مَلْعُونٌ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْرِ اللَّهِ مَلْعُونٌ مَنْ غَيَّرَ تُخُومَ الْأَرْضِ مَلْعُونٌ مَنْ كَمَهَ أَعْمَى عَنْ طَرِيقٍ مَلْعُونٌ مَنْ وَقَعَ عَلَى بَهِيمَةٍ مَلْعُونٌ مَنْ عَمِلَ بِعَمَلِ قَوْمِ لُوطٍ.

Ҳар кӣ падарашро носазо гӯяд, малъун аст. Ҳар кӣ модарашро носазо гӯяд, малъун аст. Ҳар кӣ барои ғайри Худо забҳ намояд, малъун аст. Ҳар кӣ ҳудуди заминро тағйир диҳад, малъун аст. Ҳар кӣ нобиноро раҳгум андозад, малъун аст. Ҳар кӣ бо чаҳорпо ҷимоъ кунад, малъун аст. Ҳар кӣ кирдори қавми Лутро анҷом диҳад, малъун аст. [«Муснад»-и Имом Аҳмад; 1878, ҳадиси ҳасан аст.]

Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта аст:

مَنْ وَجَدْتُمُوهُ يَعْمَلُ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ فَاقْتُلُوا الْفَاعِلَ وَالْمَفْعُولَ بِهِ

Ҳар киро дарёбед, ки кирдори қавми Лутро мекунад, пас, кунанда ва диҳандаро бикушед! [«Сунан»-и Тирмизӣ; 1456, «Сунан»-и Абудовуд; 4462, «Сунан»-и Ибни Моҷа; 2561 ҳадиси саҳеҳ аст.]

Ва аз Абуҳурайра {разияллоҳу анҳу} ривоят аст, ки Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта:

اقْتُلُوا الْفَاعِلَ وَالْمَفْعُولَ بِهِ

Кунанда (-и кирдори қавми Лут) ва диҳандаро бикушед! [Сунан-и Тирмизӣ; 1456, ҳадиси саҳеҳ аст.]

УҚУБАТИ ЛИВОТА ДАР ИСЛОМ

Ливот, ғуломборагӣ, ҳамҷинсбозӣ, аз назари Ислом фасоди бузург ва яке аз зишттарин гуноҳони кабира ва ҳаром аст ва муҷозоти сангине дорад, зеро ҳар андоза гуноҳ бузург бошад, кайфари он низ ҳамон қадар бузургу сангинтар аст. Ибни Баттол аз Муҳаллаб ибни Аҳмад ибни Абусуфра оварда аст, ки:

... لَا خِلَاف بَيْن الْأُمَّة أَنَّ اللِّوَاطَ أَعْظَمُ إِثْمًا مِنْ الزِّنَا.

.. Байни уммати исломӣ хилофе нест, ки гуноҳи ливот аз зино бузургтар аст.

Кайфари лутиён низ дар ин дунё ва дар охират хеле дарднок аст, ки ба хотири гуноҳ ва амали зишт домангири онон мегардад. Дар ҳукми исломӣ, агар кирдори ливот ба тариқи шаръӣ дар назди қозӣ ва додгоҳи шаръӣ дар сурате исбот шавад, фоил ва мафъул ҳангоми иртикоби ин ҷиноят болиғ, оқил, озод ва соҳибихтиёр бошанд, ҳукмашон яке аз ин аҳком хоҳад буд: Тозиёна задан, ё ки қатл бо хароб кардани девор бар сари онон, ё аз баландие партоб кардан, ё бо оташ сӯхтан.

Донишмандони Ислом дар мавриди уқубати лутӣ бар се қавл гирд омаданд:

• Якум, Имом Ҳоким ва Имом Абуҳанифа {раҳимаҳумаллоҳу таоло} бар ин раъйанд, ки уқубати лутӣ ғайри уқубати зиност ва ӯ бо тозиёнаи таъзир адаб дода мешавад.

• Дуввум, Ато ибни Абурабоҳ, Ҳасани Басрӣ, Саъид ибни Мусайяб, Иброҳими Нахаъӣ, Қатода, Суфёни Саврӣ, Авзоъӣ, Имом Шофъеӣ (аз рӯи зоҳири мазҳабаш), Имом Аҳмад (дар ривояти дуввум аз ӯ), Қозӣ Абуюсуф ва Муҳаммади Шайбонӣ {раҳимаҳумуллоҳу таоло} бар инанд, ки уқубати лутӣ бо уқубати зиногар баробар аст.

• Саввум, Абубакри Сиддиқ, Алӣ ибни Абутолиб, Холид ибни Валид, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Абдуллоҳ ибни Аббос, Холид ибни Зайд, Абдуллоҳ ибни Маъмар {разияллоҳу анҳум аҷмаъин}, Зуҳрӣ, Рабиъа ибни Абуабдурраҳмон, Имом Молик, Исҳоқ ибни Роҳавейҳ, Имом Аҳмад (аз рӯи дурусттарин ривояте аз ӯ), Имом Шофеъӣ (аз рӯи яке аз ақволаш) {раҳматуллоҳи алайҳим} бар инанд, ки уқубати ливота аз уқубати зино сахттар аст ва кайфари ӯ дар ҳар сурат қатл аст, хоҳ ҳамсардор бошад ё беҳамсар.

Соҳибони раъйи саввум, ки ҷумҳури уммати исломиянд, аз саҳобагон иҷмоъро ривоят кардаанд, ки дар миёни гуноҳон, пурфасодтар аз ливота гуноҳе нест ва ин гуноҳ пас аз зиён ва фасоди куфр меояд ва шояд, аз зиён ва фасоди қатл бузургтар аст. Ва далел ин аст, ки Худои таоло амри қотилро ба хешовандони шахси кушташуда вогузор карда, ихтиёри ҳукмро ба онҳо супорида аст, агар хоҳанд аз хунаш дармегузаранд, агар хоҳанд, хунбаҳо меситонанд ва ё ба қатлаш мерасонанд. Аммо дар мавриди ливота қатли лутиро мисли ҳад ҳатмӣ ва ногузир гардонда аст. Ва суннати Фиристодаи Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва амали Саҳобагони гиромӣ ва халифагони рошиди ӯ {разияллоҳу анҳум} бар ин далолат мекунад.

Овардаанд, ки Холид ибни Валид {разияллоҳу анҳу} дар баъзе каронаҳои шаҳр мардеро ёфт, ки монанди зан ҷимоъ карда мешуд, пас, дар ин маврид ба Абубакр {разияллоҳу анҳу} номае навишт. Абубакр {разияллоҳу анҳу} бо Саҳобагон {разияллоҳу анҳум аҷмаъин} машварат кард. Дар мавриди ҳукми он лутӣ сахтгуфтортарини саҳобагон Алӣ ибни Абутолиб {разияллоҳу анҳу} буд, ки гуфт: Ин кори зиштро ба ҷуз уммате аз умматони гузашта касе анҷом надода аст ва худ донед, ки Худои таоло чи гуна кайфарашон кард? Чунон мебинам, ки он лутӣ бо оташ сӯхта шавад. Онгоҳ, Абубакр {разияллоҳу анҳу} ба Холид {разияллоҳу анҳу} нома навишт, ки ӯро бисӯзад. Пас, Холид {разияллоҳу анҳу} он лутиро бисӯхт...

Саҳобагон дар куштани лутиён иттифоқи назар доштанд, аммо дар мавриди тариқи куштани онон ихтилоф намуданд, чунончи Абубакри Сиддиқ {разияллоҳу анҳу} бар ин раъй буд, ки лутӣ аз баландие ба зер афганда шавад. Алӣ ибни Абутолиб {разияллоҳу анҳу} мегуфт, ки девор бар сараш вайрон гардад. Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} гуфта аст:

يُنْظَرُ أَعْلَى بِنَاءٍ فِي الْقَرْيَةِ، فَيُرْمَى اللُّوطِيُّ مِنْهَا مُنْكَبًّا، ثُمَّ يُتْبَعُ بِالْحِجَارَةِ.

Баландтарин бинои деҳаро меҷӯянд, пас, лутиро аз онҷо нагунсор ба зераш меафгананд, сипас сангсораш мекунанд.

Дар ривояти дигар, ӯ бар ин қавл аст, ки лутӣ бояд, бо сангсор кушта шавад. Гуфтаанд, ки ливоткунанда барои он сангсор карда мешавад, ки Худои таоло қавми Лутро сангборон кард ва аз рӯи шабоҳати фоҳишаи зино ба фоҳишаи ливот, зиногар сангсор мешавад.

Азбаски қабл аз қавми Лут касе аз ҷаҳониён хештанро ба ин кабира олуда накарда буд, Худои таоло ононро бо анвоъи гуногуни уқубатҳое кашид, ки касеро ҷуз онон иқобу шиканҷа накарда буд, чун хонаҳояшонро вожгун кард ва ононро ба замин фурӯ кашид ва аз осмон бар фарозашон санг боронид.

Абдуллоҳ ибни Аббос {разияллоҳу анҳумо} ки ин ҳаддро уқубати лутӣ медонад, ӯ касест, ки ин ҳадисро аз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ривоят карда аст:

مَنْ وَجَدْتُمُوهُ يَعْمَلُ عَمَلَ قَوْمِ لُوطٍ فَاقْتُلُوا الْفَاعِلَ وَالْمَفْعُولَ بِهِ

Ҳар киро дарёбед, ки кирдори қавми Лутро мекунад, пас, кунанда ва диҳандаро бикушед! [«Сунан»-и Тирмизӣ; 1456, «Сунан»-и Абудовуд; 4462, «Сунан»-и Ибни Моҷа; 2561 ҳадиси саҳеҳ аст.]

Бархе дигар дар мавриди уқубати ливот гуфтаанд, ки фоил ва мафъул дар ҷойгоҳи бадбӯе ҳабс карда шаванд, то бимиранд...

ҲУКМИ ЛИВОТ АЗ РӮИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ

Имом Абуҳанифа {раҳимаҳуллоҳу таоло} бар ин райъ аст, ки уқубати ливотагарон таъзир аст, вале шогирдонаш Қозӣ Абуюсуф ва Муҳаммади Шайбонӣ {раҳимаҳумаллоҳ} барои онон барпо намудани ҳадди зиноро воҷиб донистаанд. Ба қавли ин ду имоми мазҳаби ҳанафӣ агар ливотакунанда ҳамсардор бошад, сангсор мешавад ва агар беҳамсар бошад, тозиёна зада мешавад. Ва дар қавли дигаре, онон аз рӯйи қавли Расули Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} фатво додаанд, ки фармуда аст:

اُقْتُلُوا الْفَاعِلَ وَالْمَفْعُولَ بِهِ

Кунанда (-и кирдори ливота) ва диҳандаро бикушед! [«Сунан»-и Абудовуд; 4462, «Сунан»-и Тирмизӣ; 1456, «Сунан»-и Ибни Моҷа; 2561 ҳадиси саҳеҳ аст]

Дар ривояти дигар омада аст:

اُرْجُمُوا الْأَعْلَى وَالْأَسْفَلَ

Ливоткунандаи боло ва поинро сангсор кунед! [«Сунан»-и Ибни Моҷа; 2562, ҳадиси ҳасан аст]

Муаллифи китоби машҳури ҳанафӣ «Ал-Мабсут» - Шамсиддин Абубакр Муҳаммад ибни Абусаҳли Сарахсӣ баъди овардани ин ақвол мегӯяд, ки вуқӯъи ин амр дар мо аҳноф дар ҳаққи касест, ки ин кирдорро ҳалол бишморад, зеро дар ин ҳол ба сабаби муртад шудан қатл карда мешавад. Ва ин баргирифта аз маънои ҳадисест, ки аз Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} чунин ривоят шуда:

مَنْ أَتَى امْرَأَتَهُ الْحَائِضَ أَوْ أَتَى امْرَأَتَهُ فِي غَيْرِ مَأْتَاهَا فَقَدْ كَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ.

Ҳар кӣ бо зани ҳоиз ҷимоъ кунад, ё бо занаш дар ғайри ҷойгоҳи ҷимоъ ҳамхоба шавад, ба дурустӣ, ба ончи ки ба Муҳаммад фуруд омада куфр варзида аст.

Ин ривоя бо лафзи мушобеҳ дар «Сунан»-и Тирмизӣ омада аст:

مَنْ أَتَى حَائِضًا أَوْ امْرَأَةً فِي دُبُرِهَا أَوْ كَاهِنًا فَقَدْ كَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ.

Ҳар кӣ бо зани ҳоиз ҷимоъ кунад, ё бо зане дар дубураш ҳамхоба шавад, ё пеши фолбине равад, ба дурустӣ, ба ончи ки бар Муҳаммад фуруд омада куфр варзида аст. [«Сунан»-и Тирмизӣ; 135 ҳадиси саҳеҳ аст]

КАЙФАРИ ЛИВОТА ДАР КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

Дар ҳар кишваре, мувофиқи урфу одату динашон қавонине роиҷ аст, чунончи кишвари Гайанаи Америкаи Лотинӣ барои кӯшиши ливотагарӣ кардан, лотиро ба муддати даҳ сол ба зиндон маҳкум мекунанд ва барои анҷоми ин кирдори палид ба ҳабси абад. Дар Сингапур ҳам барои ин кори зишт лутиро 10 сол ба зиндон меафгананд ва аз ӯ 10 ҳазор евро ҷарима меситонанд. Ва аз ҳама аҷибаш, ин аст, ки 8 июни 2010 дар Полша қонуне қабул шуда аст, ки бачабозонро ахта мекунанд...

ЗИЁНҲОИ ТИББИИ ЛИВОТА

Паҳӯҳишҳои тиббӣ собит караанд, ки ин кирдори ливот ба ҷону ақлу бадани муртакиби он зиёнҳои бузург дорад. Ба эътирофи пизишкон анҷомдиҳандаи кирдори ливот ба бемориҳои гуногуни баданӣ ва равонӣ мубтало мешавад. Кирдори ливота яке аз роҳҳои паҳн шудани бемориҳои ҷинсист, монанди сифилис, ҳерпеси таносулӣ (herpes genitalis), сӯзок (gonorrhea), трихомониаз (trichomoniasis), илтиҳоби пешоброҳ (уретрит, urethritis) AIDS (нишонгони нақси муқовамати иктисобӣ). Хатари интиқоли вируси HIV (вируси нақси муқовимати инсон) дар байни лутиён чанд баробар болотар аст.

Ҳамчунин, бемориҳои сироятӣ монанди ҳепатит (hepatitis) ва ғайра бо ҳамин роҳ низ интиқол меёбанд.

Лутиён ба саратони кӯррӯда (Colorectal cancer) низ мубтало мешаванд.

Собит шуда аст, ки лутиён дар миёнсолагӣ ба сабаби иртикоби ин ҷинояти хабис, бурози худро боздошта наметавонанд.

ЛИВОТА ВА ОЗОДӢ

Ливота гуноҳи бузургест, ки дар ҳама динҳои ҷаҳон мақбуҳ ва мазмуму ҳаром аст, зеро он табаҳкунандаи сиришти покизаи башарият аст. Аз нуқтаи назари демографӣ, ба сабаби ливота таносул ва таваллуд ва афзоиши мардумро коҳиш медиҳад ва ақвомро саранҷом ба вартаи нестӣ мекашад.

Ливота инҳитоти ахлоқии ҷомеа ва дар ҳаққи худ ва дар ҳаққи ҷомеаи башарӣ як ҷинояти шаниъ аст, ки онро бо олудагии ахлоқӣ ва динӣ табоҳ месозад. Бархе мехоҳанд, ин амали қабеҳро кори оддӣ, ё чун ифодагари баробарҳуқуқӣ, озодии ҳар фард ҷилва диҳанд, ки гӯё ҳар фарде озод аст, ҳар чи хоҳад анҷом медиҳад ва ё мегӯянд, ки онон одат кардаанд ва ё мегӯянд, онҳо ҳам ҷузви ҷомеаи моянду ҳақ доранд. Агар чанд мунҳарифе ҳаққи кирдори ливотаро дошта бошанд, пас, миллионҳои дигар ҳақ доранд, ки аз аҳкоми динашон, аз ахлоқи ҳамидаашон, аз фарҳанги ватанашон, аз одоти некашон, аз ҳуввияти миллияшон, аз арзишҳои маънавияшон, аз нангу номуси худ, аз обрӯи хонадон, аз шарафи занон, аз тарбияти фарзандонашон дифоъ кунанд.

Ҳар гоҳе нафси одамӣ ба сӯи шаҳватҳову ҳавову ҳавас мекашад ва ба корҳои зиште мегарояд, ки шояд, аз доираи шариати илоҳӣ, ақли салим, сиришти покиза, одатҳои нек ва ахлоқи ҳамида берунанд, вале ӯ аз асари ин ҳушдорҳои динӣ, ахлоқӣ, одобӣ, дар назди ин марзҳо бозмеистад, зеро ӯ медонад, ки ин марзҳо ва қолабҳои ахлоқиву одобии ниҳодашуда аз дини мубини Ислом сарчашма мегиранд ва маҳз барои саодати ҳар ду гетии ӯ танзим шудаанд.

Ва чаро дуздону ғоратгарон низ ба ҳамин минвол, ҳақ талаб накунанд? Яке бо дуздӣ, дигаре бо ғоратгарӣ хӯ гирифта аст. Агар бо баҳонаи одат карданашон ба кирдори дуздӣ ва ғораггарӣ ва озодии раъй ва кирдор ва ба сабаби эҳтиёҷ доштани онон ба пулу мол, барояшон озодӣ бидиҳем, айши ҳамаро талх месозанду мардумро хонабардӯш мекунанд ва дар рӯи замон фасоду табаҳкориро мегустуранд ва решаи оромӣ ва осудагиро аз буми мо бармекананд...

Дар ин мавридҳо ва хоссатан, дар решакан кардани фасод, баъд аз эътимод ба Худои таоло, сипас, қавонини мавҷудаи кишвар, бояд мардуми баномуси мусулмон саҳми шоистаи худро дошта бошанд ва ҳамватанонро ва фарзандону тифлони худро аз ин фисқу фуҷур ва бероҳагӣ ва ба вижа, аз чанголи ин гургони динситези ахлоқдари одобгурези фарҳангшикани густох ҳимоят намоянд.

Аз шигифтиҳои ин замона ин аст, ки шахсе гуноҳе анҷом диҳаду сипас, онро дар назди ҳама ошкор кунад ва талаб намояд, ки гуноҳи ӯро ба расмият бишносанд ва боз эҳтиромашро низ ба ҷо биёранд, дар ин ҳолат ӯ ғайр аз ин ки нисбат ба мардуми шарифи ватани мо ва фарҳанги мо таҳқир ва истезҳои густохона карда аст, боз бо ошкор намудани он ва талаби расмият додани ин кори қабеҳ, муртакиби гуноҳи бузурги нобахшуданӣ шуда аст. Дар ҳадис аз ривояти Абуҳурайра {разияллоҳу анҳу} омада аст, ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфта аст:

كُلُّ أُمَّتِي مُعَافًى إِلَّا الْمُجَاهِرِينَ وَإِنَّ مِنْ الْمُجَاهَرَةِ أَنْ يَعْمَلَ الرَّجُلُ بِاللَّيْلِ عَمَلًا ثُمَّ يُصْبِحَ وَقَدْ سَتَرَهُ اللَّهُ عَلَيْهِ فَيَقُولَ يَا فُلَانُ عَمِلْتُ الْبَارِحَةَ كَذَا وَكَذَا وَقَدْ بَاتَ يَسْتُرُهُ رَبُّهُ وَيُصْبِحُ يَكْشِفُ سِتْرَ اللَّهِ عَنْهُ.

Ҳама уммати ман бахшуда хоҳанд шуд, магар касоне ки ошкоро муртакиби гуноҳ мешаванд. Ва аз ошкоро гуноҳ кардан ин аст, ки инсон шабонгаҳ гуноҳе варзад, сипас ба субҳ расад, дар ҳоле ки Худои таоло он гуноҳашро аз мардум (бо лутфу карам) пардапӯшӣ карда аст. Онгоҳ, он мард гӯяд: Эй фулон, ман дишаб чунину чунон кардам (ва гуноҳашро ба ӯ ошкор месозад). Ва ӯ шабро рӯз кард, дар ҳоле ки Парвардигораш он гуноҳашро пӯшида буд ва ба субҳ расиду аз рӯи гуноҳи худ пардаи Худоро бардошт. [Саҳеҳ-и Бухорӣ; 6069, Имом Муслим; 2990]

РОҲИ НАҶОТИ ИН ТОИФА ЧИСТ?

Лутигарӣ бояд, ҷинояти кайфаршаванда бошад, зеро он гуноҳи бузургест дар назди Худои таоло ва ҷиноятест дар назди башарият, ки бадахлоқӣ, бешармӣ, табаҳкорӣ, фисқу фуҷурро дар ҷомеа паҳн месозад ва барои фарҳанг, ахлоқ ва одобу одоти тоҷикӣ хатари маргзо дорад. Ва низ дарайни ҳол, ҳуқуқи мардуми бономусу шарафмандеро поймол месозад, ки ҳақ доранд аз шарри бадахлоқӣ ва ливота ва дигар кирдори қабеҳ орому осуда зиндагӣ ба сар баранд ва хонадони худро аз шарри онон ҳимоят кунанд. Иҷозат додани чунин семинарҳо, таҳқири эҳсосоти мардуми шарифи мусулмони Тоҷикистон аст.

Ҷиноёти ҳамҷинсгароён аз ин қабиланд:

• Мухолифат варзидан бо табиати салими оммаи башарият.

• Дар қазои шаҳват, даъват додани мардон ба сӯи мардон ва занонро ба сӯи занон.

• Саъй дар фасоду табаҳкорӣ ва хароб кардани хонаводаҳо.

• Рӯйгардон шудан аз зодани фарзанд.

• Ташвиқи фосиқӣ ва бадахлоқӣ дар ҷомеа.

• Нашри бемориҳои сироятии қаттол.

• Зиён расонидан ба бегуноҳон ва даст ёзидан ба иғтисоби тифлон.

Бо вуҷуди ин ки ин кор гуноҳи бузург аст, боз роҳи тавбаву наҷот бар рӯи муртакиби он баста нашуда аст. Касе ки ба ин бемории хабис мубтало шуда аст, барои халосӣ бояд, ки чунин корҳоро анҷом диҳад, бошад, ки ба фазлу раҳмати Худои таоло раҳоӣ ёбад:

1. Аз азоби сахти Худои сахтиқоб битарсад. Аз фарҷоми бади ин кор бияндешад, ки дар ҳоли маъсият намирад ва уқубатҳояшро ҳамеша дар мадди назараш дошта бошад. Аз корҳои пешина пушаймон шаваду пеш аз гузаштани вақт, тавба кунад ва аз ин кирдор комилан ба якборагӣ даст кашад. Ва тавба чунин шурут дорад:

- Бар карда пушаймон шудан

- Аз гуноҳ бехӣ буридан

- Азм намудан бар ин ки ҳаргиз дигар ба сӯи гуноҳ барнагардад.

Ва дарвозаҳои тавба бар рӯи ҳама гунаҳгорон кушодаанд, то рӯзе ки хуршед аз мағриб тулӯъ мекунад, боз ҳастанд..

إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللَّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِنْ قَرِيبٍ فَأُولَئِكَ يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا (17)

Ҷуз ин нест, ки (ваъдаи пазириши) тавба бар Худо барои он касонест, ки аз рӯи нодонӣ зишткорӣ мекунанд, сипас, зуд тавба мекунанд. Пас он гурӯҳ, Худо бар онҳо ба раҳмат бозмегардад. Ва Худо бисёр донои боҳикмат аст. [Сураи Нисо; 17]

Боз бидонад, ки тавбаи содиқона гуноҳонро маҳв месозад, агарчи чун кӯҳе бузург бошанду аз фаровонӣ ба абрҳо расида бошанд. Дар ҳадиси қудсӣ омада аст, ки Худои таборак ва таъоло гуфт:

... يَا ابْنَ آدَمَ لَوْ بَلَغَتْ ذُنُوبُكَ عَنَانَ السَّمَاءِ ثُمَّ اسْتَغْفَرْتَنِي غَفَرْتُ لَكَ وَلَا أُبَالِي يَا ابْنَ آدَمَ إِنَّكَ لَوْ أَتَيْتَنِي بِقُرَابِ الْأَرْضِ خَطَايَا ثُمَّ لَقِيتَنِي لَا تُشْرِكُ بِي شَيْئًا لَأَتَيْتُكَ بِقُرَابِهَا مَغْفِرَةً.

«... Эй фарзанди Одам, агар гуноҳҳои ту ба абрҳои осмон расанд, сипас аз ман омурзиш хоҳӣ, туро биёмурзам ва парвое надорам. Эй фарзанди Одам, агар ту ба гунҷоиши замин гуноҳ оварӣ ва (рӯзи қиёмат) бо ман рӯбарӯ шавӣ, дар ҳоле ки ба ман чизеро анбоз наёвардаӣ, ба андозаи гунҷоиши замин бароят омурзиш бахшам.» [«Сунан»-и Тирмизӣ; 3540, ҳадиси саҳеҳ аст. Вале бархе ҳадиспажӯҳон ба сабаби саҳлангорӣ дар баъзе ровиён бар заиф будани ин ҳадис ҳукм кардаанд.]

Боз Худои таоло барои гунаҳкорон роҳи тавба ва омурзгории худро чунин ёдрас карда аст:

أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ (104)

Оё надонистаанд, ки Худост, он ки аз бандагони худ тавбаро мепазирад ва садақотро мегирад ва оё надонистаанд, ки Худо тавбапазири меҳрубон аст? (104) [Сураи Тавба; 104]

قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ (53)

Бигӯ: «Эй бандагони ман, ки бар худ аз исроф варзидед, аз раҳмати Худо навмед машавед, зеро Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад. Ҳароина, ӯ омурзгори меҳрубон аст. (53) [Сураи Зумар; 53]

Аз раҳмати фарохи Худои таоло ин аст, гуноҳи тавбакунандагони содиқро меёмурзад ва низ зиштиҳояшонро ба ҳасанот табдил мекунад:

وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آَخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا (68) يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَانًا (69) إِلَّا مَنْ تَابَ وَآَمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا (70)

Ва он касоне ки ҳамроҳи Худо маъбуди дигареро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд, магар ба ҳақ ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корро бикунад, ба уқубати душвор бармехӯрад. (68) Рӯзи қиёмат азоб барои ӯ дучанд карда шавад ва онҷо хоршуда ҷовид монад. (69) Магар он касе ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста намуд, пас, онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки Худо бадиҳояшонро ба некиҳо табдил созад. Ва Худо омурзандаи меҳрубон аст. (70) [Сураи Фурқон; 68-70]

Ҳар кӣ дар мурдоби чунин гуноҳҳо уфтода, хештанро олуда карда аст, нашояд, ки ин гуноҳонро ошкор ва хештанро шарманда кунад ва набояд, пардадарӣ кунаду рози гуноҳи ниҳонии хештанро фош созад, балки онро пӯшида дораду тавбаи мухлисона намояду аз раҳмати Худои таоло ноумед нагардад. Имом Ҳоким ва Байҳақӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар {разияллоҳу анҳу} овардаанд, ки Фиристода Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:

اجْتَنِبُوا هَذِهِ الْقَاذُورَاتِ الَّتِي نَهَى اللَّهُ عَنْهَا فَمَنْ أَلَمَّ فَلْيَسْتَتِرْ بِسِتْرِ اللَّهِ تَعَالَى، وَلْيَتُبْ إلَى اللَّهِ فَإِنَّهُ مَنْ يُبْدِ لَنَا صَفْحَتَهُ نُقِمْ عَلَيْهِ كِتَابَ اللَّهِ.

Аз ин палидиҳое ки Худои таоло аз он наҳй карда аст, дурӣ гузинед, пас, ҳар кӣ муртакиби ин гуна гуноҳҳо шавад, бояд онро бо пардаи Худои таолои айбпӯш бипӯшонад ва ба сӯи Худо тавба намояд, зеро ҳар касе ҷониби пинҳонии кирдори бадашро назди мо ошкор созад, бар ӯ ҳадди китоби Худоро барпо мекунем. [Ҳоким; 4/272, 425 ва Байҳақӣ; 8/326, ҳадиси саҳеҳ аст.]

2. Ҳамеша Худои таолоро бо ихлос дуо кунад, ки ӯро аз ин гуноҳи бузург наҷот бахшад ва бо нафси бадкораш бо азимат ва иродаи қавӣ пайкор намояд то бар он пирӯз гардад ва худро аз доми шайтон бираҳонад.

3. Чашмашро аз ончи ки дидани он ҳаром аст, чун суратҳо ва филмҳои фосиқӣ ва фоҷирӣ нигаҳ дорад ва зеҳну тафкирашро аз андешаҳои палиди васвосӣ бо хониши Қуръон ва зикри Худои таоло холӣ кунад.

4. Макони зисташро иваз намояд ва ба дигар ҷо кӯчад, то аз муҳити ғайри солеҳ дур гардад.

5. Аз ҳамнишинии бадону фосиқону фоҷири пешинааш дурӣ гузинад, то иртиботаш аз онон канда гардад ва ба суҳбати солеҳон пайвандад. Агар ба суҳбати солеҳон пайвастан муяссар набошад, аз тариқи васоили электронӣ ба Қуръон гӯш диҳад ва сабти суханрониҳои донишмандон ва панду насиҳати ононро бишнаваду дар зиндагияш кор бандад.

6. Бо зани солеҳае издивоҷ кунад.

7. Бемориҳоеро дар ёд дошта бошад, ки ба сабаби ҳамин корҳои зишт пайдо мешаванд.

8. Кирдори некашро фаровон намояд, монанди намозу зикру истиғфору садақа ва ғайра.

9. Пас аз тавба, ин гуноҳро пӯшида нигаҳ дорад ва розашро ошкор накунад.

ПАС, ЧИ БОЯД КАРД?

Ҷаҳони мо баҳрест пурталотуму хурӯшон ва ҳар кишваре монанди киштиест ва аҳл ва ҷомеаи он кишвар чун киштинишастагонанд ва ҳар гуноҳе ё кори нописанде дар ин киштӣ анҷом диҳанд, он ба масобаи бар киштӣ рахна задан аст ва агар ба ҷурми гуноҳ варзидани касе киштӣ сӯрох шавад, ё аз дасти касе осеб бинад, ҳамагон ғарқ мешаванд. Ва барои наҷоти ҳамагонӣ, бар ҳар шахси хирадманди ин киштӣ воҷиб аст, ки бародарашро аз рахна кардани киштӣ ва осеб расонидан ба он боздорад, то ҳама киштинишинон наҷот ёбанду ба манзилгаҳи худ расанд. Паёмбари гиромӣ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт дар ин хусус, чи масали зебо зада аст!:

مَثَلُ الْمُدْهِنِ فِي حُدُودِ اللَّهِ وَالْوَاقِعِ فِيهَا مَثَلُ قَوْمٍ اسْتَهَمُوا سَفِينَةً فَصَارَ بَعْضُهُمْ فِي أَسْفَلِهَا وَصَارَ بَعْضُهُمْ فِي أَعْلَاهَا فَكَانَ الَّذِي فِي أَسْفَلِهَا يَمُرُّونَ بِالْمَاءِ عَلَى الَّذِينَ فِي أَعْلَاهَا فَتَأَذَّوْا بِهِ فَأَخَذَ فَأْسًا فَجَعَلَ يَنْقُرُ أَسْفَلَ السَّفِينَةِ فَأَتَوْهُ فَقَالُوا مَا لَكَ قَالَ تَأَذَّيْتُمْ بِي وَلَا بُدَّ لِي مِنْ الْمَاءِ فَإِنْ أَخَذُوا عَلَى يَدَيْهِ أَنْجَوْهُ وَنَجَّوْا أَنْفُسَهُمْ وَإِنْ تَرَكُوهُ أَهْلَكُوهُ وَأَهْلَكُوا أَنْفُسَهُمْ.

Аз Нуъмон ибни Башир {разияллоҳу анҳу} ривоят аст, ки Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт: Масали касе ки дар ҳудуди Худои таоло саҳлангорӣ мекунад (ва онро бо беэътиноӣ зоеъ месозад ва мардуми маъсияткорро аз маъсият ва корҳои нописанд наҳй намекунад) ва касе ки дар он ҳудуд уфтода аст (ва ҳудуди Худоро бо маъсият поймол мекунад), монанди қавме ҳастанд, ки дар киштӣ (барои ҷойнишаст) қуръа афганданд, бархе дар поини киштӣ ва бархе бар забари он ҷойгир шуданд. Касоне ки бар поини киштӣ буданд, (ҳангоми обгирӣ ва обкашӣ) бар касоне ки бар забари онанд, бо об гузар мекарданд. Пас (бологинон) бо он (об) ранҷ диданд. Онгоҳ (яке аз касоне ки дар поини киштӣ менишаст,) тешае бигрифт ва чӯби зери киштиро кандан гирифт (, то киштиро сӯрох намояду аз онҷо оби нӯшока ба даст орад). Пешаш омаданд ва гуфтанд: «Туро чӣ буда аст (, ки инҷоро бо теша мешикофӣ)?» Гуфт: «Шумо ба сабаби (обкашии) ман ранҷа шудед ва ногузир, маро об мебояд». Агар (бологинон) дасташро (аз сӯрох кардани киштӣ) боздоранд, ӯро наҷот медиҳанд ва (низ) хештанро наҷот медиҳанд ва агар раҳояш кунанд, ӯро ҳалок мекунанд ва хештанро (низ) ҳалок месозанд. [«Саҳеҳ»-и Бухорӣ; 2686]

Аз ин хотир, пешниҳод дорам, ки дар кишвари мо дар мавриди кайфари лутиён низ қонуни наве қабул шавад, ки садди роҳи ин ҷиноятҳо гардад ва аз паи саркӯб кардани ин мори хабиси ахлоқӣ шавад, ки нав аз сӯрохи худ сар бароварда аст. Он рӯз мабод, ки ин мор бузург гардаду аждаҳо шавад ва ахлоқи сутуда ва одоти неки миллати мо ва фарҳанги покизаи моро ба коми пурфасод ва бебанду бори худ кашад.

Ҳар касе дар ин шабу рӯз дар баробари ин ҳуҷуми бешармонаи ливотгарон ба фарҳанги воло ва ахлоқи покизаи мо, муҳри хамӯшӣ бар лаб, кунҷи узлат ва мавқифи бетарафӣ ихтиёр кунад, гӯиё ба забони ҳол, ҳамраъй ва ҷонибдори ин лутиён шуда, ононро ба кардани ин кори қабеҳ ва густурдани он дар канораҳои кишвари мо таъйид карда ва ононро ба марги ахлоқии миллати мо таҳрик намуда аст.

Хомӯшӣ варзидан дар назди ин ҷинояти зишт, мӯҷиби ғазаби Худои таоло мегардад, зеро кирдори гуноҳомези хосса оммаи мардумро фаро мегирад, агар омма дар насиҳату иршоди хосса кӯтаҳӣ кунанд ва роҳи интишори бадӣ, фусуқ ва палидиро нагиранд. Чунончи, дар ҳадиси набавӣ омада аст, боре, модари муъминон Зайнаб бинти Ҷаҳш {разияллоҳу анҳо} аз Паёмбари Худо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} пурсид:

... يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَنَهْلِكُ وَفِينَا الصَّالِحُونَ؟ قَالَ: نَعَمْ، إِذَا كَثُرَ الْخَبَثُ.

... Эй Фиристодаи Худо, оё мо ба ҳалокат мерасем ва ҳол он ки дар миёни мо солеҳон ҳастанд? Гуфт: Оре, чун палидӣ бисёр шавад. [«Саҳеҳ»-и Бухорӣ; «Саҳеҳ»-и Муслим;]

Бар ҳама тоҷикистониёни ватандӯсти баномуси гарданфароз воҷиб аст, ки масъалаи боздиди кодекси ҷиноятиро дар мавриди ҳамҷинсгароӣ ки соли 1998 лағв шуда буд, дар назди вакилону намояндагони худ аз нав ба миён гузоранд ва бо роҳҳои қонунӣ садди роҳи ин фасодро бигиранд ва миллатро аз инқирози фарҳангӣ ва инҳитоти ахлоқӣ ва таназзули одобӣ бираҳонанд ва илло пас аз чанде дер мешавад, онгоҳ ангушти пушаймонӣ газидан ва санги маломат бар сари хештан кӯбидан суде нахоҳад дошт...

Ҳамчунон ки Саъдии бузургвор гуфта аст:

Дарахте ки акнун гирифтаст пой,

Ба нерӯи шахсе барояд зи ҷой.

В-араш ҳамчунон рӯзгоре ҳилӣ,

Ба гардун-ш аз бех барнагсилӣ.

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Фирдавсии НУРАЛИЁН

Коршиноси умури исломӣ,

муассиси сомонаи www. firdavsi.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97