«Облава» бо шеваи мавсими молгирӣ дар аҳди Шӯравӣ

Иҷтимоъ 18.04.2011 09:45

Oblava_021Рӯзҳои 4-5 апрели соли ҷорӣ дар маҳаллаи 46 ноҳияи Фирдавсӣ мошини махсусе бо чанд тан аз низомипӯшону шахсони мулкӣ дар чорроҳаи маҳалла ва гирду атрофи биноҳои маскунӣ камин гирифта, ба шикори "сайд" оғоз намуданд. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки онҳо ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, гурӯҳе ҷавононро, ки шояд ба таҳсил ва ё коре аз хонаҳояшон берун мешуданд, дастгир карда, зӯран ба мошини махсус бор мекарданд.

"Шикор"-и одамон дар пойтахт

Гурӯҳи дигар хонаҳои шаҳрвандонро кӯфта, хостори берун кардани писари хонадон мешуданд. Доду бедоди занон гоҳҳо шунида мешуд, ки "шикорчиён"-ро ҳарфҳои носазо мегуфтанд ва аз поймол кардани ҳуқуқҳо ва таҳқири онҳо изҳори нороҳатӣ менамуданд.

Ногуфта намонад, ки соле ду маротиба, аз аввалҳои апрел то охирҳои май ва октябр то ноябр чунин "шикор"-ҳо идома меёбад ва анқариби бист сол аст, ки бад-ин минвол даъват ба таври зӯракӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва адои хидмати аскарӣ анҷом меёбад. То он даме, ки нақшаи даъват пурра нагардад ва теъдоди зарурии даъватшавандагон барои хидмати аскарӣ ҷалб нашаванд, "шикор" ҳамоно идома меёбад.

Писарони эркаи мансабдорон дарди сар

Албатта, хидмат дар суфуфи қувваҳои мусаллаҳи ватан вазифаи ифтихорӣ ва шарофманд барои ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Маҳз ҳамин ҷавононанд, ки марзу буми кишварро муҳофизат менамоянд ва мо орому сокит зиндагӣ мекунем. Бидуни мавҷудияти урдуи муназзам ҳеҷ як давлат дар муқобили таҳоҷумҳои равониву низомиву иқтисодии кинатузон истодагарӣ карда наметавонад. Ҳамин низомиёнанд, ки пояҳои давлату давлатдорӣ устувор ва умед ба ояндаи дурахшон боқӣ мемонад. Аммо, чандин аммоҳоест, ки боиси ташвишу шармандагии мост.

Қабл аз ҳама набояд фаромӯш кард, ки мо дар кишвари озоду соҳибистиқлолу демокративу дунявиву башарӣ зиндагӣ мекунем ва имрӯз институтҳову фишангҳои қонунгузории кишвар пурра фаъолит менамоянд ва барои тамоми соҳоти сохтории давлатдорӣ кодексу конунҳо қабул шудааст, ки онҳо бояд меъёри зиндагиву кору фаъолияти мо бошанд. Зеро давлат бо доштани қонунҳову кодексҳои устувори ҳукуқии хеш метавонад тамоми самтҳои фаъолияти моро ба танзим биоварад ва роҳнамое дар зиндагии мо гардад. Риояи қонун барои ҳама шарт ва ҳатмист ва набояд поро фаротар аз қонунҳои амалкунанда гузошт.

Дар асоси "Қонун Дар бораи тартиби хидмати аскарии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" соле ду маротиба, баҳору тирамоҳ барои хидмати аскарӣ дар қувваҳои мусаллаҳ даъват ба амал меояд. Дар асоси ин қонун шаҳрвандони ба синну соли муайян расида вазифадоранд хидмати аскариро дар дилхоҳ ҷузву томҳои қувваҳои мусаллаҳ анҷом диҳанд. Дар сурати тахаллуф ва саркашӣ аз қонуни мазкур шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Мутаассифона, ба назари банда ин қонун мисли дигар қонунҳои амалкунанда моҳияти худро аз даст дода, то имрӯз натавонистааст аҳдоферо, ки бояд амалӣ гардад, пиёда намояд. Чандин сабаҳост, ки қонун амалӣ намегардад. Коршиносон ҳадс мезананд ва зиндагии воқеӣ собит месозад, ки агар ин қонун пурра амалӣ гардад, дар маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ дигар ҷое барои нигоҳ доштани маҳбусин боқӣ намемонад. Аз тарафи дигар агар ин қонун амалӣ шавад ҳам, он танҳо барои фарзандони мардуми камбизоату пойлуч аст. Оқоён ва ё ба истилоҳ "тоҷикони нав"-ро ба ин қонун коре нест ва то имрӯз касе надидааст ва нашнидааст, ки фарзанди ин ҷанобон хидмати Модар-Ватанро карда бошанд. Фақат мешунавем, ки писари фалонӣ дирӯз маст се нафарро дар яке аз шоҳроҳҳои шаҳри Душанбе зер кардааст. Шояд ин писароқо ба ҷавобгарӣ кашида ҳам нашавад, зеро ҳеҷ як қонуне наметавонад фаъолияту амали рӯзмарраи онҳоро танзим намояд.

Барои он ки мо воқеан урдуи муназзам ва саропо мусаллаҳу обдида дошта бошем, пеш аз ҳама қонуне бояд қабул кард, ки хизматро барои тамоми ақшори ҷомеъа фарз гардонад. ащхосе, ки хизмати аскарӣ намераванд, набояд дар корҳои идории давлатӣ ва ё дигар корҳо қабул карда шаванд. Бояд чунин шахсонро чун махавҳои Ҳиндустон шинохт ва аз онҳо дурӣ ҷуст. Зеро, ин гуна шахсон воқеан виросолуд буда, метавонанд ҳар лаҳза ашхоси сиҳатро мубталои бемориҳои мӯҳлик ва хатарзо гардонанд.

Аз Узбакистон ибрат бигиред

Чандин солҳост, ки дар кишвари ҳамсояи мо Узбакистон чунин як қонун қабул шуда, барои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ба истилоҳ "таға" мекобанду пул ҳам медиҳанд, ки онҳоро ба хидмат бигиранд. Дар акси сурат дипломҳои ба даст овардаашон зери сарашон мемонанду касе ва дар ҳеҷ ҷое ба кор қабулашон намекунанд. Дар мо баракс масраф мекунему "таға" мекобем, ки аз хидмат гурезем. Ин бешарафӣ барои мо ифтихор гардида, омодаем ватану-модарро ба як пули пучаки сиёҳе бифурӯшем. Итминон дорам, агар чунин як қонуне қабул шавад, писарони мардуми камбизоату пойлучро касе ба хидмат намегирад ва боз ҳам ҳамон оқописарон суфуфи қувваҳои мусаллаҳро пур мекунанд ва дигар эҳтиёҷ ба "шикор"-и "сайд" боқӣ намемонад.

Эркаҳо пул супоранд ва гурезаҳоро "девона" нависед

Oblava_02147Мавзӯи дигаре, ки метавонад моро дорои як урдуи муназзаму мусаллаҳ гардонад, ин аст, ки бигзор шахсони ватанбезор ва оқописарон ба хидмати аскарӣ нараванд ва орому хушҳол назди модарҳояшон бошанд ва сар ба зонуи модарҳошон гузошта роҳат истироҳат намоянд. Танҳо ҳаққи хидматро пардозанд кофист. Ҳақи хидмат бояд тавре муайян шавад, ки камаршикан бошад. Зеро, маблағи андакро ин тоифа писанд ҳам намекунанд. Ё дар баробари ин тоифа мардум билети махсус дода, возеҳ бинависанд: Корношоями доимӣ ва ё девона аст, ҳаққи кор кардан дар мақомотҳои давлатӣ ва ё маъмуриро надорад. Шояд дар ин сурат теъдоди корношоямҳову девонаҳо кам шавад ва муҳофизини ватану модар зиёд гардад.

Дар аксари кишварҳои мутараққӣ усули хидмати қарордодӣ кайҳост амалӣ шуда, натиҷаҳои мусбате дода истодааст. Агар дар Тоҷикистони мо чунин як усули хидмат ҷорӣ гардад, нуран ало нур хоҳад шуд. Барои як қарордодӣ маблағи 200 доллари амрикоӣ кофист, ҳарчанд дар кишварҳои дунё, аз ҷумла Амрикову Русияву Олмону Итолиёву Исроилу соири кишварҳо аз 10000 доллари амрикоӣ кам нест. Мо поямонро ба қади кӯрпаи худамон дароз мекунем.

Ҳама доди ватанхоҳӣ мезананд, аммо…

Имрӯз ҳама медонад, ки сарбози мо чӣ қадар заъифу лоғару обутоб наёфтааст. Шуури миллӣ гӯё дар онҳо вуҷуд надорад ва фикр мекунам, ки корҳои тарбиявӣ ва ватандӯстӣ на дар сатҳу савияи зурурӣ амалӣ мегардад. Барои мисол, агар боре Шумо аз сарҳади узбак ва ё қирғизу туркман гузашта бошед, бо чашми худ мебинед, ки сарбози оддии ин кишварҳоро наметавон бо маблағе харид ва сарҳади онҳоро бидуни раводид убур намуд. Дар тӯли фаъолияти кориам садҳо маротиба шоҳиди он будам, ки сарҳадҳои Тоҷикистонро бо маблағи пуче убур мекарданд ва касе коре надошт, ки убуркунандагон кистанд ва ба куҷо равонаанд. Ин ҳама аз адами мавҷудияти шуури миллӣ ва дарки ватандӯстиву ватандории мо шаҳодат медод. Шояд, солҳои ахир дар ин ҷанба каме тағйироту таҳавуллоте ба амал омадааст, аммо дар маҷмӯъ мо ниёз ба азнавсозии тамоми сохторҳои дифоии кишвар дорем. Пеш аз ҳама бояд решаҳои фасод дар ин нерӯи муқтадири муҳофизатӣ пурра канда шавад ва воқеан ватандӯстони асил фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи ватани азизамон бошанд. То он даме, ки афсар шуури миллӣ надошта бошад, мафҳуми ватанро ҳаргиз дарк карда наметавонад ва сарбозро ватандӯст тарбия карда наметавонад. Афсарони лоиқу ватандӯст дорем, ба онҳо бояд имконоти васеъ дод, то битавонанд як шуури миллиеро дар мағзу устухони хидматчиёни ватан тарҳрезӣ намоянд. Ҳамин сарбозону афсарони шӯҷоъу диловаранд, ки давлати мо устувору побарҷост. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар кӯмакҳои бевосита расонидан ба фарзандони фарзонаи миллат аст. Дар Олмону Исроил арзишмандтарин ва муфтахартарин шаҳрванди кишвар афсару сарбоз аст. Вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси ҳар шаҳрванд ин аст, ки ба шахсони низомипӯш эҳтироми самимиву бузургеро қоил бошанд ва дар ҳама ҷову дар ҳар мавқее онҳоро кӯмак намоянд.

Сагро ба зӯрӣ шикор намебаранд

Барои он ки моро ҳурмат кунанду номамонро ба бадӣ ба қофу қайсар набаранд, бояд як системаи муайяни даъват ба хидмати аскариро муайян намоем. Агар як бораке манфиатҳои шахсиро зери по гузошта, барои ватан-модар иқдомаке ахз намоем, фикр мекунам касе моро таъна нахоҳад кард. Ба зӯрӣ ба хидмат бурданро саг ҳам ба гардан намегирад. Чунин як тарзи даъват ба хидмати аскарӣ дар асри ХХ1 ва дар давлате, ки дар роҳи демократия қадам мезанад ва чун ҷомеаи дунявиву башарӣ дар олам муаррафӣ мегардад, шармандагист.

Ибодуллоҳи Оқилпур

P.S. Ҳар сол ба ҳангоми мавсими сарбозгирӣ мо ба такрор аз шеваи ҷалби сарбозон ба хидмати аскарӣ интиқод мекунему пешниҳодоте барои ислоҳи кор ва риояти адолат ироа мекунем. Вале ё масъулони мо рӯзнома намехонанд, ё забони моро дуруст намефаҳманд, ки вазъ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ва ҳар сол мисле, ки дар Шӯравӣ молгирҳо барои гирифтани чорпои зиёдатии мардум меомаданд, хона ба хона фарзандони мардумро "облава" ё "шикор" мекунанд. Ин шева, ки нақзи ҳуқуқи инсон дониста мешавад, нисбати сиёсати ҳукумат нигарониҳоеро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ Генерали мӯҳтарам Шералӣ Хайруллоевро зарур аст, ки бори гуноҳони садҳо писарони мансабдори аз хидмати ватан безорро бар дӯш нагирад, ва барномаи нави сарбозгириро бо додани имтиёзот барои онҳое, ки ба Ватан содиқона хидмат мекунанд, тарҳрезӣ ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97