«Ҷаноби Олӣ, вазири энергетика ва раиси «Барқи тоҷик» - ро ҷавоб диҳед»

Иҷтимоъ 15.04.2011 16:57

Миллате, ки ояндаи торик дорад

Nurek._02145Миллате, ки дар моҳи апрели соли 2011, чанд ҳазор сол баъди оғози давраи тамаддун қудрати таъмин намудани пойтахти худ бо рӯшноиро надорад, баъид аст, битавонад ояндаи рӯшан дошта бошад.

Як хеши донишҷӯямон хона омаду дар бораи "маршировка"-и тобистон ба хотири таҷлил аз 20 умин солгарди Истиқлол сӯҳбат оғоз кард. Шиква кард, ки дар гармои тобистон чун хоҳад шуд, намедонад, гармӣ як сӯ, хароҷот аз сӯйи дигар. Маслиҳаташ додам, ки ҳеч масъала нест, ариза навис, ки бо сабаби шароити вазнини рӯзгор наметавонӣ дар ин маъракаи муҳиму азиз ширкат бикунӣ. Гуфт: Аз куҷо, декан аллакай ба ҳамаамон таъкид кард, ки "справка"-и дурӯғин нагиред боз. Гуфтам: Ту, ки дурӯғ намегӯӣ? Гуфт: Бовар намекунанд…

Бале, ба даст овардани эътимод хеле заҳмат металабад. Ҳамингуна, ки масъулон ба воқеияти зиндагӣ бовар намекунанд, мардум низ ба ваъдаҳои беҳудуду беохиру иҷронашавандаи масъулин бовар надоранд. Яъне эътимоди мардум ба ҳукумат дар ҳоли аз байн рафтан аст ва шояд ҳам хелеҳо ин боварро кайҳо гум кардаанд.

Инро барои онҳое менависам, ки дар арк нишастаанду намедонанд, ки дар поён чӣ мегузарад ё аниқтараш медонанду нодида мегиранд, барои ҳамин ҳушдорашон медиҳам, чун вазифаам ин аст.

Ҳангоме ки ин матлабро иншо мекардам, як писари амакам аз ноҳияи Фархор занг заду гуфт, ки нафаҳмидӣ, ки кай барқро медиҳанд? Дар чанд рӯзи пеш, ки дар як тӯйи арусӣ онҳоро тасаллӣ дода будам ба ҷойи мансабдорон, ки ин мушкилот зудгузар аст, сабр кунанд.

Аммо ин бор мулзам мондам, гуфтам, напурсед, ки аҳволи мо низ дар пойтахт аз аҳволи шумо беҳ нест. Мо низ мушкили бебарқӣ дорем.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки кай он рӯзи пуршараф фаро мерасад, барои кадом насл имкон фароҳам мешавад, ки дар мавриди пешрафтҳои замона, илм, навоварӣ, кашфу ихтироъ фикр кунад, на дар бораи бо рӯшноӣ таъмин кардани манзилаш?!

Як даҳаву як сол аз асри ХХ1 ҳам пушти сар шуд. Агар фарз бар ин бошад, ки дунёро касе идора мекунад, ки иттилои бештар дорад, яъне огоҳӣ ва илм дорад ва бе рӯшноӣ дар дунёи имрӯз огаҳӣ ва илм номумкин аст, пас мардумро аз рӯшноӣ ва иттилоъ маҳрум кардан хиёнат ба ояндаи миллат аст. Гузашта аз ин аз халоъи иттилоотӣ душманони дар камин ба роҳатӣ истифода хоҳанд кард. Пас кист, ки ба осиёби душманон об мерезад?

Вазирони дарозумру камкори ҳукумат

Барои чӣ масъулини барқи тоҷик ва вазорати саноат ва энергетика наметавонад, тӯли солҳои зиёд дар бораи транзити барқ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ шартномаи ҳамкорӣ бубанданд? Барои чӣ Кобул ва Мазори шарифи ҷангзада 24 соат барқ доранд, ба ҳар қиммате, ба ҳар воситае. Дар ҳоле ки Афғонистон як неругоҳи бузурги барқӣ мисли Норак надорад. Зеро дар тобистон ғами зимистонро хӯрдаанд, ё шартномаи хариди барқ аз Узбакистон ва Тоҷикистону Иронро доранд ва ё мазути муму керосину бензину чизи дигари заруриро захира кардаанд. Чаро мо чунин накунем? Дигар нагӯед, ки Узбакистон роҳи транзитро бастааст, ин дигар тавҷеҳ нест. Мардум барқ мехоҳад, зиндагӣ мехоҳад, рӯшноӣ мехоҳад, барои ҳамин роҳи ҳалро пайдо бояд кард. Намешавад то қиёми қиёмат дар пушти гуноҳҳои Узбакистон панаҳ бурд. Аммо чӣ намерасад, ирода, ҳунар, дониш, ҳавсала, чӣ…? Ҳамсояро интихоб намекунанд. Аммо вазиру раисро мешавад интихоб кард. Агар эътиқод дорем, ки тоҷикон миллатанд, пас ҳақ надорем бовар кунем, ки вазирони бебадал дорем.

Чаро аз зумраи вазирони камҳунару беиродаву беҳавсалаву бекораву пир илоҷи халосӣ нест? Чаро рӯз аз рӯз аҳволи мардум бадтару бадтар мешаваду масъулину вазирони дарозумр шарм намекунанд?

Ривоятест, ки табиберо диданд, ки ҳангоми убур аз гӯристони маҳал рӯйи худ бо чодар панаҳ мекард, аз ӯ пурсиданд; чаро чунин мекунӣ?

Гуфт: Аз мурдаҳои ин гуристон шарм мекунам, чун аксари онҳо аз табобати ман мурдаанд…

Аммо вазирони мо кай аз мардум шарм мекунанд?

Миллати мо рӯ ба раҳми Худо зиндагӣ дорад. Агар иддао доред, ки чунин нест. Бо иродат мегӯям, чунин аст. Ҳеч барномаи роҳбурдии коромад дар тӯли ин солҳо ба чашм намехӯрад. Гоҳе ба бадбахтии ин миллат ҳамсояро гунаҳкор медонем, гоҳе ҳам табиатро. Агар чунин аст, пас ин қадар дастгоҳҳои ҳукуматии маошхӯр ба кӣ лозим аст? Барои дағдағаи зану бачаҳо ва хешу таборонашон, ки бигӯянд, фалонӣ вазир аст? Агар иддаъо доред, ки номақбул кардаам, пас далел пеш оваред, ки чаро наметавонед кишварро аз бӯҳрони энергетикӣ бираҳонед? Мушкилатон чист? Ҳамин мардуми бечораи камбағал аввалин шуда ба пешниҳоди шумо барои раҳоӣ аз бӯҳрон лаббайк гуфт, охирин пасандозашро бароварду барои саҳмия пардохт. Инро мо намегӯем, ҳамин телевизиони ҳукуматӣ ба намоиш гузошт. Пиразане нафақахӯр, ки бархе мегуфтанд, ки модари Сафар Сафаров, муовини раиси ҲХДТ аст, ҳоло фарқ намекунад, ки модари кист (?) пули ҳалоли нафақаашро бароварду ба шумо пешкаш кард. То мансабҳои шумо бақо дошта бошад. Пас чаро шумо дар баробари ин иродаи мардум иродатмандӣ нишон намедиҳед? Чаро барои роҳандозии ниругоҳҳои барқии хурд кӯшиш намекунед?

Як раиси ширкати хусусӣ гуфт, омодааст ҷиҳати осон кардани мушкили худу мардум як ниругоҳи барқии обии хурд бунёд кунад, аммо раиси ноҳия бо сад баҳона иҷозаи ин амри хайрро надодааст. Чаро? Чӣ мехоҳад раис? Аҳволи мардумро бадтару бадтар кардан ё чизи дигар? Чӣ? Худ кор намекунанд, ё наметавонанд, дигаронро иҷоза намедиҳанд. Охир чаро? Агар НБО-и хурд бунёд мешуд, нируяш барои чанд дастгоҳи барқии ин ширкат хидмат мекард, боқияшро мардум истифода мекарду ҳам пул ба буҷаи кишвар ворид мешуд, ҳам мардум аз кори ҳукумат ризо мешуд. Ҳамин бюрократия, баднафсӣ ва ғофилии мансабдорони сатҳҳои гуногун боис мешавад, ки мардумро мушкил хафагир кунаду бар ҳолаш мурғони ҳаво гиря кунанд.

Айб аст, ба Худо айб. Башар роҳ ба кайҳон меҷӯяду киштии кайҳонӣ месозад, мо бошем, пойтахти кишварро бо рӯшноӣ таъмин карда наметавонем.

Шуморо ба он зоти пок қасам медиҳам, ки ин матлабро дар танҳоӣ, баъди соати 11 шаб, вақте ҳаққи рӯшноиро аз шумо "Барқи тоҷик" мегирад, дар зери рӯшноии шамъ бихонед, ва аз ҳама чиз бигзареду ҳамчун инсони заминӣ фикр кунед, ки "Оё ин мардум сазовори чунин зиндагиянд? ", ва агар не, кӣ масъули ин ҳама бадбахтиҳои мардум аст? Яқин дорем, ба номи он зоти пок, ки агар шумо ҳам ба ӯ эътиқод доред, бо дарки камбуди худ ин мардумро аз бадбахтӣ наҷот хоҳед дод. Вале агар бихоҳед, ки баҳона биёбед, ҳазор баҳона низ вуҷуд дорад.

Баҳонаи "Барқи тоҷик"

Маркази матбуоти ШСХК "Барқи Тоҷик" вазъияти мазкурро барои муштариёни барқ ва В.А.О. шарҳ додааст: "Охири моҳи феврал ва аввали моҳи март дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора ва ғайричашмдошт паст фуромад ва ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш кам гашт, ки ин боиси хароҷоти зиёди об аз обанбор гашт. Вобаста ба ин дар сар то сари ҷумҳурӣ реҷаи махсуси интиқоли барқ амалӣ гардид. Дар бораи вазъи ба амаломада ШСХК "Барқи Тоҷик" ду маротиба, 23 март ва 7 апрели соли ҷорӣ муроҷиатнома пахш кард, ки сабабҳои асосии ҳолати мазкур пурра таҳлил ёфта буд. Аксари воситаҳои ахбори омма, ки намояндагонашон ба обанбори Норак ва мавзеи тавлидоти сарчашмаҳои оби руди Вахш сафар доштанд, ахбори мӯътамад пешниҳод намуданд. Лимит то имрӯз идома дорад. Рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ҳаво гарм шуда, ҳарорат дар Душанбе 20 -23 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ин шароит ҳам реҷаи махсуси интиқоли барқ боқӣ мондааст ва ба муштариён аз рӯи лимит барқ дода мешавад".

Дар ширкати "Барқи тоҷик" муътақиданд, ки гарм шудани ҳарорати ҳаво дар худи ҳамон рӯз боиси зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои дарё намешавад. Дар сарчашмаҳои руди Вахш - дарёҳои Сурхоб ва Хингоб об зиёд гардад, баъди се-чор рӯз он ба обанбор мерасад. Ин ширкат мисол мезанад, ки рӯзи 11 апрел ҳаво дар Душабе 23 дараҷа гарм буд, вале аз рӯи маълумоте, ки аз нуқтаи обсанҷии обанбори Норак ба мо расид, ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш дар ҳар сония 339 метри кубиро ташкил дод. Ҳол он ки соли гузашта, дар ҳамин рӯз, ҳаҷми об дар маҷрои руди Вахш дар ҳар сония 681 метри кубӣ буд. Воқеан, ҳаҷми обе, ки аз дарёи Норин ба обанбори Тӯхтагули Ҷумҳурии Қирғизистон ворид мешавад, низ ба маротиб кам аст. Рӯзи 11 апрел ба обанбори Тӯхтагул дар ҳар сония 274 метри кубӣ об ворид шудааст. Ҳол он ки ин нишондод порина 321 метри кубӣ дар ҳар сонияро ташкил медодааст.

Мутахассисон чӣ кор мекунанд?

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки табиат ба хости мо нест, аммо ин мутахассисон ба чӣ кор машғул буданд, ки барои рӯзи мабодо обро захира кунанд? Мо рӯ ба раҳми худо зиндагӣ дорем ва коре аз дасти мутахассисонамон барнамеояд? Агар чунин аст, эълон кунед, ки ҳар кас сарҳисоби зиндагиашро биёбад, мардум ба умеди шумост ва шумо бо номи ин мардум ба курсии мансаб такя задаед.

Хабаргузориҳои ҳукуматӣ аз қавли ширкати "Барқи тоҷик" менависанд: «Дуруст аст, ки гармиҳои рӯзҳои охир аз он башорат медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик реҷаи махсус аз байн бардошта хоҳад шуд ва маҳдудият кам мегардад. Лимит ба он хотир пурра бардошта намешавад, ки сатҳи обанбори Норак алҳол аз нуқтаи техникии минималӣ поён буда, носозгориҳои табиат пурра пешгӯӣ намешаванд. Гап сари он ки алҳол сатҳи обанбор дар нуқтаи 856 метру 86 сантиметр қарор дорад ва вобаста ба ин, аз ҳаҷми оби маҷрои руди Вахш дар як вақт ҳам обанборро ба сатҳи минималӣ - 857 метр бояд расонд ва ҳам ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакат барқ дод.

Тавре мутахассисон изҳор медоранд, дар моҳи март ва яку якбора то ин дараҷа хунук шудани ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар саргаҳи дарёи аз соли 1932 инҷониб мушоҳида нагаштааст".

Ширкати "Барқи тоҷик" мардумро ваъда медиҳад, ки сармуҳандиси Нерӯгоҳи барқи обии Норак Давлатбек Салолов, ки сӣ сол ба ин масъала сару кор дорад ва ҳар соат бо ченкунандагони маҷрои дарё дар тамос аст, ақида дорад, ки ҳолати бӯҳронӣ шояд то даҳаи дуюми моҳи апрел идома ёбад ва баъди ин ҳаҷми об дар маҷрои дарё афзун гардад. Хотиррасон менамоем, ки дар сурати дар ҳар сония 550 - 600 метри кубиро ташкил додани ҳаҷми об дар маҷрои рӯди Вахш маҳдудият пурра барҳам дода мешавад. Аз авзои ҳаво маълум, ки он рӯз дур нест..."

"Бузак, бузак намур, баҳор меояд"… То кай мардум ҷабри нокоромадии масъулони барқу энержиро мекашад? Чаро ин масъулон боре бо айби нокоромадии худ иқрор намешаванд? Охир бо сабаби камбуди ҷиддӣ дар кори шумо ин паёматон ба мардум намерасад, зеро мардуми деҳот, ки 24 соати шабонарӯз барқ надоранд, ин пайёмро чӣ гуна дастрас мекунанд? Ва агар худро тасаллӣ медиҳед, ки тавассути нашрияҳо мерасад, хестед, ки хобед, соҳаи расонидани матбуот ба деҳоти кишвар ҳам бо ду по мелангад ва то паёматон ба мардум расидан, шояд барқи ваъдагиатон пештар бирасад.

Аз ин рӯ ин масъала бисёр ҷиддӣ аст. Фикр накунед, ки баҳои ғайриқаноатбахше, ки аз имтиҳон дар назди мардум гирифтед, мисли баҳои 2 дар рӯзномаи бачаҳои шӯхатон бошад. Ин имтиҳон ҷиддист. Ва мардум баҳоеро, ки мегузорад, аланӣ нест.

Душман кист?

Дар муроҷиатномаи шумо ба мардуми шарифи Тоҷикистон омадааст, ки "Ана ҳамин аст, ҷавоби комил ва мӯътамад ба суоле, ки ҳамаи мо ба он ҷавоб мекобем. Ба ғайр аз ин, ин ҷо тавре баъзеҳо даъво мекунанд, аниқтараш иғво паҳн менамоянд, ки гуё "сир"-е пинҳон аст ва барқ гӯё баръакси манфиати халқи азизи кишвар ба куҷоҳое интиқол дода мешуда бошад, дигар ягон асроре мавҷуд нест.

Маҳдудияти барқ воқеан ҳам ногувору тазъиқбахш аст, ҳамаро асабиву дилгир мекунад, вале мардуми шарифи Тоҷикистон бояд огоҳ бошанд, сабру таҳаммул намоянд ва ба ягон иғвои душманона дода нашаванд".

Аммо мардум чӣ гуна иттилоъ бигиранд? Он душман кист? Иғвогару иғвопарокан кист? Мардуме, ки солҳо боз заҷру азоби нокоромадии масъулони барқу энержиро мекашанд, ё он масъулоне, ки курсиҳоро банд кардаву намедонанд, ки корро аз чӣ оғоз кунанд? Аҷаб ҷасорате, шумо бар иловаи он ки мардумро аз ҳаққи табйи худ маҳрум кардед, боз ҷуръат карда онро иғвогар ҳам мегӯед?

Мардум кӯру кар нест, медонад, ки гиреҳи мушкил куҷост. Мардумони наздисарҳадии мо бо чароғҳои Афғонистон акнун бо ҳавас менигаранд, мисле ки ҳамеша мардумони он сӯйи Омӯ бо ҳавас ба манзилҳои чароғони мо дида медӯхтанд. Шумо Тоҷикистонро Афғонистон кардед ё мардум ва ҳатто иғвогарон ва душманон? Чаро дар Афғонистони ҷангзада тавонистанд дуртарин деҳоти кишварашонро чароғон кунанду мо шаҳрҳои чароғонамонро имрӯз торикистон кардаем, дар ҳоле, ки имкониятҳои мо бештар аст? Иллат чист? Магар ин суолро аз шумо кардан, иғвогарист? Магар мардум ҳақ надорад, суол кунад, ки аз 20 соли Истиқлол агар нохун накунему танҳо 10 соли ахири ба сулҳу субот даст ёфтанамонро бишуморем, фурсати кам нест, ки мавсъулон кишварро аз ботлоқи буҳронҳо берун бояд мекашиданд. Магар ин мардум ҳақ надорад, ки суоли азобҳои бебарқиро аз масъулони ҳукуматаш бикунад? Ин мардум ҳақ дорад, талаби таъмини зиндагии шойистаро дар асри ХХ1 аз масъулон бикунад, чӣ расад бар талаби таъмини рӯшноӣ барои манзилҳояшонро.

Ши ркати "Барқи тоҷик" беибо таъкид мекунад, ки алҳол бобати таъмини барқ фақат ҳамин қадар имконияту шароит мавҷуд аст.

Аммо чаро? Ин натиҷаи кори шумост, ки аз имтиҳон нагузашт. Чаро аз ӯҳдаи иҷрои масъулиятатон намебароед ва мардона ҷойро барои шахсони тадбирҷӯй холӣ намекунед?

Асри ХХI ва баҳонаҳои асримиёнагӣ

Ширкати "Барқи тоҷик" мардумро на, балки худро тасалло медиҳад, ки "танҳо як чиз тасаллобахш аст; ки шукр ин ҳама дар рӯзҳое ба вуқӯъ омад, ки мо ба баҳор, ба рӯзҳои гарм расидаему дигар бозгашт ба сардиву торикӣ мавҷуд нест".

Номақбул аст, ҳарфатон. Асри ХХ1 асри инқилоби технология аст. Дар ин аср аз барқу рӯшноӣ маҳрум кардани мардум ва аз ҳама муҳиммаш дар гуруснагии иттилоотӣ нигаҳ доштани мардум барои дарозмуддат хиёнат дар ҳаққи ин мардум аст. Нируи барқ танҳо барои таъмини рӯшноӣ ва гармӣ нест, ва на ҳамаи мардум мисли бархе мансабдорони ғофили мо чанд ҷуфт шиму кастуму пероҳан доранд, ба хусус муаллимон. Тайи фақат ду ҳафтаи ахири бебарқӣ дар деҳоти Тоҷикистон чӣ қадар муаллим, назди донишомӯзон бо либосҳои бедарзмол ҳозир шуданд, шумо дар ин маврид фикр кардед? Маълум аст, ки фикр накардед, агар фикр мекардед, дарк мекардед, ки вақти ғундоштани бору банд аз утоқҳои барҳавои вазорату ширкати "Барқи тоҷик" ва аз мансаб рафтанатон, расидааст. Агар ин корро бикунед, хуб. Ва агар ҷуръаташро надоред, пас ногузир аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунем, ки мардумро аз раҳбарони бемасъулияте, ки боиси бӯҳронӣ шудани вазъ шудаанд, халос кунад.

Далелҳои нокоромадии ин масъулонро дар боло зикр кардем. Имрӯз ба чароҳои зиёде мардум посух меҷуянд, ки посухи он дар дасти ин масъулин нест. Фазои иттилооти мо холист. Аммо мухолифони фурсатталаби ҳукумат ин халоъро пур мекунанд. Ва хуб ҳам мекунанд, чунин вазифа доранд, ғами ҳукуматро на мухолифон, балки масъулони ҳукуматӣ бояд бихӯранд.

А. Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97